
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2024-11-17 09:15:18
Бо мақсади таҷлили сазовори 32-юмин
солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Коллеҷ бо иштироки меҳмонон, кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён
ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шурои олии Тоҷикистон ва нақши он
дар таърихи миллати фарҳангсолори тоҷик” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур ходими давлатию
ҷамъиятии Тоҷикистон Мусоева Рафиқа Ғаниевна, шоир, ёвари раиси Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон Акбар Абдулло, мутахассиси раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаҳонгири Маҳмадзоир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавзуъҳои
меҳварии ҳамоишро «Иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
эъмори Тоҷикистони навин», «Иҷлосия ва рушди давлатдории миллӣ», «Рӯзи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни саодатофар барои мардуми кишвар» ва амсоли
инҳо дар бар мегирифт.
Зимни
баромадҳо зикр карда шуд, ки Иҷлосияи таърихии 16 -уми Шурои Олӣ барои
барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду
дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву
ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Инчунин
гуфташуд, ки ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда
буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона
ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани
азизам садоқатмандона меҳнат мекунам». Дар воқеъ чунинҳам шуд ва Сарвали давлат
бо донишу хиради азалӣ барои халқу миллати тоҷик хидматҳои мондагорро иҷро
намуда, ба ҳар хонадони Тоҷикистон сулҳу салоҳро овард.
Дар
идома қайд гардид, ки муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент”
асосҳои ба худ хосро доро мебошад зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва
муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз
ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.
Ҳамзамон
таъкид гардид, ки бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати
сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани
сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони
соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву
фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад дар қонунгузории
кишварамон рузи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст.
Дар
қисмати хотимавӣ роҳбарияти Коллеҷ бори дигар ҳозирин ва дар симои онҳо кулли
мардуми шарифи кишварро ба муносибати ин ҷашнҳои таърихӣ самимона табрик гуфта,
ба меҳмонон ва баромадкунандагон барои пешниҳоди маърузаҳои пурмуҳтаво ва
саршор аз панду ҳикмат изҳори минадории амиқ баён намуд, ба кори ҳамоиш хотима
бахшида шуд.

