
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР КОЛЛЕҶИ МИЛИТСИЯ
2024-11-10 17:48:21
Дар Коллеҷи
милитсияи ВКД Ҷуиҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар ш.Кӯлоб бахшида Рӯзи
миллитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он сардори Коллеҷи
милитсия подполковники милитсия Нуруллозода Меҳрулло, кормандони мақомоти ҳифзи
ҳуқуқ ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро
Нуруллозода Меҳрулло бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, кормандони мақомоти
корҳои дохилиро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., ба ин санаи шарафманд муборакбод
гуфта, аз қаҳрамониву далерии кормандони мақомоти қудратӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои
шаҳрвандон ва таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар шуд. Дар идомаи
маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик як қатор кормадони фаъоли Коллеҷи
милитсия бо Сипосномаи роҳбарияти муассиса сарфароз гардиданд.
Дар охир аз
ҷониби ҳунармандонӣ шаҳри Кӯлоб бахотири болидаруҳии афсарону кормандон
консерти идона ташкил карда шуд.

