Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ҲИЗБИ БАРОРАНДАИ НИЁЗҲОИ МАРДУМ
single-product

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ҲИЗБИ БАРОРАНДАИ НИЁЗҲОИ МАРДУМ

2024-12-10 17:42:50

Инак, 30 сол аст, ки дар муҳити сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзи ҳастӣ дорад ва ин ҳизб, ки маҳсули тафаккури созанда, хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дар рушди давлату давлатдорӣ, сулҳу суботи пойдори ҷомеа, инкишофи босуръат ва устувори иқтисодӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, ки маҳаки фаъолияти ин ҳизб аст, нақши созандаи худро мегузорад.

Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, ки яке аз принсипҳои меҳварии бунёди чунин ҷомеа гуногунандешии сиёсӣ аст. Дар асоси талаботи ҷомеаи демократӣ ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ одамони ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо дар чаҳорчўбаи қонунгузории кишвар ҳуқуқ доранд ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд.

Дар ин матлаб аввал мепардозем ба таърихи таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ, баъдан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақши он дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҷаҳони муосир.

Маълум аст, ки пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ таърихи дуру дарозе надошта, нахустин ҳизбҳои сиёсӣ дар охири асри 18 ва ибтидои асри 19 таъсис ёфтаанд, ки намунаи аввалини онҳо Ҳизби Тори (консерваторҳо) ва Виги (либералҳо) дар охири асри 18 дар Британияи Кабир буд. Пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама, бо ташаккули мақомоти намояндагӣ ва муттаҳидшавии қувваҳои муайяни сиёсӣ барои амалӣ намудани мақсадҳо ва нақшаҳои ягона буд. Дар кишварҳои гуногун ҳизбҳои сиёсӣ вобаста ба вазъияти мушаххаси сиёсию иҷтимоӣ таъсис ёфта, аз нигоҳи идеологӣ ва методологӣ равишҳои гуногунро пеша менамуданд.

Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ якчанд давраро дарбар мегиранд: аввалан, асосҳои идеологӣ ва барномаи ҳизб шакл мегирад; дуюм, ҳамфикрон аз ҷомеа ба ҳам оварда мешаванд; сеюм, барои фаъолияти расмӣ ҳизб аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба қайд гирифта мешавад; чорум, ҳизбро мардум эътироф менамоянд ва дар охир ҳизб дар ҳаёти сиёсии кишвар иштирок менамояд.

Тавре ки таҳлили маводи аз сомонаҳои интернетӣ ва дигар сарчашмаҳо дастрасшуда нишон медиҳанд, айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 165 ҳизби таъсиргузор дар сиёсати кишварҳои олам арзи вуҷуд доранд, ки таърихи зиёда аз дусадсола доранд ва дар ин радиф, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ таърихи 30-сола дорад, аз ҷиҳати теъдоди аъзо ва фарогирии қишрҳои ҷомеа дар ҷойи 50-ум қарор дорад, ки ин худ дастоварди назаррасест.

Идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳанўз дар ибтидои соли 1993 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд. Вобаста ба ин, 12-уми июни соли 1993 Кумитаи тадорукоти ҳизб таъсис дода шуд. Кумитаи тадорукот ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дунёро омўхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби нав бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад.

Пешвои миллат пайваста таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма гирад ва он бояд, пеш аз ҳама, ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда созад. Дар чунин шароит Роҳбари давлат шахсан дар ҷараёни таъсиси ҳизб, ки он вақт қарор дошт, ҳар як санади ташкили ҳизбро бевосита мутолиа ва таҳрир карда, барои такмили он дастуру супоришҳо медоданд.

Ҳадафи Пешвои миллат аз он иборат буд, ки ҳизби нав ҷавобгуйи манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа бошад ва дар Оиннома ва Барномаи ҳизби нав меъёрҳои демократӣ ҳамчун асос қабул карда шаванд. 10-уми декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Тоҷикистон қарор қабул карда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ намуд. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми декабри соли 1994, №199 Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба қайд гирифт.

Анҷумани 2-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон санаи 30-юми марти соли 1996 доир гардид ва дар Анҷумани 3-юми он, ки 25-уми июни соли 1997 доир гардид, ибораи “демократия” ба номи ҳизб ворид карда шуд ва аз ҳамон давра Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном бурда мешавад ва Анҷумани 4-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 18-уми апрели соли 1998 баргузор гардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман раиси он интихоб намуд.

Анҷумани 5-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 23-юми сентябри соли 1999 доир гардид, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Баъд аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кишвари мо 6 маротиба интихоботи парлумонӣ (солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020) ва 4 маротиба интихоботи Президентӣ (солҳои 1999, 2006, 2013, 2020) баргузор гардидааст. Дар ҳамаи ин маъракаҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бартарияти бештарро соҳиб гардида, номзадҳои аз ҳизб пешбаришуда раъйи бештари мардумро ба даст овардаанд. Ин дастовардҳои бузургтарини ҳизб дар замони фаъолияташ аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохтори комил ва шеваи фаъолияти ба худ хосро доро буда, барнома ва стратегияи давлат меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.

Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби масъулияти таърихидошта ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва асолати миллӣ, таъмини ризоияти ҷомеа тавассути ҷалби шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои пешқадами афкори ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва муносибаташ бо дин дастгирӣ менамояд ва беҳтарин анъанаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро эҳё ва ҳифз месозад. Ҳизб ҳама гуна таассуби динӣ, экстремизми сиёсӣ, терроризм ва ифротгароии сиёсиро маҳкум намуда, ба муқобили ин зуҳуроти манфӣ мубориза мебарад. Он бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи ҳама гуна шакли моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва муттаҳидии тамоми қувваҳои солими ҷомеа кўшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бонуфузтарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ аст ва аз рўйи эътибору иқтидор (маъмурӣ, идеологӣ, аъзо ва таркиби иҷтимоии аъзоёнаш) бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст. Ҳизб ҳам иқтидори зиёди маъмурӣ дорад ва ҳам эътибораш миёни омма бузург аст. Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки равандҳои сиёсати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳанд, ки барои таъмини рушди устувор ва таҳкими суботи сиёсии давлат боло бурдани фарҳанги сиёсии ҷомеа ва бо ин роҳ бештар намудани самаранокии низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои муҳимми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, ба ин масъала диққати махсус дода мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Тавре ки дар боло зикр карда будем, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳсули тафаккури созанда, хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, тайи ин муддат зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.

Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонистанд, ки дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳимро бозанд. Дар ин роҳ саҳми Раиси ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд махсус зикр кард.

Хидматҳои беназири Пешвои миллат ҳамчун Раиси ҳизб дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину ойин сутуданист.

Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини Истиқлоли давлатӣ, ба даст овардани сулҳу суботи сартосарию Ваҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар бараъло зоҳир мегардад ва дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

Пешвои миллат аз рўзҳои нахустини ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданашон барои ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ ва хомўш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот камари ҳиммат бастанд ва ба он ноил гардиданд.

Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи мактабу маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш бо мақсади боло бурдани сатҳи маърифат ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, наслу миллати солим хеле ҳам назаррас аст. Таваҷҷуҳи доимӣ ба забони ноби модарӣ, адабиёту фарҳанг ва гиромидошти бузургони гузаштаи мо аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи фарҳангии Пешвои муаззами миллат ҳамчун Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ибтикори Пешвои миллат ба рушду тавсеаи забони тоҷикӣ ба сифати нахустунсури ҳастии миллат ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шуд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат зина ба зина ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700-солагии шаҳри Кўлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015) ва соли 2020 ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразми бостонӣ гузаштаи моро ба имрўзи мо пайванд медиҳад.

Бо ибтикори Пешвои миллат Тоҷикистон ба давлати ягонаи дорои роҳҳои рафтуомади доимӣ мубаддал гардид ва то ин замон зиёда аз 31 километр нақб, 2000 километр роҳҳои мошингард ва 200 пул сохта ба истифода дода шуд. Бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Хатлон” рафтуомади мардумро ба марказ ва ҷануби Тоҷикистон дар чор фасли сол таъмин намуд.

Ҳамчунин, дар ин муддат 270 неругоҳҳои барқии обии хурду миёна ба истеҳсоли неруи барқ шуруъ намуданд ва тавассути кашидани хатти интиқоли барқи баландшиддат шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд.

Зикр намудани заҳматҳои Пешвои миллат ҳамчун Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар роҳи боло бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ зарур ва саривақтист. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки мустақими он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва ғайра саҳми назаррас доранд.

Бояд гуфт, ки ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат фаромиллӣ буда, ба беҳбуди зиндагию рўзгори на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд.

Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи фарогире ворид гашт, ки он рушду нумуи тамоми самтҳо ва бахшҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро дарбар мегирад. Ҳадафу мақсадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма мегирад ва он, пеш аз ҳама, ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда месозад.

Фарҳод РАҲИМӢ,

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академик, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ