Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-10-21 19:47:36

ОБ ҚУДРАТ АСТ

Об ҳамчун унсури офариниши ҳаёт ва бақои он асрори хешро миёни чаҳор унсури ҳастиофар бештару равшантар намуд. Ҳикмати «Об-ҳаёт», «Об-рушноӣ» ва «Об-ободӣ» ниҳоят ба дарку фаҳми аҳли илму хирад, сиёсатмадорону сарватмандони олам расид ва ибтидои асри XXI аз минбари баланди СММ садои хирад, ҳушдори қатъӣ ва пешниҳоди оқилонаю ҳакимонаи Сарвари закию дурандеш, Пешвои тоҷикони олам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гӯши ҷаҳониён бирасид.

Чор ташаббус ва пешниҳоди арзиши бузурги умумиинсонӣ, умумисайёравӣ, мантиқию илман асоснок, манфиати сиёсию иқтисодӣ, инчунин роҳнамоӣ ба беҳдошти иҷтимоию ҳифзи муҳитзистидоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина таваҷҷуҳи оламиёнро ба муаммои об ва роҳи ҳалли он ҷалб сохт.

Эътироф ва тасдиқи соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об - барои ҳаёт дар солҳои 2005-2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013”, ё худ “Дипломатияи об” аз тарафи СММ ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (ИМА, Ню - Йорк, 22-23 марти соли 2018) қабул гардид, бори дигар хиради созандаю инсондӯстонаи миллати фарҳангию куҳанбунёди тоҷикро дар шахсияти Пешвои хирадманди миллат нишону тасдиқ намуд.

Тоҷикистон саргаҳи обҳои фаровон асту зиёда аз 947 дарёҳои хурду бузург дорад, ки ҳар яке бештар аз 10 км дарозӣ доштаву дар маҷмӯъ беш аз 28500 километрро ташкил медиҳад ва дорои зиёда аз 2000 кулу обанборҳои хурду бузургу зиёда аз 14509 пиряхҳои хурду бузург ва захираи обҳои зеризаминӣ дар ҳаљми 51,02 км3-ро дорост.

Имрӯз мардуми сайёраи мо пешорӯи бисёр муаммоҳои умумиинсонӣ, экологӣ, вайрон гаштани эътидоли солонаи иқлиму боришот, хушксолӣ, пайдоиш ва сирояти ангезандаҳои бемориҳои маргбор, биёбоншавӣ, шӯршавии заминҳо, нарасидани оби тозаи ошомиданӣ, баланд шудани ҳарорати атмосферӣ, инчунин, ифлос ва пур аз партоб гаштани резишгоҳи дарёву рудҳо, баҳру уқёнусҳо, кӯлу обанборҳо, хушкшавии кӯлҳо, обшавӣ ва нобудшавии пиряхҳо, буриши бераҳмонаи ҷангалу бешазор, маҳв гаштани навъҳои нодири олами набототу ҳайвонот, паррандагону чаррандагон ва дигар омилҳои таъсиррасон ба ҳаёти солими инсон гардида истодаааст, ки ба меъёри қонунияти гардиши об дар табиат сахт алоқаманд аст.

Пешвои муаззами миллат аз минбари бонуфузи СММ бо дурандешӣ ва хиради азалии тољикона фарҳанги истифодаи оқилонаи об ва захираҳои обиро пешниҳод намуда, таъкид бар он доштанд, ки об муъҷизаи ҳаётофаранда аст, муносибати бохирадона ба манбаҳои асосии пайдоиши об, масрафи дақиқу санҷидаи истифодаи об кафили асосии бақои насли инсонӣ дар курраи замин аст.

Ҳифзи манбаҳои обӣ, пок доштани сарчашмаҳо, рӯду дарёҳо, кӯлу обанбор ва баҳру уқёнус вазифаи мосту фарҳанги истифодаи оқилонаи об бо технологияи муосири иттилоотию рақамӣ, кишт, сабзгардонии муҳит ва оростани боғи биҳишт дар макони зист зарур асту дигар ҳељ. Тоҷикистон иқдомгузори ин инқилоби экологист дар бақои ҳаёт барои инсоният ва тамоми мавҷудоти зинда дар курраи Замин. Ҳамин тавр, об муъљиза, об қудрат ва об бақои ҳастист.

Аминҷон ЗАРИФӢ,

омӯзгори Коллеҷи политехникии

ноҳияи Зафаробод

 

2024-10-21 19:45:34

ТАРБИЯ КОРИ САҲЛ НЕСТ!

Таъмин намудани соҳаҳои гуногуни кишвар бо мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат бар дӯши зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ буда, маҳз ҳамин зинаҳои таҳсилот дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Тарбия раванди мақсадноки ташаккулёбии шахсият буда, ҷараёни идорашаванда ва назоратшавандаи ҳамкории тарбиятгар ва тарбиягирандагон аст, ки мақсади ташаккул додани шахсиятро барои ҷомеа зарур ва муфид медонанд. Зеро тарбияи дурусти ҷавонон имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тараққикарда ба ҳисоб рафта, мо кӯшиш бар он менамоем, ки ҷавононро дар роҳи дурусти зиндагӣтарбия намоем.

Имрӯз, вобаста ба омӯзиши осори тарбиявии гузаштагонамон бояд кӯдакону ҷавононро роҳнамоӣнамуда, дар руҳияи худшиносии миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ тарбия намоем, ки дар онҳо симои миллат, суннатҳои давлатдории миллӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳарчӣ бештар ташаккул ёбанд.

Аҳаммияти омӯзиши осори тарбиявии гузаштагони бузургамон аз он иборат аст, ки осори онҳо, аз қабили «Пандномаи Бузургмеҳр», «Дарахти Асуриг», «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ёри дониш»-и Абулфазл Ибни Муборак, «Синбоднома», «Тӯтинома», «Бустон» ва «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Насиҳат-ул-мулук»-и Муҳаммад Ғазолӣ ва садҳо асарҳои ахлоқии дигар адибон дар тӯли асрҳо ҳазорон одамонро, чӣ дар мамолики Шарқ ва чӣ дар Ғapб дар руҳияи адлу инсоф, некию инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардаанд ва хоҳанд кард.

Раванди таълим яке аз ҷараёни асосии яклухтии педагогиро ташкил мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин раванд дар байни ҷараёнҳои таркибии педагогика -тарбия ва инкишоф хеле мураккаб ва ҳақиқати воқеист. Барои ҳамин ҳам пурра ва ҳаматарафа муайянкунии ин ҷараён басо душвор аст. Таълим дар худ миқдори зиёди алоқамандӣ ва низоми муносибатҳои гуногуни омилҳо ва табиати ҳархеларо мегирад.

Дар гуфта ва навиштаҳои қадим ва асрҳои миёна муттафакирон таҳти мафҳумҳои «таълим» ва «раванди таълим» асосан таълимдиҳиро дар назар доштанд. Дар ибтидои асри XX ба мафҳуми омӯзиш ду қисмати раванд таълимдиҳӣ ва омӯзишро дохил карданд. Дар таълимдиҳӣфаъолияти муаллим нисбати ташкилкунии азхудкунии маводи таълимӣ, вале дар омӯзиш - ҳамчун фаолияти талабагон оид ба азхудкунии донишҳои пешниҳодшуда фаҳмида мешавад. Чанде пас дар маънои таълим фаъолияти идоракунии муаллим нисбати талабагон таҳти услуби фаолияти фаҳмидагирӣташаккул додани фаъолияти муштараки муаллимону талабагон ҳам инъикоси худро пайдо кард. Аммо мунтазам зарурати чунин муайянкунӣ барои фаъолияти амалӣ ҳатман лозим аст. Ин масъалаҳо на фақат барои хонандагон, инчунин барои муаллимон ҳам зарур аст, зеро мунтазам такмил додани мафҳумҳо на мақсади ягона, балки зарурати ҳаётӣмебошад.

Мо, таълимро фақат ҳамчун интиқол додани азхудкунии донишҳо муайян мекунем, яъне дар маркази диққати муаллим махсусан ин лаҳза бояд буд, ки омӯзишро бо якҷоягии фаъолияти муаллимон ва талабагон ифода намояд. Пас, муаллим бояд ба фаъолияти асосӣ - ҷустуҷӯкардани роҳ ва воситаҳои такомулот эътибор диҳад. Зеро талаботи замони муосир аз мактаб ба талаба фикр кардан, ҷустуҷӯнамудан ва ҳамаҷониба инкишофёбиро омӯзондан аст.

Дар ҳақиқат, тарбияи дуруст метавонад инсонро ба қуллаи баланди умед расонад. Яке аз амалҳое, ки барои инсони баркамол шудани кӯдакон нақши муҳим мебозад, ин бедор намудани завқи китобхонии онҳо ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф, яъне барои бедор намудани шавқу завқи китобхонӣ ба мо зарур аст, ки пеш аз ҳама худ китобхон бошем ва барои кӯдак намуна буда тавонем. Чунки кӯдак як хислати хуби азхудкунӣ дорад ва ӯ бештар тақлидкорӣ мекунад, яъне ҳар коре, ки мо дар муҳити хона ва ё берун аз он анҷом медиҳем, ба кӯдак таъсири худро мерасонад.

Тарбияи хуб ва таъмини шароити мусоид ба фарзандон дар айни замон вазифа ва рисолати азалии падару модарон мебошад. Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгорон якҷоя пеш бурда шавад, яъне робитаи хубу доимии мактаб ва падару модарон ба роҳ монда шавад, фарзандон, албатта ба роҳи рост мераванд ва таълиму тарбияи дуруст мегиранд. Моро зарур аст, ки дар роҳи рушду инкишофи насли наврас ва ҷавон ва дар ин самт аз донишҳои назариву амалӣ бархурдор кардани онҳо талош намоем. Дар тарбияи қишри ояндасози ҷомеа, ки насли наврас ва ҷавон аст, саҳми худро гузорем.

Шодигул АШӮРОВА,

омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор

2024-10-21 19:44:07

“ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” ИФТИХОРИ МАНУ МО

Хидматҳои шоиставу мондагорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи корномаҳои таърихии шоҳ Исмоили Сомонӣ буда, бо қадами файзбори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диёри парокандаю хароби мо ба макони сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ табдил ёфт. Сулҳу ваҳдати миллӣ дар саросарӣ кишвар ҳукмфармо шуд. Пешвои заҳматқарину сулҳофари миллат бо донишу малака ва хиради волои худ тавонист ба боварии халқ сазовор гардад. Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат дар ҳама ҷабҳаҳо нияти нек доранд ва ҳама гуна амалҳои некбинонаи хешро ҳам маҳз бо дилу нияти нек оғоз мебахшанд. Ҳамин буд, ки бо ниятҳои неку дурбинонаи Пешвои миллат ва нақшаҳои ободкорию созандагиашон сол ба сол Тоҷикистони биҳиштосо рушд карда, дар арсаи байналмилалӣ мевқеи худро устувор мегардонад.

Мо, ҷавонони зодаи даврони истиқлол низ пайравӣ ба ин шиор карда, баҳри сарсабзиву хуррамии диёри хеш ва Ватани ҳамешабаҳорамон - Тоҷикистон саъйю талош варзида, баҳри боз ҳам шукуфон гардидани Ватан саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт. Дар роҳи ҳимоят аз марзу буми кишвар, таъриху фарҳанг ва маданияти аҷдодие, ки аз насли гузаштаамон ба мо мерос мондааст, ҳозирем ҷони худро фидо созем.

Дар даврони истиқлол Тоҷикистони биҳиштосои мо ба куллӣ симои худро дигаргун кардааст, ки исботи ин ба ҳамаи мо равшану возеҳ аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар родмардони Ватан дар ин ҷода бисёр бузург аст. Бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибхирадиву шаҳрсозии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз ба куллӣ симои Тоҷикистони биҳиштосои мо дигаргун гаштааст. Душанбешаҳр, пойтахти кишварамон, яке аз зеботарину дидатарин шаҳр дар байни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ гаштааст!

Тӯли даҳсолаи охир бо қомат афрохтани бинову иншооти муҳими давлативу ҷамъиятӣ, алалхусус, таъмиру азнавсозии вазорату идораҳо ва мактабу кӯдакистонҳо, бемористону нуқтаҳои фурӯши молу маҳсулот, кошонаҳои ҳусн, биноҳои баландошёнаи истиқоматии бо тарҳи наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда, коргоҳу корхонаҳо бо симои худ ба Тоҷикистони азизамон ҳусни дигар бахшидаанд. Таъмиру азнавсозии шоҳроҳҳо, роҳҳои дохили шаҳриву байни деҳаҳо, пулу нақбҳо ва сохтмони роҳҳои оҳан аз амалӣ гаштани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, "Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ" ба ҳисоб мераванд, ки бевосита рафти корҳои роҳсозию мумфаршкунии роҳҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорат карда шуда, ба роҳсозон дастуру супоришҳои мушаххас барои саривақт ва бо сифати баланд иҷро гардидани корҳои роҳсозию мумфаршкунӣ дода мешавад. Баҳри пешрафту шукуфоии Точикистони азизамон ҳадафи чоруми стратегӣ"Саноатикунонии босуръати кишвар" қабул гардид, ки ин заковати баланди давлатдориро инъикос мекунад. Барои иҷро гардидани ҳадафи чоруми стратегии кишвар дар сар то сари кишвар саноатикунонии босуръат идома дорад, ки метавонад ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ мусоидат кунад. Пайваста сафар кардан ба вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои дурдасти кишвару аз наздик шинос шудани Пешвои миллат аз зиндагии мардум ин худ аз соҳибхирадиву дониши баланди эшон дарак медиҳад. Ба ҳар ҷое, ки сафар кунанд, бо сокинону зиёиён ва аҳли илму маорифи суҳбат карда, маслиҳатҳои муфиду судмандро баҳри иҷрои камбудиҳои ҷойдошта дода, таъкид менамоянд, ки мо бояд муттаҳид шавем ва аз як гиребон сар барорему Ватани азизу маҳбуби хешро ободу зебо ва ҳифз кунем.

Бо вуҷуди ин ҳама ободиву созандагӣ, ҳастанд ашхосе, ки пешравию муваффақиятҳои моро нодида гирифта, мехоҳанд, амалҳои номатлуб ва ғаразноки худро амалӣ созанду хушиву осудагии моро барҳам зананд. Баҳри амалӣ кардани нақшаҳои палидонаи худ аз тамоми роҳу восита истифода карда, мехоҳанд ҳокимиятро ба даст оварда, мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд. Вале мо бояд, барои амалӣ нагаштани ин мақсадҳои нопоки душманон аз донишу малакаи худу олимону фозилон, донишмандону зиёиён истифода бурда, Ватани азизу маҳбуби хешро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ, ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ, ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!

Мӯсозода Шервон, мутахассиси раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосиботи 

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-10-21 13:09:40

Маҳфили “Ганҷи сухан” ва конференсия илмӣ-адабӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

 

18 октябр дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти толибилмон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Забони миллат-пояи миллат” дар ҳамбастагӣ бо маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” доир гардид.

Дар конфронс роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Рахнамо, роҳбари Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, шоири шинохта Гулноз Тоҳириён, роҳбарияти муассиса, омӯзгорону кормандон ва донишӯён иштирок намуданд.

Нахуст, директори муассиса Мавлонзода Алимат Ҳакбердӣ оиди эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти забони тоҷикӣ суханронӣ намуда, доир ба бузургии забони модарӣ андешаҳои судманд ироа намуд.

Зикр гардид, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ буда, агар забони миллат аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллӣ, ифтихори ватанпарастӣ ва ҳуввияти давлатдориашро аз даст дода, ба забону тамаддуни халқиятҳои бегона мегаравад ва оқибат завол меёбад

Сипас, Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода дар боби эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёёбад, китобхониву илмомӯзӣ ва фазилати донишандӯзӣ андеша ронданд.

Дар рафти маҳфил аз тарафи директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Точикистон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Тоҷикистони озоди ман" бахшида ба 30-юмин солгарди Суруди миллии Точикистон маърузаи пурмӯҳтаво оид ба шарҳи Суруди миллии Точикистон ироа гардид.

Дар рафти чорабинӣ шоир Гулноз Тоҳириён дар бобати бузургдошти забон суханронӣ намуда, шеърҳои тозаэҷоди хешро баҳри ҳозирин қироат намуд. Сипас, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Мӯнисахон Умарова дар мавриди “Забони миллат- пояи миллат" маърӯза намуд.

2024-10-21 09:36:01

ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ХУСУСИИ МУЪМИНОБОД БАРГУЗОР ГАРДИД

Тибқи дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" аз санаи 16.10.24 то 18.10.24 даври якуми Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни Коллеҷи тиббии хусусии ноҳияи Муъминобод ташкил ва баргузор карда шуд.

Олимпиада тибқи талаботи Низомнома аз 5 фаннӣ таълимӣ: математика, физика, биология, химия ва информатика тариқӣ тестӣ ва хаттӣ гузаронида шуд, ки дар он теъдоди зиёди донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Баъди ҷамъбасти даври якуми ғолибон барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба унвонии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

 

2024-10-19 16:57:58

ОЗМУНИ “ДАСТОНИ МОҲИР” - ВОСИТАИ ҲУНАРМАНДНАМОИИ ҶАВОНДУХТАРОН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкасб ва ҳунарманд намудани ҷавонон бо ташаббуси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ озмуни муассисавӣ таҳти унвони “Дастони моҳир” баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ директори Коллеҷ, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Зуҳурзода Заррина Ҳабибулло, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Исайнӣ, намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни таълимгоҳ ширкат варзиданд.

Нахуст директори таълимгоҳ Зоир Ғафурӣ дар бораи иқдомоти бузургу арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон сухан гуфта, донишҷӯёнро дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхорӣ ба донишандӯзию касбомӯзӣ ва худшиносию ватандӯстӣ ҳидоят кард.

Дар идома Зарина Зуҳурзода баромад карда, иброз дошт, ки Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо тарбияи кадрҳои соҳибкасбу ҳунарманд ва иқдомоти муҳим саҳми худро дар баргузории чорабиниҳои ноҳияи Шоҳмансур мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки дар озмун иштирокчиён аз рӯйи наминатсияҳои саломнома, ороиши дастархон, омода намудани хӯриш, пешниҳоди рақс, омода намудани кулчақанд, тайёр кардани нони тоҷикӣ, хониши аллаи модар, ороиши мӯй ва намоиши либосҳои миллӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Дар идома Саодат Исайнӣ ба ҳунару иштироки донишҷӯён баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ин иқдом ва кашфи чеҳраҳои соҳибистеъдод самараи Истиқлоли меҳан буда, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони саодатманди тоҷик фароҳам оварда шудааст.

Дар охир ҳайати дастаҳо бо диплом қадрдонӣ гардида, ба омӯзгор Сайёра Холиқова ифтихорнома ва аз ҳисоби Иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯёни Коллеҷ мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ба дигар сарпарастони гуруҳҳои академӣ, ки дар озмун иштироки фаъол доштанд, барои мусоидат дар ташкили озмун ифтихорнома тақдим гардид.

 

 

2024-10-19 16:54:53

ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "МАЛАКАИ КАСБӢ" ДАР НТҶ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар Муассаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет технология, дуредгар, дӯзанда, монтиёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ санитарӣ гузаронида мешавад.

Мақсади асосии гузаронидани озмун такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо мебошад.

Дар даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 9 муассиса 85 нафар хонанда аз рӯи 10 ихтисос иштироки фаъолона намуданд.

Баъди ҷамъбасти натиҷаҳои озмун 30 нафар хонандагон ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Озмун дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якуми озмун дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон гузаронида мешавад.

Баъди ҷанбасти даври якуми озмун даври ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, ки дар он ғолибони даври якуми озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

Дар даври ҷумҳуриявӣ ғолибон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд.

2024-10-18 19:04:25

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Тибқи дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" аз санаи 15.10.24 то 17.10.24 даври якуми Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни Коллеҷ

ташкил ва баргузор карда шуд.

Олимпиада тибқи талаботи Низомнома аз 5 фаннӣ таълимӣ: математика, физика, биология, химия ва информатика тариқӣ тестӣ ва хаттӣ гузаронида шуд, ки дар он 85 нафар донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Олимпиадаи мазкур дар озмоишгоҳои физика, химия, информатика, кабинетҳои фаннии биология ва математика гузаронида шуда, ҳайати комиссияи озмунӣ раванди баргузории онро назорат намуда, ба дониши назариявӣ ва амалии иштирокчиён баҳогузорӣ намуданд.

Зимни натиҷагирӣ ғолибон барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба унвонии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

 

2024-10-18 19:00:08

АКСИЯИ ТАҚДИМИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ба истиқболи 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълони гардидани солҳои таҳсили 2024 -2025 "Солҳои хониши асарҳои Пешвои миллат" аз ҷони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тақдими асарҳои Пешвои миллат доир гардид.

Маврид ба зикри хос аст, ки баргузории чунин аксия бозгӯи садоқату муҳаббат ва самимияти омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки асарҳои Пешвои миллат таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии тоҷиконро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

2024-10-18 18:54:42

ДАР КОЛЛЕҶИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДАИ ШАҲРИ БОХТАР" ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" санаи 17 октябри соли ҷорӣ дар МДТ "Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар даври якуми Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз рӯйи фанҳои таълимии математика, биология, химия, физика ва информатика баргузор гардид, ки донишҷӯёни муассиса дар он ширкати фаъолона варзиданд.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани даври якуми олимпиада, иштирокчиён аз рӯйи номминатсияи фанҳои таълимӣ ба синфҳои муайянгардида тақсим шуда, рафти иҷрои он аз ҷониби масъулин назорат карда шуд.

Озмун тибқи талабот дар шакли тестӣ баргузор гардида, иштирокчиён ба саволномаҳои тестӣ ҷавоб гардонидан ва дар натиҷа ғолибон муаян гардида ба даври ҷумҳурииявӣ роҳхат пайдо намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯёне, ки дар даврҳои минбаъдаи олимпиада сазовори ҷойҳои намунавӣ мегарданд, аз ҷониби роҳбарияти муассиса қадрдонӣ карда мешаванд

 

2024-10-18 18:50:28

ЧОРАБИНИИ ҲАРБӢ - ВАТАНДӮСТӢ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ "ХИЗМАТИ ИН ВАТАН АГАР, МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?!"

Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як ҷавонмард мебошад. Аҷдодони мо ин ҳуввияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу ташвиқ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоятгарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист. Мо бояд Ватанамонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ин нуқтаҳо дар ҳамоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом таҳти унвони “Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!”, ки санаи 17 октябри соли равон дар толори коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом ташкил ва баргузор гардид, баён шуданд.

Дар ҷорабинии мазкур раиси Шӯрои собиқаодрони ҷангу меҳнат Ғаниев Наимҷон, намояндаи комиссариати ҳарбӣ , майор Саидмуродзода Достон ,директори коллеҷи омӯзорӣ Расулова Марҳабохон , волидону сарбозони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда, сарбозони қисми низомии 04080, ҷавонони синни даъватӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва волидайни якчанд сарбозон иштирок доштанд.

Нахуст чорабиниро раиси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки воқеан, хизмат ба Ватан ин рисолати бузург буда, ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як инсон, алалхусус ҷавонони ба ору номус мебошад. Нишонаи ҷавонмардии ҳимоятгарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд.

Ҳамчунин намояндаи МИҲД - шаҳр, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Ғаниев Наимҷон, перомуни мавзӯи дар боло зикргардида баромад намуда, таъкид доштанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси мо, кафили таҳкими истиқлолӣ давлат мебошад. Мо , шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияту оромии мамлакати соҳибистиқлол ҳама якдилона талош кунем.

Ҳамзамон сарбозони адои хизматнамуда ва модаронашон бо як ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ баромад карданд.

Директори муассиса Марҳабо Расулова низ бо овардани иқтибосҳо аз суханони падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда ,аз ҷавонон даъват ба амал оварданд,ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҳамеша омода бошанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ба сарбозоне, ки хизмати Ватанро софдилона иҷро намуда истодаанд, арзи сипос баён гардида, чун арзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо ба якчанд волидайни адои хизматнамуда Раҳматнома супорида шуд.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузории чунин аксия ва ҳамоишҳо ин бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва саҳмгузоштан дар ҳифзи марзу буми кишвар ба ҳисоб рафта, ба ин васила мо метавонем, ҷавононро ба меҳанпарастию хештаншиносӣ ҳидоят карда бошем.

 

2024-10-18 18:46:01

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИВӢ ДАР ДОИРАИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Бо мақсади амали намудани ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва конференсияҳо дар доираи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 октябри соли равон дар Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия - шаҳодатномаи давалати соҳибихтиёр” бо иштироки муовини раиси Ёвон Абдуллозода Саёҳат ва ёрдамчии калони прокурори Ёвон Мирзозода Баҳодур баргузор карда шуд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои хонадагон муассиса дидан намуда, баҳои баланд доданд.

Дар оғоз директори муассисаи меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки 6 ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардум Конститутсия, ҳуҷҷатисарнавиштсозро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи кишвари мо ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст, зеро дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос ёфта, вобаста ба рушди давлатдории миллӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, дар идомаи кори конференсия Абдуллозода Саёҳат – муовини раиси ноҳия ва Мирзозода Баҳодур – ёрдамчии калони прокурори ноҳия суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрвандимамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Ҳамзамон, аз ҷониби дигарбаромадкунандагон вобаста ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба 3 нафар хонандагони Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон, ки дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” сазовори ҷойҳои намоён гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфтанд, бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.

 

2024-10-18 07:05:49

ДАР ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ БА НОМИ А. ҚАҲҲОРОВИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДА БАРГУЗОР ГАШТ

Аз санаи 14 октябр то 17 октябри соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои дастури Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" дар Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конидом даври якуми олимпиада дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ғолибони ҷойҳои якум барои иштирок дар ҷумҳуриявии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳхат гирифтанд.

 

2024-10-18 07:03:58

ДАР КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" санаи 16 октябри соли ҷорӣ дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе даври якуми Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз рӯйи фанҳои таълимии математика, биология, химия, физика ва информатика баргузор гардид, ки донишҷӯёни муассиса дар он ширкати фаъолона варзиданд.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани даври якуми олимпиада, иштирокчиён аз рӯйи номминатсияи фанҳои таълимӣ ба синфҳои муайянгардида тақсим шуда, рафти иҷрои он аз ҷониби масъулин назорат карда шуд.

Озмун тибқи талабот дар шакли тестӣ баргузор гардида, иштирокчиён бо пур кардани саволномаҳои тестӣ фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯёне, ки дар даврҳои минбаъдаи олимпиада сазовори ҷойҳои намунавӣ мегарданд, аз ҷониби роҳбарияти муассиса қадрдонӣ карда мешаванд.

2024-10-18 07:01:50

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ"

Санаи 17 октябри соли 2024 тибқи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ ва мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 24 сентябри соли 2024, №675 даври якуми озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур 35 нафар донишҷӯёну омӯзгорон фаъолона иштирок намуданд.

Ҳайати комиссияи озмуни фаъолияти худро дар доираи Низомнома ба роҳ монда, омӯзгорону донишҷӯён аз номинатсияҳои зерин баромад намуданд:

-эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;

-қироати беҳтарин шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;

-иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;

-иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳи дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;

Комиссия корро шаффофона ба роҳ монда, беҳтаринҳоро ба даври дуюм (ноҳиявӣ) роҳхат доданд.

 

2024-10-18 06:59:59

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Меҳргон таҳти унвони “Меҳргон ҷашни ниёгони миллати тоҷик” чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раёсати коллеҷ ва ҳамзамон меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, инчунин роҳбарони якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва намояндагон аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ иштирок намуданд.

Нахуст ҳозиринро директори коллеҷи техникӣ, доктори илмҳои техникӣ и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон бо ҷашни аҷдодиамон “Меҳргон” табрику муборакбод намуда, аз таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии ин ҷашни қадимаи аҷдодиамон ёдовар шуданд.

Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад.

Дар саҳни коллеҷ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, дастранҷи марди деҳқон, ки бозгӯи фаровонии дастархони мардум мебошад, рамзи фаровонӣ ва ҷамъоварии ҳосилу баракати рӯзгор арзёбӣ мегардад, ба марази тамошо гузошта шуд.

Дар намоиш ҳосили фаровон, полезиҳо, сабзавотҳо ва меваҳои гуногун, инчунин ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи факултетҳои коллеҷ дар сатҳи баланд ташкил ва пешкаш карда шуд.

 

2024-10-17 17:49:51

ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРОНИ ЛИТСЕЙҲОИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ ВА ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР БАРНОМАИ “ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНИ”-И ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА

Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати муаррифии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ инчунин, ҷалби шаҳрвандон ба курсҳои кутоҳмуддат ва касбомӯзӣ директорон ва муовинони директорони литсейҳои касбии техники шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар барномаи “Дунё пур аз ҷавони”-и Муассисаи давлатии телевизиони Сафина иштирок ва суханронӣ намудаанд.

2024-10-17 17:43:29

ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ НУРОБОД БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 17.10.2024 дар Коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод даври якуми олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур аз тарафи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Ҳадаф аз ташкили олимпиада амалигардонии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" мебошад.

Сунаътулло Баротов, мудири кафедраи фанҳои табии - риёзӣ қайд намуд, ки олимпиада аз фанҳои таълимии математика, биология, химия, физика ва информатика гузаронида мешавад. Ҳоло доираи васеи донишҷӯёни коллеҷ аз фанҳои мазкур ширкат намуда, донишу маҳорати худро санҷида истодаанд.

Гуфта шуд, ки пас аз ҷамъбаст гардидани даври якуми олимпиада ғолибон ба даври навбатӣ роҳхат гирифта, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ донишсанҷӣ мекунанд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар Коллеҷ маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шудааст, ки донишҷӯён берун аз соатҳои дарсӣ бо омӯзгорони касбӣ ба омӯзиш машғул мешаванд. Аз ҷумла, фаъолияти маҳфилҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чашмрас ҳастанд.