Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҲАМОИШИ АМАЛӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!" ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР
single-product

ҲАМОИШИ АМАЛӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!" ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР

2024-11-20 20:04:46

Имрӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи муассиса ҳамоиши амалӣ-назариявии бошукӯҳ таҳти унвони "Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!" баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим бо ҳузури намояндагони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, устодон, донишҷӯён, шаҳрвандони фаъол, варзишгарон ва хизматчиёни ҳарбӣ доир шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки фазои рӯҳбаланд ва ватандӯстиро дар толор эҳсоснамо кард. Сипас, Иброҳимзода Амир Мудин, сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, суханронӣ намуд. Ӯ дар суханронии худ аҳамияти Парчами миллӣ ҳамчун рамзи истиқлолият, ваҳдат ва иттиҳоди миллӣ таъкид карда, саҳми ҷавононро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими асосҳои давлати ҳуқуқбунёд муҳим хонд.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, номзади илмҳои тиб, Одилзода Исмоил Ёкубҷон, пас аз суханронии меҳмон, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфта, аз нақши ҷавонон дар ободонии Ватан ёдовар шуданд. Таъкид карда шуд, ки муҳаббат ба Парчам ва арзишҳои миллӣ омили асосии худшиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш донишҷӯён низ бо маърӯзаҳои илмӣ ва баромадҳои худ саҳми фаъолона гузоштанд. Баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ як нуқтаи марказии баромадҳо буд. Маърӯзачиён дар бораи роҳҳои пешгирии таҳдидҳои иҷтимоӣ, нақши маориф ва фарҳанг дар бедор намудани худшиносии ҷавонон сухан гуфтанд.

Сипас, Файзов Наврӯз Исоевич, директори КВД "Маркази ташаккули шахсият ва рушди сиёсии ҷавонон" ва Қурбонзода Тоҷиддин, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар баромадҳои худ аз дастовардҳои ҷавонони Тоҷикистон ва нақши сиёсати давлатии ҷавонон дар рушди шахсият ёдовар шуданд.

Дар хотима, ба як қатор шаҳрвандони фаъол, варзишгарон ва донишҷӯён барои саҳми назарраси онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо ифтихорномаҳо супорида шуд.

 

single
single