Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-10-27 18:12:10

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ БА ФАЪОЛИЯТИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ПОЙАФЗОЛБАРОРӢ ОҒОЗ БАХШИДАНД

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ-и «Сарҷамъ» оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави саноатӣ бо ҳадафи таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, дар он 25 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ гардидаанд.

Дар ин корхона тавассути хатҳои нави технологӣ, истеҳсоли 2 намуди пойафзоли мавсимӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор талаботи зиёд доранд.

Корхонаи мазкур дар як сол имкон дорад то 366 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардона, занона ва кудаконаро бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол намояд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ояндаи наздик бо ворид ва насби таҷҳизоти ҳозиразамон номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли пояфзолро афзоиш дода, 20 нафари дигарро бо кор таъмин менамоянд.

Бо омодашавии коргоҳи навбатӣ дар марҳилаи дуюм дар маҷмуъ ҳаҷми истеҳсоли пойафзол наздик ба 515 ҳазор ҷуфт ва шумораи коргарон ба 45 нафар расонда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Сарҷамъ» 1 сол қабл (26 октябри соли 2023) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.

Лозим ба зикр аст, ки дар кишвар барои дастгирии фаъолияти бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ шароити мусоиди корию хизматрасонӣ мавҷуд аст ва онҳо бо истифода аз ин имконот саҳми худро дар рушди самтҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мегузоранд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхона дидан карданд.

Аз рӯйи маълумот дар марҳилаи аввал ва дуюми корхона зиёда аз 50 намуди пойафзол истеҳсол карда мешавад.

Пойафзолҳои корхонаи мазкур бо сифати баландаш аллакай дар бозори дохилӣ харидорони зиёд пайдо кардааст.

Ба масъулини соҳа дастур доданд, ки шумораи чунин корхонаҳо ва ҳаҷми истеҳсоли ин ва дигар намуди пойафзол афзун карда шавад, то ки оянда бозори дохилиро бо ин маҳсулот худамон таъмин карда тавонем

 

2024-10-27 18:09:59

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ «ХИШТИ АВВАЛ» ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ ВА ОҒОЗИ БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ НАВ

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи «Хишти аввал»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи муосири «Хишти аввал» дар ноҳияи Рӯдакӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат аз тарафи ҶСП «Корпоратсияи Тоҷвар» бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 200 ҳазор дона хишт мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар муҳлати 4 моҳ бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар вақти сохтмон сокинони зиёди маҳаллӣ ба кор ҷалб мешуданд.

Корхона дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо автоматӣ сурат мегирад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи «Хишти аввал» 50 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми сармоягузори ватаниро барои бунёди чунин иншооти муҳташами саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Аз рӯйи маълумот ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ 25 корхонаи хиштбарорӣ фаъолият доранд.

Дар ин ҷо барои кормандону мутахассисон бинои дуошёнаи маишию хизматрасонӣ бо шароити хуб сохта шудааст, ки дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолияти корхонаи «Хишти аввал» дар ҳамин ҷо ҳамзамон барои бунёди ду корхонаи дигари саноатӣ оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ доданд, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти керамзит дар ноҳияи Рӯдакӣ ва корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар ноҳияи Данғара аз тарафи ҶСП «Корпаратсияи Тоҷвар» бунёд карда мешавад.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти керамзит дар шафати корхонаи «Хишти аввал» бо истифода аз технологияи муосир сохта мешавад, ки пас аз ба кор даровардани он 30 нафари дигар аз мардуми маҳаллӣ соҳиби кор мешаванд.

Ҳоло мувофиқи лоиҳа дар ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ барои бунёди корхонаи нави хишт оғоз гардидааст.

Баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтан корхонаи «Хишти Данғара» бо иқтидори истеҳсолии 200 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз фаъолият карда, 50 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Сокинон ва соҳибкорони ватанӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои ободониро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода, саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузоранд.

2024-10-25 20:19:54

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо риояи анъанаҳои миллӣ таҷлил карда шуд, ки дар он директори коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ, доктори илмҳои филология, профессор Қосимӣ Саъдӣ, сарходими Академияи илмҳои кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати омӯзгорону кормандон иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст, факултетҳои Коллеҷ дар саҳни муассиса гӯшаи идона оростанд, ки рамзи Меҳргон ва фаровонии маҳсулотҳои кишоварзиро дар кишвар ифода мекард.

Зоир Ғафурӣ, ҳамагонро ба ин ҷашни миллии тоҷикон таҳният гуфта, чунин изҳор дошт: "Меҳргон дар радифи пуршукуҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми мо қарор дорад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси беназиру таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, он рамзи тирамоҳи зарнисору айёми ҷамъоварии ҳосили марди деҳқон мебошад".

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ ин пеш аз ҳама, боз ҳам тақвият бахшидан ба анъанаи неки ниёгон, муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ба ин васила тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ аст.

Дар идома барномаи фарҳангии омоданамудаи қисми тарбияи Коллеҷ аз қабили шеъру суруд, рақсҳои тоҷикона ва саҳначаи тарбиявию ҳаҷвӣ пешниҳод гардид.

 

2024-10-25 20:15:35

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ЭЛЕМЕНТҲОИ ХИМИЯВИИ ПАҲНШУДАИ ТАБИАТ"

Санаи 24-уми октябр дар муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом" бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020 2040)" ва ҳафтаи фанни химия ва биология конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Элементҳои химиявии паҳншудаи табиат" баргузор гардид.

Дар конференсия муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ З.Негматова, декани факулта З. Содиқова, мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот Ҳ.Зоиров ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.

Нахуст сухани ифтитоҳиро муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ З.Негматова оғоз намуда, доир ба аҳамияти омӯзиши фанҳои дақиқ сухан гуфт.

Сипас, аз тарафи омӯзгорони фанни химия ва биология Ҳ.Ғаниева ва Т.Тоирова маърӯзаҳо хонда шуд. Дар чорабинӣ донишҷӯён оид ба элементҳои химиявии паҳнгаштаи табиат маълумот дода, ба аҳли толор чистонҳо пешкаш намуданд.

Дар фарҷоми конфронс байни донишҷӯён саволу ҷавоб доир гардид.

 

2024-10-25 20:09:47

ИФРОТГАРОӢ - ОМИЛИ ВАЙРОНӢ ВА ТАХРИБКОРӢ ДАР КИШВАРҲО

Дар вазъияти муташанниҷи замони муосир, ки падидаҳои номатлуб ва фазои номусоиди сиёсӣоламро фаро гирифтааст, роҳи ягонаи расидан ба ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва миллию ҳадафманд дуруст тарбия намудани насли наврас ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳиби маълумоти зарурӣ намудани ҷомеа мебошад.

Дар шароити имрӯз ҳизбу ҳаракатҳо ва равияву созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣсозанд. Дар ин замина онҳо ҳомиёни пуштипардагие доранд, ки онҳоро ҷонибдорӣ ва барои қатлу ғоратгарии онҳо шароит фароҳам меоранд. Ин рафтори онҳо ба манфиати ҷомеаи имрӯз набошад ҳам, вале дар амалӣнамудани кишварҳои абарқудрат ҷиҳати тақсими бозори нави ҷаҳонӣ роҳ фарох месозад.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар ҷаҳони имрӯз вирди забони ҳама шуда, ҳолати тарсу ҳарос ва нафратро ба ин туддаи авбошсурат миёни ҷомеа ба бор овардааст.

Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, доир ба ин масъала, ки дарди рӯз ва сабабгори нооромии ҷомеаҳо мебошад, чунин иброз намуданд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.

Ин зуҳуроти паст на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона ҳам таъсири пасти худро гузошта, ба раванди боварию эътимод ва ҳадафмандонаи иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ ҳам таъсир расонидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ қайд намуда буданд, ки “мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣтаъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолиятӣдавлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеаро талаб менамояд. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрии зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шуда, суботу оромӣ таъмин ва зиндагии ободу осоишта дошта бошем. Бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем.

Дар чанд соли охир рафтору гуфтор ва тарзи муоширати идае аз наврасону ҷавонон ба пуррагӣ тағйир ёфта, дар либоспӯшию ороиш, аз қафои муд давидан, эҳтиром накардани калонсолону занон, қабеҳгӯию дашномдиҳӣ, беҳудагӯию дағалрафторӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, беэҳтиромӣ нисбати падару модарон, бародару хоҳарон, калонсолон инчунин, риоя накардани талаботҳои гигиению санитарӣ, беодобӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, кӯчаю хиёбон ва боғу майдон ва оҳиста-оҳиста ба як амали оддӣтабдил шудани ин рафторҳо наметавонад боиси ташвиши ҷомеа ва махсусан соҳаи маориф, оила ва ҷомеа қарор нагирад.

Бо назардошти ин, дарсҳои тарбиявӣ ва машғулиятҳои гуногуни тарбиявию беруназсинфӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил карда шудаанд. Айни замон, дар баробари дигар масъалаҳои тарбиявӣ бештар ба масъалаи пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстермистӣ аҳамият дода шуда, барои огоҳӣ пайдо намудани ҷомеа ва махсусан, ҷавонон аз мақсадҳои нопоки ин гурӯҳҳо бештар ба ин масъала аҳамият додан зарур аст.

Тарғибу ташвиқи ҷавонон аз ҷониби гуруҳҳои ифротӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, китобу дастурҳои дар хориҷа нашргардида ва суҳбатҳои инфиродӣ сурат гирифта, боиси майл намудани як теъдод ҷавонони фиребхӯрда ба ин гурӯҳҳо гардидааст. Омили асосии гаравиши ҷавонон ба ин гурӯҳҳои тундрав таъсири сусти оила, беназоратӣ, оворагардӣ ва фирефтаи даромади муфт шудани онҳо ва руҳан халал ёфтани мағзи онҳо мебошад. Бо назардошти ҳамин, дарсҳои тарбиявӣ зери назорати доимии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қарор гирифта, барои ошкор намудани чеҳраҳои ин иғвогарон ва огоҳии ҷавонону наврасон аз мақсади онҳо назорати доимии муассисаҳо ва тарзи гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шудааст.

Бобоҷон МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-10-25 20:07:48

КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Конститутсия дастурамал ва оинномаи ҳар як давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз Конститутсия сохтори ҳар як давлатро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин ва зиндагии осоиштаи онҳоро кафолат медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои соҳибтамаддун баъди ба даст овардани Истиқлолӣ давлатӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия худро қабул намуд, ки ин яке аз дастовардҳои азими халқи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Аз ин рӯ, 30 - юмин солгарди қабули ин санади олии ҳуқуқӣ ба маънои арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва миллӣ буда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро, новобаста ба мансаб, нажод ва миллаташ, ба риояи бечунучарои меъёрҳои он даъват мекунад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё эътироф шуда, сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст. Ин санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти таърихии басо бузург дошта, маҳз бо қабул ва татбиқи он сулҳу субот дар кишвари азизи мо фароҳам омад. Зеро маҳз татбиқи ин санади бузурги ҳуқуқӣ тавонист, ки ҳама гурӯҳҳои сиёсиро гирди ҳам оварда, тоҷику тоҷикистониёнро дар атрофи давлат ва Пешвои миллат муттаҳид созад ва дар як муҳлати кӯтоҳ кишвари моро ба як давлати озоду демократӣ дар дунё муаррифӣ намуд.

Нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти такмил додани меъёрҳои конститутсионӣ бениҳоят бузург мебошад. Зеро бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва дар заминаи меъёрҳои Конститутсия санадҳое қабул гардиданд, ки хусусияти миллӣ дошта, дар дунё ҳамчун намуна хизмат намуда истодаанд. Инчунин, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боис гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаббускор дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон шиносад.

Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд. Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол шуморида мешавад. Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ, ки арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст. Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии давлат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтомоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардидааст.

Тавассути ин дастоварди олӣ, Тоҷикистони азизу маҳбубамон барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт ва ин санад дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.

Ҳамин тариқ, 30 соли амали Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввилиндараҷа буда, барои рушду инкишофи ин сарзамин ва миллати куҳанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.

Саидзода Масрур Мирзохон, директори коллеҷи техникии шаҳри Душанбе, доктори илмҳои техникӣ

 

2024-10-24 20:46:20

Иштирок дар вохурии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар”

24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар суханронии худ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва воқеияти кунунии вазъи байналмилалӣ ҷалб карданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯз муттаҳидсозии кӯшишҳо барои таъмини сулҳи пойдор, амну субот ва рушди устувор беш аз ҳарвақта зарур аст.

Дар ин зимн Сарвари давлати мо аз пешниҳоди нави худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус – “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдовар шуда, изҳори умед намуданд, ки ин ташаббус мавриди тарафдории ҳамаҷониба қарор хоҳад гирифт.

Дар робита ба равандҳои хатарангези сиёсӣ, таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, инчунин дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон пайваста ҷонибдори густариши ҳамкорӣ бо тамоми шарикони байналмилалӣ дар мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо мебошад”.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки аз ин рӯ давлати мо дар доираи “Раванди Душанбе” дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ҳамкории бисёрҷониба ба роҳ мондааст.

Аз рушди бениҳоят хавфноки вазъ дар Ховари Миёна ва авҷ гирифтани низоъҳо, ки боиси талафоти зиёд дар байни аҳолии осоишта гардидааст, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Сарвари давлати мо иброз доштанд, ки ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд.

Мушкилоти дигаре, ки Президенти кишвари мо ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ин оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиии фоҷеабор мебошад.

Сарвари давлати мо ёдовар шуданд, ки моҳи майи соли 2025 Тоҷикистон тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст ва аз сарони давлатҳо даъват карданд, ки дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ иштирок намоянд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои амалӣ барои гузаштан ба иқтисоди “сабз”-ро, ки ҷузъи муҳимтарини он энергетикаи “сабз” мебошад, ниҳоят муҳим шумурданд.

Гуфта шуд, ки танҳо ҳамкории густурда барои наслҳои оянда дар сайёраи умумии мо – Замин шароити мусоиди зиндагӣ фарҳам оварда метавонад. Калиди расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб рушди минбаъдаи муколамаи тамаддунҳо номида шуд.

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Ҷаҳони Ҷануб бо нуфузи худ дар равандҳои глобалӣ ва имконоташ метавонад ҳамаҷониба ҷаҳду талошҳоро ба “бунёди ояндаи беҳтар” сафарбар намояд.

 

2024-10-24 20:37:34

МУЛОҚОТ БО РАИСИ ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН РУСТАМ МИННИХАНОВ

24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+” бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Русия масоили ҳамкорӣ бо минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор дорад.

Таъкид шуд, ки саҳми Тотористон дар ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва бо назардошти имконоти мавҷуда мумкин аст ин нишондод боло бардошта шавад.

Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористонро баррасӣ карда, ба рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, металлургия, маъдан, нафту газ, саноати химия, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сохтмон диққати хоса зоҳир карданд.

Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф зарур шумурда шуд.

Ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 

2024-10-24 20:31:22

НАМОИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ҲИСОР

Дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор" бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастури Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.10.2024 таҳти рақами 1/05 1562 "Дар бораи эълон намудани соли таҳсили 2024-2025 "Соли хониши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" аксия - намоиши асарҳои Пешвои миллат таҳти унвони "Нақши асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон" баргузор гардид.

Дар рафти намоиш директори муассиса доктори илмҳои педагогӣ Давлатзода Ҷамила аз асарҳои Пешвои миллат иқтибос оварда, зикр намуданд, ки "Баъди соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фосилаи кӯтоҳ ба дастовардҳои назаррас ва бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал гашт. Акнун моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳувияти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ғурури миллӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон талош намуда, гузаштаи пуршебу фарози миллатро хотировар шавем ва аз корномаҳои дурахшони фарзандони халқи худ, махсусан хизматҳои Пешвои миллат ҳар чи бештар насли имрӯзаро огаҳ намоем".

Дар ин намоиш донишҷӯёну омӯзгорони муассиса дар атрофи Давлатзода Ҷамила ҷамъ омада, аз суханҳои иқтибосовардаи муаллима, ки ҳама кони панду адаб аст, ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

 

2024-10-24 20:29:56

ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ДОИР БА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВОХӮРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 бо устодон, кормандону донишҷӯёни коллеҷ вохӯрӣ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки имрӯз ҳукумати кишвар масъалаи баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим дониста, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблаѓҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самт ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ пайваста таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.

Аз иштирокчиёни даъват ба амал оварда шуд, ки иҷрои вазифаҳои хизматии худро баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия мунтазам равона намуда, дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

Дар чорабинӣ омӯзгорон, кормандон ва донишҷуёни коллеҷи мазкур иштирок карда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба коррупсия ва нақши ҷавонон дар муқовимат бо ин падидаи манфур иброз намуданд.

Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ, ин пеш аз ҳама, ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона бар зидди коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба ҳисоб меравад.

 

2024-10-24 20:25:48

АКСИЯ - НАМОИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ БОХТАР

Таҳти ин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар тибқи фармоиши Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2024, №276 "Дар бораи эълон намудани соли таҳсили 2024-2025 «Соли хониши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарияти муассиса ва омӯзгорону хонандагон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Директори литсей Ятимзода Собирҷон баромад намуда, таъкид дошт, ки мақоми асарҳои арзишманду пурғановати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи ҷавонон таъсири хуб дорад. Зикр шуд, ки дар натиҷаи мутолиаи асарҳои ҳикматбори Пешвои миллат ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», "Тоҷикон дар оинаи таърих", "Аз Ориён то Сомониён", «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор», дидгоҳу тафаккури миллӣ дар қалби ҷавонон бедор гашта, шахсро ба худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ бештар ҷалб мекунад.

Дар идомаи чорабинӣ таъкид гардид, ки асарҳои Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Модар-Ватан аз аҳамияти бузург бархурдор буда, омӯзиши он хусусан ба насли наврас ва ҷавонон, ки бунёдгарони фардои давлат ва миллат ҳастанд таъсири мусбӣ мегузорад.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар муасссисаи мазкур гушаи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида барои мутолиа дастраси ҳамагон аст.

 

2024-10-24 06:59:02

ИШТИРОКИ ФАРҲОД РАҲИМӢ ДАР МАҲФИЛИ “ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Дар доираи нақшаи маҳфили омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси навбатии маҳфили мазкур бо иштироки академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни баромади худ зикр кард, ки Пешвои миллат ҳамчун шахсияти беназир дар таърихи давлатдории тоҷикон номи худро бо ҳамон созандагиву ободкорӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи худ бо ҳарфҳои заррин навиштанд.

Дар доираи баргузории дарси навбатӣ Фарҳод Раҳимӣ вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Сарвари тоҷикони ҷаҳонро ҳамчун Пешвои сулҳу инсонпарвар, махсусан дар заминаи ташаббуси навбатии байналмиллалии Пешвои миллат, ки вобаста ба эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” нуктаҳои илман асоснокро бо далелҳо зикр карданд.

Дар фарҷом иштирокчиёни маҳфил вобаста ба мавзӯи мазкур ва дигар самтҳои фъолияти маърӯзачӣ саволу пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Бояд гуфт, ки маҳфили омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” дар доираи нақшаи баргузории маҳфили омӯзишӣ силсилавохӯриҳоро бо мақомдорони сатҳи баланд, ки ҷиҳати омода намудани ҷавонон ҳамчун кадрҳои баландихтисос ба хизмати давлатӣ мусоидат мекунад, дар назар дорад.

 

2024-10-24 06:57:30

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ҚАЗОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ дар қолаби «аутрич / БРИКС плюс», «БРИКС ва Ҷануби ҷаҳонӣ: сохтмони якҷояи ҷаҳони беҳтар» иштирок намуда, як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳанд дод

 

2024-10-24 06:54:46

ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН ДАР КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бо максади арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва эҳёи анъанаҳои миллӣ иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.

Дар чорабинии имрӯза меҳмонон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.

Нахуст, роҳбарияти муассиса бо иштироки меҳмонон аз ороиши дастархони идонаи факултетҳо, ки фарогири меваҳову сабзавотҳои ватанӣ буд, боздид намуданд.

Директори муассиса Сафарзода Ҳамза Сафар ҳозиринро ба ин ҷашни аҷдоди табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки Меҳргон чун дигар ҷашну идҳои миллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ҳамасола мо онро ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоем. Меҳргон, таҷассумгари арзишҳои неки инсонӣ файзу баракати рӯзгор ва ҳаёти орому осудаи мардум буда, ҷашнест, ки ба асоси қонунҳои табиат баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосили кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ аз ҷумла Садаву Наврӯз дубора эҳё гардида, таҷлили он бо риояи тамоми расму оинҳои аҷдодӣ дар кишвар ба ҳукми анъанга даромад. Таҷлили расмии иди Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад.

Қобили зикр аст, ки дар қасми дигари чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни соҳибистеъдоди факултетҳо барномаи хотирмони фарҳангӣ – фароғатӣ пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса як қатор маъюбону бепарасторон қадрдонӣ гардиданд.

 

2024-10-24 06:52:19

НОМАИ ТАҚДИРИ МИЛЛАТ

Имрӯз сарзамини биҳиштосо, диёри зебоманзару нотакрор -Тоҷикистони соҳибихтиёри мо дар арафаи ҷашни мубораку хуҷаста - 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Конститутсияе, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.

Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ гардид ва дар муддати кӯтоҳтарин бо ташаббуси Сарвари хирадманд ва оқили мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби олимон ва ҳуқуқшиносон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Вазифаи гурӯҳ таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ҳамин тавр, 13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи ҳуҷҷат омода гардид ва бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуда, аз ҷониби шаҳрвандон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Дар он мардуми сарбаланди тоҷик бо мақсади муқаррар қардани ҳолати ҳуқуқии шахс дар дохил ва хориҷи кишвар, яъне ояндаи давлату миллати худ фаъолона иштирок карда, раъйи худро доданд.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи давлату миллати моро муқаррар мекунад. Тибқи моддаи 6-уми он “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад”. Ин гуфтаҳо шаҳодати он аст, ки имрӯз халқ бевосита Сарвари давлатро интихоб менамояд ва дар мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ вакилони худро интихоб намуда, дар идоракунии давлат бевосита ва бавосита иштирок менамояд.

Мавриди зикр аст, ки бо назардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосир ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба, 26 сентиябри 1999, 22 июни 2003 ва 22 майи 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Он баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон, дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Бо қабули ин санади муҳим дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Қабули он дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ, заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.

Ҳар фарди кишвар имрӯза вазифадор аст, ки ҳамаи бандҳои онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.

Рамазони МАҲИМБЕК, мудири Парки технологии Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар

2024-10-24 06:50:23

КОНСТИТУТСИЯ - САРЧАШМАИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан ҳам сарнавиштсоз мебошад, ки 30 сол пеш, 6 ноябри соли 1994 ба таври демократӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ, ки аксарияти кулли ҳамватанони мо ба тарафдории он овоз доданд, қабул гардид ва моро ба ояндаи нек умедвор сохт. Ин сана барои мардуми мо таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Яъне, Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши муҳим мебозад.

Нақш ва мавқеи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти такмил додани меъёрҳои конститутсионӣ бениҳоят бузург мебошад. Зеро бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар заминаи меъёрҳои Конститутсия санадҳое қабул гардиданд, ки хусусияти миллӣ дошта, дар дунё ҳамчун намуна хизмат намуда истодаанд. Инчунин, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боис гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаббускор дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон шиносад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи қабули Конститутсия ба ин маънӣ қайд карда буданд, ки “имрӯз барои ман қадамҳои аввалин ба вазифаи Раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар ин рӯзҳо барои ман ҳам мушкил аст, лекин боварӣ дарам, ки бо дастгирии халқи Тоҷикистон аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем. Ман сари таъзим ба назди пойи мардуми Тоҷикистон фуруд меорам ва мегӯям, то он замоне, ки ҳастам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам”. Ин суханҳо ҳар яки моро водор месозанд, ки бахтномаи миллатро, ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст, риоя намоем.

Конститутсия қонуни асосии давлат, заминаи эъҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз ин санад ба таъмини озоди ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, виҷдон ва амсоли онҳо, чун қонуни асосӣ, кафолат медиҳад. Ҳамин ҳуҷҷат аз ҷониби халқи бузурги Тоҷикистон бо тариқи овоздиҳӣ қабул карда шудааст.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҳуҷҷати зинда ва стратегӣ инъикосгари равандҳо ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ин санади олӣ моро ба сӯйи дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, бояд дар заминаи меъёрҳои конститутсия зиндагӣ ва фаъолият карданро рисолати худ дониста, дар партави нишондодҳои он амал намоем ва ба пешрафту тараққиёт ва саодати бештар даст ёбем.

Раҳимов Рустам Абдураҳимович,

ёвари директори Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе

 

2024-10-21 19:50:42

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Конститутсия ҳамчун шиноснома миллату давлатро дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣмуаррифӣ мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол мо 30-солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, нисбат ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартари дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии кишвар дарҷ шудааст. Ин муҳлат барои таърих тӯлонӣнабошад ҳам, дар ин муддат Конститутсия аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт.

Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузарондааст. Новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣнамояндагони халқ тавонистанд фикру андешаҳои неруҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин бевосита маром ва ормонҳои мардумро дар лоиҳа инъикос намуда, рисолати таърихиашонро баҳри рушду нумӯи кишвар дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда иҷро намоянд.

Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистонро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул кунад, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд.

Конститутсияи амалкунанда, дар муқоиса аз дигар конститутсияҳои собиқ аввалин шуда асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва роҳи минбаъдаи инкишоф ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард. Аз вақти қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ватани азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омада истодааст.

Он як қатор арзишҳои демократии сохтори конститутсиониро ба монанди: соҳибихтиёрӣ ва мустақилият, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, бисёрҳизбӣ, эътирофи шахсият ва арзиши олӣдоштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимият ба се шохаи мустақил, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, инкишофи худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва ҳимояи баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, тақвияти назорати судӣ, институти президентӣ ва ғайраҳоро дар худ таҷассум намуд, ки конститутсияҳои қаблӣ ин гуна арзишҳоро надоштанд.

Конститутсия истиқололияти давлатиро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ дорем, хеле зуд тағйирёбанда мебошад, муносибатҳои нав ба вуҷуд меоянд ва барои пурра танзим намудани онҳо моро зарур меояд қонунгузории миллиамонро низ такмил диҳем. Бинобар ин бо мақсади комилан ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ва қавитар намудани ваҳдати миллӣ лозим омад дар баъзе қисматҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоем. Ин тағйироту иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, ки минбаъда ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа замина гузоштанд.

Ислоҳоти ҳуқуқӣ аслан се шохаро фаро гирифт: таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти сиёсӣ; таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ; ислоҳоти ҳуқуқии низоми судӣ. Ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти сиёсӣ асосан барои аз нав ташкил намудани мақомоти асосии ҳокимияти давлатӣ равона гардида аст. Аз ҷумла, бо мақсади ба реҷаи касбӣ ва доимоамалкунанда табдил додани мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҷлиси Олӣ ба ду маҷлис: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷудо карда шуд. Ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода шуд, ки онҳо минбаъд ба рушд ёфтани гуногунандешии сиёсӣ, озодии виҷдон ва озодии сухан шароит ба вуҷуд оваранд.

Конститутсияи амалкунандаи мо бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро таъмин намояд. Конститутсия асоси ифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣгардида, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ таҷҷасум намуд. Дар ин замина, он аввалин шуда кишвари моро ба қатори кишварҳои пешрафта ворид сохт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президетни Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд, ки “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад” .

Тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад, ва эътибори олии ҳуқуқӣдорад.

Ин талабот дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣнадоранд”. Дар қисми аввали моддаи мазкур ин ҳуҷҷати муҳим афзалияти меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои мақомоти қонунгузор, иҷроия ва ғайра) муқаррар шудаанд. Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва набояд ба он зид бошанд. Дар мавриди зиддият доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиро доро мебошанд. Конститутсияи замони истиқлолият аз ҷиҳати назариявӣ пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгӯ буда, ҳар як моддаи он бо омодагии махсуси касбӣ ва бо назардошти ирода ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишварамон қабул карда шудааст. Аммо то кадом сатҳ дар амал истифода шудани ин меъёрҳо ва аз бар намудани ҳуқуқҳои худ аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии сокинони кишварамон низ вобаста мебошад.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд. Ҷамъияте, ки одамони он дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ мебошанд, пайваста аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ дифоъ менамоянд ва сатҳи зиндагии онҳо низ баланд мебошад.

Исломҷон ҲАВАСХОНЗОДА,

мутахассиси пешбари

Раёсати таҳсилоти

миёнаи касбии Кумита

 

2024-10-21 19:49:15

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ТАШАББУСКОРИ ҲАДАФҲОИ ҶАҲОНИИ РУШДИ УСТУВОР ДАР СОҲАИ ОБ

Дар таърихи давлатдории тоҷикон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои бузурге маҳсуб меёбанд, ки на танҳо дар раванди барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ва раванди созандагию бунёдкорӣ корҳои арзишмандеро ба сомон расонидаанд, балки ҳамчун ташаббускори ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор дар соҳаи об низ хизматҳои шоёне намудаанд.

Сарвари давлати тоҷикон дар яке аз суханрониҳояшон махсус қайд намуданд, ки “мо тавонистем тавассути талошҳои муштарак дар чаҳорчўби ташаббусҳое, чун “Соли байналмилалии оби тоза, 2003” Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, корҳои зиёдеро ба сомон расонем”.

Ҳамин тавр, пешниҳоди якуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумиии СММ 1 октябри соли 1999 ин эълон намудани соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза” буд, ки дар дар асоси он 20 сентябри соли 2000 дар иҷлосияи 55-уми Маҷмааи умумиии СММ ин ташаббус пазируфта шуд.

Пешниҳоди дуюми Сарвари давлат бо қатъномаи махсус эълон кардани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” буд, ки 23 декабри соли 2003 Маҷмааи умумиии СММ дар асоси “Эъломияи Душанбе” қатъномаи дахлдорро қабул карда, ин ташаббусро пазируфт.

Пешниҳоди сеюм дар хусуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” мебошад. Маросими оғози он дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣнамуда буд.

Пешниҳоди чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” аст, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумиии СММ Қатъномаи дахлдорро дар ин маврид қабул кард.

Бояд қайд кард, ки 6-8 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 баргузор гардид, ки дар он Пешвои миллат иширок ва суханронӣкарданд. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, обшавии пиряхҳо ҳифзи муҳити зист, мушкилоти дастрасии одамон ба оби тоза, вазъи беҳдошти солимии ҷомеаи ҷаҳон, истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои гуногун ба кишварҳо ҷалб карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, ҳамчунин, оид ба натиҷаҳои нишасти пешвоёни Эътилофи обу иқлим дар шаҳри Душанбе, баррасии масъалаҳои хифзи пиряхҳо, андешидани тадбирҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши об дар тавлиди нерўи сабз, масъалаи маблағгузории кишварҳои тараққикардаи олам ва ниҳодҳои молиявӣ барои дастрасии ҳамагонӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити зарурии беҳдошт андешаронӣ намуданд. Дар рафти конфронс Сарвазири шоҳигарии Нидерланд Марк Рютте ва Абдуллоҳ Шоҳид, раиси Маҷмаи умумии СММ, ба иштирокчиёни ҳамоиш муроҷиат карданд.

Таъкид шуд, ки табиқи ҳадафҳои даҳсола барои ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва пешбарии ҳадафи шашуми рушди устувор дар сатҳҳои гуногун мусоидат хоҳад кард. Зимни мулоқот масъалаҳои амалисозии ҳадафҳои барномаву стратегияҳо аз ҷумла “Рўзномаи 2030”-и СММ оид ба рушди устувор, татбиқи Барномаи миёнамўҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, баргузории Саммит оид ба дигаргунсозии маориф, Саммити ҷаҳонии иҷтимоӣ ва дигар тадбирҳои муштарак муҳокима гардидаанд.

Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2050 шумораи аҳолии кураи Замин эҳтимоли расидан то 9 миллиард нафарро дорад, ки албатта боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид. Тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣнадошта, зиёда аз 3,5 миллиард нафар аз хизматрасониҳои зарурии беҳдошт ва қариб 2,5 миллиард нафар аз шароити одии гигиенӣбархўрдор нестанд. Ҳамин тавр, ҳамасола қариб 0,5 миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд.

Мушкилот дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки кишвари кўҳистон ва дорои захираҳои бузурги обӣ, махсусан пиряхҳо мебошад, монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд. Барои мисол, дар натиҷаи ин раванд мо шоҳиди афзоиши бесобиқаи селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар ҳодисаҳои табии марбут ба об шуда истодаем. Намунаи дигари раванди зикршуда обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Дар якчанд даҳсолаи охир беш аз 1000 пиряхҳои Тоҷикистон об шудаанд. Пиряхҳои калонтарини дунё дар хушкӣ – “Федченко”, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри муккааб ва лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст. Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии омўзиш ва ҳифзи пиряхҳоро давраи то соли 2030 қабул намуд.

Бо назардошти он ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, ин раванд ба нақшаҳои истифодабарии об кишварҳои минтақа мушкилоти иловагиро ба бор хоҳад овард. Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эътимоди обу иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.

Боиси хқшҳолист, ки имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Бо пешниҳоди Сарвари давлат 14 декабри соли ҷорӣ Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчўбаи Созмони Милали Муттаҳид фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Саврибегим ГУЛМИРЗОЕВА,

Файзулло ҚУРБОНОВ, омӯзгорони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе