Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН
single-product

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

2024-11-21 10:25:47

Давоми 32 сол мешавад, ки парчами давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар фазои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишвари биҳиштосоямон ҷовидона парафшонӣ менамояд. Таҷлили Рӯзи Парчам нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи кишвари озоду соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёди миллати тоҷик буда, нишонаи олии тамаддунофарӣ, созандагӣ ва муборизаи халқи шарифи тоҷик дар роҳи озоду истиқлолхоҳӣ мебошад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Ҷашни Рӯзи Парчам-эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост».

Аз ин сабаб, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, он мояи ифтихор ва сарфарозии мардуми сарбаланди миллати тоҷик мебошад.

Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи дерина дошта, дар маъхазҳои таърихӣ ҳодисаҳои пурифтихори миллӣ дарҷ гардидааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил дода, намунаи олии он Дирафши Ковиёнӣ баҳисоб меравад, ки аз аҳди қадим то поёни давлатдории Сосониён мавриди истифода қарор дошт.

Тавре ки Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

Мо ҳамагон хуб медонем ва дарк ҳам кардаем, ки кори давлатдорӣ, роҳбарӣ намудан ба давлату миллат, муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ, таъмини сулҳу суботи бемайлон ва зиндагии арзандаю шоистаи мардум кори саҳл ва осон нест. Бо вуҷуди ин ва новобаста ба душвориҳои замони пурпечутоби муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба таълим ва тарбияи насли наврас, ба камол расидани ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Эълон намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ““Тоҷикон” дар оинаи таърихи миллат”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” шаҳодати гуфтаҳои болост!

Имрўз халқи Тоҷикистон маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзию фидокориҳои Пешвои муаззами миллат зери парчами сулҳу ваҳдат сарҷамъ омада, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона аз як гиребон сар бароварда, дар раванди рушди устувори созандагиву бунёдкорӣ саҳми хешро мегузоранд. Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, рангҳои он рамзҳои ба худ хосро доранд. Аз ҷумла, ранги сурх– ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст, ки тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббату садоқат ба Ватан аст.

Ҳар шаҳрванде, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии парчами миллӣ ба ӯ эҳсоси гуворои худшиносию арҷгузориро ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Борҳо шоҳид гардидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад.

Қобили тазаккур аст, ки истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ фаҳмонида шуда, бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенит Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ин мазмун қайд кардаанд, ки «Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад».

Дар ин замина, 12 октябри соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор партавафшонӣ мекунад. Яъне, дар паи ин тағйирот маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида шуд, ки ин ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз сарзамину бостонию давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мусоидат менамояд.

Оре, Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон ҳадафҳои созандаи моро дар баландтарин қасру минбарҳои минтақавию байналмилалӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси сарбаландию сарфарозиҳои мо-ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Назарзода Маҳмуд Мирзо,

директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ,

номзади илмҳои филология