Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-10-17 17:40:42

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДЕҲОТИ БА НОМИ ҶӮРА РАҲМОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА САРДХОНАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ҒАЙРАТ 2020»-РО МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД

17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода сардхонаи Хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз тарафи соҳибкор – роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» Урунбой Нурматов дар масоҳати 0,20 гектар бунёд гардидааст.

Сардхонаи навсохт дорои таҷҳизоти муосири худидоракунӣ буда, барои нигоҳдории 2000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти замонавӣ муҳим номида, ба масъулони соҳа супориш доданд, ки бо мақсади таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва пешгирӣ аз талафёбии маҳсулоти зудвайроншаванда шумораи сардхонаҳои муосирро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд намоянд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани сардхонаи нав 10 нафар сокини деҳаи Ғайрат ба кор таъмин гардиданд.

Ҳоло дар сардхонаи тозабунёд ба миқдори зарурӣ ангури аълосифати хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» ҷой карда шудааст, ки ҳамарӯза аз ин ҷо харидорӣ мешавад.

Ҳоло дар назди 87 хоҷагии деҳқонии шаҳри Турсунзода сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 24 ҳазор тонна маҳсулот амал менамояд, ки дар он 500 нафар кор мекунанд.

Мувофиқи маълумот хоҷагии мазкур 22 гектар замин дар ихтиёр дорад, ки қисми зиёди онро боғу токзор ташкил медиҳад.

Ҳамасола саҳмдорони хоҷагӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз 6 навъи ангур ҳосили беш аз 600 тонна маҳсулот ба даст меоранд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз гармхонаи доимамалкунандаи хоҷагии мазкур дидан карданд.

Масоҳати гармхона 54 садякро ташкил дода, дар он кучати сабзавот тариқи обмонии қатрагӣ парвариш меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагидорон аз кишти асосӣ ҳосили 30 тонна помидор ва 70 тонна бодиринг гирифтаанд.

Дар ин хоҷагӣ ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 35-40 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кишти такрорӣ ҳосили бодиринг фаровон асту ҳамарӯза саҳмдорон онро ҷамъоварӣ намуда, ба харидорон пешниҳод мекунанд.

Сокинони шаҳри Турсунзода бо мақсади баланд бардоштани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини фаровонҳосилӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, баробари беҳсозии сатҳи зиндагӣ ҳамзамон дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» Урунбой Нурматов якҷо бо фарзандонаш аз ҳисоби фоида дар деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода мактаби замонавӣ, бунгоҳи нави саломатӣ ва 1,5 километр роҳ бунёд карда, ҳамзамон барои сокинони деҳаи Ғайрат об оварданд ва оянда боз нақша доранд, ки коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот бо таъсиси 40 ҷойи корӣ бунёд намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон ва сокинони заҳматкаши шаҳри Турсунзода суҳбат намуда, онҳоро ба истифодаи боз ҳам самараноки заминҳои корами кишоварзию наздиҳавлигӣ, захираи маводи хӯрока ва вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ ҳидоят намуданд.

Роҳбари давлат пас аз ифтитоҳи сардхона ва боздид аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» корхонаи истеҳсоли хишт ва қубурҳои пластикии ҶДММ «Нигора»-ро ба таври маҷозӣ ифтитоҳ намуданд.

Дар корхона дар як сол ба миқдори 4,6 миллион дона хишти пухта ва 36 тонна қубурҳои пластикии гуногунқутр истеҳсол шуда, 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Сипас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои нави иншооти соҳаи саноат шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми ду соли оянда дар шаҳри Турсунзода ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат 4 корхонаи нави саноатӣ бо харҷи зиёда аз 275 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад.

ҶДММ «Амиго», марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф», ҶСП «Саноати алюмин» ва ҶДММ «Алюминийи аввалин» аз ҷумлаи корхонаҳои сохташаванда мебошанд, ки бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд мегарданд.

Баъди ворид ва насби технологияи муосир дар корхонаҳо истеҳсоли маводи маъдании изолиатсионӣ, қубурҳои алюминӣ, маҳсулоти пластикӣ, профил ва констуксияҳои бинокорӣ пурра бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ – алюминийи аввалияи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба роҳ монда хоҳад шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло мувофиқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ дар 4 иншооти соҳаи саноат идома дорад. Пас аз пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳо наздики 400 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

2024-10-17 17:38:16

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БО БОҒҲОИ АНГУР ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БОҒИ СОМОН» ШИНОС ШУДАНД

17 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” соли 2008 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи боғпарвари шинохта марҳум Камол Мадумаров дар масоҳати беш аз 500 гектар замин бунёд карда шудааст.

Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи зарфиятҳои фаровони аграрии минтақа, аз ҷумла обу замин ва саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқавории кишвар маслиҳатҳои судманд доданд.

Хоҷагӣ зиёда аз 1100 нафар саҳмдор дошта, теъдоди коргарони доимиву кироя ҳангоми авҷи корҳои саҳроӣ ба бештар аз 4 ҳазор нафар мерасад. Инчунин, ин шабу рӯзҳо заминҳои ин хоҷагӣ барои тоҷирони маҳаллӣ низ ҷойи кор дониста мешавад, зеро дар мавсими ҷамъоварии ҳосил теъдоди харидорон бамаротиб зиёд мегардад.

Роҳбарияти хоҷагӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар токзор бештар аз 10 намуди ангури ба иқлими маҳал мувофиқ парвариш карда мешавад.

Дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи “Ҳусайнии сиёҳ”, “Ҳусайнии сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сафед”, “Кишмиши сиёҳ”, “Президент”, “Аватар” ва ғайра, ки навъҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ мебошанд, парвариш карда мешаванд.

Мувофиқи дурнамои истеҳсолӣ, саҳмдорони хоҷагӣ имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар гирифтанд. Бо назардошти таъсири манфии сардиҳои мавсими гузашта, саҳмдорони хоҷагӣ талош намуданд, ки бо иҷрои меъёру қоидаҳои агротехникӣ, махсусан барқарор кардани майдони боғҳо фаровонии ҳосилро қариб ба ҳаҷми истеҳсолот дар солҳои 2021-2022 баробар созанд.

Хоҷагидорон, пеш аз ҳама, барои таъминоти бозори истеъмолии дохилӣ талош карда, боқимондаи ҳосилро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.

Ба хотири тақвияти иқтидори содиротӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза, дар ҳудуди хоҷагӣ барои нигоҳдории зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот сардхонаҳои замонавӣ бунёд гардидааст. Маҳсулот дар сардхонаҳо то оғози боришот захира карда мешавад. То имрӯз дар ҳамаи сардхонаҳои шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 5800 тонна ангур захира карда шудааст. Шумораи сардхонаҳо дар ин шаҳри агросаноатӣ ба 78 адад расида, ғунҷоиши онҳо бештар аз 24 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки фаъолияти сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот васеъ ба роҳ монда шавад. Зеро ин воситаи асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар тамоми фасли сол буда, сифати маҳсулот дар сардхона коҳиш намеёбад.

Шаҳри Турсунзода минтақаи муҳими аграрии Тоҷикистон буда, ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ, махсусан боғу токпарварӣ рушд кардааст. Ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр зиёда аз 4100 гектар токзор мавҷуд мебошад. То имрӯз дар шаҳри Турсунзода 26 ҳазору 320 тонна ангур ҷамъоварӣ шуда, аз он 11 ҳазор тонна содир ба хориҷи кишвар шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” ба самараи кори ин хоҷагии пешқадам баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки меъёрҳои боғдории суннатӣ ва ҳозиразамони боғпарварони соҳибтаҷрибаи ин хоҷагии овозадор дар миёни аҳолӣ бештар тарғиб карда шавад.

 

2024-10-17 17:35:50

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НАЗДИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА, 4 МАКТАБИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ВА 2 МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСӢ

 

17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода як қатор иншоот, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббиро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд.

Бинои иловагии таълимӣ тарҳи замонавӣ дорад ва дар 8 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш барои 240 хонанда имкони омӯзиши илмҳои муосир фароҳам оварда шудааст.

Раванди таҳсил дар кабинетҳои фаннӣ бо истифода аз 40 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет ба омӯзиши бештари илмҳои даққиқ мусоидат менамояд.

Бинои хобгоҳ бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 48 ҳуҷраи барҳаво бо 400 рахти хоб мебошад.

Хобгоҳ бо шароити мусоид барои бо ҷойи хоб таъмин намудани хонандагони дурдаст, аз ҷумла шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав пешбинӣ шудааст.

Маҷлисгоҳи Литсей-интернати шаҳри Турсунзода бо 140 ҷойи нишаст ва ошхона бо 200 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Раванди таҳсил аз ҷониби 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус ба зиёда аз 1000 хонанда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

Китобхонаи электронии пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет метавонад барои дастрасии таълимгирандагон ба маълумоти зарурӣ мусоидат намояд.

Иловатан хоҳишмандон имкони истифода аз 1600 номгӯи адабиётро доранд.

Вақтҳои холигии хонандагон бо машғулиятҳои варзишӣ дар шароити сатҳи баланд сурат мегирад.

Бунёди майдончаи варзишӣ метавонад дар тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои волейбол ва футбол нақши муассир гузорад.

Таъсиси бунгоҳи тиббӣ ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа фаврияти муоина ва кӯмаки аввалияи тиббӣ ба хонандагонро таъмин месозад.

Волидоне, ки ба хотири шиносоӣ аз ҷараёни таҳсил ва огоҳ будан аз сатҳи донишу малакаи фарзандони худ ба Литсей-интернат ташриф меоранд, метавонанд аз хизматрасонии сатҳи баланд дар меҳмонхонаи назди муассиса истифода намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таҳсил ва буду бош дар Литсей-интренати шаҳри Турсунзодаро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, аз хонандагон омӯзиши илму ҳунар ва аз омӯзгорон омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тақозо карданд.

Иншооти мазкур, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Листей-интернати шаҳри Турсунзода ифтитоҳ карда шуд, ба таъсиси 14 ҷойи нави корӣ замина фароҳам овард.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусиро ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Танҳо ҳамин рӯз дар шаҳри Турсунзода дар 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3500 хонанда дар ду баст ва дар 3 муассисаи нави томактабӣ барои 650 кӯдак шароити муосири таълиму тарбия ба истифода дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки барои фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар шаҳр сохтмони боз 8 муассисаи томактабӣ барои 1200 кӯдак идома дорад.

Дар деҳоти Қаратоғи деҳаи Зарнисори шаҳри Турсунзода бинои дуошёнаи иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103 ифтитоҳ гардид.

Бинои иловагӣ иборат аз 8 синфхона барои 384 хонанда дар ду баст бо харҷи беш аз 3 миллиону 455 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар деҳаи Неъматбачаи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Массисаи мазкур аз 14 синфхонаи барҳаво, китобхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, бо саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.

Дар муассисаи тозабунёд барои 240 хонанда дар ду баст шароиту имконоти муосири таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Дар деҳаи Меҳргони деҳоти “10-солагии Истиқлолият” бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80, ки барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои тозабунёд аз ду ошёна ва 8 синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа бунёд гардидааст.

2024-10-17 17:32:45

ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзодаро мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонии иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар муддати ду сол бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудааст.

Барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар бино 7 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист муҳайё карда шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат ба кормандони ин соҳа шаҳодат медиҳад.

Иншоот ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона, ҳаммом ва толори варзиш мебошад.

Ҳуҷраҳои дохили бино дар фасли сармо тариқи системаи гармидиҳии мустақили ангиштӣ гарм нигоҳ дошта мешавад.

Саҳни иншоот пурра чароғон буда, барои таъмини зебоӣ дар ин мавзеъ гулу дарахтони сояафкан шинонида шудааст.

Бинои хуштарҳу замонавӣ дар арафаи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфаи Ҳукумати кишвар ба кормандони ин ниҳод ба шумор меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҳуҷраҳои корӣ ва дигар шароити фароҳамшуда, аз кормандони ин ниҳод даъват намуданд, ки бо истифода аз чунин имкони беҳтарини кору фаъолият, ба нафъи давлату миллат содиқонаву софдилона хизмат намоянд.

 

 

2024-10-16 15:41:49

ДАСТОВАРДИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ МАХСУСИ МАЪЮБОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Аз 30-юми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Дукенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон олимпиадаи байналмилалии махсус аз намуди варзиши сабук баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур хонандагон аз кишвари Иттиҳодидавлатҳои мустақил ширкат намуда, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Дар олимпиадаи мазкур аз Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе се нафар хонанда ва як нафар омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣиштирок намуданд.

Боиси хурсандист, ки хонандагони Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе Ғозиева Бибиомина ҷойи якум аз намуди давидан ба масофаи 100 метр ва ҷойи чорум ҷаҳидан ба дарозӣ, Қурбонов Баҳромҷон ҷойи якум ҷаҳидан ба дарозӣ ва ҷойи дуюм давидан ба масофаи 60 метр ва Шарипов Абдурауф Ҷойи якум давидан ба масофаи 100 метр ва ҷойи сеюм аз намуди партофти найза бо 6 медал ба Ватан баргаштанд.

Дар охир аз ҷониби Кумитаи тадорукоти олимпиада ба нафароне, ки сазоворӣ ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорӣ гардидаанд бо Сипоснома ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Литсейи касбии махсуси маъюбон" дар мусобиқаи Осиёи маркази миёни шахсони имкони маҳдуддошта хонанданони муассиса ширкат варзида сазовори 6 медал гардиданд. Аз ин шумора 3 медали тило, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ.

2024-10-16 15:39:17

ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЛАКАИ КАСБӢ” ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таљҳизотҳои барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ санитарӣ гузаронида мешавад.

Мақсади асосии гузаронидани озмун такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо мебошад.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” минтақаи Бохтари вилояти Хатлон миёни муассисаҳои таҳлоти ибтидоии касбӣ аз 11 муассиса 117 нафар хонанда аз рӯи 10 ихтисос иштироки фаъолона намуда, касбу ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Баъди ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳон 44 нафар хонандагон ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Озмун дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якуми озмун дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон гузаронида мешавад.

Баъди ҷамъбасти даври якуми озмун даври ҷумҳуриявии баргузор мегардад, ки дар он ғолибони даври якуми озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

Дар даври ҷумҳуриявӣ ғолибон бо Ифтихорнома, Сипосноа ва туҳфаҳои хотиравӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд

 

2024-10-15 21:38:06

ИШТИРОКИ МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶ ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар мувофиқа бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-ум то 12-уми октябри соли 2024 Аъзам Байдуллоев - муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумова дар шаҳри Лиссабони Португалия дар семинари байналмилалӣ таҳти унвони "Бозӣ ва нақши он дар беҳсозии раванди омӯзиш" дар заминаи лоиҳаи "Омӯзиш дар асоси душвориҳо" ширкат варзид.

Аъзам Байдуллоев, дар мавзуи “Масъалаи омӯзиши забонҳо" дар заминаи омӯзиши забони англисӣ, душвориҳо ва раванди бартараф намудани онҳо дар дарсҳо тавассути усулҳои муосири таълим" бо истифода аз технологияи рақамӣ тариқи презентасия рӯнамоӣ кард.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин сафар ҳамкориҳои Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумова дар доираи лоиҳаи болозикр рушд меёбад.

 

2024-10-15 21:27:32

ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав даври якуми олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем,ки олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тарафи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Ҳадаф аз ташкили олимпиадаи мазкур амалигардонии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" мебошад.

Фариддун Сайдахмедов, муовини директори коллеҷи омӯзгорӣ иттилоъ дод,ки олимпиада аз фанҳои таълимии математика, биология, химия, физика ва информатика гузаронида мешавад. Ҳоло доираи васеи донишҷӯёни коллеҷ аз фанҳои мазкур ширкат намуда, донишу маҳорати худро санҷида истодаанд.

Гуфта шуд, ки пас аз ҷамъбаст гардидани даври якуми олимпиада ғолибон ба даври навбатӣ роҳхат гирифта, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ донишсанҷӣ мекунанд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар коллеҷи омӯзгорӣ маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шудааст, ки донишҷӯён берун аз соатҳои дарсӣ бо омӯзгорони касбӣ ба омӯзиш машғул мешаванд. Аз ҷумла, фаъолияти маҳфилҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чашмрас ҳастанд.

2024-10-15 13:06:38

Ҷомеаи кишвар ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити феълӣ ниёзи бештаре дорад. Фарҳод Раҳимӣ

Ҷомеаи кишвар ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити феълӣ ниёзи бештаре дорад.
Фарҳод Раҳимӣ

2024-10-15 13:02:43

КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ

6 ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардум Конститутсия, ҳуҷҷатисарнавиштсозро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.

Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи кишвари мо ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст, зеро дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос ёфта, вобаста ба рушди давлатдории миллӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнатро ҳамчун ҳуқуқ эътироф намуда, сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистонро дар худ таҷассум карда, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонотро моликияти истисноии давлатӣ эътироф карда, истифодаи самараноки онро ба манфиати халқи Тоҷикистон кафолат додааст. Вобаста ба таҳаввулот ва пешрафту дигаргуниҳо 3 маротиба: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 3 феврали соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардида, меъёрҳои он такмил дода шуданд.

Тағйироти конститутсионӣ ва натиҷаҳои муфиди он далели онанд, ки имрӯз раванди рушди конститутсионии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳои ҷаҳон ба қонуниятҳои ҷаҳонӣ такя мекунад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги миллати тоҷик буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллат мебошад.

Дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди мамлакат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат эълон шудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои дохилӣ таҳия ва қабул шуд. Аз ин рӯ, он ҳамчун санади созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон арзёбӣ мегардад. Чунин таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон ҳоло ҳамчун намунаи ҳалли низои дохилӣ эътироф шудааст.

Боиси ифтихори ҳар тоҷик аст, ки коршиносони як қатор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ эътироф кардаанд. Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар байни 82 давлати рӯ ба инкишоф барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия намуд. Ҳадафи асосӣ роҳандозӣ намудани низоми самарабахш ва шаффофи идораи давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Дар маҷмуъ, ин иқдом, пеш аз ҳама, барои татбиқи муқаррароти моддаи якуми Конститутсия оид ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон нигаронда шудааст.

Дар таърихи навини Тоҷикистон аввалин маротиба дар Конститутсия инсон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир гардонд. Ин ба он маъност, ки ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад.

Дар моддаи 14-и Конститутсия омадааст, ки мазмуну муҳтавои ҳамаи дигар қонунҳоро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳад. Яъне, дар маркази арзишҳо гузоштани инсон маънии дар атрофи он муттаҳид намудани ҳамаи арзишҳои дигарро дорад. Касе, мақомоте ва ё санади меъёрии ҳуқуқие ба хотири ягон манфиат наметавонад ҳуқуқу озодиҳои инсонро маҳдуд ё поймол намояд.

Ҳамзамон, Конститутсия имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо дарҷ намуд. Бартарӣ, қатъият ва устувории Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки дар асоси раъйи мардум қабул шудааст ва бидуни овози халқ ҳатто як ҳарфи онро тағйир додан мумкин нест. Ин нукта нишони устувории пойдевори давлат ва сохти конститутсионии кишвар аст. Дар ҳамин робита ёдовар мешавем, ки то моҳи ноябри соли 1992 вакилони мардумӣ ба Конститутсияи ҳамонвақта даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки яке аз сабабҳои асосии хусусияти буҳронӣ гирифтани вазъияти ҳамон давр ба ҳисоб меравад.

Хулоса, имрӯз мо дар арафаи 30 - юмин солгарди қабули ин бахтномаи миллат қарор дорем. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки он бо иродаи мардуми тоҷик қабул гардида, дар ин муддат Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ карда, дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ ба талошу даъвоҳои беасоси барои сохти давлатдориамон хатарнок хотима гузошт.

Маҳмадулло ХОҶАЕВ,

декани факултети кори ҳамширагӣ

дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумии

Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

2024-10-15 13:00:58

ҲИФЗИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва пуртазод рушди ҳеҷ рукни давлатдориро бидуни донишҳои зарурӣ ва истифодаи технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дар арафаи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи устувори рушди технологияҳои муосир омӯзиши амиқи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ аҳамияти махсусро пайдо мекунад. Дар ин радиф, дар шароити мукаммалгардонии механизми ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо мутобиқсозии тамоми равияҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ комилан рушди ҷараёни умумиҷаҳониро талаб менамояд.

Айни замон, дар ташаккул ва рушди хоҷагии халқ таъсири ҷаҳиши илмию техникӣ аҳамияти хоса дорад, ки аллакай ҳар як фарди соҳибмаълумот ҳаёти худро бе технологияи муосир тасаввур карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, донишҷӯён бояд ба ғайр аз донистани технологияи муосир, инчунин донишҳои ҳифзи иттилооти ҷойдоштаро низ дошта бошанд.

Рушди раванди иттилоотии ҷомеа ва татбиқи комили имкониятҳои компютер дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон муаммои амнияти иттилоотиро боз ҳам ба дараҷаи болотар бардоштааст. Акнун дар баҳисобгирии маҷмӯи шароитҳои нави гардиши иттилоот, эҷод ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ, ки онҳо дар якҷоягӣ муҳити иттилоотӣ ном гирифтаанд, ҳалли ин мушкилотро саривақт дарёфтан зарур аст.

Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» таҳти №334, аз 12-уми ноябри соли 2002, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» таҳти №832, аз 3-юми июли соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» таҳти № 411, аз 18-уми июни соли 2008 ва ғайра. Қонунҳои мазкур аз ҷиҳати назариявӣ доир ба самти ҳифзи иттилоот саҳми хешро мегузоранд.

Ба воситаи истифодаи технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ инсон метавонад шахсият ва мавқеи худро ба вуҷуд орад. Аз ин лиҳоз, зарурате ба миён меояд, ки бояд инсон барои зистан дар шароити нави ҳаёт, яъне дар муҳити автоматикунонидашудаи иттилоот омода бошанд, тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд:

“Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад:

Амнияти иттилоотӣ - ин маҷмӯи тадбирҳо ва стратегиёҳоест, ки барои муҳофизат кардани маълумотҳо, системаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳо аз таҳдидҳо, хатарҳо ва истисмори ғайриқонунӣ равона шудааст. Он ба бехатарии маълумот дар тамоми давраҳои ҳаёти он, аз ҷамъоварӣ то нигоҳдорӣ ва интишор, диққат медиҳад.

Амнияти иттилоотӣ кӯмак мекунад, ки ташкилотҳо ва давлатҳо аз таҳдидҳои киберӣ, ба монанди вирусҳо, ҳамлаҳои киберӣ, фишинг ва хатарҳои дохилӣ муҳофизат шаванд.

Истеҳсолкунандагон ва муштариён бештар ба системаҳое боварӣ доранд, ки амалҳои муҳофизатии муфидро ба роҳ мемонанд, ки ин ба рушди иқтисод ва тиҷорат кумак мекунад.

Бисёре аз кишварҳо қонунҳои махсуси амнияти иттилоотиро қабул кардаанд, ки риояи онҳо барои ташкилотҳо ва муассисаҳо ҳатмӣ мебошад.

Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 № 443 тасдиқ шудааст. Барнома аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гирифта, ҳадаф афзалият ва тадбирҳои рушди технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсиониро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян менамояд. Дар ин шароит соҳаимаориф бе истифодабарии воситаю усулҳои муосири коркард, интиқол ва пешниҳоди иттилооти электронӣсамаранок буда наметавонанд.

Чунонки тадқиқотҳо нишон медиҳад, зиёд гардидани ҳаҷми иттилооте, ки дар соҳаи маориф истифода бурда мешаванд, бояд ба манбаи ягонаи иттилоотӣ асос ёфта, ба таври замонавӣ коркард карда шаванд.

Дар асри маълумот, амнияти иттилоотӣ як рукни муҳимми рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун як кишваре, ки дар марҳилаи рушди технологияҳои навин қарор дорад, бо чолишҳои мухталифе рӯ ба рӯ мебошад, ки ниёз ба таҳким ва баррасии амнияти иттилоотиро афзун мекунанд.

Таҳдидҳои киберӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои киберӣ, вирусҳо, ва фош шудани маълумот, яке аз масъалаҳои ҳалталаб мебошанд. Ин хатарҳо метавонанд барои муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин барои шаҳрвандон хатар эҷод кунанд. Чунин таҳдидҳо на танҳо ба бехатарии иттилоот, балки ба эътимоди ҷомеа низ осеб мерасонанд.

Яке аз тадбирҳои муҳими таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ин тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи киберситемӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими барномаҳои таълимӣ ва курсҳои махсус барои мутахассисон шуруъ кардааст. Ташкилоту муассисаҳоро лозим аст, ки кормандони худро бо дониши замонавии киберситемӣ таъмин кунанд.

Амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти рушди технологӣ ва таҳдидҳои киберӣ, як масъалаи бисёр муҳим боқӣ мемонад. Таҳкими сиёсати давлатӣ, омодагии мутахассисон, ва истифодаи технологияҳои муосир метавонанд барои коҳиш додани хатарҳо ва таъмини бехатарии иттилоотӣ мусоидат намоянд. Ин раванд, на танҳо амнияти иттилоотиро беҳтар мекунад, балки рушди иқтисод ва иҷтимоии кишварро низ таъмин менамояд.

Амнияти иттилоотӣ як соҳаи муҳими ҳаёти замони муосир аст, ки бо рушди технологӣ ва афзоиши таҳдидҳои киберӣ робита дорад. Таъмини амнияти иттилоотӣ на танҳо барои ташкилотҳо, балки барои давлатҳо ва ҷомеа низ муҳим мебошад. Ин раванд ба талаботҳои навин ва стратегияи муосир ниёз дорад, то бехатарии иттилоот ва маълумотҳо таъмин гардад.

Дар замони муосир ягон кишваре, созмоне ва махсусан истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз таҳдиду хатари ҷиноятҳои киберӣ дар канор монда наметавонанд. Имрӯзҳо инкишофи ҷиноятҳои киберӣ бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ зиёдтар ба чашм мерасанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе кишварҳо 4/10 истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет қурбони ҷиноятҳои киберӣ мегарданд. Бинобар ин, раванди зиёд шудани таҳдидҳои киберӣ давлатҳоро вазифадор месозад, ки ба амнияти иттилоотии кишвари худ диққати махсус дода, аз уҳдаи таъмини он баромада тавонанд, зеро дар асри ХХ1 амнияти миллии ҳар як кишвар пурра аз амнияти иттилоотӣ вобастагӣ дорад.

Нурулло Саидзода, мутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

2024-10-15 12:47:43

ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЛАКАИ КАСБӢ” ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ҶАМЪБАСТГАРДИД

Дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” миёни муассисаҳои таҳлоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таљҳизотҳои барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ санитарӣ гузаронида мешавад.

Мақсади асосии гузаронидани озмун такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо мебошад.

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” миёни муассисаҳои таҳлоти ибтидоии касбӣ аз 21 муассиса 144 нафар хонанда аз рӯи 10 ихтисос иштироки фаъолона намуданд.

Баъди ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳон 52 нафар хонандагон ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Озмун дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якуми озмун дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон гузаронида мешавад.

Баъди ҷамъбасти даври якуми озмун даври ҷумҳуриявии баргузор мегардад, ки дар он ғолибони даври якуми озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

2024-10-15 12:45:15

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 14-уми октябри соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини аввали Раиси Кумита Баҳрулло Давлатзода, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Бобоҷон Маҳмадализода, раиси Шурои директорон Ғафурӣ Зоир Саъдулло ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ баромад намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 1 сентябри соли 2024 дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба Кумита пешниҳод гардида буд, ҷиҳати ҳарчи зудтар иҷро гардидани онҳоро супориш доданд.

Фарҳод Раҳимӣ, иброз доштанд, ки моро зарур аст, ки дар партави дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ талош варзем ва дар иҷрои вазифаҳои хеш масъулияти баланд эҳсос намоем.

Таъкид шуд, ки иштироки донишҷӯён,омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд дар озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Инчунин, ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дастур дода шуд, ки баҳри рафъи норасоии маводи таълимӣ, ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон, таъмини базаи моддии техникӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба корнамоиҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли таҳсили 2024-2025 “Соли мутолиаи асарҳои Пешвои миллат" эълон гардид. Дар ин маврид роҳаброни муассисаҳои таҳсилотимиёнаи касбиро зарур аст, ки омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёнро ҷиҳати мутолиаи асарҳои Пешвои миллат роҳнамоӣ намоянд.

Дар идома аъзои шурои директорон бо баррасии масъалаҳои зерин табодули афкор намуданд:

- Такмили ихтисоси омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- Чораҳои амалишуда дар самти татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф;

- Сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баъдан, Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён барои сазовор гардидан ба ҷойи аввал дар озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ифтихорномаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аз ҷониби аъзои Шурои директорон логотипи Шурои директорон тасдиқ гардида, як қатор қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

2024-10-11 20:52:49

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 300-СОЛАГИИ МАХДУМҚУЛӢ ФИРОҚӢ ЗЕРИ УНВОНИ “РОБИТАИ ЗАМОНҲО ВА ТАМАДДУНҲО – АСОСИ СУЛҲУ ТАРАҚҚИЁТ”

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба робитаҳои дӯстию бародарӣ бо мардуми туркман, ҳамкории аҳли зиё ва гиромидошти шоир ва маорифпарвари маъруфи Туркманистон Махдумқулӣ Фироқӣ, ки бо сарпарастии ЮНЕСКО 300-солагии зодрӯзаш васеъ таҷлил мегардад, андешаронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон низ ба солгарди мутафаккири бузург эҳтиром гузоштанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон баргузор кардани мизҳои мудаввари байналмилалӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Фироқӣ, гузоштани пайкараи Махдумқулӣ дар шаҳри Душанбе, номгузории яке аз кӯчаҳои зебои пойтахти кишвар ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлонро нишони возеҳи дӯстӣ ва муносибатҳои созандаи мардумони бародари Тоҷикистону Туркманистон унвон намуданд.

Таъкид шуд, ки эҷодиёти шоир бо мероси бузурги адабии тоҷику форс пайванди ногусастанӣ дорад. Аз осори Фироқӣ бармеояд, ки ӯ аз мероси адабии мутафаккирони маъруфи сатҳи ҷаҳонии тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст. Бисьёр ходимони адабиёт ва тарҷумонҳои шинохтаи тоҷик даҳҳо маҷмуаи осори ӯро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардаанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мазмуну мундариҷаи эҷодиёти Махдумқулӣ ба монанди ғояҳои инсонпарварӣ, дӯстию бародарӣ ва рафоқат изҳори андеша карда, мероси эҷодии ӯро пули муҳими густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ба ҳам наздик кардани кишварҳову мардумон номиданд.

Президент кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамкории фарҳангӣ ҳамчун омили муассири робитаи миёни миллатҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии мардумон аз иқтидори бузург бархурдор аст.

Дар ин замина зарур шумурда шуд, ки кишварҳо бо муносибати эҳтиромона ва таҳаммулгароёна нисбат ба анъанаву арзишҳо ва мероси маънавию фарҳангии ҳамдигар намунаи ибрат бошанд.

Гуфта шуд, ки дар ин замина, Тоҷикистон пайваста аз иқдомоти амалии муштарак барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи башариро ҷонибдорӣ мекунад.

“Мо минбаъд низ барои рушди ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ бо ҳамаи шарикони худ, аз ҷумла бо Туркманистони бародар талошҳои зарурӣ ба харҷ хоҳем дод”- изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо аз сатҳи сифатан баланди тамоми маҷмӯи муносибатҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон, ки хусусияти “шарикии амиқи стратегӣ”-ро касб кардаанд, ёдовар шуда, роҳбарияти олии кишвари дӯстро барои танзими бошукӯҳ ва сатҳи баланди баргузории ин ҳамоиш табрик гуфтанд.

Дар Ҳамоиши байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнии “300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ” сарфароз гардонида шуданд.

 

2024-10-11 20:49:55

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири маъруфи туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу инкишоф” иштирок менамоянд.

 

2024-10-11 20:46:13

“ШОҲНОМА” ВА “ТОҶИКОН” - ДУ ШАҲБОЛИ ТАВОНОИ МИЛЛАТ

Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ва огоҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ ва ошноӣ бо корномаи фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву Истиқлол ва таҳкиму пойдории давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад. (Эмомалӣ Раҳмон. Шиносномаи миллат. Пешгуфтор ба “Тоҷикон” саҳ.15)

Миллате шарафёби комёбист ва ҳуқуқи зинда мондан дар гирдудорҳои давру замонро дорад, ки фарзандони оқил ва хештаншиносаш бо нури хирад ҳофизаи таърихию фарҳангияшро ҳифз ва дар шароити мусоид ба наслҳо мерасонанд. Таърих дар авроқи хеш зиёд асрори нуҳуфтае дорад, ки танҳо ворастагоне ба умқи он расидаанду рисолати хеш ба сомон расонидаанд. Миллате, ки дар китоби падари таърих Ҳеродод “Таърих” чун асилзодагон ёд шудаву дар осори Арасту зи шаҳомати ашрофзодагону русуми озодагони он зикр рафта ва дар “Таврот”- и муқаддас аз “Устувонаи Куруш” бо номи “Силиндри Куруш” чун арзиши олии ҳуқуқ ва адолат бо ихлосу садоқат васф шуда, офтоберо мемонад, ки ҳоҷат ба муаррифӣ надорад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд “Таърихи пурифтихори миллати тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад” ва фарогирифтани ҳамаи давраҳои рушду такомул ва афтишу парокандагиҳои он дарсест омӯзанда ва ибратбахш.

Истиқлол дар бедории афкори миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва шинохти таърихи бостонии миллати тоҷик муҳимтарин падидаи созандаю бунёдкор аст. Ибтикороти сиёсӣ, пайкори фарҳангӣ, ҷасорати ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин масири эҳёгарӣ муҳимтарин таконбахш ва рисолати ватандорист, ки дар таърихи давлатсозии миллат беназир аст. Тоҷикон яке аз наслҳои хушбахт ва сарафрози Ориёӣ ҳастанд, ки баъди ҳазор соли бебанду борӣ, маҳрумият аз нуфуз ва қудрати сиёсӣ дар сарзамини аждодӣ соҳиби Истиқлол ва лидери сиёсие гардиданд, ки тавонист дар эҳёву ваҳдати миллат, шинохти асолат, таърих ва фарҳанги миллат пешгом бошад. Шинохт ва қадршиносии чеҳраҳои мондагори сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ки дар ташаккул ва рушди давлатдорӣ, муборизаи истиқлолхоҳию озодиталабӣ, ривоҷу густариши адабиёт, санъат, ҳунар ва фарҳанги миллати тоҷик саҳмгузору ҷонфидо буданд, худ қаҳрамонист. Рисолати равшангарӣ бозгардони саҳифаҳои фаромӯшгаштаи хотироти миллат ва бедорсозии ҳофизаи таърихии он аз тарафи Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали бар сари қудрати сиёсӣ омадан муассир буд. Зина- зина ба сӯи қуллаи мурод раҳнамоии насли наврасу ҷавон ва ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии адабию фарҳангӣ, таърихию ҳунарӣтаконбахши худогоҳӣ, хештаншиносӣ гардид. Руҷӯъ ба таърихи ҳафтҳазорсолаи тамаддунҳои барпонамудаи ақвоми Ориёӣ, ки тоҷикон яке аз меросбарони асили он мебошанд, эҳёгарист ва рисолати паёмрасонист. Рисолати муқаддаси роҳбарияти сиёсии давлат, элитаи сиёсии бедор, равшанфикрон, аҳли зиё, донишмандони асили миллат дар он аст, то арзиши бебаҳо ва деринтизор будани Истиқлолро дар зеҳнияти миллат, дар рӯҳу ҷон ва хуну равони наслҳои ҷавону наврас ҷойгузину мустаҳкам намоянд, то дар ҳар нафаси кашида, дили онон дар ишқи Ватан, хоку оби аждодӣ, муқаддасоти ин сарзамини биҳиштӣбитапад. Хушбахтона дар сиюду соли Истиқлол миллат бо кору пайкори абармардони арсаи давлату сиёсат оғоз аз Куруши Кабир, Дориюши Бузург, Ардашери Бобакон, Баҳроми Гӯр, Шопур, Кайхусрав, Баҳроми Чӯбина, Ҳусайн ибни Тоҳир, Яъқуб ва Амрӯи Лайси Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ, озодихоҳону ватандороне чун Спитамен, Абумуслими Хуросонӣ, Шориқи Бухороӣ, Муқаннаъ, Деваштич, Сарбадорони номдор, Темурмалик, Восеъ, пешвоёни кешу ойини аждодӣ Зардушти Спитамон, Монӣ, Маздак ва даҳҳо қаҳрамонони ориёигаҳвар шинос гардид, ки гардиши куллӣ дар тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва ифтихороти наслҳо шуд. Акнун бо шарофати озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” санъат, ҳунар, мусиқии бостонии миллат, Шашмақому Фалак, ҳунарҳои мардумии чакандӯзӣ, адрасу атласбофӣ, наҷҷорию заргарӣ эҳё ва насли ҷавони кишвар рисолати меросбариро бар дӯш гирифтанд. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” беҳтарин падидаи фарҳангист, дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ, ки миллатро ба гулбоғи китоб ва ҷаҳони маънавиёту фарҳанг ҳидоят намуд. Шодбошист, ки чеҳраҳои навини сухандону сухангустар дар ин фурсати кутоҳ ба майдони илму адабу фарҳангу санъат падид омаданд, ки умедворкунандаи фардои дурахшони миллат аст. Симурғи ҷонбахшои миллат забони шаккарину сеҳрофарини паҳлавист, ки бо ҷабри таърих ва ҷудоиандозиҳои ғосибон дар се гӯшаи Ариянавайҷаҳ (Фарохнои Ориёно) бо номҳои шогуни порсӣ, тоҷикӣ, дарӣ тӯли ҳазорсолаҳост бори маънавиёт, фарҳанги асилзодагону озодагонро ба ҷовидона мебарад. Ин лафзи биҳиштӣ дар тамаддунсозӣ, фарҳанггустарӣ ва тарбияву парвариши ахлоқи ҳамида, дарси одамият, покиву адлу мадоро, муруввату ато, сулҳу осоиш ва дӯстиву меҳр бар бани инсоният кӯҳи китоб, қасри ганҷи маъониро ҳадя сохтааст. Фарзандони фарзонаву фаршедфари он танҳо бо килки сеҳрангези хеш шикори дилҳои огоҳнамудаву бо нури хуршедии илму ҳикмати муғона, қаламрави нуфузи ҳикмату фарҳанги Ориёноро ба шаш иқлими олам бурдаанд. Озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” такони ҷиддие дар рушди зеҳнияти илмӣ, бедории ҳофизаи таърихӣ дар кашфи асрори илм, техника ва созандагӣгардид. Ин гомҳои нахустин дар бедории шуури илмӣ, афкори дунявӣ, рӯй овардан ба илмҳои дақиқ, риёзӣ, табиӣ ва тиббӣ буд, ки дар хуни ҷавонони огоҳ ва ташнаи илм генҳои ирсии Синову Берунӣ, Форобию Хоразмӣ, Хайёму Дониш ва садҳо нобиғагони тоҷикро бедор сохтаву ғулғула ангехт. Ҳарчанд аз ин иқдомот муддати каме сипарӣ шуда, аммо нишондодҳо дилгармсозанда аст. Хушбинии мо зи он аст, ки ҷойгоҳи алломагон дар ҳамаи даврони таърих барои миллати шарифи тоҷик ҳеҷ гоҳ холӣнабудааст. Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон –оинаи таърихи миллат” зинаи заррин дар худогоҳию хештаншиносии миллат аст, зеро таърих дақиқан нишон дод, ки ҳазор соли дур мондан аз қудрати сиёсӣ ва зери нуфузи ғосибону бегонагон бо муросову мадоро, таҳаммулу сабр зиндагӣнамудан ба афкору зеҳнияти миллат зарбаҳои ҷонкоҳ расонидааст. Ақвоми Ориёӣ баъди фурӯпошии империяи фарохдомони Сосониён ва давлати миллии Сомониён дигар ба худ наомад ва то ба гӯш ба ботлоқи сохтаи ғосибон, ки қатлу куштор, зӯру озор, таҳмили ақидаву афкор, дину мазҳаб, расму одати бадавию саҳроӣ бо хун мавҷ мезад фурӯ рафта буд. Муборизаю ҷангҳои рӯёрӯ дигар корагар набуд, зеро қувва нобаробар ва пуштибону чорагаре намонда буд. Танҳо илм, дониш, хирад, фарҳанг ва қалам муттакою наҷотбахши озодагону нухбагони бофар буд. Дигар танҳо ҷомаи дарвешию қаландарӣ, тақвою гӯшанишинӣ муҳофизи ҷонҳои бедор буд, варна ягона пӯшту паноҳ қуллаи кӯҳу ғору камар барои мардони боғуруру ҷонсахт макон гардид. Ин ҳақиқати талх аст, ки дурӣ аз ҳам фарзандони як падару як модар, насли Фаридуни фаррухпайкро аз ҳам ҷудою бегона, гоҳе душмани ҳам сохта буд. Ин нуктаи заъф барои ғосибон бисёр муфид афтод ва чандин бор бо дасисае ба набарду бархӯрдхои хунин анҷом ёфт, ки бегонагон аз он манфиат бардоштанд. Ибтидои асри бистум бо шарофати Инқилоби Октябр таърих ба рӯи тоҷикон лабханде зад, аммо бо фиребу дасисаи бегонагон ва ноогоҳию ҷаҳолати худбохтагони миллат ин заҳрхандаи қисмат гашт. Зеро, ба тоҷик аз мулки меросию аждодӣ танҳо як гӯшаи ноободи кӯҳистон расид. Балвою ҷанги тоҷиккӯши таҳмилии солҳои 30-юми асри гузашта, тамоми озодагони бедорро аз байн бурд.

·         Ин фоҷеаи нангин дар интиҳои асри бистум, вақте давлати шӯравӣпароканда гардид ва дигар ҷумҳуриҳо ба миллисозии мероси ин абарқудрат сар ба сар мезаданд, барои тоҷикон боз такрор гардид. Бадбахтона ин вартаи бетаге буд, ки умеди ҳамаро бишкаст ва нифоқи андохтаи бегонагон ба ҳассосияти динии мардум корагар гашту писарро бо падар, бародарро бо бародар душман сохт. Ин шикасте буд, басо сангин ва мушкилпайванд. Ин нуктаи заъфи мо тоҷикон аст, ки хело дӯстдору эътиқодманди аҳкомҳои динию мазҳабӣ ҳастем ва барои ҳар иқдому амале, ки ба номи худову паёмбар, китобу пешвоёни мазҳаб аз номи касе эълон мешавад бо сарсупурдагӣмехезем, ҳар харҷу хароҷоте, ки фармоянд як бар даҳ медиҳем. Аммо, намепурсему дарк намекунем, ки паси ин фатвою маъвизаҳо кӣ меистаду чӣ ҳадафҳо дорад? Хушбахтона, заковати азалии миллати фарҳангӣ, ботамаддуну созанда ва сабуру ботаҳаммули тоҷик аз нав фурӯғи оламгир намуд ва сулҳу ваҳдат насибамон гашт.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” ба муносибати 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат Қаҳрамони Тоҷикистон, Аллома Бобоҷон Ғафуров ва иқдоми эҳёгаронаю миллатсози Пешвои муаззами Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳадя намудани китоби “Тоҷикон” ба ҳар оилаи хонадони Тоҷикистон беназиртарин қадаме буд, дар шинохти асолати таърихӣ ва эҳёи ҳуввияти Ориёии миллат.

Сиюду соли Истиқлол назди таърих ҳеҷ аст, аммо он пайкоре, ки Пешвои миллат тӯли ин даврон дар самти давлатсозӣ, миллатсозӣ ва эҳёи арзишҳои ориёии миллат бахусус шинохти чеҳраҳои мондагори миллат намуданд ва чандин пешниҳоду дархостҳои фарҳангию экологӣ барои кулли башар ироа сохтанд, нодиртарин натанҳо барои мо, балки барои тамоми ҷаҳониён аст.

Мо наметавонем, дар як гузориш ҳамаи он иқдомотро номбару баррасӣ намоем, танҳо фарҳанги сулҳофарии тоҷикон дарси беҳамтоест, ки якчанд донишкадаҳои сиёсию сотсиологии сатҳи ҷаҳонӣ онро метавонанд даҳсолаҳо пажӯҳиш намоянд. Ҳамаи ин озмунҳо агар барои иштирокчиён, мураббиён, омӯзгорон падару модарон, ном, ифтихор, дониш, ҳамчунон мукофоту маблағҳои зиёдеро армуғон оварда бошад, барои тарбияи наслҳои навин, дарси бузурги хештаншиносию худогоҳии миллист, ки арзиши он ҷовидонист.

Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик”, ки ба муносибати гиромидошти 115-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров санаи 05.12.2023 бо иштироки аҳли зиё, донишмандони улуми таъриху бостоншиносӣ, шарқшиносон, тарҷумонҳои шоҳасари “Тоҷикон” аз кишварҳои хориҷӣ таҳти раёсати Академияи миллии илмҳо ва сарпарастию ҳидояти бевоситаи Пешвои муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри ҳамешабаҳори Душанбеи нозанин баргузор гардид, бори дигар нуфузи илм, фарҳанг, таърих, нобиғагони миллатро дар арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ боло бурд. Ин Симпозиум бори дигар эътирофу қадршиносии шӯҳрати илму фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ буд. Дар Симпозиум тарҷумонҳои шаҳкитоби “Тоҷикон” бо забони чинӣ, фаронсавӣ, арабӣ, урдӯ ва дигар забонҳои олам, донишмандони шарқшинос маърӯзаҳои илмӣ намуда, пиромуни саҳми мондагори академик Бобоҷон Ғафуров дар ташкил, рушд ва нуфузи илми шарқшиносӣ дар ҷаҳон, инчунин қимати академикии китоби “Тоҷикон” бо ҳусни ихлосу эҳтиром суханронӣ намуданд. Дар боби хиради азалӣ, касбият, чашми кордонӣ, одамият, этикаи баланди инсонӣ, фидокорӣ дар ҷодаи илм, посдори фарҳангу ойини ориёӣ ва шарқиёна будани фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров академики Академияи илмҳои Россия Виталий Наумкин бо ҳусни ихлоси бузург изҳори назар намуд. Муовини директори Институти Аврупо, Россия ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои Чин Сзин Сзэ пайғоми тарҷума ва нашри академикӣ шудани китоби “Тоҷикон”-ро бо забони чинӣрасонид ва таъкид намуд, ки ин китоб дар шинохти таърихи тамоми халқҳои Осиёи Миёна ва сокинони сарҳадии Чин хело зарурӣ ва барои роҳандозии барномаи “Як қатора- як роҳ” чун тақвиятбахши Шоҳроҳи бузурги абрешим ниҳоят муфид аст. Донишманди фарзона ва нуктадони Донишгоҳи Теҳрон Ҳасан Булхорӣ бо шодию фараҳ муждаи нашри “Тоҷикон” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих”, инчунин интишори маҷмуаи ашъори шоирони тоҷик аз ҷумла устод Лоиқро дар Эрон расонид ва пиромуни аҳамияти ҷаҳонии пайкори Аллома Бобоҷон Ғафуров дар шинохти тамаддуни Ориёӣ бо самимияти хос сухан ронд. Маърӯзаи шарқшиноси фаронсавӣ Франсис Ришар бо забони шевои форсӣнамоди ғановатмандӣ ва забони илму адаби ҷаҳонӣбудани забони форсӣ- тоҷикӣ буд. Тарҷимаи “Тоҷикон” бо забони франсавӣ ин шаҳпули бузурги фарҳангӣ байни Осиё ва Аврупо гардид, ки хизмати ин донишманд ва тарҷумони мумтоз лоиқи қадршиносист. Бо забони урдӯ тарҷума намудани “Тоҷикон”-ро доктори таърихшиносӣ Навшоҳи Ориф аз Покистон шарафи бузург дониста, қайд намуд, ки шибҳаҷазираи Ҳинд як пораи таърихии Ориёст ва шиносоии ин мардумон бо “Тоҷикон” дарёфти арзишҳои таърихии худ аст. Иброҳим Истамбулӣ бо муҳаббат изҳор дошт, ки ҳарчанд давлати Сурия дар мушкилоти сиёсию иқтисодӣпечидааст, лекин тарҷума ва нашри академикии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони арабӣ анҷом дода шуд, зеро дар худшиносии арабҳои суриёнӣ чунин тадқиқоти фарогир барои бедории миллӣ зарур аст. Ҳарчанд ду маротиба бо забони арабӣ дар Миср китоби “Тоҷикон” тарҷумаву нашр шудааст, вале то ҳол талабот ба ин китоб дар ҷаҳони араб ва сомизабонони олам зиёд аст. Таваҷҷӯҳи донишмандони олам бахусус шарқшиносон ба ин шаҳкитоби мукаммал ва фарогири мавзуҳои баҳсноки Шарқ ва исботи онҳо бо далелҳои илман асоснок дар солҳои охир хело боло рафтааст. Маърӯзаи илмӣ ва коршиносонаи Пешвои муаззами Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров пажӯҳиши мукаммал дар асоси мадракҳои илмӣ ва таърихӣ буда, ангезаи арзишманди тарбиявӣ ва ҳидоят ба сӯи шинохти асолати таърихии миллат гардид. Нуктаҳои ҷолиб ва оянданигарона ин пешниҳоди таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ ва чопу ба тамоми оилаҳои Тоҷикистон ҳадя сохтани китоби “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ буд, ки бо хушнудиву шодӣпазируфта шуд. Ин иқдоми накӯ, фарҳангӣ, миллатсоз, эҳёгаронаи Пешвои муаззами Миллат идомаи он зинаҳои тақвиятбахши Истиқлол, озодӣ, ташкили давлат бо ормонҳои наҷибу фархундаи Ориёист, ки тоҷикро ба асли хеш мерасонад, то наслҳои бедору закӣ баҳри зиндасозии шаҳомати Озодагон кору пайкор намоянд. “Шоҳнома” – симурғи ҷонбахшои Ориёзодагон аст, ки дар хеш тамоми шаҳомату шукӯҳ ва осору унсурҳои таъриху фарҳанги ориёии миллатро гирдоварию таҷассум сохтааст ва шиносоӣ бо он шинохти таърихи ниёгони хеш асту дарси бузурги Ватандорӣ, мардонагӣ, ростӣ, хирадмандӣ, меҳру вафо, одамият, ҳикмати покию некӣ ва ҷасорату паҳлавонӣ. “Шоҳнома” ва “Тоҷикон”-ду шаҳболи тавонои миллат, ду шаҳболи Симурғи ҷонбахшой ҳастанд, ки яке бо назм ва дигаре бо наср ҳар яке тули сисолӣ навишта шудаанд, ки бисёр рамзист. “Шоҳнома”- и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ (934-1020) бузургтарин ҳамосаи миллии Ориёист, ки фарогири фалсафаи ростию хирадгароӣ, далели таърихи бостонӣ, ҷилои илму адаби инсонсозу даҳршинос, намои сиёсати ваҳдатгарою боадолат, шукуфаи фарҳангу иҷтимои инсонмеҳвар ва ойинадори андарзи пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек аст. Бино бар таъбири аввалин рисолаи илмӣ дар фирдавсишиносӣ “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”- и ӯ”- и Устод Садриддин Айнӣ(1934) “Шоҳнома”-и безавол ҳамосаи ватандорӣ ва муборизаи некӣ бар бадист. Дарунмояи ҳикмати ин шоҳасари беҳамто ва шаҳкории хиради малакутии инсон нумӯъ зи ин мабдаъ дорад:

Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Бо маниши нек зистан, нек андешидану бо некӣгуфтору амал ва пайкори некӣ бо бадӣ чун хати сабз зи оғоз то интиҳои “Шоҳнома”- ро фарогир аст. Ҳақ бар ҷониби фирдавсишиноси тавоно ва шоҳномапажӯҳиши мумтоз Ҷамолиддин Саидзода аст, ки “Шоҳнома”-ро бояд чун “Гимни мардумони эронитабор, оинаи тамомнамои эроният ва баёнгари рӯҳи бузурги эронӣ, китоби хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ, далели ҷовидонагии ақвоми Ориёӣ...” бишносем. (Ҷ. Саидзода “Фирдавсӣ –шоири паёмрасон” Д-бе-2022 саҳ.12-13). “Шоҳнома”- ҷамъбаст ва хулосаи асотири бостонии ориёӣ, зиндасозандаи аҳкомҳои “Авасто”, гулчини достонҳои “Худойномак”, ба риштаи назм кашидани “Шоҳнома”-ҳои Масъуди Марвазӣ (в.955), Абӯмансурӣ (в.957), Абулмуайяди Балхӣ(в.963) ва ба зевари таъби солим баркашидани дурдонаҳои достону ривоёти озодагону кундоварон ва паҳлавонони эронитабор аст. Ҳаким Фирдавсӣ инқилобе дар ҷони бедорон афрӯхта, оташакеро, ки шоир Дақиқӣ бо ҳазор байти ватандорӣ вогузошт ба гулхани бузурге мубаддал сохта, равшаноию гармӣ ба дилҳо овард ва ба ҷовидонагӣ бипайваст. “Шоҳнома”- фарҳангу булуғи фари инсонист ва паёми бедорӣ. Ҳарчанд бо гузашти айём дар пайравии “Шоҳнома” достонҳои “Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ, “Луҳроспнома”, “Сомнома”-и Ҳоҷуи Кирмонӣ, “Баҳманнома”- и Эроншоҳи Абулхайр, инчунин “Фаромарзнома”, “Барзунома”, “Шаҳриёрнома”, “Бежаннома” ва даҳҳо достони ҳамосӣ навишта шуданд, аммо ба пояи сухан ва ғурури ватансароии Фирдавсӣ нарасидаанд. Рӯҳи бедори ориёӣ ва эроният дар “Шоҳнома” бо шаҳомати ҷаҳонпаҳлавон Рустами Дастон, покиву ҷасорат, ободкорию меҳр ва сулҳталабӣ дар тимсоли Сиёвуш, фарри хуршедии давлатдорӣ дар пайкори Ҷамшеду Фаридуни фаррухпайк, Кайхусрав Ардашери Бобакон, хираду ростӣ, адлу покӣ дар ойни Зардушт ба ҷавлон аст. “Шоҳнома” –бузургтарин ганҷ ва сарвати маънавии ориёист, ки забон, ҳикмат, афкор, андеша ва русуми озодагонро зинда намудааст, агар ба қавле Фирдавсӣ набуд, эроният аз миён мерафт. Шинохти “Шоҳнома” –шинохти миллат, таърих забон, фарҳанг ва асолати эронист.

Агар Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо “Шоҳнома”-и безаволи хеш сипаре бар ҷони миллат аз зарбаҳои ҷонсӯзи аҷнабиёни бадавию кучманчӣ шуда бошад ва Аҷамро аз маргу нобудӣ, фаною нестшавӣ зинда карда бошад, Аллома Бобоҷон Ғафуров бо “Тоҷикон”- и беҳамтои худ муште бар даҳони душманони таъриху фарҳанг, забону адаби ҳафтҳазорсолаи тоҷик задааст. Ин иқдоми наҷиб ва фарҳангӣ арзиши бузурге дорад дар сохтани насли бедор худогоҳ, фарҳангӣ, озода, ориёӣ ва ихтирокору накуандеш, ки самараи он солҳои наздик бар коми миллат ва фарҳанги ҷаҳонӣ мерасад. Чашми он дорем, ки аҳли зиё, рушанфикрони ҷомеа, адибону рузноманигорон, филмноманависону киносозон, оҳангсозону рассомон ин пешниҳоди фарҳангиро бо дилу ҷон қабул намуда, ба пажӯҳиши ин ду Шаҳболи Эҳёсози Тоҷик мепардозанд ва асарҳои хештаншиносона барои миллат меофаранд. Зеро дастрасӣ ба ҷаҳони иттилоъ бо технологияи муосир осону дастрас аст ва баҳри мутобиқшавӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи арзишҳои асолати миллӣ, воридсозии иттилооти муфиди фарҳангию таърихӣ аз ин ду асари беназир қарзи фарзандӣ ва фари фарзонагист.

Зеро:

Ҳарф ҳарфу вожа вожа “Тоҷикон” қомуси мост,

Зиндасози таърихи ҳафт пушти бономуси мост.

ё,

Маснади “Шоҳнома” Қуръони дарист,

Минбари Фирдавсӣ худ пайғамбарист.

Аминҷон Зарифӣ,

омӯзгори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод

2024-10-11 20:44:02

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии Ҷумҳурҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии Ҷумҳурҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.

2024-10-11 09:13:10

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ПАРЛУМОНӢ - ИШТИРОКДОРОНИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот оид ба қабули санади муҳиму тақдирсоз – Конститутсия ва нақши он дар рушди парламентаризми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат қабули Конститутсияро яке аз қадамҳои аввалин ва устувори ҷомеаи мо дар роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номиданд.

Зикр гардид, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кишвари мо бо мушкилоти азими сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд.

“Дар чунин шароити мураккаб иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки роҳбарияти нави кишварро интихоб намуд, ба ваҳдати миллӣ асос гузошта, роҳро ба сӯи ҳаёти осоишта, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва қонуният дар кишвари мо боз намуд”, - таъкид намуданд Сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи нави аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ кард.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияи навро дар барпосозӣ ва рушди низоми комилан нави парламентаризми миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Парлумони Тоҷикистон ба ҳамаи талаботи парламентаризми байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар арсаи байналмилалӣ фаъолона баромад мекунад ва пайваста робитаҳоро бо парлумонҳои кишварҳои дигар мустаҳкам менамояд.

Ба иштирокдорони мулоқот муроҷиат карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “кишварҳои шумо низ дар сафи шарикони наздик, боэътимод ва боварибахши мо қарор доранд”.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкории кишварҳо, аз қабили робитаҳои башарӣ, дар асоси умумияти фарҳангиву таърихӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки мақомоти қонунгузори кишварҳои мо метавонанд барои инкишофи созандаи ин раванд мусоидати ҷиддӣ намоянд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки тавассути гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 80 парлумони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии парлумонӣ робита барқарор намуда, онҳоро рушд дода истодааст.

Аснои суханронӣ ба ҳамкории парлумонҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар ҳамкории зичро барои ҳифзу таҳкими сулҳу субот ва таъмини некуаҳволии мардумони кишварҳои мо зарур шумурданд.

Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки чорабиниҳои имрӯза барои муайян кардани уфуқҳои нави шарикии васеи кишварҳо хидмат хоҳад намуд.