
ИМКОНИЯТҲОИ ИҶТИМОИИ ҶАВОНОН, ВАСИЛАИ ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ОНҲО
2024-12-27 07:22:29
Ташаккули марҳилаи муосири рушди ҷомеа
на танҳо тағйиротҳои дахлдорро дар сохтори сифатии он тақозо менамояд, балки
мукаммалсозии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ, баланд гардидани сатҳи башардӯстонаи
кулли соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра ва афзалиятнокии арзишҳои инсониро дар бар
мегирад. Боигарии асосии дилхоҳ кишвар ин ҷавонон ва нерӯи инсонии он ҳамчун
ҷузъи калидии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Маъмулан, на
танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чи дар гузаштаи таърихӣ
ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату
ҳукумат қарор дорад.
Хоссатан, дар давраҳои қадим масъалаи
ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба
ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву
равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои
стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд. Аз ин рӯ, ҷавони аз
лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба
шумор мерафт.
Аммо, баъди рушди илму технология ва кашф гардидани яроқу аслиҳа ва
муҳимоти ҷангии модели навину замонавӣ мувозинат байни нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии
ҷавонон тағйир ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба нерӯи ҷисмонӣ нерӯи ақливу
зеҳнии ҷавонон баратарият пайдо намуд. Бинобар ин, кишварҳои алоҳида ва
ҳукуматҳо дарк намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз
омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошад, ки дар ин қатор Тоҷикистон низ
истисно нест.
Дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ раванди демократикунонии ҷомеаро бе
иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз маҳз ҳамин
нерӯ қодир аст, ки норасоиҳои мавҷударо дар заминаи хиради волои гузаштагон
бартараф созад ва ин масъулиятро таърих пеш аз ҳама ба зиммаи ин нерӯ гузоштааст.
Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъқид менамояд: «Даврони истиқлол ба
ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд, дорои нангу номуси ватандорӣ ва
худшиносии миллӣ ниёз дорад».
Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд бо ташабускориҳои худ дар пешрафти соҳаҳои
ҳаётан муҳими мамлакат нақши созанда дошта бошанд.
Имрӯз ҷавонони лаёқатманду таҳсилкарда дар сохторҳои давлатӣ имкони хуби
пешрафт ва дастёбӣ ба маснадҳои роҳбариро дороянд. Феълан 35 % кормандони
вазорату идораҳои кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Имрӯз як қатор имкониятҳои конститутсионии ҷавонон дар ҳама ҷабҳаҳои
зиндагӣ, аз ҷумла дар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 12), иштирок дар
ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат (моддаи 27) меҳнат (моддаи 35), истироҳат (моддаи
37), ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа (моддаи 40),
таҳсил (моддаи 41) ва монанди инҳо амалӣ гардида истодаанд.
Вобаста ба таҳсил Конститутсия барои наврасону ҷавонон тамоми имкониятҳоро
фароҳам овардааст, то насли ояндасози миллат аз илм, техника ва технологияҳои
замони муосир бархурдор бошанд ва давлати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ сазовор
муаррифӣ намуда, парчамбардор ва посдори фарҳанги миллӣ бошанд. Дар ин замина
гирифтани таҳсили ройгон дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии кишвар ва
таҳсилоти олӣ дар хориҷи кишвар кафолат дода шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ
имрӯз зиёда 40 донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат зиёда аз 270 ҳазор донишҷӯён ба
таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат бошад, зиёда аз 40
ҳазор ҷавонон бо ихтисосҳои замони муосир таҳсил карда истодаанд.
Дар асоси моддаи 12 Конститутсия, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ,
соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла
моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Кафолати ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории
ҷавонон дар навбати аввал бевосита дар моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004, №52
мустаҳкам гардидааст, ки он баробари кафолатҳои ҳуқуқӣ ҳамчунин имтиёзҳои
мушаххасро пешбинӣ менамояд. Чунончӣ, дар доираи талаботи моддаи мазкур
мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадор гардиданд, ки фаъолияти иқтисодӣ ва
соҳибкории ҷавононро дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва
маҳаллии ҷавонон дар асоси озмун аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ дастгирӣ
намуда, ҷойгиронии фармоиши давлатиро дар асоси озмун оид ба таҳвили мол, иҷрои
кор, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷавонон дар соҳаи татбиқи сиёсати
давлатии ҷавонон таъмин кунанд. Инҳо далолат аз ташаккул ва рушди иҷтимоии
ҷавонон аз ҳукумату давлат медиҳад.
Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии
ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати
давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати
давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии
давлатӣ, мулоқоти пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо
намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили
стипендияҳои президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон,
грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон,
таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон,
ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани
шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ,
мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи
замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои
беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.
Ҳукумати кишварамон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои тарбияи насли
ҷавон шароитҳои боз ҳам муносибро фароҳам орад. Яке аз чунин имконоти муҳиме,
ки дар замони муосир барои ҷавонон дода шудааст, таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар
хориҷи кишвар мебошад. Ҳар сол бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ садҳо нафар ҷавонон барои
таҳсил ба хориҷа сафар мекунанд ва бо як ҷаҳон таассурот ва таҷрибаи пурарзиш
бар мегарданд.
Аз ин рӯ, онҳо барои пойдории кишвар яке аз кадрҳои мустаҳкам ва лаёқатманд
ба ҳисоб мераванд. Бояд як чизро қайд кунем, ки гарчанде мо барои таҳсил дар
кадом гӯшаю канори ҷаҳон низ бошем, фаромӯш насозем, ки мо аз насли тоҷик
ҳастем ва фарҳангу ҳисси худшиносиву худогоҳии миллиамонро аз даст надиҳем.
Бинобар ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо ҷавонон истиқлолияти давлатамонро
мустаҳкам карда, насли наврасу аз худ хурдро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори
миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба
арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст. Аз ин сабаб агар хостгори ояндаи
дурахшон бошем, аз имрӯз барои ободонии диёр камари ҳиммат бастанамон зарур
аст.
Хулоса, фаромӯш набояд сохт, ки имрӯзу фардо ва пасфардои Ватани азиз дар
дасти мо ҷавонони ватанпарвар аст ва суботкорону ояндасозонаш низ мо,
ҷавононем.
Гадоев Икромҷон- муовини якум, муовини директор оид ба корҳои таълиму
тарбияи Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе