Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БАРРАСИИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБАИ ОМӮЗГОРОНИ ТОҶИКУ ҶОПОНӢ
single-product

БАРРАСИИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБАИ ОМӮЗГОРОНИ ТОҶИКУ ҶОПОНӢ

2024-11-15 06:53:38

Вохӯрии раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) Имай Сэйдзю доир гардид.

Дар оғози мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи Кумита, муассисаҳои зерсохтори он, самтҳои фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маълумоти мушаххас дода, таъкид кард, ки бо вуҷуди навтаъсис будани Кумита аллакай як қатор корҳо, аз қабили таҳияву бознигарии санадҳои танзимкунандаи фаъолият, нақшаву барномаҳои таълимӣ, афзоиши шумораи ихтисосҳои коргарӣ, таҳкими равобити байналмилалӣ, ба имзо расонидани санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар корҳои марбут ба самти фаъолият иҷро гардиданд.

Дар идомаи суҳбат раиси Кумита масъалаи навсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳо, инчунин бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро бо ҷаноби Имай Сэйдзю матраҳ намуд.

Дар рафти мулоқот ҷаноби Имай Сэйдзю ба академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, ба сатҳи баланди ҳамкории байни ду кишвар таъкид намуд. Ӯ муҳимияти талошҳои муштараки ду кишварро барои рушди зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъкид кард.

Имай Сэйдзю афзуд, ки Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ барои роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои муштарак бо Кумита ҳамеша омода буда, дар доираи равобити дуҷониба омӯзгорони ризокори ҷопонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбии сохтори Кумита ба омӯзгорону устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ нозукиҳои касбро бо назардошти талаботи пешқадами бозори меҳнати байналмилалӣ таълим дода, табодули донишу таҷриба мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки беш аз 30 дарсади аҳолии Ҷопон нафарони аз60-сола боло буда, кишвар барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ҳавасманд аст, Имай Сэйдзю иброз дошт, ки ҷиҳати ҷалби хатмкунандагони соҳибкасби муассисаҳои зерсохтори Кумита бо ҷойи кор дар Ҷопон мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷоми мулоқот раиси Кумита пешниҳод кард, ки барои рушди ҳамкории минбаъда Кумита метавонад дар муассисаҳои зертобеъ курси омӯзиши забони ҷопониро ба роҳ монад ва ин пешниҳод аз ҷониби намояндагони JICA бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

single
single