Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТОҶИКИСТОН – МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА СУЛҲИ ҶАҲОНӢ ТАВАСУТИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
single-product

ТОҶИКИСТОН – МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА СУЛҲИ ҶАҲОНӢ ТАВАСУТИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2024-11-17 18:09:33

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлака муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустин бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ҳадафи асосӣ қарор дода, дар арсаи байналмилалӣ тавассути пешниҳодҳои муҳимму саривақтӣ ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон ба таъмини якпорчагии кишвар, бунёдгузорӣ ба Ваҳдати комили миллӣ, барқарорсозӣ ва бартарафнамоии харобиҳои баъдазҷангӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муаррифии Ватани маҳбубу миллати тамаддунофари хеш дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ дода, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо тамоми кишварҳои олам ба роҳ монда, равобити созандаю бародаронаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш доданд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвар ва роҳбари ташаббускору пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба таѓйирёбии иқлим ва истифодаи самараноки захираҳои об эътироф шудаанд, ки ин боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст. Дар робита ба ин, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан айни муддаост: «Дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтанд. Кишвари мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад».

Раҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масоили дохилии кишвар ба мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода, онҳоро дар заминаи ақидаҳои мухталифи илмӣ омӯхта, барои ҳаллашон тадбирҳои мушаххас меандешанд. Ду масъалаи ҳалталаб ва мубрами имрӯзаи кураи арз, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, таѓйирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошад. Ҳарду масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷибро ироа доштанд, ки ин ташаббусҳои оқилона аз ҷониби тамоми мамолики ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд.

Ташаббусҳои хирадмандонаву дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирӣ мешаванд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми марти соли 2018 ҷиҳати ифтитоҳ бахшиданба фаъолияти ташаббуси навбатию ҷаҳонии хеш ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар карданд. Сафари Пешвои миллат аз дигар сафарҳои ба қароргоҳи бонуфузтарин созмони даҳр - Созмони Милали Муттаҳид, бо он тафовут дошт, ки ба ду санаи муҳимми башарӣ: ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об рост омад. Ин ду сана, ки ҳардуро сарчашмаи ҳаёти башар номидан ба маврид аст, ба ҳам робита ва пайванди ногусастанӣ доранд. Яъне, Наврӯз ҷашни кайҳону табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гашт, ки мавҷудияти худро то замони мо аз даст надода, баръакс дар замони давлатдории миллии мо шукуҳу шаҳомати хоса пайдо кард ва бо талошиПешвои муаззами миллати тоҷик ҷашни байналмилалӣ унвон гирифт. Об бошад, дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал, муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи арз буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз вуҷуд доштани об вобастагӣ дорад.

Ҳанӯз ҳазорҳо сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузоштанд ва манбаи асосии ҳаёт будани обро дарк намуда, ба он мақоми баланд доданд ва ҳамеша покиза нигоҳ доштани обро таъкид кардаанд. Дар фарҳанги аҷдодии мо - «фарҳанги ҷамшедӣ» ва китоби муқаддаси ниёгонамон – “Авесто”мақоми об дар зиндагии инсон ва сифатҳои эзадбонуи ориёии масъули об хеле равшан баён гардидааст. Яъне, дар “Авесто”об,зиндагии фарҳангӣ ва рушди тамаддуни инсонӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд.

Маҳз бо шарофати истиқлоли комили сиёсӣ ва ба сари қудрат омадани фарзонафарзанде чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки меҳанро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳ дошта,моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шиносониданд.

Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза”эълон карда шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар заминаи он, дар саросари олам тадбирҳои судманди зиёде амалӣ карда шуданд.

Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои муаззами миллат санаи 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси “Эъломияи Душанбе” Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард.

Азбаски дар тамоми кураи арз беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд асту аз онҳо зиёда аз 170 кишвари мухталифи дунё истифода менамоянд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳиммияти масъалаи мазкур, 21-уми июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили самаранок истифодабарии об суханронии пурмуҳтаво намуданд. Маҳз ҳамин ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Маҷмаи Умумии СММ 20 декабри 2010 соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об”эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ѓайрати хешро баҳри ҳалли на танҳо мушкилоти кишвар, балки масоили минтақавию ҷаҳонӣ равона намуда, дар ин самт ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд. Иқдоми чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмаи Умумии СММ бо ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, далели бебаҳси ин гуфтаҳост.

Яке аз ҳадафҳои меҳварӣ он аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши баѓоят амиқ дорад. Маълум аст, ки дар аввали соли 2016 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид, ки чанде аз ин ҳадафҳо бевосита ба масоили экологӣ иртибот доранд. Ҳамзамон, дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе бо мусоидати СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ дар давоми 15 соли охир беш аз 7 маротиба симпозиум ва конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалии марбут ба об баргузор карда шуданд, ки ҳамаи онҳо фарогири масоили глобалию экологии вобаста ба об буданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои 60-уми асри гузашта ба суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо манфиат ё зарари ҷумҳурии мост. Имрӯз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои оянда даҳшатбор хоҳад буд. Бино ба ҳисобҳои мутахассисон агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, он гоҳ сатҳи об дар рӯйи Замин 64 метр баланд мешавад, ки ин оѓози аз байн рафтани ҳаёт дар як қисмати азими сайёраи мост.

Дар асоси пажӯҳиши ҳамаҷонибаи масоили марбут ба иқлим ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин кардани мамолики Осиёи Миёна бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналхалқӣ доир ба истифодаи об кӯли Сарез ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи паряхҳоро пешниҳод намуданд, ки ташаббусҳои мазкур ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ равона шудаанд.

Масъалаи таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат буда, 31 август - 4 сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба иқлим (Женева) ва 7-8 декабри соли 2009 дар конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба таѓйирёбии иқлим (Копенгаген) пешниҳод гардидааст.

Воқеан, агар бодиққат назар намоем, ба хубӣ дида мешавад, ки кишваре назири Тоҷикистон бо чандин пешниҳодҳои наҷибонаи худ кӯшиши саҳм гузоштан дар ҳаллу фасли мушкилоти доѓи ҷаҳони муосир мекунад, ки инсоният имрӯз бо онҳо рӯбарӯ мебошад. Аз ин лиҳоз, боиси зикри хос аст, ки ин ташаббуси нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нест, ки боиси дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст ва қаблан низ чандин таклифу пешниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат мавриди пазироии сокинони сайёра, хусусан созмони муҳташаме чун Созмони Милали Муттаҳид гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Роҳбари давлат мушкилоти рӯзафзуни сокинони сайёраро ҷиҳати дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба хубӣ дарк намуда, ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги оби тоза ва ташаббускори ҳаллу фасли ин гуна мушкилоти муҳимми инсоният ҳамеша дар ҷаҳду талош буданду мебошанд. Воқеан ҳам, имрӯз кишвари мо таҳти сарварии Пешвои башардӯсту халқпарвари миллат барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ кардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи ҷадиди байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода, мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон чанде қабл аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик ба шумор меравад. Аз ин рӯ, сарвари ҳар кишвари ҷаҳонро зарур аст, ки чун Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии хатарҳои экологӣ дар миқёси сайёра чора ва тадбирҳои аввалиндараҷа андешанд.

Барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихор ва хушнудӣ аст, ки Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 маҳз бо ташаббуси бевоситаи Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Пешниҳоди мазкур бори нахуст аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея садо додааст. Дар ин чорабинии муҳим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба раванд ва натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ибрози ақида намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба таваҷҷуҳи бештар дар ҳалли масъалаҳои об ва муҳайё намудани заминаи хуб барои гузариш ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об даъват намуданд. Дар робита ба афзоиши пайвастаи аҳолӣ дар дунё, таѓйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, норасоии об, бемориҳои сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ ва дигар ҳаводиси марбут Президенти кишвар ҷиҳати тақвият додани дастовардҳои то имрӯз ноилшуда ва муҳайё сохтани платформаи иловагӣ ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал зери шиори «Об барои рушди устувор»-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ширкаткунандагони ин Форум пазируфта шуда, барои тасвиб ба Маҷмаи Умумии СММ манзур гардид ва он ҷонидорӣ ёфт.

Ҳамзамон, моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Ин иқдом дар таърихи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул гардид.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор карда мешавад ва пешниҳоди дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз захираи об бой буда, ҳазорҳо пирях, садҳо кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Инчунин, 23 сентябри соли 2024, дар шаҳри Ню-Йорк, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Оянда, ки дар доираи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, суханронӣ намуда, ташаббуси навбатии худро пешниҳод карданд. Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ин ташаббус ба таҳкими сулҳ, амният ва суботи ҷаҳонӣ равона гардида, ҳадаф дорад, ки наслҳои оянда дар фазои орому осоишта зиндагӣ кунанд. Пешниҳоди мазкур дар заминаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои сулҳ ва ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, махсусан дар соҳаҳои об ва экология, пешниҳод шудааст.

Барои татбиқи ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ пешниҳод гардид, як қатор чорабиниҳо ва тадбирҳои муҳим зарур мебошанд. Чанд роҳи амалӣ намудани ин ташаббуси навбатиро метавон ба таври зайл пешниҳод намуд.

- Аввалан, барномаҳои байналмилалии ҳамоҳангсозӣ дар ин маврид таъсис дода шавад. СММ метавонад барои ҳамоҳангсозии ин ташаббус барномаҳои махсус ташкил намояд, ки ба таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ равона гардида, кишварҳои узвро барои муттаҳид шудан дар атрофи ҳадафи умумии сулҳ барои наслҳои оянда даъват кунад.

- Дувум,гуруҳҳои кории СММ дар ин маврид таъсис дода шаванд. Таъсиси гурӯҳи кории махсус дар СММ, ки масъули таҳияи нақшаи амал ва назорати татбиқи даҳсолаи таҳкими сулҳ хоҳад буд, метавонад як қадами муассир гардад. Гурӯҳи корӣ метавонад бо намояндагони кишварҳои узв, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ намуда, нақшаҳои амалро бо шароити ҳар як минтақа мутобиқ созад.

Таҳкими механизмҳои пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо низ дар ин масъала муҳим арзёбӣ мегардад. Барои таҳкими сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ, рушди механизмҳои пешгирии низоъҳо ва мустаҳкам намудани равандҳои сулҳофаринӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ зарур аст. Ин тадбирҳо метавонанд тавассути мусоидат ба ҳалли осоиштаи низоъҳо ва барқарорсозии амният ва субот дар минтақаҳои осебпазир амалӣ гарданд.

Таҳия, тасдиқ ва амалисозии барномаҳои таълимӣ доир ба фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳон, ки аз пешниҳоди Пешвои миллат бармеоянд, масъалаи дигари баррасишаванда дар ин маврид аст. Ҷаҳониён бояд ба тарғибу ташвиқи арзишҳои сулҳ тавассути барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ аҳамият диҳанд. Барномаҳои махсуси таълимӣ дар мактабҳо, литсей, коллеҷ вадонишкадаву донишгоҳҳо метавонанд барои ташаккули насли огоҳ ва сулҳдӯст хизмат кунанд, ки арзишҳои сулҳро эҳтиром мекунанд ва онро ҳадафи ҳаёти худ медонанд. Сарчашмаи ин барномаҳои таълимӣ бояд таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва мактаби сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллати тоҷик бошад.

Ҳамзамон, баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, ки ба мавзӯи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ бахшида шудаанд, метавонанд платформаи муҳим барои мубодилаи таҷриба ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бошанд. Баргузор намудани ҳамоишсҳо ба ҷалби ҷомеаи байналмилалӣ ба татбиқи ташаббуси напвбатии Пешвои миллати тоҷикон мусоидат хоҳад кард.

Қайд кардани ҳамин нукта муҳим аст, ки татбиқи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад, на танҳо ба таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ мусоидат кунад, балки барои наслҳои оянда фазои ором ва устуворро фароҳам орад.

Ҳамин тавр, тамоми ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои ҳадафҳои мақсаднок барои ҳалли мушкилоти дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта буда, тамоми башариятро барои мубориза бар муқобили ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ даъват менамоянд.

Фарҳод РАҲИМӢ,

раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон