
ФАЪОЛИЯТИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
2024-12-27 07:24:40
Дар
толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки
сардори раёсати таҳсилоти миёнаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҳмадализода Бобоҷон, омӯзгорону
кормандони коллеҷи техникӣ ҳисоботи директори коллеҷи техникӣ д.и.т., и.в.
профессор Саидзода Масрур Мирзохон “Оид ба натиҷаи фаъолияти коллеҷи техникии
дар соли 2024 ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он дар соли 2025” шунида шуд.
Директори коллеҷи техникӣ д.и.т., и.в. профессор Саидзода Масрур зимни
баромади худ ҷиҳати корҳои ба сомон расонидаи раёсати коллеҷ дар соли 2024 дар
назди ҳамагон ҳисобот дода, қайд намуд, ки камбудию нуқсониҳои ҷойдоштаро
ошкору роҳҳои бартарафсозии онҳо ва самтҳои афзалиятноки пешрафти коллеҷро
муайян карда, бояд ҷидду ҷаҳд намоем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки иҷрои амалии
нақшаҳои ояндаамонро дар соли 2025 таъмин сохта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмонро ҷомаи амал пӯшонида, ҳиссаи арзандаи худро дар беҳдошти сифати
таҳсилот, раванди таълиму тарбияи донишҷӯён гузорем.
Таъкид
гардид, ки дар соли 2024 3 конференсияи илмӣ - назариявии байналмилалӣ, 9
конференсияи илмӣ - назариявии ҷумҳуриявӣ, 14 конференсияи илмӣ - назариявии
сатҳи коллеҷӣ, 76 мизи мудаввар, 74 семинари илмӣ, 86 маҳфили илмӣ, 24 ҷамъияти
илмӣ ва 12 озмунҳои гуногун дар сатҳи коллеҷ ташкил ва баргузор гардиданд.
Инчунин, дар соли тақвимии 2024 аз ҷониби ҳайати профессорӣ - омузгории коллеҷ
7 китоби дарсӣ, 3 монография ва 30 дастури таълимӣ ва таълимӣ-методӣ ба нашр
расиданд.
Баъди
анҷоми ҳисобот директори коллеҷ Саидзода Масрур Мирзохон ба саволҳои аъзои
Шӯрои олимон ва омӯзгорону кормандон ҷавобҳои саҳеҳу қаноаткунанда дода,
иловатан қайд кард, ки мақсаду мароми роҳбарияти коллеҷи техникӣ ин беҳдошти
сатҳи сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, дилгармии омӯзгорон нисбати касби
омӯзгорӣ, муҳайё намудани шароити мехнати омӯзгорону донишандӯзии донишҷӯён,
таъмини коллеҷ аз воситаҳои замонавии таълим, ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба
корҳои эҷодӣ, навоварӣ, мувофиқи талаботҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил кардани
ҳуҷҷатнигорӣ дар тамоми воҳидҳои сохтории коллеҷ ва бо меҳнати ҳалолу таҳсили
хуб ҷавоб гардонидан аст.
Дар
муҳокимаи ҳисоботи солона Маҳмадализода Бобоҷон - сардори раёсати таҳсилоти
миёнаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Асроров Зокирҷон - муовини директор оид ба таълим, Азимов
Холиқназар - муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ,
Ғиёсиев Иҳром - котиби Шӯрои олимон, Азизмамадова Зулфия - мудири кафедраи
фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ ба сухан баромада қайд намуданд, ки ба камбудию
норасогиҳои соли сипаришуда нигоҳ накарда, ҳисоботи директори коллеҷ Саидзода
Масрур Мирзохонро қаноатбахш арзёбӣ мекунем, зеро ҷамъбасти соли таҳсили ҷорӣ
исбот намуд, ки роҳбарият ва аҳли кормандони коллеҷ қувваю қобилияти навоварию
эҷодкорӣ ва маҳорату малакаи хуби кориро соҳибанд ва имконияти пурраи беҳтар
намудани тадрису тарбияи донишҷӯёнро доранд. Умед аст, ки дар оянда бо
ташаббусу иқдомҳои наҷиби роҳбарияти коллеҷ сатҳи сифати донишандӯзии донишҷӯён
ва маҳорати касбии омӯзгорон беҳтару хубтар ба роҳ монда мешавад ва коллеҷи мо
ба яке аз муассисаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ табдил меёбад. Нақшаи дурнамои
таҳиянамудаи раёсати коллеҷро ҷиҳати рушди коллеҷи техникӣ қобили қабул
дониста, бобати амалӣ гардонидани он саъю талош меварзем.
Баромадкунандагон
зимни муҳокимаи ҳисобот иброз дошанд, ки дар ҳақиқат коллеҷи техникӣ дар тули
соли 2024 ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, тағйироти куллӣ дар
ҳамаи самтҳои фаъолияти коллеҷ ба вуҷуд омаданд. Қайд гардид, ки агар ҳар як
корманди коллеҷ камбудиҳои фаъолияташро бартараф созад ва супоришҳои роҳбарияти
коллеҷро дар хусуси рушди ояндаи коллеҷ дар амал татбиқ намояд, боз ба
натиҷаҳои беҳтар ноил мешавем. Қайд намуданд, ки корҳои наҷиби ба сомон
расонидаи раёсатро ба инобат гирифта, фаъолияти коллеҷро дар соли 2024 қаноатбахш
арзёбӣ намуда, бо боварии комил гуфта метавонам, ки зери роҳбарии сарвари
кордон, ташкилотчию ғамхор Саидзода Масрур Мирзохон соли 2025 ба комёбиҳои
ҷолиби диққати ҳамагон ноил хоҳем гашт.
Директори
коллеҷи техникӣ - Саидзода Масрур Мирзохон зимни ҷамъбасти масъала иловатан
афзуд, ки мо бояд сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва масъулияти омӯзгоронро ба
кори таълиму тарбия мувофиқи талаботи замон ба роҳ монем, бо донишгоҳҳо ва
коллеҷҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ робитаи мутақобилан судмандро тақвият бахшида, шумораи
омӯзгорони унвони илмидоштаро афзун намоем, омӯзгорону кормандонро ба курсҳои
такмили ихтисос сафарбар намоем, ҷиҳати дарёфти таҷҳизотҳои замонавии таълим
талош варзем ва омӯзиши ихтисосҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯйро дар коллеҷ
ташкил намоем. Аз ҳама муҳим қобилияти баланди ташкилотчигиро доро бошем,
ташаббускор, худкор, бомасъулияту бовиҷдон, покнияту ғамхор, дӯстдори касби худ
бошему ин макони маърифатро азизу муътабар донем.
Дар
ҷамъбасти ҳисоботи солона якчанд нафар омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён барои
меҳнати софдилонаю пурмаҳсулашон бо ифтихорномаю мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда
шуданд.
