
ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА ПЕШВОИ СУЛҲОФАР
2024-11-17 09:20:13
Дар ибтидои гузариш ба ҷомеаи навин солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба
саҳнаи сиёсии кишвар як қатор равияву гуруҳҳои манфиатҷӯй ба вуҷуд омада
буданд. Дар ин ҳолат Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт ва
бародар бо бародару дӯст бо дӯст бо якдигар дастбагиребон шуданд. Нафароне, ки
аз таъриху сиёсат бохабар буданд яқин тахмин мекарданд, ки ин давлату миллат бо
ҳамин ҷанг ба нестӣ расида, дигар дар фазои геопалитикии дунё давлате бо номи
Тоҷикистон боқӣ намемонад.
Аммо хушбахтона, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба ин
хотима бахшид. Ин иҷлосия аз 16-уми ноябр то 2-уми декабри соли 1992 дар шаҳри
Хуҷанд доир шуда, дар таърихи сиёсии халқи тоҷик дигаргунии куллӣ ба миён
овард. Даъвати он иҷлосияи таърихӣ аз дарку зарурати ҳалли бетаъхири масъалаи
муътадил сохтани вазъияти ҷамъиятию сиёсӣ ва пешгирӣ намудани моҷарои ҷанги
шаҳрвандӣ шаҳодат медод. Ба кор шуруъ намудани ин иҷлосия халқи шарифи тоҷикро
аз фаношавӣ ва давлати навини тоҷиконро аз парокандагӣ наҷот додааст.
Ба ин маънӣ, он
рӯзҳои вазнини соли 1992 қуввае лозим буд, ки ҳарчи тезтар пеши ҷанги
бародаркушро бигирад. Ба сифати чунин қувва намояндагони халқ дар Шӯрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфтанд. Онҳо тавонистанд, ки бо такя ба бедории
мардуми шарифи тоҷик ва ба чунин ҷунбиши саросарии Тоҷикистон алайҳи ҷаҳолат,
роҳи халосиро аз бадбахтӣ дарёбанд. Бояд қайд кард, ки Шӯрои Олии Тоҷикистон
даъвати дувоздаҳум сарфи назар аз он мавзуъ ва моҷароҳое, ки дар ҷаласаҳои он
вуҷуд дошт, намунаи хислати демократии ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб мешуданд. Маҳз
ин мақом, мартабаи олии намояндагӣ дар вазъияти бӯҳронӣ қудрат пайдо кард, ки
ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудшавиро гирад.
Он на дар
пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, балки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардидани
иҷлосияи 16-ум аз он гувоҳи медод, ки дар мамлак, аз ҷумла дар пойтахт вазъият
ниҳоят пурхатар буд, эътимод ба амният мавҷуд набуд. Мақомоти ҳокимият, аз
ҷумла ҳокимияти қонунгузор низ ором фаъолият карда наметавонист. Он рӯзҳо ақлу
хирад ва чашми баъзеҳоро ҳисси молу манфиат, мансабталошӣ кур карда буд. Барои
онҳо аз гиряву нолаи тифлони бепадару бемодар, аз мотами волидайни
ҷигарбандгумкарда дида, вазифаю мансаб ва дороию сарват афзалтар буданд. Ба ин
маънӣ, вакилони мардумӣ ба ҳаммаи ин нооромиҳо нигоҳ накарда, ҳарчи зудтар
сарҷамъ гардидани вакилону аз байн бурдани моҷарои ҷанги шаҳрвандӣ ва муайян
намудани сарвари давлате, ки ҷомеаро сарҷамъ намояд, пешаи хеш намуданд.
Ҳамин тавр,
иҷлосия фаъолияти пурсамари худро натиҷагирӣ карда, 186 нафар намояндаи халқ ба
тарафдории вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Гуфтан ба маврид
аст, ки тамоми мардуми кишвар интихоби ин ҷавонмарди миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба
вазифаи масъули Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо умедворӣ ба оянда
пешвоз гирифтанд.
Аз ин бар
меояд, ки таҷрибаи рӯзҳои гузашта нишон медиҳад, ки вакилони мардумӣ дар
иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоби сардори давлату
миллати худ хатто накарда будаанд. Вақте он рӯзҳои пуртаҳлукаро бо ин рӯзҳои
амну осоишта муқоиса мекунем, дигаргуниҳои азим пеши назарамон пайдо мешавад.
Ба ин маънӣ, аз
хотираи баъзе иштирокчиёни он ва мардуми ҷумҳурие, ки он лаҳзаҳоро аз тариқи
намоиши телевизионӣ бо чашмони хеш дида буданд, метавон хулоса баровард. Чунки
ин сатрҳои ҳамон рӯзҳо интишорнамудаи воситаҳои ахбори омма ба мисли ҳуҷҷати
таърихӣ лаҳзаҳои интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-сарвари давлати
тоҷиконро сабт кардааст.
Баъди он, ки
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
интихоб гардид дар муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон иброз доштанд:
“Ҳамватанони
азиз!
Падарону
модарони меҳрубон ва хоҳару бародарони гиромӣ! Халқи мо имрӯз душвортарин ва
фоҷианоктарин давраҳои таърихии хешро аз сар мегузарнад. Ҳақиқат талх аст, вале
мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар
натиҷа будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар мондааст.
Ранҷбарону деҳқонон ва равшанфикрони миллат, ки дар фазои дӯстию рафоқат бо ҳам
мезистанд, гирифтори фишору таъқиб шуда, ниҳоят иҷборан ба даст яроқ
гирифтаанд. Натиҷаи ҷанги бародаркушӣ ба ҳама маълум аст. Даҳҳо ҳазор одами
бегуноҳ шаҳиду маҷрӯҳ шуд. Имрӯз халқи тоҷик дар Ватан номи гурезаро касб
карда, садҳо ҳазор одамон бехонаву дар ва сарсону саргардон шудааст. Таърих ёд
надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро
ба харобазор табдил дода бошад. Фоҷиаи падарон, модарон ва хоҳарони мо фоҷиаи
миллат аст. Ҳамон миллате, ки ҳазорсолаҳо ин ҷониб ботамаддуни оламшумули хеш
ва фарзандони нобиғаи худ машҳури ҷаҳон гардида буд. Имрӯз ҳар яки мо ба худ
суол медиҳем: Чаро ва аз баҳри чӣ ин фоҷиа ба сари халқи мо омад? Ҷавоби савол
ба ҳама маълум аст. Мубориза баҳри мансабу ҳокимият. Ин мубориза бо кадом роҳ
пеш бурда шуд, ба халқ маълум аст”.
Иҷлосияи 16-уми
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо, ба тамоми
шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиатнома пешниҳод намуда, хусусан дар бораи пешомади
Тоҷикистон изҳорот қабул карда буд. Ташаббускорона асосгузор, таҳия ва татбиқи
амалии ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои муҳим бевосита аз Раиси Шӯрои Олӣ вобаста буд. Раиси навинтихобшудаи
Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин сухани худро аз ин оғоз
мекарданд, ки: “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар
бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам
кард”.
Аввалин изҳорот
ва аввалин баёнияҳои Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ояндаи нек
башорат медоданд: “Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам”, то охирин
гурезаро ба ватан боз нагардонам, ором намешавам”, мо Тоҷикистони демократӣ,
ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем” мегуфтанд.
Қадамҳои
аввалини Раиси Шӯрои Олӣ, суханрониҳояш ва муносибаташ дар ҷараёни маҷлис
боварибахш буданд ва мардуми Тоҷикистону сиёсатмадорони дунёро эътиқодманд
мекарданд. Махсусан, дар барқияе, ки дар он давра аз Созмони Миллали Муттаҳид
омада буд, таъкид мешуданд, ки: “Мамоликӣ аъзои СММ бо диққат ба кори шумо
назорат мекунад. Дар доираҳои асоси чунон мешуморанд, ки маҳз шумо масъулияти
таърихиатонро эҳсос намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид
мемонед ва минбаъд ба Оинномаи СММ, ба ғояҳои озодӣ, сулҳ, адолат содиқ хоҳед
монд. Ба анъанаҳои инсондӯстона ва наҷибонаи халқи тоҷик садоқат зоҳир намуда,
барои дар саросари Тоҷикистон фароҳам овардани сулҳу осоиш тамоми корҳои аз
дастатон омадаро ба ҷо меоред, номи неки халқи тоҷик ва обурую эътиборашро
барқарор месозед. Мо созмонҳои ҳуқуқи башар тайёрем, ки дар ин раванд бо шумо
кӯмак расонем”.
Дар заминаи
чунин дастгириҳои созмонҳои башарӣ, дар ин фазои ноороми сиёсӣ ба сари давлат
омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба бесарусомониҳои ҷанги бародаркушу
азбайнравии миллати тоҷик хотима бахшиданд, балки дар ин давра ҳукумати қонунии
ҷумҳуриро ташкил намуданд, ки боиси ба эътидол омадани вазъи сиёсию иҷтимоии
кишвари азизамон гардида буд.
Расо 32 сол
шуд, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ-Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият дораду баҳри аз
буҳрони амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ раҳо кардани Ватани азизамон, инчунин ба роҳ
мондани алоқаҳои зич бо мамлакатҳои аъзои ИДМ ва дигар кишварҳои дунё сайъу
кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд. Зеро шароити кунунии Тоҷикистони мустақили
мо тақозо менамояд, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, ба манфиати халқу
Ватани маҳбубамон ҳамдилона меҳнат намоем.
Аз ин рӯ, ҳар
фарди ин ҷомеа комилан тарафдори ҷашнгирии солгардҳои бузурги Иҷлосияи
тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон буда, ин рӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил
менамоянд. Чунки, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
ҳаёти мардуми шарифи мо аҳамияти сиёсию стратегии муҳим дорад. Хусусан, он
барои Тоҷикистону тоҷикистониён пеш аз ҳама умедҳои барбодрафтаро бозпас
гардонид. Дар дилҳои мардум боварӣ ба ояндаи орому осударо аз нав бедор намуд.
Бо баргузории ин Иҷлосия дар таърихи давлатсозии мо саҳифаи нав боз шуд, ки ин
санаи муҳими рӯзгори халқи тоҷик дар он бо хатҳои заррин сабт гардид. Хиради
азалии мардуми тоҷик, тамаддуни баланди миллат, таҳаммулпазирӣ ва рӯҳи муқаддас
сабаб шуду вакилони мардумӣ бо якдигарфаҳмӣ қарорҳои лозимиро қабул карданд.
Имрӯз баъди сипарӣ гаштани 32-сол мо ин рӯзи таърихию сиёсии миллатамонро ба
некӣ ёдовар мешавем.
Аз ин рӯ, ҳамаи
ин нуқтаҳо таърихи сиёсии кишвари навтаъсисамонро ифода менамоянд, ки онро бояд
ба насли ҷавон омӯзонем ва ёдрас кунем, ки миллати азиятдидаи мо чунин рӯзҳои
сахту мудҳишро аз сар гузарондааст. Дар ин замина доимо онҳо ҳушёриву зиракии
сиёсиашонро аз даст надода, ба қиммати заҳматҳои сарвари давлатамон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон расида, сулҳу субот ва амнияти кишвари азизамонро чун гавҳараки
чашм эмин нигоҳ доранд. Ҳар фарди солими кишвар ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози ба сулҳу салоҳ расидан ва
сарманшаи давлатсозии навини тоҷикон маҳсуб меёбад.
Ғайратов Ш. А., - мудири кафедраи ҷомеашиносии Коллеҷи кӯҳии ба номи С.
Юсупова