Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-11-15 06:55:28

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ СУЛҲ

Мардуми тоҷик дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти оқилу хирадманд, корозмуда, дорои савияи баланди роҳбарӣ ва ташаббускорӣ, инсони содиқ ба халқу ватанро дарёфт. Ин вафодории Сарвари давлат ба Ватан ва халқ дар он аст, ки аз нахустин лаҳзаҳои роҳбари давлат будан аз барқарор кардани сулҳу амонӣ дар ин сарзамин иқдом гирифтанд. Бо ваъдаи худ - «Ман ба шумо сулҳ меорам!» вафо карда, Тоҷикистонро ба кишвари амн табдил доданд.

Ба сифати Президент корнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллати мо хеле зиёданд, шуруъ аз чаҳор ҳадафи бузурги миллию стратегӣ то шоҳкорию корнамоиҳо ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ. Шоҳкории аввалин ин аст, ки Президенти маҳбуби мо дар аввалин кӯшишҳояшон мардуми пурҳаросу ҷафодидаро гирди як суфра ҷамъ оварданд, мардуми минтақаҳои мухталифи кишварро, ки ба ҳам кинаву адоват меварзиданд, бо ҳам пайванд сохтанд ва сулҳро дар кишвари ҷангзадаи мо сарбаландона барқарор намуданд. Пас аз иҷрои ин ваъда рисолати бузурги сулҳсозии Сарвари давлат оѓоз шуд. Ҷонибдори сулҳ будани эшон аз дохили мамлакат то минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳувайдо шуд.

Давлатсозии мо бо роҳбарии Сарвари хирадманд аз сифр шуруъ гардид. Роҳбари давлат бо дасту дили гарм ба бунёди давлати навин оѓоз карданду Тоҷикистонро ба мамлакати биҳиштосо таюбдил доданд. Имрӯз кишвари мо яке аз амнтаринҳо дар сатҳи дунё эътироф гардидааст.

Рисолати сулҳофарӣ ва ҷонибдорӣ ба он аз ҷониби Пешвои миллат то ба минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ рафта мерасад. Дар ҷаҳон Президенти кишвари моро ҳамчун шахсияти сулҳофар шинохта, эътирофу эътиром мекунанд. Аз ҷумла, 24 сентябри соли 2024 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Ҳамоиши Оянда» дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба вазъи давлатҳои гирифтори ҷангу низоъ брози назар карда, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

«Имрӯз мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро байни аҳолии осоишта дар пай доранд. Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем», -изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.

Ҳамин тавр, Президенти мамлакат дар ҳар як маросиму саммитҳои сатҳи байналмилалии вобаста ба масъалаҳои сулҳ масъалаҳои мубрами ҷаҳониро пешниҳод месозанд, ки қобили дастгирӣ ва ҷонибдорианд. Чунин пешниҳодоти мубраму саривақтӣ бори аввал нест, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳони ҷонибдорӣ мегарданд. Ин масъала далели он аст, ки сарвари давлатӣ на танҳо ҳомии сулҳ дар кишвари худ, балки дар тамоми мамолики ҷаҳонанд.

Ин хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, дар роҳи сулҳофарӣ он касро ба унвонҳои сатҳи ҷаҳонӣ сарфароз гардонидаанд. Аз ҷумла, барои нақши бориз доштан дар таҳкими сулҳу истиқрори ваҳдат ба Пешвои миллат «Унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри ХХI», медали тиллоӣ «Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо» ва мукофоти сулҳи Созмони Милали Муттаҳид тақдим намудаанд.

Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи сулҳу амонӣ, бунёдгузори давлати навини тоҷикон, Пешвои тоҷикони тамоми ҷаҳон, ҳомии хал ва шахсияти маорифпарвару сиёсатмадори сатҳи олӣ эътироф шудааст. Бигзор, сулҳи Тоҷикистон бо Сарвари оқилу доно ва маҳбубаш доимо пойдор бошад.

Одиназода Латофат Амиршо,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

 

2024-11-15 06:53:38

БАРРАСИИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБАИ ОМӮЗГОРОНИ ТОҶИКУ ҶОПОНӢ

Вохӯрии раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) Имай Сэйдзю доир гардид.

Дар оғози мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи Кумита, муассисаҳои зерсохтори он, самтҳои фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маълумоти мушаххас дода, таъкид кард, ки бо вуҷуди навтаъсис будани Кумита аллакай як қатор корҳо, аз қабили таҳияву бознигарии санадҳои танзимкунандаи фаъолият, нақшаву барномаҳои таълимӣ, афзоиши шумораи ихтисосҳои коргарӣ, таҳкими равобити байналмилалӣ, ба имзо расонидани санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар корҳои марбут ба самти фаъолият иҷро гардиданд.

Дар идомаи суҳбат раиси Кумита масъалаи навсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳо, инчунин бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро бо ҷаноби Имай Сэйдзю матраҳ намуд.

Дар рафти мулоқот ҷаноби Имай Сэйдзю ба академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, ба сатҳи баланди ҳамкории байни ду кишвар таъкид намуд. Ӯ муҳимияти талошҳои муштараки ду кишварро барои рушди зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъкид кард.

Имай Сэйдзю афзуд, ки Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ барои роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои муштарак бо Кумита ҳамеша омода буда, дар доираи равобити дуҷониба омӯзгорони ризокори ҷопонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбии сохтори Кумита ба омӯзгорону устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ нозукиҳои касбро бо назардошти талаботи пешқадами бозори меҳнати байналмилалӣ таълим дода, табодули донишу таҷриба мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки беш аз 30 дарсади аҳолии Ҷопон нафарони аз60-сола боло буда, кишвар барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ҳавасманд аст, Имай Сэйдзю иброз дошт, ки ҷиҳати ҷалби хатмкунандагони соҳибкасби муассисаҳои зерсохтори Кумита бо ҷойи кор дар Ҷопон мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷоми мулоқот раиси Кумита пешниҳод кард, ки барои рушди ҳамкории минбаъда Кумита метавонад дар муассисаҳои зертобеъ курси омӯзиши забони ҷопониро ба роҳ монад ва ин пешниҳод аз ҷониби намояндагони JICA бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

2024-11-14 15:29:43

НАҚШИ ШАХС ДАР ТАЪРИХ

Саҳми инсон дар таърих аз умдатарин масъалаҳои омӯзиш, таҳқиқ, арзёбӣ ва хулосабарорӣ мебошад. Ва аз Дунёи Қадим то ба имрӯз мавзуи баҳс интихоб шудааст: магар инсон таърихро офаридааст ё таърих аз хосияти фавқулодаи қонунмандии тараққиёт ва рушду инкишоф бархӯрдор аст?

Дар ҳар сурат, назария ва амалияи тақдири кишварҳои олам омили инсониро ҷузъи муайянкунандаи бунёди давлат ва такондиҳандаи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла рушди давлатдорӣ, эътироф менамояд. Софокл таъкид мекунад: «Дар дунё қувваҳои бузург бисёранд. Аммо бузургтар аз Инсон дар табиат дигар неруе нест. Ӯ дар олам ғолибона қадам мезанад. Тамоми намуди қувваҳоро тавассути ақлу фаросати одамӣ паси сар карда. Лекин боз зӯрии Ақли Инсон дар он аст, ки ояндаро ҳушмандона пешгӯӣ карда метавонад».

Омӯзиши сифатҳои шахсият воситаи муҳимми дарки воқеияти имрӯз ва ояндабинии ҷараёни рушди ҷомеа мебошад. Ба хотири он ки тибқи таъкиди нобиғагони классик, «таърих чизе нест, ба ҷуз фаъолияти ба мақсад нигаронидашудаи инсон».

Ҳамзамон, бояд донист, ки сарчашмаи асосии мақсадгузорӣ, на шуури инсон, балки раванди воқеаҳои ҷамъиятӣ, олами объективӣ мебошад ва шахсро барои ҷуръат, тасмимгирию амал такон медиҳад. Сафарбар менамояд. Воқеият аст, ки ниёз ба амалро ногузир мегардонад.

Аз лиҳози дигар, ба таъбири академик И. Ковалченко, «ҳар насли таърихии инсоният дар давраи мушаххаси замон аз захираҳои таъйингардидаи моддӣ ва маънавие бархӯрдор аст, ки системаи муносибатҳои истеҳсолӣ, сиёсӣ, ва мадании давр онро фароҳам овардааст. Ва ин насл ҳангоми фаъолият қодир аст, фақат аз ҳамин захираҳо истифода намояд. Фаъолияти худро ташкил кунад.

Дуруст аст, ки дар натиҷаи амали мақсаднок ин захира ва ин имконот метавонанд такмил ва муносибатҳо тағйир ёбанд, аммо амал кардан, танҳо ва фақат дар доираи ана ҳамин имкониятҳо ва ана ҳамин захираҳо сурат гирифта метавонад».

Яъне фаъолияти раҳбари сиёсии ҷомеа, ки бо амри тақдир масъулияти сарвари миллат ба дӯши ӯ меафтад, дар доираи ду омил – моддӣ ва маънавӣ маҳдуд аст.

Таҳлил, баррасӣ ва арзёбии шахсияти раҳбари сиёсӣ аз он ҷиҳат ҳам қобили таваҷҷуҳ аст, ки сарфи назар аз замон ва мушкилоти рӯ ба рӯйи ҷомеа, фазилати ӯ муҳитсоз ва омили ташаккули навъи боварӣ, эътимод, ахлоқ ва маънавиёти табақаҳои гуногуни ҷомеа мегардад.

Яке аз самтҳои омӯзиши сифати шахсияти раҳбар, инъикоси фаъолияти ӯ дар ҳолати динамикӣ – қудрати пешрафт, ҳалли мушкилот ва сарнавишти сиёсии ҷомеа, ки новобаста аз иродаи зимомдори мамлакат арзи вуҷуд кардааст, маҳсуб мегардад.

Насли мо шоҳиди сиёсати амалии Сарвари кишвар дар мушкилтарин даврони давлатдории тоҷикон, охири асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI аст.

Ман, ҳамчун шаҳрванд, шоҳиди воқеӣ ва иштирокдори раванди сиёсати амалӣ зери раҳбарии Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастам.

Аз ин лиҳоз, барои мо арзишмандии табиат ва нақши шахсияти Раҳбар дар тулуи мушкилнафаси давлатдории миллӣ, шароити ниҳоят сангини гирдоби таърихӣ, даврони тақдирсоз, қонунмандии ҷараёни тараққиёти ҷамъиятии замон чун оина равшан аст.

Волотарин сифати роҳнамо дар қудрати қабули қарор ва амалӣ кардани он дар чаҳорчӯбаи таъмини суботи миллӣ ва рушду тараққиёти мамлакат аён мегардад.

Нақшаи ба ниёзҳои мардумӣ ҷавобгӯ, тахассусмандона ва дақиқ пешбинигардидаи зина ба зина ба эътидол овардани вазъи мамлакат, нишонаи аслии ин сиёсат ба ҳисоб меравад.

Бузургтарин фоҷиа барои мардумони олам низоъ бар мабнои динӣ – мазҳабӣ ва миллӣ – маҳалгароӣ ба шумор меравад. Бо ангезаҳои умқӣ ва носолими руҳиву равонӣ, ки хосияти ҳамагонии қишрҳои васеи мардумиро касб мекунад, ҳаллу фасли чунин даргириҳо аз мушкилтарин вазифаҳои сарварони кишвар, ҳатто наслҳо мегардад. Ҳамасрони мо шоҳиди чунин воқеаҳои хуношоми тулонӣ дар Сурия, Ироқ, Яман, Сомали, Судон ва даҳҳо кишвари дигари олам мебошанд. Хирадмандии роҳбари давлат, дараҷаи олии тавони ҳаллу фасли мушкилоти инсонӣ, ки дар қазияи фалокати миллати тоҷик зуҳур гардид, аз сифатҳои олӣ ва фарқкунандаи Сарвари Тоҷикистон мебошад.

Дар баробари ин, дар шароити хазинаи холии давлат, кӯшиши умдаи ҳукумат – масъалаи бо нон таъмин кардани аҳолӣ буд.

Тавассути қабули қарорҳои ғайримаъмулӣ ба мардум заминҳои корам тақсим карда шуд. Дигар чораҳои фавқулодаи наҷот аз гуруснагӣ ва касалиҳои марбут ба ин вазъ рухдода, батадриҷ амалӣ гардиданд.

Роҳбари давлат муътақид аст, ки мавҷудияти инсон дар ҷомеа хосияти мухтор надорад. Маҳсули фазо, муҳит, вазъият ва воқеият аст. Рушди инсониро масъалаи ҳаётан муҳим ва замонати тараққии устувори имрӯзу ояндаи миллат эълон ва дар ин самт миллиардҳо сомонӣ сарф кард.

Чунин назария ва усули кор раванди мақсадноки стратегӣ гирифт.

Давлат бо тамоми неру кӯшиш мекунад, ки наврасону ҷавонони мамлакат бо тарбия ва таълими босифат фарогир бошанд. Дар бораи қонунҳои тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккур тасаввуроти аниқ дошта, роҳ ва усули истифодаи онҳоро омӯзанд. Агар воқеияти объективӣ ба фазои субъективӣ таъсиррасон бошад, субъект низ мебояд ба ҳолати объективии ҷомеа таъсиргузор, фазосоз, аз ҳама муҳим, омил будани худро ба намоиш гузошта тавонад.

Зарурат ба таъкид аст, ки Илм, Дониш ва Маърифат аз ниёзҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи башарӣ ҳастанд.

Кӯшиши Сарвари кишвар, ки мо солҳо шунидем ва дидем, таъкиди он нуктаест, ки «сафарбар кардани тамоми неруи инсонӣ ба самти ягона – рушди донишу маърифат мебошад. Давроне хушбахт ҳисобида мешавад, ки бузургтарин фатҳ – расидан ба қуллаҳои дониш эътироф гардад» (Анри Сен–Симон).

Яке аз нишонаҳои хирадмандии Роҳбари давлат ҷиддан ба инобат гирифтани пешомадҳои фавқулода ва ғайриинтизори иқтисодӣ, иҷтимоии дохилӣ ва омилҳои берунии хосияти табиӣ ва геополитикидошта маҳсуб мегардад.

Муносибати Сарвари давлат дар ин маврид, аз дидгоҳи диалектикӣ бархӯрдор аст. Ӯ ба воқеият аз мавқеъ ва вусъати тағйирёбӣ, дигаргуншавӣ, инчунин, эҳтимоли таъсиррасонӣ ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон менигарад.

Ба ақидаи ӯ, инсон дар ҷаҳони бесарусомонӣ ва пешгӯинашаванда, бояд низоме коркард ва роҳандозӣ кунад, ки манфиатҳои миллат ва давлатро ҳимоя карда тавонад. Ҷомеаро дар ҳолати рушд ва ҷавобгӯ ба талаби замон нигоҳ дорад.

Ба андешаи мантиқии Роҳбари давлат, дар баробари омили ирсият, инсон маҳсули муносибатҳои ҷамъиятӣ аст. Тарбият, муҳит, донишу маърифат, таҷриба ва таҳлили муқоисавии таҳаввулоти зиндагӣ ва хулосаи дуруст баровардан аз он, барои ташаккули шахсият таъсири муайянкунандагӣ доранд.

Таҳлили назария ва амалияи сиёсии Сарвари кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки идеали асосии ӯ сохтани давлати миллӣ тавассути тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ бар пояи баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст.

Мо эҳсос мекунем, ки ақидаҳои мазкур аз ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва эътиқодмандии бунёдии ин шахсияти бузург сарчашма мегиранд.

Солҳо, мутобиқ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ман Сардори давлатро дар сафарҳо ҳамроҳӣ кардаам.

Барои донистан, ӯ на танҳо одамонро ба ҳузури худ мепазирад, балки борҳо пеши мардум меравад, то шахсан ба аҳвол, кору бор ва рафти зиндагиашон шинос шавад.

Ҳар як сухану амалаш барои он такрорнашаванда ва ҷолиби таваҷҷуҳанд, ки натиҷаи таҳлили таҷрибаи зиндагӣ буда, дарбаргирандаи ниёзҳои рӯзафзун ва тағйирёбандаи талаботи ҷамъиятист.

Мо ҳангоми иҷрои вазифа эҳсос мекунем, ки Сарвари кишвар нисбат ба мавқеъ, супориш ва вазифаҳогузориҳои худ итминони комил дорад. Аз рӯйи зинаҳои ташаккул, камолоти давлат, пуштибонии мардуми одӣ аз ин сиёсат муътақид аст, ки роҳи интихобкардааш дуруст ва адолатхоҳона аст.

Эътиқодмандии Президент ба ормону орзуҳои худ аз асоси воқеӣ бархӯрдор мебошад. Он бар шуурнокии ҳақиқӣ, дарки воқеии вазъ дар дохили мамлакат, минтақа ва кишварҳое, ки тақдири Тоҷикистон бо онҳо алоқамандӣ дорад, асос ёфтааст.

Аз диди Роҳбари давлат, офарандаи таърих инсон аст. Ҳар шахс бояд масъулияти худро дар назди ҷамъият барои имрӯз ва оянда эҳсос кунад. Вазифаҳои худро донад. Онро бо дарки масъулият ва кулли имконоти руҳиву равонӣ ва ҷисмонӣ иҷро намояд.

Дар Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки аз рӯзҳои аввали Истиқлол ба мушкилтарин шароити сиёсӣ-ҳарбӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоӣ гирифтор шуд.

Аз лиҳози қаламрав, мавқеи ҷуғрофӣ, релеф, захираҳои замини корам, канданиҳои фоиданок, дар мавқеи ғайри қобили муқоиса бо дигар давлатҳо қарор дорад.

Дар ин маврид, Сарвари кишвар воқеиятро дарк карда, таъкид менамояд, ки имконоти тараққиёт ва пешрафти Тоҷикистон танҳо дар канданиҳои фоиданок ва мавқеи ҷуғрофиёии он нест. Аз захираҳои маънавӣ, ақл, фаросат, дониш, тахассусмандӣ ва дараҷаи рушди илму маърифат – захираҳои инсонӣ, иродатмандии саросарии миллӣ вобастагӣ дорад.

Роҳбари давлат ба хирад ва касбият чун муҳимтарин воситаҳои истеҳсолот ва такомули давлатдории миллӣ муносибат мекунад. Неруи аслии инсонро на дар мавҷудияти одии ҷисмонӣ, балки дар моҳияти ҷаҳонбинӣ ва руҳи ӯ ба инобат мегирад. Баҳо мегузорад.

Борҳо ман шоҳиди он будам, таъкид мекард, ки ягона маҳаки шинохти инсон – дарки манфиатҳои миллӣ, мувофиқати кору амали ӯ дар лаҳзаҳои барои давлат ҳалкунанда ва ҳаётан муҳим аён мегардад. На дар сухан ва шиорпардозӣ.

Ҳангоме ки мо дар бораи шахсияти Сарвари кишвар андеша мекунем, роҳи тайнамудаи ӯро дар зиндагӣ ба ёд меорем.

Ӯ дар оилаи деҳқон таваллуд ва бузург шудааст. Тамоми зинаҳои ҳаёти худро дар миёни мардуми одӣ дар меҳнат, заҳмат, омӯзиш ва андӯхтани донишу таҷриба сипарӣ кардааст.

Хулосаи мо ин аст, ки бузургтарин устоди Роҳбари давлат таҷрибаи рӯзгор аст.

Ҷомеа ҳамчун ҷузъи табиат дар давраҳои муайян, ҳассос ва хатарзои таърихӣ қудрати худро ба намоиш мегузорад. Таҷрибаи асрҳои аср дар хазинаҳои ирсии маънавиёти миллӣ маҳфуздоштаро аз худ нишон медиҳад.

Ҳамзамон, шахсияти бузург падидае нест, ки ба тарзи алоҳида, мухтор худро ҳамчун қаҳрамони фардӣ муаррифӣ кунад. Не. Баръакс. Шахсияти бузург онест, ки тамоми қудрати хешро барои хизмат ба ниёзҳои мардум равона кардааст.

Аз ҷумлаи сифатҳои инфиродии Роҳбари давлати Тоҷикистон, ки мавриди эътирофи умум гаштаанд, волотарин мақом дар байни аҳли сухан дорад. Болотарин манзалат дар иҷрои қавлу амал ӯрост. Ба ҳамин васила, шуҳрату шарафу обрӯ касб кард. Мардум ӯро Пешво хонд.

Шахсияти гениалӣ ормон, мақсад ва ниятҳои худро дар он шароит амалӣ мекунад, ки чунин нақш ба хислати маънавиёти мардумӣ ва муҳити зиндагӣ созгор ояд.

Эҳёи миллат барои Роҳбари давлат аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, бо супориши ӯ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров нашр ва ба ҳар як хонадони тоҷик туҳфа карда шуд. «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсиро чун қуръони Аҷам эътироф ва китоби рӯйимизии ҳар фарди ватанпарвар эълон кард.

Таҳлили сифатии фаъолони ба саҳнаи сиёсии солҳои навадуми асри гузашта воридшуда – яке аз фоҷиабортарин давраи таърихии миллати тоҷик, нишонгари он аст, ки бидуни чунин шахсияти бузурге мисли Эмомалӣ Раҳмон, расидани миллати парокандагашта ба сулҳу субот ва таъсиси давлати ягонаи соҳибистиқлол ва ба пайроҳаи рушд раҳнамун сохтани он, ғайриимкон буд.

Ҳамзамон бо ин, мо ҷонибдори он ақида ҳастем, ки зуҳуроти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти фавқулодаи сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик, падидаи ғайриинтизор нест. Ӯ ифодакунандаи рушду камол, хираду андешаи таърихии миллати тоҷик дар роҳи Истиқлоли давлатӣ, маҳсули асрҳост, ки дар нақши ин абармарди сиёсат таҷассум ёфт. Эҳёгари ормону орзуҳои миллат дар ҳазораи ахир гашт.

Ҷойи сипос, хотиррасонӣ ва таъкид аст, ки дар муддати зиёда аз се даҳсолаи ахир, таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълимоти назариявӣ ва таҷрибаи амалӣ дар масъалаи таъсис, рушд, инкишоф ва ҳимояи сохти давлатдории миллӣ коркард ва роҳандозӣ гардид.

Аз худ кардан, инкишоф додан ва амалӣ намудани ин таълимот аз муҳимтарин вазифаҳои наслҳои имрӯзу фардо, ҳамчун замонати пойдорӣ, субот ва тараққии миллӣ мебошад.

Хотирот шакли ифодаи мавқеи шахсӣ аст.

Мо ҳамасрон, ҳамкорон, ҳамсафон ва шоҳидони даврони ҳокимияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем.

Рӯзу моҳу солҳо моли таърих мешаванд.

Чун воқеият шакли субъективии дарки ҳастист, бидуни шубҳа, дар бораи шахсиятҳои фавқулодаи таърихӣ низ, садсолаҳо тафсир ва тавсифномаҳо идома хоҳанд ёфт.

Ин зуҳуроти одӣ ва маъмулии таҷрибаи таърихи инсоният аст.

Насли охири асри ХХ ва оғози нимаи аввали асри ХХI мушоҳидачии фаъоли заҳматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати амалии давлатдорӣ – ташкил ва раҳбарии ҳукумат, пешбурди кори соҳаҳои ҳаётан муҳим ва тақдирсози сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, коркард ва роҳандозии соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлатдорӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ, мудофиавӣ, илм, маориф ва фарҳанг мебошад.

«Тасдиқ мегардад, ки истеъдод ва зуҳуроти шахсияти фавқулодаи таърихӣ хосияти модарзодӣ дорад». Ин хулосаи Гегел низ дар сифатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеияти истисноӣ нест.

Агар бунёдгузори давлати тоҷикон нобиғагии худро дар сиёсат ба аҳли башар нишон дода бошад, шахсияти ӯ низ барои мо ба ҳамин дараҷа омӯзанда аст.

Аммо ҳақиқати таърихиро бояд эътироф намуд.

То замони Истиқлол тадқиқоти мустақили мукаммали бунёдии ба низом даровардашудаи академӣ нисбат ба таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва нав аз ҷониби олимони маъруфи тоҷик, рус, шуравӣ ва байналхалқӣ анҷом ёфта буд.

Нобиғагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки дар натиҷаи тадқиқи мавод ва таҷрибаи таърихӣ, махсусан воқеияти талхи солҳои аввали мустақилият дар ҳаёти халқи тоҷик, муборизаҳои шадиди геополитикии муосир ва зарурати ҳаётии ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, бо таълифи асар ва суханрониҳои андешамандонаи дар умқи фикр сайқалдида, консепсияи Истиқлоли давлатӣ, масъалаҳои хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро илман коркард ва ба ҳамватанон пешкаш кард.

Дар рафтор, гуфтор ва зиндагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун инсон ман шахсияти поктинат, одӣ, хоксор, фурӯтан, хушсуҳбат, нектабиат, ҳимматбаланд, фарди доно ва роҳбари тавоно, фасеҳгуфтор, марди худогоҳу ватандӯст, эҳёгари анъана ва бузургии ниёкон, таърихофарин, пайвандгари тоҷикон, ангезандаи руҳи миллӣ, муҳофизи Ватан, масъулиятшинос, руҳбахш, пуркору накукору пурсаъю қарин ба одамони меҳнатӣ ва дардошноро дарёфтам.

Ӯ воқеан, меҳнатдӯст ва заҳматқарин аст.

Дар шоҳидӣ ва пеши назари мо садҳо, ҳазорҳо амале ба намоиш гузошт, ки ӯро ҳамчун ҷавонмард, фарзанди баруманди ин сарзамин, ҷонфидо ба хотири сулҳу субот, ваҳдат, якпорчагии Ватан, обрӯ, манзалат ва тақдири таърихии миллат ва давлати тоҷикон муаррифӣ кард.

Масъулияти таъмини амнияти мамлакат, ки солҳо ба дӯши банда гузошта шудааст, воқеан, ҳамарӯза сайқали дониш, таҷриба ва касбиятро тақозо мекунад.

Бояд эътироф намуд, ки Роҳбари давлат ҳангоми баррасӣ, таҳлил ва арзёбии маълумот, дараҷаи баланди истеъдоди фитрӣ, тавони расидан ба моҳияти масъала, дарк кардани тазоде, ки аз аломатҳои зоҳирии маълумот ба қонунмандӣ ва умқи падидаи ҷолиби таваҷҷуҳ мебарад, муносибат мекунад.

Дар қабули қарор иродатмандӣ, солорӣ ва мустақилияти омӯзанда аз худ нишон медиҳад. Моро низ ба чунин муносибат ба ҳама гуна далел водор месозад.

Хирад ва таҳаммулпазирии Роҳбари давлат бо вуҷуди серталабӣ, дар муносибат бо аъзои Ҳукумат, роҳбарони дараҷаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дар лаҳзаҳои ҳассос, мураккаб ва гоҳо нобарории иҷрои вазифаҳои хизматӣ, барои ҳама гуна сатҳҳои мақомот намунаи барҷастаи омӯзиш, таҷрибаандӯзӣ, арзёбӣ ва хулосабарорӣ аст.

Дар бораи роҳ, усул, маърифат, назокат, муошират ва фарҳанги волои идории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон месазад тадқиқоти тахассусмандонаи академии шоистаи илмӣ ба анҷом расад. Ва он ҳамчун мактаби раҳбарии давлатдории миллии намунаи ибрат, мавриди истифодаи наслҳо қарор гирад.

С. ЯТИМОВ

Бознашр аз рӯзномаи "Ҷумҳурият"

 

2024-11-14 07:28:01

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиву як қонун имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои маданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ, ба қонунҳо «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои баимзорасида барои рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳифзи табиат, қонунияту тартибот ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.

 

 

 

 

 

2024-11-12 20:07:00

ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Имрӯз дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи фанҳои таълимии физика, химия, биология, математика ва технологияи информатсионӣ баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Баҳрулло, муовини якуми Раиси Кумита, директорони коллеҷҳо, омӯзгорон, донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти маросими тантанавӣ қайд гардид, ки олимпиадаи мазкур бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудани солҳои 2020-2040 ва барои дарёфти “Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.

Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳслоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, олимпиада дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки даври ниҳоии олимпиада 355 нафар иштирок карда, аз миёни онҳо беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 шуданд. Азрӯи хулосабарории ҳайати ҳакамон ғолибони озмун аз рӯи номинатияҳоба таври зайл муайян шуданд:

Номинатсияи биология:

Юсуфов Ширинбек - Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент (ҷойи 1)

Кабирова Ҷонова - Коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумова (ҷойи 2)

Умарова Саида - Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар (ҷойи 2)

Набиева Шифо - Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон (ҷойи 3)

Саидаҳматова Бибиоиша - Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон (ҷойи 3)

Номинатсияи технологияи информатсионӣ:

Абдуллоев Муҳаммадраҷаб - Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон (ҷойи 1)

Мақсудов Саидҷалол - Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе (ҷойи 2)

Бобоҷонзода Билолҷон - Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат (ҷойи 3)

Номинатсияи математика

Ҷумаев Алишер - Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон (ҷойи 1)

Қодири Абдуқодир - Коллеҷи техникии ДТТ (ҷойи 2)

Маҳмадизода Салмоншоҳ - Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе (ҷойи 2)

Муродалиев Ҳикматулло - Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант (ҷойи 3)

Холмуродова Фотима - Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (ҷойи 3)

Номинатсияи физика

Худойбердиева Мунира - Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон (ҷойи 1)

Ғуломова Меҳрона - Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом (ҷойи 2)

Имомурзоева Дилдора - Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон (ҷойи 2)

Зобичаева Фарида - Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (ҷойи 3)

Абдуллоев Зубайдулло - Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (ҷойи 3)

Сайдуллоев Ҳасан - Коллеҷи техникии ДТТ (ҷойи 3)

Номинатсияи химия

Чунаев Арслонбек - -Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон (ҷойи 1)

Мутрибаи Худоёр - Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (ҷойи 2)

Рустамзода Садриддин - Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (ҷойи 2)

Шеров Собирҷон - Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант (ҷойи 2)

Шоимардонова Сафина - Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон (ҷойи 3)

Ба ғолибон, ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ҳамзамон, онҳое, ки холи нисбатан баландтар доштанд, бо “Ифтихорнома”-и Кумитаи тадорукот сарфароз дониста шуданд.

Аз рӯи натиҷагирии шумораи бештари ҷоизадорон дастаи олимпии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон сазоври мақоми якум, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи дуюм ва Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар барандаи ҷойи сеюм эълон шуданд. Ҳамзамон, роҳбарони як қатор барои саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории олимипада бо “Сипоснома”-и Кумита қадрдонӣ карда шуданд.

 

2024-11-11 20:23:41

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАЗИРИ САРМОЯГУЗОРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ХОЛИД АЛ-ФОЛИҲ МУЛОҚОТ НАМУДАНД

10 ноябр дар шаҳри Риёз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад.

Баргузории мунтазами нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бар суди кор номида шуд.

Гуфта шуд, ки миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин энергетика ва кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.Бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ амри зарурӣ дониста шуд.

Роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе аз моҳи марти соли 2023 натиҷаи хуб барои густариши робитаҳои судбахш арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ роҳандозӣ шуда, дар ин замина сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

2024-11-11 20:20:51

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ МУШТАРАКИ ҒАЙРИНАВБАТИИ АРАБИЮ ИСЛОМӢ ДАР ШАҲРИ РИЁЗ ИШТИРОК НАМУДАНД

11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби Арабистони Саудӣ барои ҳусни пазироӣ ва сатҳи баланди барпо кардани ин ҳамоиш изҳори сипос карданд.

Сарвари давлати мо баргузории онро барои баррасии вазъ дар Фаластин ва Лубнон иқдоми саривақтӣ ва муҳим шумурданд.

“Шиддат гирифтани задухурдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа боиси нигаронии амиқи мо гардидааст”-изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки бо гузашти зиёда аз як сол аз оғози задухурдҳои мусаллаҳона дар минтақаи Ғаззаи Фаластин ҳама гуна талошҳо дар роҳи эҷоди мусолиҳа миёни ҷонибҳои даргир бенатиҷа боқӣ мондаанд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “мо бори дигар аз тарафҳои даргир даъват менамоем, ки ҳамаи ихтилофотро танҳо аз роҳҳои гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милал ҳал намоянд”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тақвияти нақши ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ҳар гуна талошҳои дигари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Исломӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақа ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ин зимн аз ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват карда шуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз як ҷанги доманадор дар минтақаи Ховари Миёна дар рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ҳусни эътимоду созандагӣ иқдомҳои бештар муассир андешанд.

Гуфта шуд, ки ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад.

“Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад”-иброз доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Президенти кишвари мо, ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд.

Дар ин замина, дастгирӣ аз саъю кӯшишҳои минбаъда барои аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазия муҳим арзёбӣ гардид.

Зарур шумурда шуд, ки дар марҳалаи кунунӣ кишварҳои аъзои Созмон дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона барои расонидани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои муассир андешанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба қадри имкон дар ин кор саҳм гирифтааст ва дар оянда низ ҳисса хоҳад гузошт.

Президенти кишвари мо бори дигар аз пешниҳоди Тоҷикистон дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки дорои ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар ҷаҳон мебошад, ёдовар шуданд.

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза ба раванди мусбати ҳалли қазияи Фаластин мусоидат хоҳад кард.

 

 

2024-11-11 20:17:00

ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲҲОИ МУОСИР ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе дар ҳошияи баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳ-синфхонаҳои таълимӣ аз фанҳои физика, химия ва биология ифтитоҳ карда шуд.

Дар расми ифтитоҳи озмоишгоҳ-синфхонаҳои мазкур академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳслоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раис ва омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.

Раиси Кумита иброз намуд, ки синфхона-озмоишгоҳҳои мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалишавии “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудани солҳои 2020-2040 ташкил карда шудаанд. Озмоишгоҳҳо бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, имкониятҳои гузаронидани корҳои озмоишӣ ва назоратиро дар раванди дарсҳои амалӣ боз ҳам беҳтар менамояд. Таҷҳизоти зарурии замонавӣ ва иқтидори зеҳнию малакаи омӯзгорону донишҷён дар самти омӯзиши фанҳои мазкур ба озмоишгоҳ имкон медиҳад, оид ба муайян намудани хосиятҳои физикию механикӣ ва химиявии масолеҳи мухталиф санҷишҳо гузаронда, рақаму далел ва маълумоти заруриро пайдо намоянд.

Таъкид шуд, ки дар доираи гузаронидани озмоишҳо бо истифодаи таҷҳизоти маъмулии анъанавӣ ва муосири технологӣ бо услуби мухталиф аз интихоб, ҷудо кардан ва дастрас намудани маводи намунавӣ то пешниҳоди хулоса, чандин анвои амалиёти санҷишӣ гузаронида мешавад.

Қайд гардид, ки озмоишгоҳҳои нави ҳамқадами замон низоми таълим ва раванди дарсгузариро дар муассиса ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида, омили рушди бонизоми муассиса ва боло рафтани мавқеи он мебошад, ки пайваста бо дастовардҳои намоён ба қайд гирифта мешаванд.

2024-11-11 20:14:21

ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи фанҳои таълимии физика, химия, биология, математика ва технологияи информатсионӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои дарёфти “Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.

Дар расми ифтитоҳи олимпиадаи мазкур Қувватзода Сайдулло, мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, иттилоот ва фарҳанги Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳслоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раис, кормандони дастгоҳи марказии кумита ва омӯзгорону иштирокчиёни олимпиада иштирок намуданд.

Фарҳод Раҳимӣ зимин ифтитоҳ иброз намуд, ки олимпиада дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020 - 2040, инчунин бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни донишҷӯёни коллеҷҳо баргузор мегардад.

“Олимпиада ба амалигардонии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва баланд бардоштани маҳорати касбии хонандагон дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ бахшида шудааст”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Таъкид гардид, ки пешрафти ҳар давлат аз захираҳои зеҳнӣ ва рушди тафаккури сокинони мамлакат сахт вобаста буда, дар айни замон илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки олимпиада бо ташаббуси Кумита доир шуда, иштирокчиёнро аз 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷамъ овардааст. Дар даври якуми олимпиада дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи фанҳои таълимии мазкур бо иштироки беш аз 2000 донишҷӯ баргузор гардида, 355 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Даври ниҳоии озмун ду рӯз – 11 ва 12 ноябр идома меёбад.

Дар ҷамъбаст ғолибон бо ифтихорнома, сипоснома, ҷом ва туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

 

2024-11-11 20:12:30

МУЛОҚОТИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ХОНУМ ШИН ЛОНГ

Имрӯз вохӯрии раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо офитсери шуъбаи иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд хонум Шин Лонг доир гардид.

Дар оғози дидор академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи Кумита, самтҳои фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маълумоти мушаххас дода, роҷеъ ба мушкилоти ҷойдошта дар ин самт, аз қабили тармиму таъмири бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳои мазкур ибрози андеша намуд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба сифати яке аз ҷузъҳои муҳими низоми маориф диққати махсус зоҳир менамояд, зеро ин зинаҳо иқтисодиёти миллиро бо мутахассисони баландихтисоси коргарӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум саҳми арзанда мегузоранд.

Илова гардид, ки бо мақсади таҳкими фаъолияти босамар Кумита мушкилоти ҷойдоштаро дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян намуда, барои ҳалли онҳо пайваста талош менамояд. Масъалаҳои муҳиму ҳалталабе, ки имрӯз Кумита бо онҳо рӯ ба рӯст, ин навсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳо, аз ҷумла бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб меравад.

Хонум Шин Лонг барои истиқболи гарму самимӣ ба роҳбарияти Кумита изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, академик Фарҳод Раҳимиро ҷиҳати дар муддати кутоҳ ба субут расонидани корҳои назарраси соҳа муборакбод намуда, ба натиҷаи корҳои иҷрошуда баҳои баланд дод.

Хонум Шин Лонг афзуд, ки Бонки Осиёии Рушд аз эҳтиёҷоти Кумита ва муассисаҳои зертобеи он ба биноҳои наву замонавӣ ба хубӣ огоҳ буда, омода аст дар робита ба мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, аз ҷумла сохтмони биноҳои хуштарҳу замонавӣ, таҳкими пояи моддию техникӣ, асбобҳои аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ ва дастурамалҳои корӣ ба Кумита муосидат намояд.

Дар идомаи мулоқот бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Бонки Осиёии Рушд дар мавриди сохтани бинои сеошёна бо таҳхона, ки барои фанҳои дақиқ, алалхусус риёзӣ ихтисос дода мешавад, изҳори омодагӣ намуда, гуфта шуд, ки сохтмони бинои мазкур нимаи дуюми соли 2025 оғоз гардида, соли 2026 ба истифода дода хоҳад шуд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкиму густашири бештари ҳамкориҳои муштарак ва истифодаи тамоми имконияту зарфиятҳои мавҷуда изҳор намуда, таъкид доштанд, ки баҳри расидан ба ҳадафу мақсадҳо дар ин замина амалан талош хоҳанд кард.

 

2024-11-10 17:50:50

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САФАРИ КОРӢ БА ПОДШОҲИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ РАФТАНД

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

2024-11-10 17:49:47

ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САЗОВРИ ҶОЙИ ДУЮМ ГАРДИД

Донишҷӯи соли сеюми факултети кори фармасевтӣ ва кори дандонсозии Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Ширинмоҳи Миршакарзода дар баробари аз худ намудани барномаҳои таълимии соҳавӣ, дар мусобиқаи байналмилалӣ, таҳти унвони «UZBEKISTAN OPEN G1 INTERNATIONAL TAEKWONDO TOURNAMENT», ки дар Ҷумҳурии Узбекистон байни занон баргузор гардид дар вазни - 49 кг, сазовори ҷойи дуюм гардид.

 

2024-11-10 17:48:21

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР КОЛЛЕҶИ МИЛИТСИЯ

Дар Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷуиҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар ш.Кӯлоб бахшида Рӯзи миллитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он сардори Коллеҷи милитсия подполковники милитсия Нуруллозода Меҳрулло, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро Нуруллозода Меҳрулло бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, кормандони мақомоти корҳои дохилиро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., ба ин санаи шарафманд муборакбод гуфта, аз қаҳрамониву далерии кормандони мақомоти қудратӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар шуд. Дар идомаи маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик як қатор кормадони фаъоли Коллеҷи милитсия бо Сипосномаи роҳбарияти муассиса сарфароз гардиданд.

Дар охир аз ҷониби ҳунармандонӣ шаҳри Кӯлоб бахотири болидаруҳии афсарону кормандон консерти идона ташкил карда шуд.

2024-11-08 07:31:36

ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ОҒОЗ ШУД

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи даври чоруми озмун Анвар Сафарзода, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷӯразода – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои дахлдор, 10 нафар ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмун, ҳайати ҳакамон, комиссияи аппелятсионӣ, муовинони соҳавии раисони вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иштирокчиёни даври чоруми озмун, масъулони номинатсияҳо, меҳмонон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳ иброз гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аҳолӣ дастгирии васеъ пайдо кардааст, ки ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш, китобу китобхонӣ миёни аҳолии кишвар ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик аст.

Таъкид гардид, ки дар баробари баргузории дигар озмунҳо соли шашум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ миёни аҳолии кишвар таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Зикр шуд, ки имсол дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар довталаб иштирок намуда, нисбат ба соли гузашта 11 ҳазору 609 нафар зиёд мебошад. Дар даври дуюм 49267 нафар ва дар даври сеюм 3742 нафар ширкат карда, 574 нафар ба даври чорум роҳ ёфтанд.

Баъд аз маросими кушодашавӣ иштирокчиён ба номинатсияҳо тақсим шуда, озмун кори худро дар толорҳо шуруъ намуд. Сабқат миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (синфҳои 5-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (донишҷӯёни курси 1-4) аз 14 то 16 ноябр ва миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот рӯзҳои 17 – 19 ноябр баргузор мегардад.

 

2024-11-08 07:27:44

ЗАРУРАТИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲО БАРОИ СОҲАИ ДАСТГОҲҲОИ ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН (ДРОНҲО) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2011 зикр намуданд, ки “ҳар як мамлакат новобаста ба он ки дар кадом сатҳи илмию технологӣ ва иҷтимоию иқтисодии рушд қарор дорад, бояд ба ташаккули низоми миллии инноватсионии худ, ки он принсипҳои умумии фаъолияти инноватсионӣ ва дар баробари ин, бо дарназардошти махсусиятҳои мамлакат (нерӯи илмию технологӣ, вазъи иқтисодиёт, захираҳои меҳнатӣ ва маҳсулоти хом, шароити табииву иқлимӣ ва ғайра) сохта шудааст, кӯшиш намояд”.

Барои пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ, ки ҷузъи пайвасткунандаи илм ва истеҳсолот мебошад, бояд шароит фароҳам оварда шавад, то ҷузъи инноватсионӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба таври доимӣ афзоиш ёфта, ба пешрафти мамлакат ва болоравии некӯаҳволии халқ таъсири бештар дошта бошад.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати кишвар оид ба таҳкими нерӯи илмию техникӣ ҳамчун яке аз шартҳои зарурӣ дар самти такмили иқтисодиёт ва гузариши давра ба давра ба роҳи инноватсионии рушд яке аз самтҳои муҳимми стратегӣ дониста шудааст.

Дар ин давра як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расидаанд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи илм муайян намуда, ба дастгирии нерӯи илм, рушди таҳқиқоти илмӣ, коркарди технологияҳои нав ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот равона карда шудаанд. Дар ин ҷо метавон махсус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парки технологӣ”, қонунҳои дахлдор оид ба моликияти зеҳнӣ ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3-юми он ба моликияти зеҳнӣ бахшида шудааст) қайд кард.

Рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) солҳои тулонӣ аст, ки дар соҳаи таҳсилот истифода мешавад ва бештари омӯзгорон онро дар муҳити муассисаҳои таълимӣ истифода мебаранд ва онро ҷузъи ҷудонашавандаи омӯзиш медонанд. Технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ пайваста инкишоф ёфта, ҳама технологияҳои навтарин ва пешрафтаро дар бар мегирад, то ин ки ба хонандагону донишҷӯён дар муошират ва омӯзиш бо роҳи ҷолибтарин ва ҳавасмандкунанда кӯмак расонад.

Мақсади ин мақола омӯзиши як бахши хеле ҳаяҷонбахш ва умедбахши технологияи роботӣ бо номи дрон ё дастгоҳи ҳавопаймои бесарнишин ва истифодаи он дар раванди таълими хонандагону донишҷӯён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Омӯзиши имкониятҳо ва татбиқи технологияи бесарнишинро дар низоми таҳсилот тавассути таҳлили таҳқиқотҳои дар ин раванд иҷрогардида меомӯзем ва дарки хонандагону донишҷӯён ва омӯзгоронро дар бораи истифодаи онҳо баррасӣ менамоем.

Натиҷаҳои ин пажӯҳиш оид ба истифодаи дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин дар раванди таълим дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон натиҷаҳои умедбахш нишон медиҳанд, вале баъзе маҳдудиятҳо муайян карда шуданд, ки то ҳол истифодаи умумигардонии онҳоро дар раванди таълим мушкил месозад.

Рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ тадриҷан ҷойи омӯзиши анъанавиро мегирад ва ҳама паҳлӯҳои ҳаёт ҳоло ба илму технология иртибот доранд. Муносибати рӯ ба рӯ дар синфхона ба муоширати онлайн-суҳбат, тахтаи интерактивӣ ба ҷойи тахтаи анъанавӣ ва захираҳои интернетӣ китобҳои дарсӣ ё захираҳои чопиро иваз мекунанд.

Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки технология метавонад дар соҳаи маориф инқилоб кунад. Ин далели он аст, ки истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз манфиат холӣ нест. Барои бомуваффақият ва ҷолиб сохтани раванди таълиму тарбия ҳам барои хонандагону донишҷӯён ва ҳам барои омӯзгорон иттилоот ва технологияҳо дар соҳаи таҳсилот ва бахусус таҳсилоти касбӣ бояд васеъ истифода шаванд. Вале ба даст овардани ин манфиатҳо бартараф намудани душвориҳои азимро талаб мекунад. Ин мушкилот метавонад аз мактаб ба мактаб, минтақа ба минтақа ва кишвар ба кишвар фарқ кунад.

Оянда ба сӯйи муҳити пешрафтаи таълим ҳаракат мекунад, ки дар он ҳар як хонандаю донишҷӯ тавассути интернет ба шабакаҳои васеи омӯзишӣ пайваст мешавад, ки онҳо дар он метавонанд дониш, мисолҳо, ҷавобҳо ва роҳҳои ҳалли худро дар мавзӯи таъиншуда ҷустуҷӯ кунанд, хонандаю донишҷӯёнеро пайдо кунанд, ки ҳамон мавзӯъҳоро меомӯзанд ва ба гурӯҳҳои корӣ ҳамроҳ шаванду фаъолияти якҷоя ва умумиро роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон, дар фаъолияти омӯзгорон ва донишҷӯён аз ҳисоби рушди роботтехника, технологияҳои нав ва ёрирасон, аз ҷумла дар самти сохтани роботҳо тағйироти зиёд ба амал омад.

Маълум аст, ки дар раванди таълиму тарбия омӯзгорон нақши муҳим доранд. Ҳамгироии технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар таълим барои омӯзгорон муҳим мебошад, зеро технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ барои онҳо мубодилаи захираҳои таълимӣ ва донишро, дар маҷмӯъ, осон мекунад. Воситаҳои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба онҳо имкон медиҳанд, ки ҳама намуди фаъолиятҳои омӯзиширо ба таври чандирӣамалӣ созанд.

Бо ҷорӣ шудани технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ маҳорати омӯзгорон, эътимод ба қобилият ва шавқу рағбати онҳо меафзояд. Технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи таҳсилот ҳамчун воситаи пурқувват барои омӯзгорон ҷиҳати ҳамгироии донишҷӯёни дорои мушкилот ва масъулият тавассути таълими онҳо хизмат мекунад.

Ворид намудани технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба равандҳои таълиму тарбия аз омӯзгорон талаб мекунад, ки сатҳи муайяни малакаҳои гуногунро барои ҳалли тамоми мушкилоти марбут ба ҳамгироии онҳо ба равандҳои таълимӣ ба даст оранд. Имрӯз дронҳо, яъне технологияи иттилоотию коммуникатсионии нав пайдо мешаванд, ки қобилиятҳои гуногун доранд ва онҳоро технологияи пешқадам дар бисёр соҳаҳо мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд.

Дронҳо ин роботҳои парвозкунанда, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки метавонанд ҳазорҳо километр парвоз кунанд ва дронҳои хурде, ки дар фазои маҳдуд парвоз мекунанд, мебошанд. Ҳавопаймоҳои бесарнишин бидуни операторанд. Онҳо ба масофаи дур ба таври худмухтор парвоз мекунанд ва метавонанд борҳои марговар ё ғайри марговарро бардоранд. Пешрафтҳо дар истеҳсолот, технологияҳои нав ва низомҳои нави нигоҳдории энергия ба коркарди як қатор дронҳо мусоидат карданд. Дар натиҷа дронҳое истеҳсол гардиданд, ки дар ҳолатҳои мухталиф истифода шуда, дар онҳо ҳузури одамон душвор, ғайриимкон ва хатарнок аст.

Дар солҳои охир роботҳои парвозкунанда, ки ба чунин ҳадафҳо, аз қабили назорати ҳарбӣ, иктишофи сайёраҳо ва ҷустуҷӯву наҷотдиҳӣ хидмат мекунанд, таваҷҷӯҳи бештар доранд. Муҳимтарин хусусияти ҳавопаймоҳои бесарнишин дар он аст, ки онҳо инфрасохтори иловагиро барои зуд сабт ва назорат кардани минтақа ё объекти мушаххас талаб намекунанд.

Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин аллакай дар муҳити таълимӣ ба таври васеъ паҳн шуда, таваҷҷӯҳи зиёдро ба худ ҷалб кардааст. Бо назардошти нерӯи онҳо барои дастгирии омӯзиши донишҷӯён, истифодаи дронҳо аксар вақт ҳамчун стратегияи алтернативии таълимӣ барои навоварӣ дар муҳити омӯзишӣ баррасӣ мешавад. Имрӯз омӯзиши дронҳо як қисми таркибии илмҳои дақиқу техникӣ ва электроникаю рақамикунонӣ гардидааст.

Донишҷӯён, инчунин, метавонанд аз дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин ҳам дар дарсҳои назариявӣ ва ҳам амалию таҷрибавӣ баҳра баранд.

Дронҳо манфиат ва роҳҳои истифодаи зиёде доранд, ки онҳо раванди истифода дар таълимро ҷолиб мегардонанд. Дар самти илм ин воситаҳо барои омӯзиши хоҷагии ҷангал, ҷуғрофия ва биологияи ҳайвоноти ваҳшӣ ба таври васеъ истифода мегарданд.

Дар самти касбҳои муҳандисӣ ва илмҳои дақиқ дронҳо метавонанд барои донишҷӯён ҳамчун шарҳе барои таҳлили раванди мавзуъҳо барои нишон додани роҳҳои ҳалли мушкилот, таҳлили маълумот ва малакаҳои таҳқиқотӣ муфид бошанд.

Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин барои донишҷӯён ва омӯзгорон ояндаи ҳаяҷонбахш пешкаш мекунад. Тамаркузи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба раванди таълим пас аз коҳиши назарраси нарх дар сатҳи ҷаҳонӣ имконпазиртар шуда, истифодаи онҳо дар бисёр муассисаҳо дастрас гардид. Аммо, сарфи назар аз тамоми сифатҳои мусбати ҳавопаймоҳои бесарнишин, омилҳои зиёде мавҷуданд, ки мо бояд пеш аз он ки онҳоро ба раванди таълим татбиқ кунем, ба назар гирем. Масъалаи муҳим ин ҷанбаи бехатарии истифодаи онҳо мебошад. Аз ҷумла, ҳангоми истифодаи нодуруст бесарнишинҳо метавонанд ба истифодабарандагонашон зарари ҷисмонӣ (осеб) расонанд. Ҳамзамон, бо сабаби мавҷудияти элементи литий дар батереяҳо тарканда будани онҳо то ҳол боқӣ мондааст.

Масъалаи дигаре, ки мо бояд ба назар гирем, ин зарурати тайёр кардани омӯзгорони баландихтисос мебошад. Ҳамин тариқ, омӯзиши адабиёти зиёд далели истифодаи васеи дронҳоро дар соҳаҳои гуногун нишон медиҳад. Аксари таҳқиқотҳо собит менамоянд, ки дронҳоро ҳамчун як қисми таркибии таълими фанҳои дақиқ, техникию технологӣ, барномасозию ҷуғрофия истифода кардаанд. Ҳамзамон, қисми дигар онҳоро дар муҳити мактаб барои беҳтар кардани омӯзиш дар синфхонаҳо ва дарсҳои амалӣ истифода намудаанд ва ба донишҷӯён дар рушди визуализатсияи фазоӣ, пайдарпайӣ ва малакаҳои муоширати иҷтимоӣ фоидаовар ҳисобидаанд.

Илова бар ин, аксарияти таҳқиқотҳо собит намудаанд, ки дронҳоро дар ҳамаи дарсҳо истифода бурдан мумкин аст. Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки навъҳои арзон ва сабуки технология дар таҳсил бартарӣ доранд. Истифодаи онҳо дар таълим натиҷаи мусбат дода, дарк ва ҳаяҷони донишҷӯёнро бедор мекунад ва барои азхудкунии фани таълимӣ манфиати калон дорад. Омӯзгорон онҳоро барои донишҷӯёни худ муфид ва зарур дониста, зарурати инкишоф додани малакаҳои онҳо барои қодир будан ва омода будан ба истифодаи дурусти дронҳо дар таълим изҳор доштанд.

Дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин (ДҲБ) дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон новобаста аз сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии онҳо ба соҳаи мустақили босуръат рушдёбанда ва созанда табдил ёфтааст. Дар навбати аввал агар онҳо барои соҳаи мудофиаю амният ва бехатариии ҳифзи сарҳадот пешбинӣ шуда бошанд, соҳаҳои дигари иқтсодиёт низ ба ин дастгоҳи муосири аср бештар ниёз доранд. Имрӯз ҳар як соҳаи иҷтимоию иқтисодиро бе ин таҷҳизот тасаввур намудан мушкил аст.

Қобили қайд аст, ки рушди зеҳни сунъӣ ба ин дастгоҳ ҳаёти нав бахшида, онро ба механизми ташаккулдиҳанда ва заминавии соҳаҳои гуногун табдил дода истодааст. Бо мақсади дар ин раванд қафо намондан ва рушди ҳамаҷонибаи соҳаи дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин омӯзишу таълими дронҳо дар аксарияти кишварҳо аз синни мактабӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва бахусус таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ, баъд аз таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти иловагӣ ҷорӣ шуда истодааст. Ба соҳаи мустақилу фарогири ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷалби шумораи зиёди аҳолӣ ба ин соҳа дар кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ва кишварҳои дигари рӯ ба тараққиёт аз он дарак медиҳад, ки нақши дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин дар ҳаёти минбаъдаи инсоният рӯз аз рӯзафзоянда ва боз ҳам муҳимтар мегардад.

Дар баробари кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон дар мамлакатҳои узви ИДМ низ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуда, рушди ин соҳа ва барои аҳолӣ фарогир гардидани он як омили ҷолиб ва ҳайратангез гардидааст. Барои мисол дар Россия дар доираи лоиҳаи федералии “Кадрҳо барои Низоми ҳавопаймоҳҳои бесарнишин (НҲБ)”, ки аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ташаккул дода мешавад, бо дастгирии Ташкилоти ғайритиҷоратии автономии “Донишгоҳи милии ташаббуси технологӣ 2035 (“АНО “Университет НТИ 2035”) ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2030 соҳаи бесарнишин 1 млн. нафар шаҳрвандонро бояд дар бар гирад. Ҳамзамон, бо номи “Архипелаг”-ташаббуси лоиҳавӣ-таълимӣ, ҷойи вохӯрии намояндагони бизнес, ҳукумат, самтҳои таълимӣ, илмӣ ва эҷодӣ, ки сарҷамъ гардида, вазифаҳои маҷмӯии стратегии давраи ояндаи рушди иқтисодиёт ва технологияро ҳал менамоянд, таъсис дода шудааст.

Вазифаҳои лоиҳаи федералии мазкур дар Россия, тамаркузи Низоми ҳавопаймоҳҳои бесарнишин (НҲБ) ба барномаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин омода намудани омӯзгорону устоҳои таълимии барои омӯзиши наврасон ва ҷавонон зарур, мебошад. Аллакай то охири соли 2023 ба ин соҳа давра ба давра ҳамаи мактабҳои миёнаи умумӣ ворид карда шудааст. Ҳамзамон, Низоми ҳавопаймоҳҳои бесарнишин ба воситаи модулҳои таълимӣ ба низоми таҳсилоти олии касбӣ ворид гардида, барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ таҳия карда шудаанд. Имрӯз омода кардани мутахассисон тибқи талаботи равандҳои мушаххас: кишоварзӣ, бехатарӣ, логистика, навигатсия, ҷустуҷӯи одамон ва кор дар ҳолатҳои фавқулода оғоз гардидааст.

Маҳаки лоиҳаи мазкурро платформаи рақамӣ барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳо оид ба мутахассисон, салоҳиянокӣ ва сатҳи тайёрии онҳо ташкил медиҳад. Низоми иттилоотӣ имконият медиҳад, кинорасоии кадрҳо пайгирӣ карда шуда, ба сохторҳои таркибӣимконияти зарурӣ фароҳам оварда шавад. Вазифаи дигари лоиҳаи давлатии “Кадрҳо барои Низоми ҳавопаймоҳҳои бесарнишин (НҲБ)” ҷалби шаҳрвандон барои мақомдор намудани соҳаи мазкур буда, барои ин мусобиқаҳо ва чорабиниҳои роҳнамоии касбӣ дар соҳаи Низоми ҳавопаймоҳҳои бесарнишин ташкил карда мешаванд. Барои мисол, танҳо дар соли 2023 сад мусобиқаҳои дрон-баскетбол, дрон-биатлон, “ҳимояи қалъа”, давҳои даврашакл баргузор гардидааст, ки боиси ҷалби шумораи зиёди одамон гардидааст.

Қобили қайд мебошад, ки асри XXI асри дронҳо мегардад. Дар давраи ҳозира ДҲБ ин чашм ва дастони идорашаванда дар баландии парвози уқоб мебошад. Дар назар аст, ки пас аз 15-20 сол дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишине пайдо мешаванд, ки вазифаҳои додашавандаро бо принсипи мустақилонаи зеҳни сунъӣ иҷро менамоянд. Бинобар ин, ҷалби наврасону ҷавонон ва ҳатто аз боғча омӯзонидани кӯдакон муҳим арзёбӣ мегардад. Коршиносони соҳаи таҳсилоти томактабӣ ба он ақида мебошанд, ки барои кӯдакони боғча низ машғулиятҳои вобаста ДҲБ-ро гузаронидан зарур аст. Барои мисол, дар вилояти Сахалин аллакай дар ҳамаи мактабҳои миёнаи умумӣ лоиҳаи идоракунии ДҲБ ташкил гардидааст. Ба макаббачаҳо васлкунӣ, барномасозӣ ва хизматрасонии дронҳоро омӯзонида, иидоракунии онҳоро таълим медиҳанд.

Операторони истифодабарандаи бесарнишинҳоро “сарнишинҳои берунӣ” меноманд. Мутобиқи қонунгузории Россия бесарнишинҳо ба ду намуд ҷудо шудаанд: то 30 кг ва аз 30 кг зиёд. Дронҳои аз 30 кг зиёд мутобиқи Кодекси ҳаво идора ва нигоҳдорӣ карда мешаванд. Лоиҳаи “Кадрҳо барои НҲБ” бо тайёр кардани бесарнишинҳои то 30 кг нигаронида шудааст, яъне барои муассисаҳои таълимӣ дронҳои то 30 киллограм иҷозат дода шудааст. Барои идоракунии ин гуна бесарнишинҳо дониш ва малакаҳои махсус зарур нест. Ҳамзамон, таҷриба нишон медиҳад, ки шахсони дорои таҳсилоти радиотехникӣ, геодезӣ ё харитасозӣ имконияти бештарро доро мебошанд ва омори соҳа ин омилро тасдиқ менамояд. Илова бар ин, сохтори ягонаи тамаркузкунанда зарур аст, то тавонад истифодаи онҳоро дар муҳити мактаб, литсейи касбӣ, коллеҷ ва донишкадаю донишгоҳ мутобиқ созад.

Дар асоси омӯзишу таҳлили адабиёти зиёди кишварҳои хориҷии дуру наздик чунин хулосагирӣ намудан мумкин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ин соҳа дар сатҳи хеле паст қарор дошта, то имрӯз дар сиёсати давлатӣ мақоми он муайян нагардиааст ва вазорату кумитаҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори омӯзиши дронҳоро дар муассисаҳои таълимӣ, коркарду истифодаи онҳоро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор надодаанд. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ мебошад, ки дар навбати аввал аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи омӯзиши дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин (дронҳо) дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот оғоз аз мактаби миёнаи умумӣ то баъд аз мактаби олӣ ва таҳсилоти иловагӣ, ҳамзамон идоракунию васли онҳо, инчунин дар доираи лоиҳаҳои фармоишӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ баргузории таҳқиқотҳо ҷиҳати коркарди дронҳо ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ҳамзамон, бо мақсади ворид намудани оғози омӯзиши дронҳо дар муассисаҳои таълимӣ аз моҳи сентябри соли 2025 ва муқаррар намудани шаклу намуди таълимии дронҳо (аз руйи вазн ва ҳаҷм), таҳияи стандартҳои салоҳият, барномаҳои таълимӣ, модулҳои таълимӣ, инчунин омӯзишу истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ (кишоварзӣ, энергетика, геодезия, харитасозӣ, хоҷагии ҷангал) зарур мебошад, ки аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шавад.

Бо назардошти хусусияти хоси дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин, ки барои истеҳсолу истифодаи онҳо асосан кормандони дорои касбҳои коргарии махсус, звенои миёна ва техникҳо зарур мешаванд, ба мақсад мувофиқ мебошад, ки мақоми ваколатдори давлатии соҳаи мазкур Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Мо боварӣ бар он дорем, ки дар доираи эълон гардидани солҳои солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва солҳои 2022-2026 чун «Солҳои рушди саноат», Тоҷикистон дар соҳаи омӯзишу истифодаи дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин дар соҳаҳои гуногуни рушди иқтисодиёти миллӣ дар минтақаи Осиёи Миёна аз аввалинҳо мегардад.

Раҳмоналӣ ШАРИФЗОДА,

корманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-11-08 07:17:06

САНАДИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРӢ

Конститутсия халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсии давлатдорӣ 30 сол пур шуд. Дар ин миён ба василаи он мо ба низоми соҳибихтиёриву комилҳуқуқӣ шарафманд гардидем.

Дар давом 30 сол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шиносномаи давлату миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ барои муаррифии давлати тоҷикон ҳамчункишвари демократӣ, соҳибихтиёр ва ягона мусоидат намудааст. Бояд гуфт, ки ба василаи ин ҳуҷҷатитақдирсоз мо имрӯз кишвари худро дар қатори амнтаринкишварҳои ҷаҳон мушоҳида менамоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2023 қайд намуданд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Имрӯз ҳар як насли ҷомеаро зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии худ, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ ҳар як банди Конститутсияи кишварро донад ва онро тафсир карда тавонад.

Ирода ИГАМОВА,

директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод

2024-11-07 13:24:57

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КРАНҲОИ БОРБАРДОР ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон»-ро дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳана мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи навбунёд бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надошта, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва шарикони рушд дар муддати камтар аз 5 моҳ бо маблағи 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Бо мавриди истифода қарор додани корхонаи нави истеҳсолӣ механизмҳои борбардори ҶСК «Ширкати мошинасозии Де Банг Тоҷикистон» 30 нафар бо ҷои кори доимӣ, таъмин шуданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – "Саноатикунонии босуръати кишвар" бо навтарин технологияи ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 80 крани борбардори пуриқтидор буда, дар сурати зиёд гаштани фармоиши харидорон ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, ба содирот низ нигаронида шудааст.

Механизмҳои борбардори истеҳсолшаванда дар корхонаи навбунёд, ки ҳар қисми он пас аз озмоишу санҷишҳои мутахассисони соҳа насб карда мешаванд, тавоноии бардоштани аз 4 то 12 тонна борро доранд.

Кранҳои борбардори ин корхона тариқи фосилавӣ низ идора карда мешаванд, ки он метавонад кори биносозонро ба мартиб осон намояд.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона арзиши кранҳои борбардор дар бозор то 30 фоиз арзон бояд шавад, зеро то ҳол ин маҳсулот аз берун ворид мешавад. То имрӯз ҳар сол ба ҳисоби миёна ба маблағи то 9 миллион доллари амрикоӣ кранҳо аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Аз ин хотир кранҳои ин корхона ивазкунандаи воридот ва ҳам маҳсулоти содиротӣ хоҳад шуд.

Тавре гуфта шуд, корхонаи мазкур дар бинои бекорхобидаву валангоре, ки солиёни дароз аз мадди назар дур монда буд, бунёд гардида, ба як гӯшаи ободу зебое мубаддал гаштааст.

Масоҳати умумии корхонаи навбунёд наздики 4 ҳазор метри мураббаъ буда, гирду атрофи он сабзу хуррам гардонида шудааст. Дар саҳни бинои корхона намунаи яке аз кранҳои борбардор гузошта шуда буд, ки бозгӯи иқтидори истеҳсолии корхона ва сифати баланди маҳсулоти он мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо фаъолити истеҳсолӣ ва васли кранҳои пуриқтидори корхона, ташаббуси масъулинро барои ба роҳ мондани чунин иқдоми нек, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гаштааст, муҳим арзёбӣ намуда, барои фаъолияти самарабахши минбаъдаи он, дастуру ҳидоятҳо доданд.

2024-11-07 13:23:08

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ АРМСТРОНГ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

7 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт. Нахуст Роҳбари давлат дар деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Корхонаи истеҳсоли армстронгро ифтитоҳ намуданд. Иншооти нави саноатӣ дар заминаи ҶДММ "Хуаҷиан Ғаюр индастриал" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло сохта шудааст.

Самти фаъолияти корхона истеҳсоли армстронг буда, талабот ба ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.

Армстронг маҳсулоти сохтмонии замонавӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар буда, дар ороиш ва зинат додани дохили биноҳои гуногун васеъ истифода мегардад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатҳои технологӣ аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуда, иқтидори лоиҳавии он дар як сол ба 9 миллион адад армстронг баробар мебошад.

Тибқи таҳлили бозори дохилӣ талабот ба армстронг 3 миллион ададро ташкил намуда, боқимондаи он тибқи шартнома ба дигар кишварҳо содир мегардад.

Аз ин 3 миллион барои қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ ва боқимонда

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар маҷмуъ бо 150 шаклу дизайни муосир истеҳсол мешавад. Ҳамчунин имкон аст, ки маҳсулот дар асоси интихоби дизайн ва фармоиши мизоҷон омода гардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳоро дар самти ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадами устувор гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вусъати чунин тадбирҳо метавонад ба рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва рақобатпазирии он мусоидат намояд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, аз масъулин талаб намуданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки фаръҳо ширкати ватании "Ғаюр Гурӯҳ" бо истифода аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба бахши хусусӣ соли ҷорӣ 5 корхонаи истеҳсолӣ бунёд намуданд, ки дар онҳо 600 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.