
ПРЕЗИДЕНТ – ҲОМӢ ВА ДАСТГИРИ ҶАВОНОН
2024-11-15 14:47:02
Яке аз дастовардҳои бузурги
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ин таваҷҷуҳи бевосита
ва ғамхоронаи Пешвои миллат ба насли ҷавони кишвар мебошад, ки дар баробари ба
даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати
давлатии ҷавононро пеш гирифт.
Ҳанӯз
13 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз
аввалинҳо шуда, санадҳои аввалин дар роҳи ташаккул ва инкишофёбии сиёсати
давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
сиёсати давлатии ҷавонон» – ро қабул намуд.
Пешвои
муаззами миллат дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд
намуданд, ки «мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе
тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму
донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда
мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».
Дар асоси тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016
ба Конститутсияи кишвар барои ҷавонон вобаста ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва
идоракунии давлат имконияти васеътар дода шуд, аз ҷумла синни интихоб шудан ба
вакили Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси миллӣ, пешниҳод ба номзадии Президент
ва таъин шудан ба вазифаи судяҳои Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии
иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе аз
35 ба 30 поён карда шуд, ки ин барои ҷавонон имконият медиҳад, то онҳо бевосита
дар ҳаёти сиёсии кишвар ва идоракунии давлат иштирок намуда, аз ҳуқуқҳои конститутсионии
худ истифода намоянд. Пас аз ворид гардидани ин тағйиру иловаҳо иштироки
ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунӣ тадриҷан рӯ ба афзоиш оварда, барои
интихоб ва таъйин шудани онҳоро дар се шохаи ҳокимият заминаи ҳуқуқӣ фароҳам
овард.
Имрӯз
таваҷҷуҳи асосии Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани маърифати ҷавонон
мебошад, зеро маҳз бо ин роҳ ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои
милливу умумибашарӣ ва равандҳои глобалии ҷаҳони муосир зиёдтар огоҳӣ пайдо
менамоянд. Дар баробари ин, бо мақсади тарғибу ташвиқи баланд бардоштани
маърифати илмии ҷавонон бо ташабус ва сарпарастии Пешвои миллат дар кишварамон
ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи
маърифат» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман» баргузор мегарданд, ки дар онҳо
теъдоди зиёди ҷавонон ширкат меварзанд.
Дар
маҷмуъ, мо ҷавонони даврони Истиқлол бо сарварии Пешвои миллатамон бо такя ба
таърих, забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва маданияти миллӣ барои ҳифзу ҳимояи
Ватани азизамон, ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият, ҳуқуқу
озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини зиндагии арзандаи халқ ва ҳифзи манфиатҳои
миллиамон тамоми кӯшишҳоро намуда истодаем.
Фарзона АТОЕВА,
донишҷӯи
курси 1-уми факултаи кори ҳамширагии
Колеҷи
тибби шаҳри Турсунзода