
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР КОЛЛЕҶИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ
2024-11-20 20:08:00
Бахшида ба Рӯзи парчам дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тарбияи
ҷисмонии Тоҷикистон” чорабинии идона баргузор гардид.
Дар
чорабинӣ Тиловатулло Шарипов, сардори шуъбаи таълим, Меҳринисо Давлатова,
мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, табиӣ-риёзӣ, Раъно Гулова, сардори шуъбаи
кадрҳо, бойгонӣ ва корҳои махсус, Гулдастаи Туйчибой, сардори бахши идоракунии
сифати таҳсилот ва дигар устодони муассиса суханронӣ намуданд.
Таъкид
шуд, ки арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами
миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа
маҳсуб ёфта, Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи
иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони
содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими
пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
“Анъанаи
парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо
ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай
намудаанд. Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар,
Суғду Хатлон ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар
ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳуввияти миллӣ ва сарбаландии гузаштагони мо мебошанд”, -
қайд гардид дар чорабинӣ.
Ҳамоиш
бо шеърхонии донишҷӯён дар васфи ватан, модар, Тоҷикистон, парчам ва дигар
муқаддасоти миллӣ хотима ёфт.

