
ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ОҒОЗ ШУД
2024-11-08 07:31:36
Имрӯз дар
Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи даври чоруми озмун Анвар Сафарзода, сардори раёсати маориф,
фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед
Ҷӯразода – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод
Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои дахлдор, 10 нафар ҳайати
комиссияи ҷумҳуриявии озмун, ҳайати ҳакамон, комиссияи аппелятсионӣ, муовинони
соҳавии раисони вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри
Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иштирокчиёни даври чоруми озмун,
масъулони номинатсияҳо, меҳмонон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳ иброз гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
кишвар озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аҳолӣ дастгирии васеъ
пайдо кардааст, ки ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат аз баргузории ин
озмунҳо, пеш аз ҳама дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону
сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш, китобу китобхонӣ миёни аҳолии
кишвар ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик аст.
Таъкид гардид, ки дар баробари баргузории дигар озмунҳо соли шашум аст, ки
Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани
завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару
сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ миёни аҳолии кишвар таҳти
сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Зикр шуд, ки имсол дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар довталаб
иштирок намуда, нисбат ба соли гузашта 11 ҳазору 609 нафар зиёд мебошад. Дар даври дуюм 49267 нафар ва дар даври
сеюм 3742 нафар ширкат карда, 574 нафар ба даври чорум роҳ ёфтанд.
Баъд аз маросими кушодашавӣ иштирокчиён ба номинатсияҳо тақсим шуда, озмун
кори худро дар толорҳо шуруъ намуд. Сабқат миёни хонандагони муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоии касбӣ (синфҳои 5-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти
миёнаи касбӣ (донишҷӯёни курси 1-4) аз 14 то 16 ноябр ва миёни омӯзгорони ҳамаи
зинаҳои таҳсилот рӯзҳои 17 – 19 ноябр баргузор мегардад.
