Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ
single-product

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

2024-11-15 15:11:10

Имрӯз бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Тоҷикистон – маркази дипломатияи об ва сулҳи ҷаҳонӣ тавасути ташаббусҳои Пешвои миллат” ҳамоиши илмӣ – амалӣ баргузор гаридид.

Дар кори конфренсия академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рафиқа Мӯсоева, ходимияти намоёни давлатӣ, Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовинони раиси Кумита, кормандони дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва минтақаи Ҳисор иштирок намудаанд.

Чорабиниро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эъмори ваҳдати миллӣ, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат ба мардуми шарифи тоҷик изҳор намуда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам», аз ояндаи неки халқи кишвар башорат медоданд.

“Дар ҳаёти осоишта Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро дар бунёди ду арзиши ҳаётӣ - сулҳ ва истиқлол медиданд, ки ҷанбаҳои ниҳоят зиндагисоз доранд. Пайваста дар ҳар як суханронии хеш оид ба ин ду арзиши ҳаётан муҳим ҳама вақт ишора менамоянд. Имсол аз соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон 33 сол сипарӣ шуд. Бо шарофати баргузор шудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар ҷумҳурӣ марҳилаи нави ҳаётӣ, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани самтҳои фаъолияти муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ) оғоз гардид", - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар идомаи ҳамоиш Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Рафиқа Мӯсоева суханронӣ намуда, гуфт, Эмомалӣ Раҳмон шахсиятеанд, ки дар мушкилтарин давраи сарнавиштсози таърихӣ дар худ қувва, мардӣ ва ҷасорат пайдо намуда, барои халқи худ масъул шуда, сарварии давлати мустақили Тоҷикистонро бар уҳда гирифтанд.

«Расо 32 сол пеш, дар Иҷлосияи таърихии 16-ум мо таҳти роҳбарии Сарвари худ Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи истиқлолияти комили сиёсӣ рӯ ниҳодем, ояндаи худро офаридем, ки ин орзуи аҷдодону гузаштагони миллати тоҷик буд. Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳ ва эҳёкунандаи давлатдории миллати тоҷик буда, бо номи ӯ ҳама гуна пешравиҳои давлат ҳамоҳанг аст ва тамоми қарорҳои асосию стратегии муҳиме, ки дар солҳои соҳибистиқлолии давлат амалӣ гардиданд, маҳз бо шарофат ва сарварии ин марди наҷиб роҳандозӣ шудааст. Хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан, муттаҳидкунии ҷамъияти пароканда, барқарории сулҳ, ҷорӣ намудани принсипҳои демократии давлатдорӣ, пойдор намудани тараққиёти иқтисодии давлат аз дастовардҳое мебошанд, ки бо шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву имрӯз мо бо ифтихор аз онҳо ҳарф мезанем»,- гуфт Рафиқа Мӯсоева.

Ба таъкиди Рудобаи Мукаррам, бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаассифона, миллати тоҷик ба ҳаводиси тақдиршикан-ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид, ки яке аз омилҳои асосии он дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги сиёсии ҷомеа, ҳувияти миллӣ, суст будани зимоми давлатдорӣ буд, ки роҳбарони ҳукумати онвақта натавонистанд зимоми давлатдориро идора кунанд.

“Хушбахтона, бо талошҳои хастанопазири Пешвои миллат бо такя ба неруи муқтадир ва қудратманди халқи тоҷик тавонистем, ки аз вартаи ноумедию нобасомониҳо миллатро наҷот диҳем, ки ин бурди миллати тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар баробари оне, ки Пешвои миллат истеҳкомбахши муқтадири Истиқлолияти миллӣ аст, тавонистанд, ки бо сиёсати наҷибу дурбинона, ҳадафгир, созанда, бо фитрати ҳақталабӣ, имони комил, дидгоҳи васеъ ва дарки мафҳуми бузурги фарҳанги сиёсӣ, адолати иҷтимоӣ, мушкилнописандӣ, таҳаммулгароӣ, масъулиятшиносӣ дар заминаи ба эътидол овардани амнияти давлат ва ваҳдати миллӣ истиқлолияти миллати моро таҳким ва густариш бахшида, мақому манзалати Тоҷикистонро ба унвони як давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ шарафмандона ҳимоят намоянд”, - гуфт Рудобаи Мукаррам.

Дар интиҳои ҳамоиш аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

single
single