
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
2024-11-15 14:48:40
Дар Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри шаҳри
Конибодом бахшида ба Рӯзи Президент ва 32 юмин солгарди Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ
конференсияи илмӣ назариявӣ таҳти унвони “Президент, Парчам ва садоқат ба
арзишҳои миллӣ” баргузор гардид.
Дар оғози конференсия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дастаҷамъона суруда шуд. Директори коллеҷи технологӣ Замирахон Ирматова ба
конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро рӯзи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон самимона табрик намуда, дар бораи нақши нотакрору беҳамтои Эмомалӣ
Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон суханронӣ кард.
Дар мавзуи “Пешвои миллат- кафили сулҳ ва амнияти миллӣ” сардори
шуъбаи КДАМ дар шаҳри Конибодом Саидҷон Ҳакимов маърӯза намуд. Қайд кард, ки
хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад
шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи амнияти рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи
принсипҳои нигаҳдории сулҳу вахдати миллӣ, якпорчагии Ватан, пешгирии ҷангу ҳифз
намудан аз фалокатҳо, тарғиби ғояи худшиносии миллӣ, посдории таърихи бостонии
халқи тоҷик, иқдоми ташаббусҳои созанда ва некашон, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ
гашта, муносибатҳои судманд барқарор намуда истодааст.
Муовини прокурори шаҳри Конибодом мушовири адлияи дараҷи 2
Собирҷон Ҷӯразода оид ба афзалияти таъмини волоияти қонун дар ҷомеа маъруза
намуда иброз дошт, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистнро дар рушди ҳамаи
бахшҳои ҷомеа назаррас аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу
хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва
ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш,
рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Ҳамчунин, сархатиби масҷиди ҷомеаи марказии шаҳр Аббасхон
Аброров, собиқадори мақомоти прокуратура Мавлонхон Наҷмиддинзода оид ба
мавзӯъҳои “Президенти мо ифтихори мо”, “Эмомалӣ Раҳмон- паймонгари ҷонфидо дар
роҳи Ватан” ва корманди муассисаи таълими Рухшед Тухтаев маъруза намуданд.
Номбурдагон афзуданд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару
сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои
ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда
барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани
Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин
ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён мубодилаи афкор намуданд.
