
МУЛОҚОТИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ХОНУМ ШИН ЛОНГ
2024-11-11 20:12:30
Имрӯз вохӯрии раиси Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик
Фарҳод Раҳимӣ бо офитсери шуъбаи иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд хонум Шин Лонг доир
гардид.
Дар оғози дидор академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи Кумита, самтҳои фаъолият
ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маълумоти мушаххас
дода, роҷеъ ба мушкилоти ҷойдошта дар ин самт, аз қабили тармиму таъмири бинои
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳои
мазкур ибрози андеша намуд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба сифати яке аз ҷузъҳои муҳими
низоми маориф диққати махсус зоҳир менамояд, зеро ин зинаҳо иқтисодиёти миллиро
бо мутахассисони баландихтисоси коргарӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намуда, дар
рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум саҳми
арзанда мегузоранд.
Илова гардид, ки бо мақсади таҳкими
фаъолияти босамар Кумита мушкилоти ҷойдоштаро дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ муайян намуда, барои ҳалли онҳо пайваста талош менамояд.
Масъалаҳои муҳиму ҳалталабе, ки имрӯз Кумита бо онҳо рӯ ба рӯст, ин навсозӣ,
таъмиру тармими муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳкими
пояи моддиву техникии муассисаҳо, аз ҷумла бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу
анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои
таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб меравад.
Хонум Шин Лонг барои истиқболи гарму самимӣ ба роҳбарияти Кумита изҳори
сипосу миннатдорӣ намуда, академик Фарҳод Раҳимиро ҷиҳати дар муддати кутоҳ ба
субут расонидани корҳои назарраси соҳа муборакбод намуда, ба натиҷаи корҳои
иҷрошуда баҳои баланд дод.
Хонум Шин Лонг афзуд, ки Бонки Осиёии Рушд аз эҳтиёҷоти Кумита ва
муассисаҳои зертобеи он ба биноҳои наву замонавӣ ба хубӣ огоҳ буда, омода аст
дар робита ба мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, аз ҷумла сохтмони биноҳои хуштарҳу
замонавӣ, таҳкими пояи моддию техникӣ, асбобҳои аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои
таълимӣ ва дастурамалҳои корӣ ба Кумита муосидат намояд.
Дар идомаи мулоқот бо мақсади амалӣ
намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445
оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди
фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Бонки Осиёии Рушд
дар мавриди сохтани бинои сеошёна бо таҳхона, ки барои фанҳои дақиқ, алалхусус
риёзӣ ихтисос дода мешавад, изҳори омодагӣ намуда, гуфта шуд, ки сохтмони бинои
мазкур нимаи дуюми соли 2025 оғоз гардида, соли 2026 ба истифода дода хоҳад
шуд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкиму густашири бештари ҳамкориҳои
муштарак ва истифодаи тамоми имконияту зарфиятҳои мавҷуда изҳор намуда, таъкид
доштанд, ки баҳри расидан ба ҳадафу мақсадҳо дар ин замина амалан талош хоҳанд
кард.
