Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ КУМИТА АЗ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ СОХТМОНИ ШАҲРИ ХУҶАНД
single-product

БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ КУМИТА АЗ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ СОХТМОНИ ШАҲРИ ХУҶАНД

2024-12-14 17:41:18

Роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии академик Фарҳод Раҳимӣ ва муовинони Раис Давлатзода Баҳрулло, Ализода Алишер дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо фаъолияти Литсейи касбии сохтмони шаҳри Хуҷанд шинос шуда бо устодону кормандон вохӯрӣ намуд.

Зимни боздид ба Раиси Кумита иттилоъ доданд, ки дар литсейи мазкур хонандагон аз рӯи ихтисосҳои «Дуредгар», «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Дӯзанда», «Ҳисобдор», «Гаҷкори ҷузъҳои меъморӣ», «Туроператор», «Кафшергари барқию газӣ», «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил», «Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ» таҳсил менамоянд.

Ҳамзамон, Раиси кумита аз синфхонаву устохонаҳои таълимии истеҳсолии Литсейи касбии сохтмонии шаҳри Хуҷанд боздид намуда, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дастури мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки Литсейи касбии сохтмони шаҳри Хуҷанд соли 1949 таъсис ёфта, дар тӯли 70 соли фаъолияти кории худ беш аз 20000 нафар сокинони шаҳрро соҳибкасб намуда, онҳоро ба истеҳсолот равона намудааст. Дар муассиса омӯзгорон ва устоҳои соҳибтахассус ба ҷавонон ва калонсолон касбҳои интихобкадаашонро ба таври назариявию амалӣ меомӯзонанд.

Зикр шуд, ки ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон дар муассиса курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи касбҳои «Дӯзандагӣ», «Кафшергари барқӣ», «Монтёри барқӣ», «Дуредгар», «Таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ», «Челонгари таъмири автомобил», «Ҳисобдор бо донистани компютер», «Сохтмончӣ», «Хиштчин», «Гулдӯзӣ», «Омӯзиши кор бо компютер» ва «Ронанда» амал мекунанд.

Раиси Кумита ба омӯзгорону кормандони муассиса дастур дод, ки ҷиҳати соҳибкасб намудани теъдоди бештари сокинон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби нафарони бешуғл ба курсҳои кӯтоҳмуддат саҳми муносиби худро гузоранд.

 

 

single
single