
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛИ КАМ ГАРДИДАНИ ҶИНОЯТУ ҶИНОЯТКОРӢ
2024-12-20 18:16:33
(Андешаҳо
доир ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024)
“Мақсад аз қабули қарор дар бораи соли
2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ин баланд бардоштани сатҳи
маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани
ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад. Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба
қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки
давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз
ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии
аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат дар шароити амалишавии ғояҳо ва
арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Он қисми таркибии тарбияи ахлоқию маънавии шахс,
воситаи наздик гардондани ҳар як узви ҷомеа бо арзишҳои ҳуқуқии
умумиэътирофшуда ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тарбияи ҳуқуқӣ омили муҳими рушди
ҷомеа маҳсуб меёбад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи
ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии
Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо,
шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусу иқдомоти беназири худ барои боз
ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати рӯзгору маънавиёти аҳолии мамлакат мусоидат
менамоянд, ки воқеан ҳам, шоистаи таъкиду тавсифанд. Яке аз чунин иқдомоти
ҷолиб, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат садо дод, ба
муносибати таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони
соҳибистиқлол эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” буд, ки
воқеан ҳам, иқдоми наҷиб аст, зеро мо давоми соли равон шоҳиди баргузории
чандин чорабиниҳои судманд ва хонандаи матолиби зиёде будем, ки ҳамаи онҳо
далели зарурӣ ва барои аҳолии мамлакат судманд будани ин иқдомро баёнгар
буданд.
Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми зикргардида фармони Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон низ «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз
30 – декабри соли 2023, таҳти №668, бахшида ба 30 – солагии Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расид. Мақсади асосии фармони мазкур баланд
бардоштани мақоми қонун дар ҷомеа, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат
ба таъмин намудани волоияти қонун иборат мебошад.
Аз ин андешаҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба моҳияти
маърифати ҳуқуқӣ ва зарурати он ёд овардани мо ба он хотир аст, ки суханони
Пешвои муаззами миллат роҳнамои ҳар яки мо дар ҳама самту соҳаҳо мебошанд.
Дар ҳақиқат ҳам, маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми меҳварӣ барои давлати ҳуқуқбунёд
аст. Аз нигоҳи мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ доштани
донишҳои ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.
Маърифати ҳуқуқӣ-маҷмӯи қоидаҳои умумии маданият, ҷаҳонбинӣ, дониш, рафтор
ва муносибати ҳуқуқӣ, гуфтор, пиндор, муносибат ва дигар арзишҳои инсонии шахс
бобати дар амал дӯст доштани ватан, миллат ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, риояи
меъёру принсипҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо, эътирофу
эҳтироми ҳуқуқи шахси дигар ва халалдор накардани ҳуқуқу манфиатҳои шахсони
сеюм, худдорӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо, мусоидат барои пешгирии содиршавии
ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин бо ин васила таъмини зиндагии шоиста барои худ ва
дигарон мебошад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахс боиси ба даст омадани дастовардҳо
ба манфиати давлат, миллат ва ҷомеа мегардад:
- риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ҳимояи манфиати давлат, корхона, муассиса ва ташкилот;
– таъмини волоияти қонун;
– пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо;
– коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм,
ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта, гардиши ғайриқонунии маводи
нашъадор, андоз, гумрук ва дигар зуҳуроти номатлуб;
– ғани гардидани буҷети давлатӣ;
– беҳтар гардидани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои халқ;
– амалишавии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати мамлакат;
– беҳтар шудани шароити иҷтимоии аҳолӣ;
– таъмини адолати судӣ;
– боло рафтани сатҳи эътимоднокии мардум ба сохторҳои давлатӣ ва шахсони
мансабдор;
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа
заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ ва инкишоф дода, дар табодулу инкишофи
маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмӯи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ
ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва
ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд.
Воқеан ҳам, маърифати ҳуқуқӣ яке аз мафҳумҳои меҳварии давлати ҳуқуқбунёд
аст, ки ин маъниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд. Аз ҷумла,
ҳанӯз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати
дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар моҳи апрели соли 2008 иброз намуда буданд, ки
“Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати
ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад”.
Мавҷуд набудани унусрҳои таркибии маърифати ҳуқуқии шахс боиси ба вуҷуд
омадани зуҳуроти номатлуб ва оқибатҳои манфӣ мегардад. Аз ҷумла:
• вайроншавии оила:
• зӯровари дар оила;
• хурофотпарастӣ (экстремизм);
• халалдор гардидани манфиати шахсият, ҷамъият ва давлат;
• гаравидани ҷавонон ва шахсони дигар ба гуруҳҳои ифротӣ;
• мусоидат ба ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла хусусияти коррупсионидошта;
• таъмини нагардидани адолати судӣ;
• вайрон гардидани адолати иҷтимоӣ;
Дар сохтори маърифати ҳуқуқии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
унсурҳои зерин ҷудо карда мешаванд: дониш (ҳамчун асоси маърифати ҳуқуқӣ);
муносибат ба ҳуқуқ (эҳтиром ба қонун, эътиқоди ҳуқуқӣ); рафтори ҳуқуқии
иҷтимоии фаъол; омодагӣ ба тарбияи ҳуқуқии таълимгиранда.
Омӯзгор шахсест, ки дорои таҳсилоти касбӣ буда, ба таълиму тарбия машғул
мебошад. Кормандони соҳаи маориф шахсоне мебошанд, ки як навъ ё намуди муайяни
фаъолиятро бевосита ё ба таври ғайримустақим бо татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои
таълиму тарбия алоқаманд иҷро менамоянд.Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати
давлат қарор дорад. Дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор
ба фаъолияти омӯзгор манъ аст. Санҷиши фаъолияти омӯзгор ва баҳогузорӣ ба кори
ӯ танҳо ба мақомот ва шахсони ваколатдор, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии
дахлдор муайян шудаанд, иҷозат дода мешавад. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои
муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур кардани омӯзгорон ва дигар
кормандони соҳаи маориф манъ аст. Назорати фаъолият ва аттестатсияи омӯзгорон
тибқи низомномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ намудаанд, амалӣ карда
мешавад. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираи касбӣ, аз ҷониби шахсон ва
мақомоти дахлдори давлатии соҳаи маориф баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷой
доштани камбудиҳо дар фаъолияти касбии омӯзгор шахсияти ӯ набояд таҳқир карда
шавад ва ба фаъолияти ӯ воқеъбинона ва беғаразона бояд баҳо дода шавад.
Камбудиҳои содиркардаи омӯзгор танҳо пас аз санҷиши касбии мақомоти дахлдори
давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Санҷиши фаъолияти омӯзгорро танҳо
дар асоси муроҷиати хаттӣ ё санади тартибдодаи мақоми (шахси) ваколатдор оғоз
кардан мумкин аст. Омӯзгор ҳуқуқ дорад дар хусуси баҳогузории нодуруст ба
фаъолияташ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ё суд муроҷиат кунад ва ҷуброни
зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд.
Зикр намудан зарур аст, ки омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф
вазифадоранд, ки наслеро тарбия намоянд, ки ба ҳуқуқ ва қонунҳо эҳтиромона
муносибат кунанд, дониши ҳуқуқиро дар фаъолияти касбӣ истифода баранд ва
ҳуқуқҳои худро ҳимоя намоянд. Чунки омӯзгор бояд дар кори худ миқдори зарурии
дониш дар бораи ҳуқуқ дошта бошад, вазъиятҳои мушкилии раванди таълимро ҳал
карда тавонад, ҳимоятгари ҳуқуқ ва манфиатҳои толибилмоне бошад, ки ба ҳамроҳии
саводноки педагогӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, ба омӯзгорон ва кормандони соҳаи
маорифи муосир иловатан талаботи зерин гузошта мешавад: ташаккули салоҳиятҳои
асосӣ барои самаранок амалӣ намудани раванди таълим, ташкили ҳамкории самаранок
бо иштирокчиёни муносибатҳои таълимӣ, идоракунии бомуваффақияти фаъолияти
педагогии худ.
Чораҳои гуногун ва барномаҳои давлатие, ки давоми соли оғозгардида дар
самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон амалӣ
карда мешаванд, бевосита дар иҷрои вазифаҳое, ки дар боло қайд карда шуд, саҳми
муносиб гузошта, бори дигар демократияи хосро дар Тоҷикистон таҳти сарварии
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ
гардидаро ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Бо назардошти он ҳар узви ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки бо мақсади
пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии
шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ барои пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва бунёди оилаи
солиму устувор, дар руҳияи неки инсонӣ тарбия намудани фарзандон, дарк кардани
оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ ва огоҳ гардидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар
муносибатҳои оилавӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро тавассути суҳбату вохӯриҳо ва дар
воситаҳои ахбори омма пайваста ба роҳ монем. Зеро баланд бардоштани маърифати
ҳуқуқии оилавӣ омили муҳими мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тоҳир Одилов, мудири кафедраи
техникӣ-технологии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ
