Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-11-06 13:56:24

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

06.11.2024, ш. Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд.

Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем.

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми халқи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош мегӯям.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.

Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.

Тавре ки ман дар яке аз суханрониҳои худ зикр карда будам, Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид.

Конститутсия сарчашмаи ташаккули низоми қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.

Ҳозирини арҷманд!

Дар зарфи 30 соли амали Конститутсия кишвари мо роҳи ниҳоят душворро тай намуд ва мардуми тоҷик барои расидан ба ин рӯзҳои босаодат ва дастоварду муваффақиятҳо масири бағоят сахту сангинро сипарӣ карданд.

Соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон зарурати дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардани давлатдории миллӣ, муайян намудани шаклу сохтори он, арзишҳои бунёдии ҷомеа, аз ҷумла мақоми шахс ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин асосҳои конститутсионии сиёсати хориҷии давлат ва арзишу принсипҳои ҷомеаи демократиро ба миён гузошт.

Маҳз истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзишмандтарину муқаддастарин неъмати зиндагии халқи Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи соли 1994 замина гузошт.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, яъне дар ибтидои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи амалкунанда ва қонунҳо поймол шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ ва дар кишвар беҳокимиятиву бенизомӣ ҳукмфармо гардида буд.

Дар муддати як сол таҳти фишори гурӯҳу доираҳои манфиатхоҳ ду Президент ва панҷ Ҳукумат ба истеъфо рафт ва ин раванд боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Дар он марҳалаи тақдирсоз барои ба эътидол овардани вазъият, таъмин намудани суботи ҷомеа ва расидан ба ризоияту ваҳдати миллӣ зарур буд, ки сохти конститутсиониро барқарор сохта, қонунияту тартибот таъмин карда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шавад.

Амалисозии ин вазифаи душвору мураккаб танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ оғоз гардид.

Дар масъалаи муайян намудани сохти давлатдории Тоҷикистон ман мақсади худро ҷиҳати барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар он иҷлосияи таърихӣ бо қатъият эълон кардам, зеро ин мақсаду мароми мардуми Тоҷикистон буд ва солҳои сипаришуда дурустии роҳи интихобкардаи моро собит намуданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар он давраи мудҳиш таҳия кардани лоиҳаи Конститутсия кори осон набуд, вале масъалаи таҳияи қонуни асосии давлат ва ташаккули асосҳои конститутсионии давлатдории навин аз ҷумлаи заруратҳои муҳимтарини рӯз ба ҳисоб мерафт.

Яъне дар баробари барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳалли вазифаҳои тақдирсоз, аз қабили қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот, қонунияту тартибот ва сарҷамъ намудани мардуми кишвар ҳарчи зудтар таҳия ва қабул кардани Конститутсия яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа буд.

Дар Иҷлосияи XVII-уми Шӯрои Олӣ масъалаи таҳияи Конститутсия баррасӣ гардид ва бо роҳбарии Сарвари давлат Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд.

Дар робита ба ин, қобили таъкид аст, ки бо вуҷуди вазъияти мураккабу ноороми кишвар ва фишори гурӯҳҳои қудратталаб, аъзои комиссияи конститутсионӣ ва умуман мардуми шарафманди тоҷик дар таҳия ва қабули ин санади сарнавиштсоз иродаи устувор нишон дода, дар қонуни асосии давлат мақсаду мароми худро ифода карданд.

Дар раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсия ҳайати комиссияи конститутсионӣ ба якчанд давлати пешрафтаи ҷаҳон бо мақсади омӯхтан ва истифодаи таҷрибаи онҳо фиристода шуд.

Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд ва меъёрҳои онҳо дар Қонуни асосии мо дарҷ гардиданд.

Дар ҷараёни таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия, ки қариб ду сол идома пайдо кард, мардуми Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, зиёда аз 8,5 ҳазор пешниҳоду дархости худро ба комиссия манзур намуданд.

Тамоми пешниҳодҳои воридшуда аз ҷониби комиссияи конститутсионӣ таҳлилу баррасӣ гардида, дар раванди таҳияи матни ниҳоии Конститутсия ба эътибор гирифта шуданд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти комиссияи конститутсионӣ якмаром набуд.

Дар баъзе масъалаҳо байни аъзои комиссия баҳсҳои доманадор ба вуҷуд меомаданд, зеро он вақт таъсири мафкураву арзишҳои даврони гузашта ҳанӯз хеле қавӣ буд.

Таҳти таъсири чунин мафкура арзишҳои нави ҷомеа, аз ҷумла гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, баробарҳуқуқӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, иқтисоди бозаргонӣ, соҳибкорӣ ва монанди инҳо бо душворӣ қабул мешуданд.

Ин баҳсу мунозираҳо сабаби пайдо шудани ду мавқеъ доир ба интихоби шакли идоракунии давлатӣ дар Конститутсия – яке ҷумҳурии президентӣ ва дигаре ҷумҳурии парламентӣ гардиданд.

Доир ба ин масъала ман иброз намудам, ки муқобил гузоштани ин ду шакли идоракунии давлат дуруст нест, зеро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳар ду навъи ҷумҳурӣ қабул шудаанд ва бо дарназардошти хусусиятҳои таърихиву фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву анъанавии онҳо амал мекунанд.

Барои мо дар он давра ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таъмин намудани амнияти мардум, сулҳу субот ва оромии ҷомеа масъалаи аз ҳама муҳим ба шумор мерафт.

Ҳамчунин, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву мафкуравии мардуми тоҷик ва барои баромадан аз ин вазъи даҳшатноки буҳронӣ таъсиси ҳокимияти нерӯманди мутамарказ, ягона ва муназзам зарур буд.

Бинобар ин, аъзои комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки барои шароити Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ шакли мувофиқ ва боэътимод мебошад ва аксари кулли шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ карданд.

Дар натиҷа ҷумҳурии президентӣ ҳамчун шакли идоракунии давлат дар лоиҳаи Конститутсия пешниҳод гардид.

Рушди минбаъдаи Тоҷикистони азизамон бори дигар исбот намуд, ки мо дар интихоби шакли идоракунии давлатамон хато накардем.

Аъзои комиссия доир ба масъалаи тарзи қабули Конститутсия низ андешаҳои мухталиф доштанд.

Баъзеҳо аз ҷониби парламент қабул кардани Конститутсияро беҳтар медонистанд ва гурӯҳи дигар ҷонибдори қабули он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ буданд.

Вазъи сиёсии кишвар дар он давра моро водор намуд, ки лоиҳаи Конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шавад.

Зеро ин тарзи қабул далели қатъии ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ буда, устувории Конститутсия ва амали бевоситаи меъёрҳои онро таъмин намуда, қувваҳои гуногуни сиёсиро аз имконияти ҳар лаҳза ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он маҳрум месохт.

Тавре борҳо хотиррасон карда будам, вакилони Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи ҳамонвақта ҳатто дар як рӯз якчанд маротиба тағйирот ворид мекарданд, ки онҳо баъзан хилофи ҳамдигар буданд.

Парламенти онрӯза ба бозичаи дасти гурӯҳу неруҳои манфиатҷӯй ва қудратталаб табдил ёфта буд.

Дар чунин шароит ба назар гирифтани майлу иродаи мардум, ки аз тариқи раъйпурсӣ изҳор мешавад, барои тамоми неруҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди ҷомеа қатъӣ ва ҳатмӣ мегардад.

Шашуми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ 94,4 фоизи шаҳрвандон иштирок намуда, 87,6 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсия овоз доданд.

Ошкоро ва ҳаматарафа баррасӣ гардидани лоиҳаи Конститутсия, ба муҳокимаи мардум пешниҳод шудани он ва ниҳоят, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия далели қатъии дар асоси меъёрҳои демократии аз ҷониби умум эътирофшуда қабул гардидани ин санади тақдирсоз мебошад.

Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалин қонунҳои асосие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Ҳамватанони гиромӣ!

Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин, кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои таҳкими давлатдории муосири мо заминаи устувор гузоштанд.

Аввалан, ғояҳои башардӯстонаи Конститутсия инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории халқамон ва мероси бузургони таъриху фарҳанги миллатамон сарчашма мегиранд.

Дуюм, ин санади олии ҳуқуқӣ Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона эълон намуд.

Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Сеюм, бори нахуст дар сатҳи Конститутсия муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат воситаи муҳимтарини ҳимояи конститутсионии сохти давлатдории муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Чорум, Конститутсияи Тоҷикистон дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби давлат кафолат додааст, ки ин баёнгари воқеан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад.

Панҷум, таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ва амалӣ гардидани ҳуқуқҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, ки дар Конститутсия пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум мунтазам баланд бардошта шавад.

Шашум, дар Конститутсия мустақилияти ҳокимияти судӣ эътироф гардидааст, яъне танҳо суди мустақил ва беғараз метавонад бо роҳи амалӣ кардани адолати судӣ манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ҳуқуқ ва арзишҳои шахс ва шаҳрвандро таъмин намояд.

Ҳафтум, волоияти Конститутсия нисбат ба тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

Яъне Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ мебошад ва ягон санади дигари ҳуқуқӣ наметавонад Конститутсияро тағйир диҳад ё бар хилофи меъёрҳои он қабул карда шавад.

Ҳаштум, дар асоси принсипу меъёрҳои конститутсионӣ оид ба фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккул ва рушд ёфт.

Нӯҳум, дар заминаи Конститутсия волоияти қонун, ки муносибати давлатро бо ҷомеа дар асоси эътирофи манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардид ва пойдории адолати иҷтимоӣ таъмин карда шуд.

Даҳум, бори нахуст ин ҳуҷҷати олии сиёсиву ҳуқуқӣ барои ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд.

Ёздаҳум, дар Конститутсия фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият ва дигар арзишҳо, ки далели равшани мавҷуд будани низоми демократӣ дар мамлакат мебошанд, ифода ёфтаанд.

Ин ва дигар арзишҳои Конститутсия боиси аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф шудани Конститутсияи Тоҷикистон гардидааст.

Дар робита ба ин, боз як нуктаи муҳимро таъкид бояд кард, ки қабули Конститутсия роҳро барои оғози ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ҳамвор сохт.

Дар натиҷаи татбиқи самараноки меъёрҳои конститутсионии зикршуда Тоҷикистон аз соли 2000 ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, солҳои охир афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна беш аз 8 фоиз таъмин шуда истодааст.

Чунин сатҳи афзоиш дар арсаи байналмилалӣ нишондиҳандаи баланди суръати рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.

Дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳо дар Конститутсия вазифа ва уҳдадориҳои шаҳрвандони Тоҷикистон низ муқаррар карда шудаанд.

Аз ҷумла мутобиқи моддаи 10-уми Конститутсия давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя ва иҷро намоянд.

Ҳамчунин, мутобиқи муқаррароти моддаи 42-юми Конститутсия ҳар шахс вазифадор аст ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Қобили зикри хос аст, ки дар Конститутсия, ҳамчунин, масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар моддаи алоҳида зикр гардидааст.

Бояд гуфт, ки амалӣ гардидани ҳуқуқу озодӣ, инчунин, вазифаҳои инсон ва шаҳрванд аз сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум вобастагӣ дорад.

Мо соли 2024-ро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудем, зеро ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ташкил медиҳад.

Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар навбати худ, барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад.

Ҳадаф аз иқдоми мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Ҳамчунин, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба Конститутсия, риояву иҷрои қонунҳо ва таъмин намудани волоияти қонун низ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, ҳадафи асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба он равона шудааст, ки эътирофу эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун ба ҳукми одату анъана табдил ёбад.

Зеро тавре равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, танҳо ҷомеае ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳо бечунучаро риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун арзиши муҳимми давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад.

Бинобар ин, омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар давлати ҳуқуқбунёд масъалаи меҳварии ҷомеа мебошад ва аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бояд амалӣ карда шавад.

Бо ин мақсад, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиву маърифатӣ, шарҳу тафсири илмиву оммавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бо иштироки олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мутахассисон ва дар ин замина ташкилу баргузор намудани барномаҳои махсус тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шаванд.

Аз ин лиҳоз, ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад.

Ҳозирини арҷманд!

Тавре зикр гардид, дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ Конститутсия нақши муҳим дорад.

Албатта, расидан ба ваҳдати миллӣ натиҷаи ақлу хиради миллати бостонии тоҷик мебошад ва ба имзо расидани санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт, нақши арзишманд бозид.

Имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии миллати фарҳангсолори тоҷик ба мактаби ибратомӯзи ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ мубаддал гардидааст.

Шароити пуртазоди замони муосир ва бозиҳои геосиёсӣ, таҳдиди ғояҳои хатарбор ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони имрӯза тамоми афроди ҷомеаро водор месозанд, ки ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Ман ҳамеша таъкид менамоям ва итминони комил дорам, ки мардуми фарҳангсолору тамаддунсози мо ба қадру қимати ваҳдат ва сулҳу субот мерасанд ва намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегонаи хатарзо мафкураи ҷомеаи моро таҳти таъсир қарор дода, суботу оромии кишвар ва ваҳдати миллиамонро халалдор созанд.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, омили оромиву осудагӣ, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Имрӯз халқи саодатманди тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Ҳамватанони азиз!

Рушди устувори ҷомеа, хусусан, дар давлатҳое, ки дар марҳалаи тараққиёт қарор доранд, талаб мекунад, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд.

Ин, дар навбати худ, ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.

Такмили Конститутсия, ҳамчунин, ба густариши минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ташаккулёбӣ ва таҳкими асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он ва мукаммалу самаранок гардидани низоми мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.

Чунин амал, ҳамчунин, заминаи зарурии ҳуқуқиро барои кафолати риояву ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муҳайё месозад.

Конститутсияи Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016-ум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ такмил дода, ба он тағйиру иловаҳои муҳимму зарурӣ ворид карда шуданд.

Тағйиру иловаҳои соли 1999 дар асоси Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон амалӣ гардид.

Ин тағйиру иловаҳо асосан ба ташкил ва фаъолияти парламенти касбӣ дахл дошта, дар натиҷа боби сеюми Конститутсия дар таҳрири нав қабул гардид.

Бо дарназардошти тағйиру иловаҳои соли 1999 сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргун гардида, он ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар иборат аз ду палата таъсис дода шуд.

Соли 2016 ба Конститутсия доир ба шакли идоракунии давлат, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷалби васеи шаҳрвандон ба идоракунии давлатӣ меъёрҳои хеле муҳим ворид карда шуданд.

Такмили низоми ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат ва судяҳои мақомоти судӣ низ аз ҷумлаи меъёрҳои муҳимми соли 2016 ба Конститутсия воридгардида мебошанд.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳое, ки се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ворид карда шуданд, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои онро такмил дода, ба рушди устувори минбаъдаи кишвар мусоидат намуданд.

Конститутсия асоси низоми қонунгузории мамлакат буда, дар заминаи он қонунҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ қабул карда мешаванд.

Санадҳои зикршуда соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва сохтору фаъолияти давлатро ба танзим дароварда, ба рушди босуръату устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мамлакат мусоидат мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар Конститутсия принсипу арзишҳои низоми ҳуқуқии кишвар сабт гардиданд.

Яъне дар ин санади олӣ ҳамчун сарчашмаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асоси низоми нави қонунгузории мамлакат гузошта шуд ва дар заминаи ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ қонунгузории нави давлати Тоҷикистон ташаккул ёфт.

Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ дар таҳкиму такмили ҳокимияти давлатӣ, ташкилу фаъолияти он, низоми мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо нақши калидӣ дорад.

Чунин ҳамкорӣ дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад.

Ин принсип яке аз арзишҳои ҷаҳони мутамаддин буда, имкон медиҳад, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ мустақилона фаъолият ва ҳамкорӣ намоянд.

Солҳои сипаришуда нишон доданд, ки чунин тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ ба манфиати халқ ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ мебошад.

Ҳамватанони гиромӣ!

Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ин санади муқаддаси давлати соҳибихтиёр истиқлолу озодии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, шакли идораи давлатро муайян намуд.

Конститутсия, ҳамчунин, барои ташкил ва таҳкими низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва омили таъминкунандаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ гардид.

Ин санади таърихӣ, инчунин, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро муайян намуда, низоми мукаммали ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар кард ва механизми амалигардонии онҳоро кафолат дод.

Бо гузашти сӣ сол аз қабули ин санади тақдирсоз мо бо сарбаландӣ ва ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯйи мақсаду маром ва ормону ҳадафҳои мардуми шарафманди мо мебошад.

Яъне бунёди ҷомеаи муосири озоду демократӣ, дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон, рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ба мо маҳз дар натиҷаи татбиқи бомароми меъёру муқаррароти Конститутсия муяссар гардид.

Итминони комил дорам, ки Конститутсия ҳамчун санади роҳнамову сарнавиштсози таърихӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол садсолаҳо хизмат хоҳад кард.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона бори дигар тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон – санади тақдирсози ҷомеа ва давлат – самимона табрик мегӯям.

Орзумандам, ки дар хонадони ҳар як фарди мамлакат сулҳу амонӣ, хушбахтӣ ва саодати рӯзгор ҳамеша пойдор бошад.

Бигзор, Конститутсия ҳамчун яке аз муқаддасоти миллии мо барои истиқлолу озодии давлату давлатдории мустақили тоҷикон, пешрафти устувори он, кафили доимии амнияту суботи кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон хизмат намояд.

Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

 

2024-11-06 13:49:20

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз,

Сокинони сарбаланди пойтахт!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Зери сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 6 - ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бисёр печидаву мураккаби сиёсии кишвар тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки барои ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, низоми мақомоти давлатии муосир, шакли нави идоракунии давлатӣ, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ ба миён овард.

Дар натиҷаи амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои устувори ҷомеа ва давлат барқарор карда шуда, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ таҳким бахшида шуд, рушди устувори иқтисодии кишвар таъмин гардида, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароитҳои зиндагии арзанда фароҳам оварда шуданд.

Имрӯз низ амалисозии бомароми меъёрҳои конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор дорад.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки бо садоқат ба ғояҳои конститутсионии давлати худ, ҷиҳати иҷрои босифату самараноки уҳдадриҳои вазифавӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тамоми кӯшишу ғайрат, маҳорату таҷриба ва дониши хешро барои таҳкими пайвастаи қонунгузории миллӣ, танзими судманди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъмини рушди устувору босуботи кишварамон равона намоем.

Бори дигар, ба кулли сокинон кишвар ва пойтахти азизамон ҷашни муқаддасу миллӣ ва санаи фархундаи таърихӣ 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шодбош гуфта, ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоиро таманно дорам!

30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

2024-11-06 13:48:20

ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ - ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХӢ

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии қабули Констутсияи кишвари соҳибистиқлоли тоҷиконро дар фазои сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, бо шукргузорӣ аз неъматҳои Истиқлоли давлатӣ бо рӯҳияи болида таҷлил менамоянд.

Таъкиди аввалин ин аст, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин маҳсули тафаккури дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз нахустин рӯзҳои ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардиданашон нуктаҳои асосӣ ва диди худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шакли давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд иброз намуданд ва ин тезисҳо дар моддаи якуми Конститутсияи Тоҷикистон мавқеи худро ёфта, ба баҳсҳои дар он давра зиёде доир ба сохти давлатдории минбаъдаи ҷумҳурӣ хотима бахшиданд.

Таърих гувоҳ аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави ҳукумат бо сарварии Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароити мусоидро фароҳам овард. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ эҷоди санаду қонунҳо ва барои ин амал қабули конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳала маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем.

Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси Комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд ва новобаста аз вазъи ногувори сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ, барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта, аъзои комиссияро ба давлатҳои гуногуни мутараққӣ фиристоданд. Комиссия тайи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣпешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки лоиҳа ба райпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шавад.

Сокинони кишвар 6 ноябри соли 1994 дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд ва бо тарафдории 2 352 554 нафар, ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Бо назардошти муҳиммияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қабул кардани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳад, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Ҳанӯз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ аст». Ин суханҳои пешгӯинамудаи Сарвари давлат баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз ворид гардид ва дар муддати кӯтоҳи таърих самараи худро нишон дод.

Ҳамин тавр, имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳимми ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд. Ин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад.

Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия, Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 180 давлати дунё расман пазируфтанд. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 150 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти роҳҳои ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Маҳз ин талошҳо аст, ки имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор дорад.

Рӯйдодҳои охири олам собит намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон дар ҳалли пешгирии низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ беҳтарин ва озмудашуда мебошад. Миллати тоҷик ва ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад.

Конститутсия ҳамчун санади асосӣ ва муҳимтарини ҳаёти давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар асоси устувори ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ, фаъолияти муътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро кафолат медиҳад. Ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан ҳам мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди мамлакат маҳсуб меёбад.

Конститутсия ба таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд асос гузошта, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид. Халқи Тоҷикистон тибқи дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқи башар пайваста изҳор намудааст.

Бояд зикр кард, ки, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёриву ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллату давлат ҳисобида мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5-уми он омадааст, ки “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣмебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Лозим ба тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тимсоли шиносномаи давлату миллат маҳсуб ёфта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.

Бо қабули Конститутсия миллати тоҷик ба марҳалаи сифатан нави таърихии инкишофи худ ворид шуд ва дар ҷомеаи навин дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва судӣ-ҳуқуқӣ оғоз гардиданд. Ҳокимияти судӣ рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, принсипи конститутсионии мустақилияти судяҳо чун яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва беғараз дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мавқеи хосса пайдо намуд. Бешубҳа, ин санади олии ҳуқуқӣдастоварди Истиқлолият ва сутуни асосии таҳкимбахшандаи он буда, рӯзи қабули он ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар саҳифаҳои китоби давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.

Конститутсияи давлати тоҷикон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шинохта шуда, он ҳамчун бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо бино ёфтааст. Ин санади муҳимми тақдирсоз давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба сӯйи комёбиҳои бузург раҳнамоӣмекунад.

Дар давоми 30 соли баъди қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як қатор пешравиҳои бузургро ба даст овард. Минҷумла, фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ маншаъ мегирад. Зеро Конститутсияи амалкунандаи кишварамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, ваҳдати комил ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу роҳнамои ояндаи дурахшони мардуми тоҷик аст.

Тавре ки дар оғоз гуфтем, Конститутсия маҳсули зеҳнии Пешвои муаззами миллат ва кулли мардуми Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шуда, заминаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии худро дорад. Дар марҳалаи рушди қонунгузории Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шуравӣ чор маротиба конститутсия (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978) қабул ва такмил ёфта буд.

Дар муқоиса бо конститутсияҳои замони ШуравӣКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятҳои зиёд дорад. Ин санад сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, барои такрор наёфтани вазифаҳои мақомоти давлатӣ таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шуда, Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони ҳалқи маҳаллӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи интихобот ва райпурсӣ муқаррар карда мешавад. Инчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар марҳалаи мавҷудияти Конститутсия 22 кодекс ва зиёда аз 400 қонуни умумию соҳавӣ қабул карда шуданд.

Илова бар ин, пас аз қабули Конститутсия зарурати гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули қонунҳои конститутсионӣ ба миён омад. Бо ин мақсад, 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд. Дар заминаи ин ислоҳот соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ«Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Қонунҳои қабулшуда аз агар як тараф ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз бахшида бошанд, аз ҷониби дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим дароварданд.

Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия низ ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона, ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣарзи вуҷуд намуд, ки он дар роҳи инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Хамин тариқ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба - 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз он шаҳодат медиҳад, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода мешавад. Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.

Ҷойи зикр аст, ки миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта аст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад. Аз ин лиҳоз, метавон зикр намуд, ки Конститутсияи амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пӯшонд ва шукрона бояд кард, ки мо аз ин афзалиятҳо баҳравар ҳастем.

Дар ин муддат ба халқи Тоҷикистон муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшад.

Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ ва халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвару фарҳангӣ шинохта шуд. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик буда, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Аз ин рӯ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир, мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Бинобар ин, конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

Дар маҷмӯъ, 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз - қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд. Мо шоҳиди хизматҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии барои миллату давлат ба харҷдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем, ки он дар таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд.

Бинобар ин, вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем, сулҳу ваҳдати миллӣ, озодӣ, оромию осудагӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азизамонро, ки маҳз бо шарофати хизматҳои шоиставу беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, арзишу меъёрҳои Конститутсияро, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайваст кард, қадр кунем ва дар асоси ин санад дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.

Фарҳод РАҲИМӢ,

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

2024-11-06 13:47:07

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИШТИРОК НАМУДАНД

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони чорабинӣ, шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош гуфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба нақши муҳими Конститутсия дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.

Гуфта шуд, ки ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

“30 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид”, -иброз доштанд Сарвари давлат.

Ба андешаи Президенти кишвар дар зарфи 30 соли амали Конститутсия кишвари мо роҳи ниҳоят душворро тай намуд ва мардуми тоҷик барои расидан ба ин рӯзҳои босаодат ва дастоварду муваффақиятҳо масири бағоят сахту сангинро сипарӣ карданд.

Таъкид шуд, ки маҳз истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзишмандтарину муқаддастарин неъмати зиндагии мардуми Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи соли 1994 замина гузошт.

Роҳбари давлат аз вазъи мураккаби солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки дар он марҳалаи тақдирсоз барои ба эътидол овардани вазъият, таъмин намудани суботи ҷомеа ва расидан ба ризоияту ваҳдати миллӣ зарур буд, ки сохти конститутсионӣ барқарор карда шавад, қонунияту тартибот таъмин гардад ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шавад.

Тавре зикр гардид, амалисозии ин вазифаи душвору мураккаб танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ оғоз гардид.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки минбаъд дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ масъалаи таҳияи Конститутсия баррасӣ гардид ва бо роҳбарии Сарвари давлат Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд.

Зикр гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд ва меъёрҳои онҳо дар Қонуни асосии мо дарҷ гардид.

Ҳамин тавр 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ 94,4 фоизи шаҳрвандон иштирок намуда, 87,6 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсия овоз доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалин қонунҳои асосие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Гуфта шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин, кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид.

Ба андешаи Сарвари давлат маҳз хусусиятҳои хос ва арзишҳои нодири Конститутсия боис гардид, ки он аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф шавад.

Президенти кишвар таъкид доштанд, ки қабули Конститутсия на танҳо сохти давлатдориро муайяну пойдор сохт, балки он роҳро барои оғози ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ҳамвор намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки амалӣ гардидани ҳуқуқу озодӣ, инчунин, вазифаҳои инсон ва шаҳрванд ба сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум вобастагӣ дорад.

Бинобар ин Роҳбари давлат зикр намуданд, ки “мо соли 2024-ро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудем, зеро ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ташкил медиҳад”.

Ҳадаф аз иқдоми мазкурро Сарвари давлат баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиву маърифатӣ, шарҳу тафсири илмиву оммавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бо иштироки олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мутахассисон ва дар ин замина ташкилу баргузор намудани барномаҳои махсус тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шавад.

Президенти кишвар Конститутсияро санади олӣ ва сарчашмаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ номида, иброз доштанд, ки бо қабули он асоси низоми нави қонунгузории кишвар гузошта шуд ва дар заминаи ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ қонунгузории нави давлати Тоҷикистон ташаккул ёфт.

Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо гузашти сӣ сол аз қабули ин санади тақдирсоз мо бо сарбаландӣ ва ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи мардуми Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯйи мақсаду маром ва ормону ҳадафҳои мардуми шарафманди мо мебошад.

Изҳори умед карда шуд, ки Конститутсия ҳамчун санади роҳнамову сарнавиштсози таърихӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол садсолаҳо хизмат хоҳад кард.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи рангини консертии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома ёфт.

 

2024-11-06 13:34:18

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ХИЗМАТ ВА ТУРИЗМИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Имрӯз дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намудҳоитенниси рӯи миз, шашка, шоҳмот, тирпаронӣ, дастхобонӣ ва турниккашӣ баргузор гардид.

Дар оғози сабқати варзишӣ директори муассиса Шаҳром Ҷалилов суханронӣ намуда, зикр кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму тақдирсози миллат аст, ки бо ташаббуси дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи душвори сиёсӣ таҳия ва қабул гардид. Қабули ин санади тақдирсоз бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир дар баробари дигар хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар ташаккули давлати навини тоҷикон ва фароҳам овардани асосҳои ҳуқуқии он инчунин барои рушди устувори минбаъдаи тамоми соҳаҳо заминаи воқеӣ гардид.

Сипас, дар майдончаи варзишии муассиса сабқати варзишӣ идома ёфт. Дар мусобиқа кормандону омӯзгорони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва литсейҳои касбии шаҳри Душанбе миёни ҳам қувваозмоӣ намуда, аз рӯи намудҳои варзиши болозикр сазовори зинаҳои 1, 2 ва 3 шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои таъсисдодаи маъмурияти Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе супорида шуд.

 

 

2024-11-05 11:14:01

КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ МУҚАДДАСУ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик як санаи муҳим ва таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санади муқаддас, ки ҳамчун қонуни асосӣ шинохта мешавад, на танҳо пояҳои ҳуқуқии давлатдории миллиро муайян кард балки заминаи устувори сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҳаматарафаи Тоҷикистонро гузошт.

Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз панҷ маротиба Конститутсия қабул кардааст. Ин санадҳо дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 таҳия шуда, ҳар кадоме дар шароити муайян низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқиро танзим мекарданд. Вале Конститутсияи амалкунанда, ки соли 1994 қабул гардид, аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дорад. Меъёрҳои он ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, адолат ва баробариро кафолат медиҳад.

Дар солҳои аввали истиқлолият, вақте ки кишвар аз буҳронҳои амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегузашт, қабули Конститутсия як иқдоми муҳим ва зарурӣ буд. Вазъияти мураккаби солҳои 90-ум, ки бо низоъҳои дохилӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ тавсиф мешуд, талаб мекард, ки як санади ҳуқуқии бунёдӣ қабул карда шавад, ки суботу ҳамдилии миллатро таъмин намояд. Конститутсия ҳамчун қувваи муттаҳидсоз ва роҳнамо ба низоми нави демократии Тоҷикистон хизмат намуд.

Бо шарофати Конститутсия, сохторҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфтанд ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар сатҳи қонунӣ ҳифз гардиданд. Муқаррароти он на танҳо адолат ва баробариро кафолат медиҳанд, балки ҳуқуқи ҳар як шахсро ҳамчун як арзиши муқаддас таъкид менамоянд. Ба ҳамин тариқ, Конститутсия на танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки тамоми мардумро бо ҳадафҳои умумӣ муттаҳид месозад.

Конститутсия заминаи ҳуқуқии давлатдории миллиро ташкил дода, бо муқаррароти худ ҳамаи самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим мекунад. Он бо муайян намудани сохтори давлатдорӣ, тақсимоти салоҳиятҳо миёни ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, як низоми устувор ва муосирро ба вуҷуд овард. Ин санад ҳуқуқи шахсӣ, озодии баён, озодии эътиқод ва ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварро кафолат медиҳад.

Мувофиқи моддаи якуми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ шудааст, ки вазифаи асосии он ҳифз ва таъмини зиндагии арзанда барои тамоми шаҳрвандон мебошад. Давлат ба табақаҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла кӯдакони ятим, маъюбон, пирони дастнигар ва оилаҳои камбизоат, ғамхорӣ ва ҳимояи махсусро фароҳам меорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид мекунанд, ки баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва таъмини шароити зиндагии шоиста яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад.

Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба таври васеъ эътироф намуда, кафолати иҷрои онҳоро таъмин мекунад. Афзалияти ин санад дар он аст, ки барои аввалин бор ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи конститутсионӣ баррасӣ ва эътироф гардидаанд. Давлат уҳдадор аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳифз намуда, барои риояи онҳо кафолат диҳад. Ҳар як шахс уҳдадор аст, ки талаботи Конститутсияро риоя кунад ва дар сурати вайрон кардани қонун ҷавобгар хоҳад буд. Масалан, Конститутсия ҳуқуқи ҳар як шахсро ба озодии баён, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, моликият ва меҳнат таъмин менамояд. Ин меъёрҳо дар қонунгузории кишвар ба таври муфассал таҳия шудаанд ва тамоми фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ дар асоси ин принсипҳо амалӣ мегардад. Дар шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ, ки бо хатарҳои гуногуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ аст, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти бузург дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ, расму оинҳо ва забони давлатии тоҷикӣ ҳамчун муқаддасотро ба танзим меорад. Забони тоҷикӣ расман ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардида, коргузорӣ ва муомилоти расмӣ бо ин забон сурат мегирад. Ин меъёрҳо на танҳо ҳувияти миллиро ҳифз мекунанд, балки таъмини рушди фарҳангии кишварро низ кафолат медиҳанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ва арзишҳои гуногун бо ҳам бархӯрд мекунанд, ҳифзи арзишҳои миллии мо аҳамияти хос дорад. Конститутсия на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки як сарчашмаи ваҳдат ва сарбаландии миллии мост, ки моро ба эҳтироми фарҳанг ва таърихи худ даъват менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин санади муқаддасу тақдирсоз аст, ки заминаи давлатдории ҳуқуқбунёдро гузошта, ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷомеа ва давлатро танзим менамояд. Он на танҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳифз мекунад, балки ҳамчун раҳнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар амал менамояд. Ҷашни 30-солагии қабули он моро водор месозад, ки бо ифтихор ба арзишҳои миллӣ, қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ эҳтиром гузорем.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки талаботи Конститутсияро риоя кунем ва саҳми худро дар ҳифзи арзишҳои миллии худ гузорем. Танҳо бо дониши ҳуқуқӣ ва эҳтироми арзишҳои демократӣ мо метавонем ҷомеаи устувор, пешрафта ва адолатпарвар бунёд намоем. Конститутсия – ин бахтномаи сарнавиштсози миллати тоҷик аст, ки моро ба сӯи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебарад.

Холикназар АЗИМОВ,

муовини директор оид ба илм ва инноватсияи

Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

2024-11-05 11:09:06

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Дар назар аст, ки давоми рӯз Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

2024-11-05 09:17:21

ЧОРАБИНИИ СИЁСИВУ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Файдулов О. А., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор Аминов Ш. Ҷ., директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Бобиев С., директори мактаби варзишӣ Нарзуллоев Д., сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор Шарипов С., раиси Ҷамоати деҳоти Дурбат Расулов И., директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Раҷабов Баҳодур, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, бо суханони табрикотии муовини директор оид ба тарбия Сангинова С. О. оғоз гардид.

Дар оғози чорабинӣ паёми табрикотии раиси шаҳри Ҳисор аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор Шарипов Сайёд ба самъи иштирокчиён расонида шуд.

Дар идома директори муассиса Раҷабов Баҳодур Баҳромович баромад намуда, қайд кард, ки Конститутсия асосҳои низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлатро муқаррар намуда, он санади асосии бунёдии давлат мебошад, ки тақсими ҳокимият, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд.

“Дар ҳақиқат Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои муҳиме дорад, ки асоситарини онҳо вазифаи муассисӣ, ташкилӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. Вазифаҳои муассисии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он дар натиҷаи тағйирёбии куллии ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул гардида, асоси ҳуқуқию сиёсии инкишофи марҳилаи нави ҷомеаю давлатро муайян менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи қабули Конститутсия ба ин маънӣ қайд карда буданд: “Имрӯз барои ман қадамҳои аввалин ба вазифаи Раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар ин рӯзҳо барои ман ҳам мушкил аст, лекин бовар дорам, ки бо дастгирии халқи Тоҷикистон аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем. Ман сари таъзим назди мардуми Тоҷикистон фуруд меорам ва мегӯям, то он замоне, ки ҳастам, барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам». Ин суханҳо ҳар яки моро водор месозад, ки мо шаҳрвандони мамлакат Конститутсия Бахтномаи миллатро, ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст, риоя намоем ва онро пос дорем”, – иброз дошт Баҳодур Раҷабов.

Дар охир миёни баромадкунандагон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, аз чорабинии мазкур донишҷӯён таасуроти маънавӣ гирифтанд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни фаъол шеъру суруд хонда, бо рақсҳои ҷолиб ва бо саҳначаи омода намудаашон табъи аҳли нишастро болида гардониданд.

2024-11-05 09:08:03

КОНСТИТУТСИЯ – ҲИМОЯТГАРИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми олӣ буда, нисбат ба дигар қонунҳо бартарии вижверо соҳиб аст. Аз ин ҷост, ки қонунҳо, стратегияҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар заминаи Коститутсия таҳия мегарданд. Зикр бояд намуд, ки инкишофи Конститутсия бо рушди Тоҷикистон зич алоқаманд аст.

Дар Тоҷикистон панҷ маротиба Конститутсия қабул шудааст, ки онҳо солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 мебошад. Аз ин Конститутсияҳои қабулгардида танҳо Конститутсияи соли 1994 Конститутсияи давлати мустақил мебошад, ки он рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар натиҷаи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. Солҳои 1993-1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳайси Раиси Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуданд, ҳамзамон Раиси Комиссияи Конститутсионӣ таъйин гардида.

Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми апрели соли 1994 лоиҳаро интишор намуда, Комиссияи Конститутсиониро ваколатдор намуд, ки фикру ақидаҳои шаҳрвандони оид ба Конститутсия пешниҳод гардидаро ба инобат гирад. Пас аз интишор ва муҳокимарониҳо ба қароре омада шуд, ки рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 оиди қабули Конститутсия райъпурсии умумихалқӣ доир гардида шавад. Дар райъпурсии умумихалқӣ шаҳрвандони ҷумҳуриамон ба тарафдории лоиҳа овоз доданд ва бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақил қабул гашта, он ба ҳукми қонун даромад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намудааст, ки ин меъёрҳо яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ дониста шудаанд ва нишондиҳандаи муҳимтарини моҳияти демократии давлат ба шумор меравад.

Конститутсия ҳокимияти судиро яке аз рукнҳои ҳокимияти давлатӣ муқарар намуда, тибқи модаи 9-ум чун шохаи алоҳида ва мустақил фаъолият намуда, тавассути адолати судӣ амалӣ гардонида мешавад. Хусусияти фарқкунандаи ҳокимияти судӣ дар мустақилӣ, истисноӣ ва ягонагии он ифода меёбад. Ягон мақомоти дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмину татбиқи адолати судиро надоранд. Мустақилӣ ва ягонагии мақомоти судӣ онро ифода мекунад, ки судҳо дар Тоҷикистон мақоми ягона буда, фақат аз нигоҳи салоҳияти худ тафовут доранд. Қонун мустақилии судҳоро дар татбиқи салоҳият, аз тариқи итоат онҳоро танҳо ба Конститутсия ва қонун муқарар кардааст.

Дар Конститутсияи амалкунанда тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассум ёфтаанд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмуъ ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд. Аз ҷумла, садоқат ба ғояҳои олии башардӯстона, меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ ва ҷомеаи озод, ҳифз ва ҳимояи истиқлоли сиёсиву иқтисодии давлат, таъмини ҳаёти осоишта ва шоистаи шаҳрвандон, волоияти қонун дар ҷомеа, дарки масъулият дар назди наслҳои имрӯзу оянда, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва эҳтироми истиқлоли сиёсӣ ва тамомияти арзии дигар давлатҳои ҷаҳон, принсипҳое мебошанд, ки бо иродаи тамоми мардуми Тоҷикистон дар Конститутсия таҷассум ёфтаанд.

Конститутсияи амалкунанда Ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла, қонунбарор, иҷроия ва судиро муайян менамояд. Конститутсия асосҳои сохти Конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, вазифаҳои Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Ҳокимияти маҳалӣ, вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суд, Прокуратура ва тартиби тағйиру иловаҳо ворид намудан ба Конститутсияро ба таври мушахас нишон медиҳад.

Раъйпурсии умумихалқие, ки рӯзи 22-юми майи соли 2016 сурат гирифт, ба Конститутсия тағйиру иловаҳо дохил намуд, ки ҳамчун маҷмуи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардид. Бояд қайд кард, ки Конститутсия, пеш аз ҳама, ба омили муҳимтарини кафолати устувори ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфтааст. Конститутсия ҳамчун санади бунёдиву созандае гардидааст, ки имрӯз дар асоси он ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳуқуқҳои қонунии худро мешиносад.

Гулдастаи ҲАЙДАРАЛӢ,

ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова

2024-11-05 08:27:03

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР

Дирӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар ҳамбастагӣ бо КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар чорабинии тантанавӣ таҳти унвони "Конститутсия – бахтномаи миллат" бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон Азим, Аблаева Мавлуда Ҳамрокуловна, омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, роҳбарият, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ширкат варзиданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Одилзода Исмоил Ёкубҷон, директори муассиса, кушода, ҳамаи ҳозиринро бо ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аҳаммияти ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсозро таъкид кард. Сипас, меҳмононро муаррифӣ намуда, суханро ба Саидзода Ҷамшед Ҳамро дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни суханронии худ доир ба арзиши Конститутсия ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ ва нақши он дар таъмини истиқлолияти миллӣ ва суботи кишвар андешаҳои пурмазмун баён намуд.

Баъди суханронии меҳмони олиқадр директори муассиса қайд намуд, ки роҳбарият ва омӯзгорони коллеҷ ба сиёсати созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайравӣ карда, ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба қонуни асосӣ дар қалби донишҷӯён парварда шавад.

Дар идомаи чорабинӣ Аблаева Мавлуда Ҳамрокуловна низ суханронӣ намуда, аз таҷриба ва муҳимияти донистани ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва риояи онҳо суханронӣ кард.

Дар рафти чорабинӣ инчунин устодони коллеҷ, аз ҷумла Комилов Фирдавс Саймахмадович, Муртазоева Нигина Наимовна ва Назаров Аҳлиддин Оймаҳмадович ба сухан баромада, дар бораи аҳамияти маърифати ҳуқуқӣ, нақши Конститутсия дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва зарурати риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ сухан гуфтанд. Суханрониҳои пурмуҳтавои онҳо дар донишҷӯён рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тақвият бахшиданд.

Қисмати хотимавии чорабинӣ бо эҳдо намудани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба 10 нафар донишҷӯёни фаъол ва намунавӣ, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуданд, сурат гирифт. 

2024-11-05 08:24:24

КОНСТИТУТСИЯ - ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТИ СОҲИБТАМАДДУНИ ТОҶИК

Конститутсия дастурамал ва оинномаи ҳар як давлати соҳибистиқлолу мутамаддин ба ҳисоб рафта, сохтори ҳар як давлатро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро таъмин ва зиндагии осоиштаи онҳоро кафолат медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолӣ давлатӣ ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия худро қабул намуд, ки ин яке аз дастовардҳои азими тоҷикон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад, ки исол аз қабулион 30 сол пур шуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё эътироф шуда, сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст. Ин санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти таърихии басо бузург дошта, маҳз бо қабул ва татбиқи он сулҳу субот дар кишвари азизи мо фароҳам омад. Зеро маҳз татбиқи ин санади бузурги ҳуқуқӣ тавонист, ки ҳама гурӯҳҳои сиёсиро гирди ҳам оварда, тоҷику тоҷикистониёнро дар атрофи давлат ва Президенти кишвар муттаҳид созад ва дар як муҳлати кӯтоҳ кишвари моро ба як давлати озоду демократӣ дар дунё муаррифӣ намуд.

Ҳадафи ҳар як давлати муосир ва миллати соҳибтамаддун бунёди ҷомеае ба ҳисоб меравад, ки дар он эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дорад ва Конститутсия дар амал татбиқ шудани онро ҳаматарафа кафолат медиҳад. Бояд таъкид намуд, ки маҳз қабул ва дар амал татбиқ шудани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имкон дод, ки дар кишвар як низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташаккул ёбад ва дар асоси он заминаи рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд оварда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд, ки «Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем». Ва имрӯз мову Шумо дар амал мебинем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъғйироту иловаҳо воқеан чароғе шуд, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар намуд.

Ҷиҳати дигари мукаммалии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ин санад бо дар назар гирифтани таклифу дархости мардум ва пешниҳодҳои бевоситаи мутахассисону донишмандон таҳия гардида, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Яке аз омилҳои асосие, ки барои қабули ин санади асосии кишвар боис гаштааст, ин «давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳи интихобкардаи давлати мо, яъне бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи хоҳиш ва иродаи кулли мардуми шарифи кишвар пеш гирифта шудааст, на бо майлу хоҳиши ашхос ва ё гурӯҳҳои алоҳида.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутахассисон ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ эътироф ва ба мазмуну муҳтавои он баҳои баланд доданд. Зеро он ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам мазмун ҷавобгӯи меъёрҳои демократисозии ҷомеа буда, ба қонунҳои байналмилалӣ мутобиқат мекунад. Давлати мо, инчунин тамоми санадҳои қонунгузории худро давра ба давра бо ин ҳуҷҷати тақдирсоз мутобиқ намуд, ки эътимоди кишварҳои хориҷиро низ ба вуҷуд овард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадоме аз ин шохаҳои ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои амалу фаъолияти мустақилонаро фароҳам овардааст ва муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. «Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомотҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад». Маҳз ҳамин мустақилият барои шохаҳои номбурдаи ҳоқимияти давлатӣ имконият додааст, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон бе дахолати шохаҳои дигар ҳимоя ва бехатарии ҳаёти онҳо кафолат дода шавад.

Ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки меъёрҳои Конститутсияро риоя ва Истиқлолу Ваҳдати миллиро ҳифз намуда, сулҳу суботро дар кишвар таҳким бахшанд.

Рухшона Давлатшоева, директори Литсейи касбии техникии саноати насоҷии шаҳри Душанбе

2024-11-04 18:13:01

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе» бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раҳимзода Маҳмад Забир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовинони Раиси Кумита, кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарони коллеҷу литсейҳои касбии шащри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст, академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни муҳим шодбош гуфта, қайд кард, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистон30-солагии қабули Констутсияи кишвари соҳибистиқлоли тоҷиконро дар фазои сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, бо шукргузорӣаз неъматҳои Истиқлоли давлатӣ бо рӯҳияи болида таҷлил менамоянд.

“Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин маҳсули тафаккури дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз нахустин рӯзҳои ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардиданашон нуктаҳои асосӣ ва диди худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шакли давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд иброз намуданд ва ин тезисҳо дар моддаи якуми Конститутсияи Тоҷикистон мавқеи худро ёфта, ба баҳсҳои дар он давра зиёде доир ба сохти давлатдории минбаъдаи ҷумҳурӣ хотима бахшиданд”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар идомаи чорабинӣ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, оид ба мавқеъ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории кишвар ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат маърӯза намуда, зикр кард, ки нақши Конститутсияи мамлакат дар самти рушди қонунгузории кишвар назаррас буда, маҳз дар заминаи муқаррароти меъёрҳои заминавии он дурнамои инкишофи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва муқарраргардидааст.

“Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд. Вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд”, - гуфт академик Маҳкам Маҳмудзода.

Сипас, Раҳимзода Маҳмад Забир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавриди нақш ва ҷойгоҳи Конститутсия дар рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, таъкид дошт, ки фаъолияти озоди иқтисодиву соҳибкорӣ дар асоси кафолатҳои конститутсионӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишварро таъмин намуд ва барои муайян кардани сиёсати мутавозин, хусусан, дар самти паст кардани таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллии кишвар асоси боэътимод гузошт.

Зикр гардид, ки дар Конститутсия меъёри бунёдӣ ва бисёр муҳимми иқтисодиёт пешбинӣ шудааст, ки он эътирофи шаклҳои гуногуни моликият мебошад. Дар доираи санади мазкур давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст. Аз ин бармеояд, ки фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуҳуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар сатҳи Конститутсияи мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамоиш дигар намояндагони сохторҳои Кумита дар мавриди нақши ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз дар рушди давлатдории миллии тоҷикон ва дигар паҳлӯҳои фаъолиятии хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ карданд.

 

2024-11-04 18:08:39

КОНСТИТУТСИЯ-ЗАМИНАИ АСОСИ РУШДУ ИНКИШОФИ СОҲАҲОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА

Ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони эҳтирому арҷгузорӣ ба қонуни асосию сарнавиштсози давлат мебошад, ки барои рушду инкишофи кишвари маҳбубамон заминаи қавӣ гузошт.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “Дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид”.

Таҳияи конститутсия бо ҷалби нерӯҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифт.

Аксарияти мутлақи ҳамватанони мо дар раъйпурсии умумихалқии соли 1994 ба тарафдории қабули конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуданд. Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.

Ҳамаи ин арзишҳои олӣ, ки дар конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил мекунанд. Дар тамоми ин муддат аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри татбиқи ин арзишҳо пайваста корҳои зарурӣ ба сомон расонида мешаванд.

Бо гузашти солҳо мо аҳаммияти бузурги сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати бунёдиро бештар дарк ва қадр мекунем, зеро имрӯз мо ба хубӣ медонем, ки маҳз дар заминаи он Тоҷикистони демократӣ рушд карда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоистаи худ гардидааст.

Асосҳои бунёдии ин санади таърихӣ – эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, шароити ҳамаҷонибаи рушди муносибатҳои иқтисодиро таъмин менамояд.

Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат мӯҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд.

Яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту созандагии он аст. Барои ноил гаштан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми ниёзмандии ҳамарӯзаи шаҳрвандон дароянд. Танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҳадафҳои олии худ — эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, ки дар ин санади олии мамлакат дарҷ гардидаанд, муваффақ хоҳем гардид.

Вобаста ба ин, дар моддаи 10-и Конститутсия омадааст, ки «Давлат ва ҳама мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».

Миллати тоҷик ба шарофати афкору андешаи солиму созанда, хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ ҳувияту ҳастии худро ҳифз карда, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун халқи фарҳангиву тамаддунсоз ва сулҳпарвару озодихоҳ шинохта шудааст.

Имрӯз мо бояд ин анъанаҳои неки гузаштагонро идома дода, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, риояи қонунияту тартибот ва эҳтироми волоияти қонун тарбия намоем.

Мардон БУХОРИЕВ,

сармутахассиси Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2024-11-04 08:57:42

МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ ЯКУМИ САРВАЗИР, ВАЗИРИ МУДОФИА ВА ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ ШАЙХ ФАҲД ЮСУФ САУД АС-САБОҲ

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро заминаи мусоид барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳои дигар маънӣ доданд.

Иштироки доираҳои молиявӣ ва сармоягузории Кувайт дар татбиқи Лоиҳаҳо дар бахшҳои воқеии иқтисоди мо, аз ҷумла саноати сабук, коркарди маъдан ва маҳсулоти кишоварзӣ самти ояндадори ҳамкории ду кишвар номида шуд.

Ҳар ду ҷониб алоқаманди ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ шуда, имзои Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусиро санади муҳими ҳамкорӣ дар ин соҳа маънӣ доданд.

Баргузории Конфронси байналмилалӣ - марҳилаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” иқдоми муҳим дар самти таъмини амну субот арзёбӣ гардид.

Дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони мосир ҳамчунин тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт зарур шумурда шуд.

2024-11-03 20:57:21

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар маҷмуъ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла 5 санади он дар ҳузури Сарони давлатҳо ва 4-тои дигар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт:

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷи Давлати Кувайт;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

- Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя”;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Давлати Кувайт “Kuna”;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия;

- Барномаи иҷроияи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солхои 2024-2026.

 

2024-11-03 20:54:07

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.

“Мо ба рушди бештари робитаҳои густурда бо кишвари дӯсту бародар – Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”. - изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузори барои ҳарду ҷониб судбахш имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ доранд.

Ҷалби сармояи кувайтӣ дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ ба Кувайт ҳам ба манфиати кор дониста шуд.

Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, барқарор намудани тамосҳо миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

2024-11-03 20:42:24

НАМОИШИ АСАРҲОИ РАСОМОН ДАР НИГОРИСТОНИ КОЛЛЕҶИ ҶУМҲУРИЯВИИ РАССОМӢ

Санаи 1 ноябр маросими ифтитоҳи Намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон – рассомон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30 – юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов баргузор гардид.

Намоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Коллеҷи рассомӣ Сироҷиддин Ҷурахонзода ифтитоҳ намуда, аз эҷодиёти устодон, рассомон ва фаъолияти пурсамарашон дар соҳаи санъати тасвирӣ ёдовар шуданд.

Сипас, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова дастовардҳои назарраси рассомонро қайд намуданд.

Инчунин, меҳмонон аз Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова, директори Коллеҷи санъати шахри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов Алишер Солиев, директори Мактаб – интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Давлатзода Баҳодур, директори Филармонияи бачагона Наргис Розиқова, директори Мактаби бачагонаи рассомии назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Шарипов Диловар ва омӯзгорону донишҷуён аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.

 

 

2024-11-03 20:34:30

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 30 -СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛИ 2024 -СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ


 Санаи 2-юми ноябри соли равон дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бахшида ба 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” конференсияи ҷумҳуривӣ дар мавзӯи “Конститутсия-санади олии ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе, омӯзгорони кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи устод С. Айнӣ, роҳбарият омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷ иштирок доштанд.

Кори Конференсияи ҷумҳуривияро директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Рабизода Н. оғоз намуда, ҳозиринро бо 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, доир ба моҳият ва нақши Конститутсия, инчунин хизматҳои беназири Пешвои миллат дар қабули ин санади муҳими тақдирсоз андешаронӣ намуд.

Сипас, тибқи барномаи конференсия мудири шуъбаи омори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Хуршед дар мавзӯи “Нақши созандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти қонун”, роҳбари дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Даврон Назирмад дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар сохтори ҳокимияти судӣ”, корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе Муҳаммад Сафарзода дар мавзӯи “Конститутсия-кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”, омӯзгори калони кафедраи “Таърих ва ҳуқуқ”-и ДДОТ ба номи устод С. Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ дар мавзӯи “Таърихи қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва ҳуқуқшиноси Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Абдуллоев Исфандиёр дар мавзӯи “Нақш ва мавқеи Конститутсия дар низоми қонунгузории миллӣ” бо маърӯза баромад намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти чорабинии мазкур байни меҳмонон ва иштирокчиён оид ба аҳаммияти Конститутсия мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ҷамъбаст меҳмонон барои ҳамкориҳои судманд дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён бо "Сипоснома"-и директори Коллеҷ қадрдонӣ гардиданд.