
РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН: ТАҶРИБАИ СУЛҲ ВА ДИПЛОМАТИЯИ ФАЪОЛ
2024-12-27 07:26:21
Дар тӯли
се даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандона ва
дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо кишварҳои ҷаҳон
равобити дипломатии мустаҳкам барқарор намояд ва бо ташаббусҳои байналмилалии
худ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Тоҷикистон имрӯз дар ҳалли масоили глобалӣ
ва ташаккули равобити минтақавӣ ҳамчун кишвари фаъол эътироф шудааст. Сиёсати
хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба принсипи "дарҳои боз" асос
ёфтааст, ҳадафи асосии худро ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд
бо кишварҳои ҷаҳон равона кардааст.
Бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо беш аз 180 кишвариҷаҳон,
Тоҷикистон дар самти рушди робитаҳои бисёрҷониба ба комёбиҳои назаррас ноил
гардид. Дар доираи ин сиёсати санҷидашуда кишвари мо тавонист, ки узви фаъоли
беш аз 57 созмони минтақавию байналмилалӣ гардад, беш аз 2100 санади дуҷонибаи
ҳамкориро бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба имзо расонад, дар ҳалли мушкилоти
глобалӣ, аз ҷумла масоили обу иқлим, мавқеи ташаббускорона ишғол намояд, бо
кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷанубу Шарқи Осиё ҳамкориҳои стратегӣ ба роҳ монад
ва ҳамкориҳои самарабахшро бо кишварҳои арабӣ ва ҷаҳони ислом густариш диҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати "дарҳои боз" имконияти
ҷалби сармоягузориҳои хориҷиро барои рушди инфрасохторӣ, бахусус дар соҳаи
энергетика ва нақлиёт фароҳам овардааст. Ин сиёсати пешгирифта ба кишвари мо
имкон дод, ки дар барқарории шабакаҳои муосири нақлиётӣ, аз ҷумла роҳҳои
байналмилалии боркашӣ пешқадам гардад. Ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқо низ равобити зич ба роҳ монда, имкониятҳои
нави иқтисодию тиҷоратиро меомӯзад. Ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо кишварҳои
Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Уқёнуси Ором низ густариш меёбанд, ки нишондиҳандаи
сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон мебошад.
Тоҷикистон
дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об мавқеи калидӣ дошта, ташаббусҳои Пешвои
миллат, аз ҷумла эълон гардидани "Соли байналмилалии оби тоза -
2003", "Даҳсолаи байналмилалии амал – Об барои ҳаёт - 2005-2015"
ва "Даҳсолаи байналмилалии амал – Об барои рушди устувор -
2018-2028", ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудирияти захираҳои об
даъват намуд. Ин ташаббусҳо обрӯйи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд
бардошта, масъалаҳои ҳаётан муҳимро дар мадди таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ
қарор доданд. Дар доираи ин иқдомҳо Тоҷикистон ҳамасола мизбони конфронсҳои
байналмилалӣ дар мавзӯи об мегардад, ки дар онҳо сарони кишварҳо, коршиносони сатҳи
ҷаҳонӣ ва намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.
Бешубҳа ин тадобир ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ҳамаҷониба
мусоидат намудаанд. Таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани Тоҷикистон ба масъалаи об,
ки манбаи ҳаёт дониста мешавад, беҳикмат нест, зеро об дар замони муосир
василаи ҳалли низоъҳои минтақавӣ низ талаққӣ мешавад. Бо ин роҳ Тоҷикистон
тавонист нақши худро ҳамчун кишваре, ки ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти
аввалиндараҷа медиҳад, боз ҳам устувортар намояд.
Таҷрибаи
нодири сулҳи тоҷикон, ки бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст,
намунаи бемисли ҳалли мусолиматомези низоъ эътироф шудааст. Тоҷикистон тавонист
дар шароити душвори солҳои 90-ум ба натиҷаҳои зерин даст ёбад:
-
тақрибан як миллион гуреза ба Ватан баргардонида шуд;
-
ваҳдати миллӣ комилан таъмин гардид;
-
ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти таъмини субот тақвият ёфт.
Имрӯз
таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи омӯзиш барои кишварҳои дигар хидмат
мекунад. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони
Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун модели беназир
эътироф намудаанд. Талошҳои дипломатии Тоҷикистон на танҳо барои ҳалли
масъалаҳои дохилӣ равона шудаанд, балки кишвари мо ҳамчун миёнрав дар ҳалли
низоъҳои байналмилалӣ низ саҳм мегузорад. Ҳузури фаъолонаи Тоҷикистон дар
баррасии масъалаҳои Афғонистон ва талош барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти
марбут ба суботи минтақавӣ намунаи барҷастаи ин равиш аст. Илова ба ин,
Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ташаббусҳои худро ҷиҳати мубориза бо терроризм ва
ифротгароӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба миён мегузорад. Иштироки фаъоли
кишвар дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ оид ба амният далели возеҳи ин гуфтаҳост.
Бо
пайвастан ба созмонҳои иқтисодӣ ва молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони
ҳамкории Шанхай, Бонки Осиёии Рушд ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар рушди иқтисоди миллии худ амалан талош менамояд.
Ҳамкориҳои
фарҳангӣ низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб
мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилу баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии
фарҳангӣ, муаррифии мусиқии миллӣ ва адабиёти тоҷик, ноил ба баланд бардоштани
эътибори фарҳангии худ дар сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст. Баргузории ҷашнвораҳои
байналмилалии фарҳангӣ, аз ҷумла ҷашнвораи "Наврӯз" Тоҷикистонро
ҳамчун маркази фарҳангии минтақа муаррифӣ кардааст.
Бо
ташаббусҳои худ дар соҳаи энергетика, бахусус бо татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷм, аз
ҷумла НБО Роғун, Тоҷикистон ҳамчунин дар рушди минтақа саҳм гузошта истодааст.
Лоиҳаҳои мазкур барои кишвар аҳамияти стратегӣ дошта, дар таъмини энергияи
барқароршаванда дар минтақа нақши муҳим мебозанд.
Дар
миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи Тоҷикистон калидӣ буда, барои таҳкими
ҳамкориҳои минтақавӣ талошҳои зиёд ба харҷ дода шудааст. Иштирок дар лоиҳаҳои
фаромарзӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли барқ ба таҳкими
робитаҳои иқтисодию сиёсӣ бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамояд. Таҳти сарварии
Пешвои миллат Тоҷикистон ба ташаккули фазои дӯстона ва ҳамкорӣ дар минтақа ноил
шуда, кишвар ба масъалаҳои ҳамгироии иқтисодӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир,
аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳи хосса зоҳир
менамояд.
Бояд
иброз намуд, ки дар воқеъ сиёсати "дарҳои боз" ва ҳамкориҳои
бисёрҷониба, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат амалӣ мегардад, сиёсати
дурандешона ва ғоявӣ буда, имкониятҳои зиёдро барои Тоҷикистон фароҳам меорад.
Ин сиёсат бо кӯшишҳои пайвастаи дипломатӣ ва таҳкими равобити дуҷониба ҳамчун
заминаи рушди устувор дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ то имрӯз ба
натиҷаҳои назаррас оварда расонидааст. Бо идома додани он Тоҷикистон имкон
дорад, ки дар оянда ба дастовардҳои бештаре дар ин самтҳо ноил гардида, ба як
кишвари муҳими байналмилалӣ ва бо мақоми мустаҳкам дар минтақа ва ҷаҳон табдил
ёбад. Аз ин рӯ, сиёсати "дарҳои боз" барои Тоҷикистон рисолати муҳим
дар таъмини рушди бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва пешбурди манфиатбори сиёсати
хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Шарифхон Файзов, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо
ҷомеаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон