
АКСИЯИ ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!
2024-11-20 20:02:49
Имрӯзҳо
бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии
миллӣ тарбия намудани хонандагону донишҷуён, баланд бардоштани ҳисси
зебоипарастии онҳо ва тарғиби ахлоқи либоспӯшӣ дар пойтахти мамлакат пӯшидани
атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ роҳандозӣ карда шуда
истодааст.
Таҳти
сарпарастии Директори Коллеҷиитиббии ҷумҳуриявӣ Ашуриён Шаҳло зери унвони
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ» бо иштироки донишҷӯдухтарон ва кормандрн аксияи тарғиботию
ташвиқотӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар ин
рӯз, бонувони Коллеҷ оид ба таърихи либоси миллии тоҷикона ва тарзи пушидани он
суҳбатҳо гузаронида, ҳамагонро ба он даъват намуданд, ки бояд ба либоси миллӣ
афзалият диҳанд ва дар тарғибу ташвиқи он саҳми худро гузоранд.
Мавриди
зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, ёдгоре аз
гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо тароваташро гӯм накардааст. Солҳои охир
таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси
миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину
анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу
тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте, ки сухан аз
либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ пеши
назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.
Раоҳбарияти
Коллеҷ тасмим гирифтааст, ки дар муаррифии либосҳои шинаму зебои миллӣ, тибқи
талаботҳои Дастурамали либосҳои тавсиявӣ саҳмгузорӣ намояд.
