Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
single-product

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2024-11-17 09:17:33

Бо ибтикори роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе дар кинотеатри “Ватан” бахшида ба Рӯзи Президент ва 32 -юмин солгардӣ Иҷлоисияи XVI - Шурои Олӣ чорабинии идонаи фарҳангӣ таҳти унвони “Пешвои миллат - роҳнамою қаҳрамони миллат" бо иштироки омӯзгорон, кормандон ва донишҷиёну меҳмонон дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Шоири халқии Тоҷикистон, устод Муҳаммад Ғоиб, директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ ва кормандону донишҷӯёни муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст директори Коллеҷ, номзади илмҳои филология, дотсент Ғафурӣ Зоир ҳозиринро ба муносибати 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз қаҳрамонию фидокорӣ, иқдомоти бузургу таърихӣ ва нақши арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ сухан гуфт.

- Аз замони зимоми давлатдории навини тоҷиконро ба даст гирифтани фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазилати хоссаи давлатдории тоҷикон бо шаҳомати тоза падид омад, ки муҳаррик ва меҳвари асосии он ҳимояву манфиатҳои олии миллӣ – таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар мебошад, - чунин изҳор дошт Зоир Ғафурӣ.

Дар идома Шоири халқии Тоҷикистон, Муҳаммад Ғоиб аз фидокориву қаҳрамонӣ, меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва ташаббусҳои бузургу ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, дар ситоиши ин абармарди миллат аз осори хеш шеърҳои баландмазмун қироат кард.

Мавриди зикр аст, ки барномаи фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳанги назди шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон иборат фарогири шеъру сурудҳо, рақсҳои мавзун ва дигар бахшҳои муҳим буда, ба чорабинӣ шукуҳи дигар бахшид. Инчунин, дар ин рӯз сарояндаҳои шинохта Тоҷиддин Раҳимзода, Тобиш Ҳилолӣ, Қобилҷон Зарифов ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд.

single
single