
КОНСТИТУТСИЯ - ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТИ СОҲИБТАМАДДУНИ ТОҶИК
2024-11-05 08:24:24
Конститутсия дастурамал ва оинномаи ҳар як давлати
соҳибистиқлолу мутамаддин ба ҳисоб рафта, сохтори ҳар як давлатро муайян
намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро таъмин ва зиндагии осоиштаи онҳоро
кафолат медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолӣ давлатӣ
ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия худро қабул намуд, ки ин яке аз
дастовардҳои азими тоҷикон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад, ки исол аз
қабулион 30 сол пур шуд.
Дар солҳои
соҳибистиқлолӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои
дунё эътироф шуда, сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои
ҳаёт муқаррар намудааст. Ин санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти таърихии басо
бузург дошта, маҳз бо қабул ва татбиқи он сулҳу субот дар кишвари азизи мо
фароҳам омад. Зеро маҳз татбиқи ин санади бузурги ҳуқуқӣ тавонист, ки ҳама
гурӯҳҳои сиёсиро гирди ҳам оварда, тоҷику тоҷикистониёнро дар атрофи давлат ва
Президенти кишвар муттаҳид созад ва дар як муҳлати кӯтоҳ кишвари моро ба як
давлати озоду демократӣ дар дунё муаррифӣ намуд.
Ҳадафи ҳар як
давлати муосир ва миллати соҳибтамаддун бунёди ҷомеае ба ҳисоб меравад, ки дар
он эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дорад ва
Конститутсия дар амал татбиқ шудани онро ҳаматарафа кафолат медиҳад. Бояд
таъкид намуд, ки маҳз қабул ва дар амал татбиқ шудани Конститутсияи давлати
соҳибистиқлоли Тоҷикистон имкон дод, ки дар кишвар як низоми мукаммали ҳуқуқиву
сиёсӣ ташаккул ёбад ва дар асоси он заминаи рушди устувор ва пешрафти
иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд оварда шавад.
Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд, ки «Ин санади
муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли
тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову шумо бояд кӯшиш
намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои
мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он
зиндагӣ ва амал намоем». Ва имрӯз мову Шумо дар амал мебинем, ки Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъғйироту иловаҳо воқеан чароғе шуд, ки роҳи рушди
давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар намуд.
Ҷиҳати дигари мукаммалии Конститутсия
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ин санад бо дар назар гирифтани таклифу
дархости мардум ва пешниҳодҳои бевоситаи мутахассисону донишмандон таҳия
гардида, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Яке аз омилҳои
асосие, ки барои қабули ин санади асосии кишвар боис гаштааст, ин «давлати
соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» эълон гардидани Ҷумҳурии
Тоҷикистон мебошад. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳи интихобкардаи
давлати мо, яъне бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи хоҳиш
ва иродаи кулли мардуми шарифи кишвар пеш гирифта шудааст, на бо майлу хоҳиши
ашхос ва ё гурӯҳҳои алоҳида.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро
мутахассисон ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ эътироф ва ба мазмуну
муҳтавои он баҳои баланд доданд. Зеро он ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам мазмун
ҷавобгӯи меъёрҳои демократисозии ҷомеа буда, ба қонунҳои байналмилалӣ мутобиқат
мекунад. Давлати мо, инчунин тамоми санадҳои қонунгузории худро давра ба давра
бо ин ҳуҷҷати тақдирсоз мутобиқ намуд, ки эътимоди кишварҳои хориҷиро низ ба
вуҷуд овард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар
кадоме аз ин шохаҳои ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои амалу фаъолияти
мустақилонаро фароҳам овардааст ва муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ
баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита
ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. «Халқ ҳокимияти худро бо роҳи
ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомотҳое, ки халқро намояндагӣ
мекунанд, ба амал мебарорад». Маҳз ҳамин мустақилият барои шохаҳои номбурдаи
ҳоқимияти давлатӣ имконият додааст, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон бе дахолати шохаҳои
дигар ҳимоя ва бехатарии ҳаёти онҳо кафолат дода шавад.
Ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки
меъёрҳои Конститутсияро риоя ва Истиқлолу Ваҳдати миллиро ҳифз намуда, сулҳу
суботро дар кишвар таҳким бахшанд.
Рухшона Давлатшоева, директори Литсейи касбии техникии саноати насоҷии
шаҳри Душанбе