
ҲХДТ – ҲИЗБИ МАРДУМИЮ САОДАТБАХШ
2024-12-07 08:37:37
10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон
ташкил ёфтааст. Дар рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз Ҳизби Халқии Демократиии
Тоҷикистон ҳамчун ҳизби масъулияти таърихидошта ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси
ифтихори ватандорию худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ҳалли
масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар кишвар саҳми бузургу
мондагор гузоштааст.
Таърих бо ҳарфҳои тиллоӣ дарҷ карда, ки дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан ҳар як санади ташкилии ҳизбро бевосита мутолиа
ва таҳрир карда, барои такмили он ба масъулин дастуру супоришҳо медоданд. Оре,
мавриди зикру ифтихор аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули
андешаҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, идеяи
таъсиси ҳизби нави сиёсиро маҳз дар ибтидои соли 1993 Роҳбари давлат пешниҳод
намуда буданд.
Бояд қайд кард, ки даҳсолаи охири асри XX барои миллати тоҷик марҳилаи
ҳассоси таърихӣ буд, зеро дар ин давра дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз
шуда, давлати мо дар рӯ ба рӯ бо имтиҳони вазнини сарнавишт қарор дошт. Дар он
солҳои вазнин садҳо нафар ҷони хешро аз даст дода, ҳазорҳо ҳамватани мо тарки
диёру азизонашон карданд. Хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли
Тоҷикистон ҳар замон таҳдид мекарду миллат дар чор сӯйи олам саргардону парешон
гашта буд. Ин ҳолати вазнин вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор
кард, ки ҳарчи зудтар чорае андешида, гирди мизи музокирот ҷамъ оянд. Ниҳоят
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии
Хуҷанд баргузор гардид.
Ин Иҷлосия барои он таърихиву
сарнавиштсоз аст, ки фарзанди далеру қаҳрамон ва худшиносу меҳанпарасти тоҷик -
Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард. Ин
абармарди майдони сиёсат чун қаҳрамони миллат бо ҷасурию иродаи қавӣ мардуми
овораи тоҷикро дар тамоми гӯшаҳои дунё ҷамъ карда, давлатро аз нестшавӣ ва
миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшида, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуданд.
Оре, дар он солҳои вазнин ва ҷангу нооромӣ фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ
Раҳмон пешвою ҳидоятгари миллат гардиданд.
Дар чунин марҳилаи вазнин бунёди ҳизби сиёсӣ тақозои замон буд. Агар аз ин
нуқтаи назар мо ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нигоҳ намоем,
воқеан он дар даврае амалӣ шуд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи душвортарини таърихи
худ қарор дошт. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки давраи асосии ташаккули ҲХДТ аз
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон маншаъ мегирад.
Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни
суханрониашон дар Анҷумани ҳизб чунин таъкид намуда буданд: «Ҳадафи ягонаи мо
аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани неруҳои
пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди
давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди
давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд».
Таърих баёнгарӣ он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз
барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши арзишманду мондагор гузошта,
ҳидоятгари мардум ба сӯйи ояндаи дурахшон аст.
Имсол аз таъсиси ин ҳизби воқеан ҳам мардумӣ 30 – сол сипарӣ мешавад. 30 –
соли созандагию бунёдкорӣ ва 30 – соли музаффарияту комёбиҳои ҲХДТ дар таърихи
миллати тамаддунофари тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ба таври хулоса
метавон гуфт, ки ҲХДТ дар тули 30 – соли фаъолияти худ ормонҳои ҳазорсолаи миллатро
дар амал татбиқ карда, ҷомеаро ба сӯйи худшиносию ватандӯстӣ, ҳимояи манфиатҳои
миллӣ ва дӯст доштани халқу диёри соҳибистиқлоли худ ҳидоят намудааст.
Зоир ҒАФУРӢ,
директори Коллеҷи омӯзгории ба номи
Хосият Махсумова,
номзади илмҳои филология, дотсент