
КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ МУҚАДДАСУ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ
2024-11-05 11:14:01
Рӯзи
6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик як санаи муҳим ва таърихӣ маҳсуб
мешавад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санади муқаддас, ки ҳамчун қонуни асосӣ
шинохта мешавад, на танҳо пояҳои ҳуқуқии давлатдории миллиро муайян кард балки
заминаи устувори сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҳаматарафаи
Тоҷикистонро гузошт.
Тоҷикистон аз
соли 1929 то имрӯз панҷ маротиба Конститутсия қабул кардааст. Ин санадҳо дар
солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 таҳия шуда, ҳар кадоме дар шароити муайян
низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқиро танзим мекарданд. Вале Конститутсияи амалкунанда,
ки соли 1994 қабул гардид, аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дорад.
Меъёрҳои он ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ буда,
ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, адолат ва баробариро
кафолат медиҳад.
Дар солҳои аввали
истиқлолият, вақте ки кишвар аз буҳронҳои амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
мегузашт, қабули Конститутсия як иқдоми муҳим ва зарурӣ буд. Вазъияти мураккаби
солҳои 90-ум, ки бо низоъҳои дохилӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ тавсиф мешуд, талаб
мекард, ки як санади ҳуқуқии бунёдӣ қабул карда шавад, ки суботу ҳамдилии
миллатро таъмин намояд. Конститутсия ҳамчун қувваи муттаҳидсоз ва роҳнамо ба
низоми нави демократии Тоҷикистон хизмат намуд.
Бо шарофати Конститутсия, сохторҳои
давлатдории миллӣ таҳким ёфтанд ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар сатҳи қонунӣ
ҳифз гардиданд. Муқаррароти он на танҳо адолат ва баробариро кафолат медиҳанд,
балки ҳуқуқи ҳар як шахсро ҳамчун як арзиши муқаддас таъкид менамоянд. Ба ҳамин
тариқ, Конститутсия на танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлолият ва
ваҳдати миллӣ мебошад, ки тамоми мардумро бо ҳадафҳои умумӣ муттаҳид месозад.
Конститутсия
заминаи ҳуқуқии давлатдории миллиро ташкил дода, бо муқаррароти худ ҳамаи
самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим мекунад. Он бо муайян намудани
сохтори давлатдорӣ, тақсимоти салоҳиятҳо миёни ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва
судӣ, ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, як низоми устувор ва муосирро ба вуҷуд
овард. Ин санад ҳуқуқи шахсӣ, озодии баён, озодии эътиқод ва ҳуқуқи иштирок дар
ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварро кафолат медиҳад.
Мувофиқи моддаи
якуми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ
шудааст, ки вазифаи асосии он ҳифз ва таъмини зиндагии арзанда барои тамоми
шаҳрвандон мебошад. Давлат ба табақаҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла кӯдакони
ятим, маъюбон, пирони дастнигар ва оилаҳои камбизоат, ғамхорӣ ва ҳимояи
махсусро фароҳам меорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид
мекунанд, ки баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва таъмини шароити
зиндагии шоиста яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад.
Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ
ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба таври васеъ эътироф намуда, кафолати
иҷрои онҳоро таъмин мекунад. Афзалияти ин санад дар он аст, ки барои аввалин
бор ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи конститутсионӣ баррасӣ ва эътироф
гардидаанд. Давлат уҳдадор аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳифз намуда, барои риояи
онҳо кафолат диҳад. Ҳар як шахс уҳдадор аст, ки талаботи Конститутсияро риоя
кунад ва дар сурати вайрон кардани қонун ҷавобгар хоҳад буд. Масалан,
Конститутсия ҳуқуқи ҳар як шахсро ба озодии баён, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва
иҷтимоӣ, моликият ва меҳнат таъмин менамояд. Ин меъёрҳо дар қонунгузории кишвар
ба таври муфассал таҳия шудаанд ва тамоми фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ дар асоси
ин принсипҳо амалӣ мегардад. Дар шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ, ки бо хатарҳои
гуногуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ аст, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти
бузург дорад.
Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин ҳифзи
арзишҳои миллӣ, расму оинҳо ва забони давлатии тоҷикӣ ҳамчун муқаддасотро ба
танзим меорад. Забони тоҷикӣ расман ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардида,
коргузорӣ ва муомилоти расмӣ бо ин забон сурат мегирад. Ин меъёрҳо на танҳо
ҳувияти миллиро ҳифз мекунанд, балки таъмини рушди фарҳангии кишварро низ
кафолат медиҳанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ва арзишҳои гуногун бо
ҳам бархӯрд мекунанд, ҳифзи арзишҳои миллии мо аҳамияти хос дорад. Конститутсия
на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки як сарчашмаи ваҳдат ва сарбаландии миллии
мост, ки моро ба эҳтироми фарҳанг ва таърихи худ даъват менамояд.
Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин санади муқаддасу тақдирсоз аст, ки заминаи давлатдории
ҳуқуқбунёдро гузошта, ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷомеа ва давлатро танзим
менамояд. Он на танҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳифз мекунад, балки ҳамчун
раҳнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар амал менамояд. Ҷашни 30-солагии
қабули он моро водор месозад, ки бо ифтихор ба арзишҳои миллӣ, қонун ва
масъулияти шаҳрвандӣ эҳтиром гузорем.
Ҳар яки мо
вазифадорем, ки талаботи Конститутсияро риоя кунем ва саҳми худро дар ҳифзи
арзишҳои миллии худ гузорем. Танҳо бо дониши ҳуқуқӣ ва эҳтироми арзишҳои
демократӣ мо метавонем ҷомеаи устувор, пешрафта ва адолатпарвар бунёд намоем.
Конститутсия – ин бахтномаи сарнавиштсози миллати тоҷик аст, ки моро ба сӯи
ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебарад.
Холикназар АЗИМОВ,
муовини директор оид ба
илм ва инноватсияи
Коллеҷи техникии ДТТ ба
номи академик М. Осимӣ