Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЭМОМАЛӢ РАҲМОН -ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ
single-product

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН -ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

2024-11-15 14:49:49

Бо ба даст овардани Истиқлолидавлатӣ миллати тоҷик баҳри пойдории давлатдории хеш шакли идоракунии Президентиро ҳамчун намуди беҳтари идоракунии давлатӣ интихоб намуда, бо амали сохтани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳод замина гузошта шуд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ин ниҳоди ҷадиди сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки дар он Президент ҳам сарвари давлат ва ҳам сарвари ҳокимяти иҷроия эътироф мешавад. Истилоҳи президент, ки дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад ба шакли классикии ин ниҳоди мувофиқ аст. Таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон бо назардошти маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдорони гузаштаи дохилию хориҷӣ ва имрӯза ба ҳисоб меравад.

Дар ин росто дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода заминаҳои ҳуқуқӣ ба ниҳоди президентӣ эҳтирому манзалат қоил буда, рузи 16 ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом доштанд.

Воқеан, таҷлили ин рӯз натанҳо заминаи ҳуқуқӣ дорад, балки ҳамчун нишон эҳтиром ба роҳбари олии давлат инчунин заминаи таърихӣ низ дорад. Чунончӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон ин таҷриба дида мешавад. Аз ҷумла тибқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ таҷлили ҷашни Наврӯзро маҳз ба тахт нишастани шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Мутафаккири барҷастаи тоҷик Абурайхони Берунӣ оид ба ҷашни Наврӯз қайд менамояд, ки “...ва боз ид будани Наврӯзро чунин гуфтаанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он нишаст шуд ва ҷину шайётин онро бардоштанд ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд”. Аз ин бар меояд, ки таҷлил намудани Рӯзи президентӣ чун мақоми олии роҳбари меросияти таърихӣ буда, эҳёгари анъаноти аҷдодӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, бо таҳлили масъалаи мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки эълон доштани 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи фархунда ва талаботи саривақтӣ буда, баҳри таҳкими давлатдории миллӣ шароити мусод фароҳам хоҳад овард.

Мақсад аз рӯзи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлатӣ, соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тоза интихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Мо он ҳодисаҳои мудҳише, ки дар солҳои 90-уми асри ХХ рӯй дода буданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонем. Чандин модарон аз шавҳар, хоҳару бародар ва ҷигарбандони хеш ҷудо гардиданд, дар хонаву манзили мардум оташи ҷанги бародаркушро аланга доданд, ки ин ба валангор гардидани кишвари тоҷикон ва несту нобуд шудани эҳсоси ватандории мардум оварда расонид.

Ҷомеа боварӣ бар он дошт, ки рӯзе аз байни мардуми бономуси тоҷик фарзанди накӯе чун Рустами достон ба сари қудрат омада, ҳамаро ба якдиливу якпорчагӣ ва ваҳдату ягонагӣ даъват менамояд. Ин бовари амалӣ гардид ва шахсияти ватанхоҳу ватанпарвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни халқ ба майдони сиёсат ворид шуда, зимоми давлатдориро ба даст гирифт.

Баробари ба сари қудрат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қалби зан-модари тоҷик аз нав ба зиндагӣ гарм шуд, зеро ин марди хирадманд тавонист фарзандони ин модаронро аз гурезагӣ баргардонад, бо ҷои истиқомат таъмин намояд, чароғи мурдаи ҳар як хонаи модари тоҷикро аз нав фурӯзон намояд. Ба оилаҳое, ки бе мард-сутуни хонадон монда буданд, сутуни хонадон гардид, то ин ки тавонанд дар роҳи зиндагӣ осуда қадам гузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сарсупурдаи халқу давлат дар баробари анҷоми рисолати бузургу сангини роҳбарӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи огоҳии ҷомеа ва ёдоварӣ аз хизматҳои фарзандони бонангу номуси миллат пайваста талош намуда, зимнан бо омӯзиш ва офаридани асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ бар рушди илмҳои ҷамъиятӣ дар кишвар мусоидат менамоянд. Зимнан, ҳар як давраи нави таърихӣ аз буҳрону мушкилоти амиқе оғоз меёбад, ки барои оммаи мардум фазои тоқатфарсо меофарад. Маҳз дар чунин давраҳо ҷавонмардони ватандӯст бо матонату ҷасорати хоси худ шиносоӣ мешаванд ва давлату миллатро аз бузургтарин офатҳо наҷот мебахшанд. Намунаи барҷастаи чунин шахсиятҳо худи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки Тоҷикистонро дар давраи гузариш аз сангинтарин буҳрон - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ наҷот бахшида, миллати ҷафокашидаро ба саодатмандӣ ва ин рӯзҳои нек расониданд.

Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу Ватан хеле беназир буда, барои ҳар сокини ватандӯсту хештаншинос боиси арҷгузорӣ ва намунаи олии ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро барои наҷоти халқаш сипар карда, ба миллат умри дубора бахшида, андешаи миллиро эҳё карда, Тоҷикистонро ободу машҳури дунё ва миллати тоҷикро сарбаланди олам гардониданд.

Мисралиев Ф.Д., ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе