
ЧОРАБИНИИ СИЁСИВУ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР
2024-11-05 09:17:21
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Файдулов О. А., мудири бахши кор бо ҷавонон ва
варзиши шаҳри Ҳисор Аминов Ш. Ҷ., директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим
Бобиев С., директори мактаби варзишӣ Нарзуллоев Д., сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор Шарипов С., раиси
Ҷамоати деҳоти Дурбат Расулов И., директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Раҷабов
Баҳодур, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Чорабинӣ бо садо
додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, бо суханони табрикотии муовини директор
оид ба тарбия Сангинова С. О. оғоз гардид.
Дар оғози чорабинӣ
паёми табрикотии раиси шаҳри Ҳисор аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор Шарипов Сайёд ба самъи
иштирокчиён расонида шуд.
Дар идома директори
муассиса Раҷабов Баҳодур Баҳромович баромад намуда, қайд кард, ки Конститутсия
асосҳои низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлатро муқаррар намуда, он санади
асосии бунёдии давлат мебошад, ки тақсими ҳокимият, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои
шаҳрвандонро таъмин менамояд.
“Дар ҳақиқат Конститутсияи амалкунандаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои муҳиме дорад, ки асоситарини онҳо вазифаи
муассисӣ, ташкилӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. Вазифаҳои муассисии
Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он дар натиҷаи тағйирёбии куллии ҳаёти
ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул гардида, асоси ҳуқуқию сиёсии инкишофи марҳилаи нави
ҷомеаю давлатро муайян менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи қабули
Конститутсия ба ин маънӣ қайд карда буданд: “Имрӯз барои ман қадамҳои аввалин
ба вазифаи Раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар ин рӯзҳо барои ман ҳам мушкил аст,
лекин бовар дорам, ки бо дастгирии халқи Тоҷикистон аз ин рӯзҳои сахт ҳам
мебароем. Ман сари таъзим назди мардуми Тоҷикистон фуруд меорам ва мегӯям, то
он замоне, ки ҳастам, барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат
мекунам». Ин суханҳо ҳар яки моро водор месозад, ки мо шаҳрвандони мамлакат
Конститутсия Бахтномаи миллатро, ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст, риоя намоем
ва онро пос дорем”, – иброз дошт Баҳодур Раҷабов.
Дар охир миёни
баромадкунандагон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, аз чорабинии
мазкур донишҷӯён таасуроти маънавӣ гирифтанд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни фаъол шеъру суруд хонда, бо рақсҳои ҷолиб ва бо саҳначаи омода намудаашон табъи аҳли нишастро болида гардониданд.
