
БАХШИДА БА 30 -СОЛАГИИ ҲХДТ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ КОНФЕРЕНСИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-12-27 07:27:49
Дар Коллеҷи
тиббии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
конференсияи илмӣ - амалӣ бо иштироки васеи меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯён
баргузор гардид. Дар кори конференсия Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода – раиси
Ташкилоти ибтидоии “Табибони ҷавон”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,
Ҳабибзода Зоир Иззат – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри
Душанбе, Юсуфӣ Саломиддин Ҷаббор -сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ,
сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва Маҳмадализода Бобоҷон -Сардори раёсати Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва маърӯза
намуданд.
Дар конференсия
аз тарафи баромадкунандагон, таъкид карда шуд, ки 10 декабри соли 1994 Анҷумани
муассисон дар бораи ташкилёбии ҳизб қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи
онро тасдиқ кард ва 25 июни соли 1997 дар Анҷумани 3-юм номи Ҳизби Халқии
Тоҷикистон ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд. Бо гузашти 30
сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ барои
бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчинун
иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбуди ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолияти
пурсамар намуда истодааст.
Ҳанӯз чанд сол
қабл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки “Ҳадафи
ягонаи мо аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани
нерўҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти
баланди давлатдорӣ ва бо ин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати
демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд”.
Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои
бароварда кардани ниёзҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, муттаҳидии нерўҳои
пешбарандаву босалоҳияти ваҳдатсоз саҳми арзишманд гузошта, аз рўзи нахустини
ворид гардидан ба майдони сиёсӣ манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи
иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя
намуд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди
бонуфузи ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар пешрафти мамлакат нақши муассир дошта, аъзо ва
пайравони он дар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба сифати нерўи пешбарандаи ҷомеа
фаъолияти назаррас доранд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд бо такя ба
сиёсати инсондўстонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як аъзои ҳизб баҳри татбиқи нақшаву барномаҳои
ҳизбӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолияти босамар намуда, дар ин ҷода
аз тамоми нерў ва имкониятҳо самаранок истифода хоҳанд намуд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки барои амалӣ шудани нақшаву
барномаҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тадбирҳои
судманд амалӣ гардиданд ва сафи аъзову пайраовни ин ҳизби созанда сол аз сол
зиёд мегардад. Минбаъд ҳам аъзову пайраовни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
бо шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоиста ба мардум” бо роҳбарии Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои
созандаи Ҳукумати мамлакат ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми бештар
мегузоранд.
Сипас, дар фарҷоми конференсия ба як қатор кормандону
омӯзгорони муассиса барои фаъолияти босамар дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон сипоснома тақдим карда шуд.
