Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > "ЗИНДАГИРО БИДУНИ ХУШУНАТ ЗЕБО МЕСОЗЕМ"
single-product

"ЗИНДАГИРО БИДУНИ ХУШУНАТ ЗЕБО МЕСОЗЕМ"

2024-12-07 08:30:01

Ҳамасола тамоми ҷаҳон аз санаи 25-ноябр то 10-декабр Маъракаи иттилоотии «16-рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон»-ро қайд мекунад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон қабул карда шудааст.

Санаи 5-уми декабр дар доираи маъракаи иттилоотӣ дар маҷлисгоҳи хурди муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом" семинари омӯзишӣ таҳти унвони "Зиндагиро бидуни хушунат зебо месозем" доир гардид. Дар семинар намояндагони бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр, равоншиноси гимназияи №1-и шаҳри Конибодом, рӯзноманигори радиои маҳаллӣ Боҳир Баҳодурзода ва устодону донишҷӯёни коллеҷ ширкат намуданд.

Дар идомаи семинар намояндаи МИҲД омӯзгори калони кафедраи забонҳо, педагогика ва психология М. Баҳромова баромад намуда, дар мавриди сабабу омилҳои ба хушунат гирифтор шудани занону бонувон ва роҳҳои пешгирии он ибрози андеша кард. Зикр намуд, ки оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Қабл аз ҳама, ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза бурд.

Дар баромади худ омӯзгори калони кафедраи забонҳо, педагогика ва психология, равоншинос М. Миршоева илова намуданд, ки зӯроварӣ яке аз омилҳои вайронкунии ҳуқуқҳои инсон ба ҳисоб меравад ва мутаассифона мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин амали нангин дар хонаводаҳо бештар истифода бурда мешавад. Аксаран занон гирифтори хушунат мегарданд.

Мақсади гузаронидани маъракаи иттилоотӣ ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти зӯроварӣ нисбати занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатхои иқтисодию иҷтимоӣ, сабаб ва зоҳир гардидани онҳо мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати хуқуқии занон мебошад. Тамошои филми кӯтоҳ ва муҳокимаи он барои иштирокдорон басо ҷолиб буд.

 

single