
ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ - ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХӢ
2024-11-06 13:48:20
Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии
Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз
ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи
раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин
маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар
Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Имсол
мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии қабули Констутсияи кишвари соҳибистиқлоли
тоҷиконро дар фазои сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, бо шукргузорӣ аз
неъматҳои Истиқлоли давлатӣ бо рӯҳияи болида таҷлил менамоянд.
Таъкиди
аввалин ин аст, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин маҳсули тафаккури
дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз нахустин
рӯзҳои ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардиданашон нуктаҳои асосӣ ва диди
худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шакли давлати
демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд иброз намуданд ва ин тезисҳо дар моддаи якуми
Конститутсияи Тоҷикистон мавқеи худро ёфта, ба баҳсҳои дар он давра зиёде доир
ба сохти давлатдории минбаъдаи ҷумҳурӣ хотима бахшиданд.
Таърих
гувоҳ аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза
дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули конститутсия
барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба
миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави
ҳукумат бо сарварии Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани
институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа
шароити мусоидро фароҳам овард. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ эҷоди санаду
қонунҳо ва барои ин амал қабули конститутсияи нав зарур буд. Зеро
дар он марҳала маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи
давлатро интихоб менамоем.
Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб
шуданашон, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси Комиссияи
конститутсионӣ машғул гардиданд ва новобаста аз вазъи ногувори сиёсиву
иқтисодии ҷумҳурӣ, барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта, аъзои комиссияро ба давлатҳои
гуногуни мутараққӣ фиристоданд. Комиссия тайи ду соли мураттабсозии лоиҳаи
Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи
умумихалқӣпешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон
имконият дод, ки лоиҳа ба райпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шавад.
Сокинони кишвар 6
ноябри соли 1994 дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд ва бо
тарафдории 2 352 554 нафар, ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
қабул шуд. Бо назардошти муҳиммияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми
саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди
«Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта
мешавад.
Дар даврони
соҳибистиқлолии кишвар қабул кардани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали
мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳад, ки он яке аз конститутсияҳои асосии
беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Ҳанӯз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти
бозоргонӣ аст». Ин суханҳои пешгӯинамудаи Сарвари давлат баъди қабули
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз
ворид гардид ва дар муддати кӯтоҳи таърих самараи худро нишон дод.
Ҳамин тавр, имрӯз
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи
муносибатҳои муҳимми ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии
сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти
давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ
дароварда шудаанд. Ин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта,
шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта
мебошад.
Бо шарофати
замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия,
Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 180 давлати дунё расман пазируфтанд. Имрӯз
давлати мо бо зиёда аз 150 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити
дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти роҳҳои
ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Маҳз ин
талошҳо аст, ки имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи
оламиён ва мактаби сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор дорад.
Рӯйдодҳои охири
олам собит намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон дар ҳалли пешгирии
низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ беҳтарин ва озмудашуда мебошад. Миллати тоҷик ва
ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи
интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили
мурод мерасонад.
Конститутсия
ҳамчун санади асосӣ ва муҳимтарини ҳаёти давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи
кишвар асоси устувори ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, бунёди давлати соҳибихтиёр,
ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, ривоҷи
муносибатҳои нави иқтисодӣ, фаъолияти муътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ,
таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро кафолат медиҳад. Ин санади олии ҳуқуқӣ,
воқеан ҳам мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди мамлакат маҳсуб меёбад.
Конститутсия ба
таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ, бунёди
ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд асос гузошта, бори аввал дар таърихи давлатдории
тоҷикон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид. Халқи Тоҷикистон
тибқи дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи
ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқи башар пайваста изҳор
намудааст.
Бояд зикр кард,
ки, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти
озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари
соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади
меъёриву ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллату давлат
ҳисобида мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои инсон
аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5-уми он омадааст, ки
“Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣмебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои
фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат
эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.
Лозим ба тазаккур
аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тимсоли шиносномаи давлату миллат
маҳсуб ёфта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода
мешавад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ ва
аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он
бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи
шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.
Бо қабули
Конститутсия миллати тоҷик ба марҳалаи сифатан нави таърихии инкишофи худ ворид
шуд ва дар ҷомеаи навин дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву
давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва судӣ-ҳуқуқӣ оғоз
гардиданд. Ҳокимияти судӣ рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ
муаррифӣ гардида, принсипи конститутсионии мустақилияти судяҳо чун яке аз
талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият,
мустақил ва беғараз дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мавқеи хосса пайдо
намуд. Бешубҳа, ин санади олии ҳуқуқӣдастоварди Истиқлолият ва сутуни асосии
таҳкимбахшандаи он буда, рӯзи қабули он ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар
саҳифаҳои китоби давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.
Конститутсияи
давлати тоҷикон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шинохта шуда, он ҳамчун
бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Пояи
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо
бино ёфтааст. Ин санади муҳимми тақдирсоз давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба
сӯйи комёбиҳои бузург раҳнамоӣмекунад.
Дар давоми 30 соли баъди қабули Конститутсия
ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат
дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ,
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як қатор пешравиҳои бузургро ба даст овард.
Минҷумла, фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу
ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати
сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои
сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ маншаъ мегирад. Зеро Конститутсияи амалкунандаи
кишварамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, ваҳдати комил ва пойдориву таҷассумгари
давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу роҳнамои ояндаи
дурахшони мардуми тоҷик аст.
Тавре ки дар оғоз
гуфтем, Конститутсия маҳсули зеҳнии Пешвои муаззами миллат ва кулли мардуми
Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда
шуда, заминаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии худро дорад. Дар марҳалаи рушди
қонунгузории Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шуравӣ чор маротиба конститутсия (солҳои
1929, 1931, 1937, 1978) қабул ва такмил ёфта буд.
Дар муқоиса бо
конститутсияҳои замони ШуравӣКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри
соли 1994 қабул гардид, хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятҳои зиёд дорад. Ин
санад сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр,
демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва
шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, барои такрор наёфтани вазифаҳои мақомоти
давлатӣ таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шуда, Президенти мамлакат,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони ҳалқи маҳаллӣ ва
ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи
интихобот ва райпурсӣ муқаррар карда мешавад. Инчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои
миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар марҳалаи мавҷудияти Конститутсия 22
кодекс ва зиёда аз 400 қонуни умумию соҳавӣ қабул карда шуданд.
Илова бар ин, пас аз қабули Конститутсия зарурати
гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули қонунҳои конститутсионӣ ба миён
омад. Бо ин мақсад, 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд. Дар заминаи ин ислоҳот соли 1995 қонунҳои
конститутсионӣ«Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар
бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи
судҳои ҳарбӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Қонунҳои қабулшуда аз агар
як тараф ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз
бахшида бошанд, аз ҷониби дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим дароварданд.
Табиист, ки
баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба
Конститутсия низ ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар
мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона, ин тағйиру иловаҳо дар асоси
иродаи мардум бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид
карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва
ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда
шуданд, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин
тағйиру иловаҳо, бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣарзи
вуҷуд намуд, ки он дар роҳи инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ
мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Хамин тариқ, ба
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба - 26 сентябри соли 1999, 22 июни
соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Ворид гардидани
тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз он шаҳодат медиҳад, ки меъёрҳои он вобаста
ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода мешавад.
Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои
истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа,
бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ,
болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.
Ҷойи зикр аст, ки
миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба
қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки
мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта аст, маҳз бо роҳи итоату риояи
қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли
башар муяссар мегардад. Аз ин лиҳоз, метавон зикр намуд, ки Конститутсияи
амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пӯшонд ва шукрона бояд
кард, ки мо аз ин афзалиятҳо баҳравар ҳастем.
Дар ин муддат ба
халқи Тоҷикистон муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ,
аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии
давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии
сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ,
дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди
қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи кишвар
асоси устувори қонунӣ бахшад.
Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон
чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ ва халқи Тоҷикистон чун
мардуми бунёдкор, сулҳпарвару фарҳангӣ шинохта шуд. Конститутсия тавонист
ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик буда, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад.
Аз ин рӯ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин
хотир, мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас,
тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва
миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя
расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба
дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро
воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.
Бинобар ин,
конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку
пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ
ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем
ва дар ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва
фаъолиятро муҳайё созем.
Дар маҷмӯъ, 6-уми
ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва
фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз -
қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав
ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси
ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд.
Мо шоҳиди хизматҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии барои миллату давлат ба харҷдодаи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем, ки он дар таърихи давлатдории тоҷикон бо
ҳарфҳои заррин навишта мешаванд.
Бинобар ин,
вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият
бахшем, сулҳу ваҳдати миллӣ, озодӣ, оромию осудагӣ ва якпорчагии Тоҷикистони
азизамонро, ки маҳз бо шарофати хизматҳои шоиставу беназири Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем,
арзишу меъёрҳои Конститутсияро, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ
пайваст кард, қадр кунем ва дар асоси ин санад дар роҳи расидан ба иҷрои
ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Фарҳод РАҲИМӢ,
Раиси
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон