Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР ТАҶЛИЛ ШУД
single-product

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР ТАҶЛИЛ ШУД

2024-11-22 21:08:26

Имрӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи меҳмонон, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён таҷлил гардид.

Директори коллеҷ Раҷабов Баҳодур Баҳромович қайд кард, ки Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи худогоҳии миллӣ ва қадршиносии арзишҳои истиқлол аст. Ин парчам дар саҳифаҳои таърихи миллат ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ сабт шудааст. Дирафши Коваён, ки дар гузашта ҳамчун рамзи адолат, ваҳдат ва қудрат шинохта шудааст, имрӯз бо шукӯҳи тоза дар шакли Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ парафшон аст.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Васихова З. З. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ на танҳо нишони истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, балки рамзи фарҳангу тамаддун, орзую ормонҳои поки миллати тоҷик аст, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён бо шукӯҳи хоса муаррифӣ шудааст. Ин парчами муқаддас имрӯз бо саъю кӯшишҳои созандаи мардуми тоҷик дар партави сиёсати созандагӣ ва дастовардҳои беназири кишвари азизамон парафшон аст.

Дар идомаи чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор Шуҳрат Аминов як зумра кормандон ва омӯзгорони муассисаро барои мусоидати фаъол дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, нишон додани эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома қадрдонӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ донишҷӯёни фаъоли муассиса барномаи фарҳангии ҷолибро манзури ҳозирин гардониданд.

 

single
single