
ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ КӮҲИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВА
2024-12-07 08:33:36
Санаи 5 декабри соли 2024 дар
Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова бо мақсади иҷрои талаботи барқияи Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 28.11.2024,
таҳти №149 ҷиҳати таҷлили сазовори 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ҳамоиши
сиёсию маърифатӣ, таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - маснади
бахту саодат ва иршодбахши истиқлолу озодии миллат” баргузор гардид.
Дар
ҳамоиш Ширинбекзода Садриддин Авазбек - сардори шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти
Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Фазилатпочои Маҳмадюсуф - мудири шуъбаи
кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Душанбе, Абдураҳим Шоҳиён - раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе ва аъзоёни ташкилоти
ибтидоии ҳизбии “Геолог” иштирок доштанд.
Ҳамоишро
раиси Ташкилоти ибтидоии “Геолог” Суфиев А. Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба
муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ самимона табрику шодбош гуфтанд.
Мавсуф ҳамзамон зикр намуданд, ки Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон 30-сол муқаддам, 10.12.1994 баъд аз ба
низомдарории сохти Конститутсионии кишвар мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, ки ҳуқуқу вазифа ва фаъолияти ҳизбҳои
сиёсиро танзим мекунад, бо дарназардошти иродаи сиёсии шаҳрвандон, таъсис дода
шуда, давоми 30-соли фаъолияти пурсамар бо сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати
миллӣ ва тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияту якпорчагии Тоҷикистони
азиз нақши бориз гузоштааст.
Дар
идома аз ҷониби меҳмонон доир ба мавзуҳои «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон -
маҳсули хиради волои Пешвои миллат», «ҲХДТ-ҳизби ормонҳои миллӣ», «ҲХДТ-ҳизби
созанда ва пешбарандаи ҷомеа» ва дигар самтҳои фаъолияти ҳизб ба ҳозирин
маъруза пешниҳод намуданд.
Зимни фарҷоми ҳамоиш як қатор аъзоёни
ташкилоти ибтидоӣ бо ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
қадрдонӣ гардида, дар доираи иқдомоти наҷиби ҳизбӣ вобаста ба дастгирии
табақаҳои ниёзманди ҷомеа хонандагону донишҷӯёни коллеҷ бо туҳфаҳо сарфароз
гардонида шуданд.
