
ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ - ПАЙКИ БАҚОИ МИЛЛАТ
2024-11-19 20:33:27
“Барои халқ,
Ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти
бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги
таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии
халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд.
Дастархонашро пурфайз кард”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии
роҳбарӣ дар даврони буҳрони шаҳрвандӣ дар мамлакат гардиши куллиеро дар ҳаёти
сиёсию иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд овард. Аз рӯзи аввали ба иҷрои вазифаи раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ кардан, Сарвари давлат ба мардуми
шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд: «Ман ба ҳар яки
шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо,
ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам
ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила
барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам
садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар
лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти
хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Аз баёни ин суханони ҳикматомез ва барои сокинони
Тоҷикистон боарзиш бармеояд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
савганди худ содиқ монда, нахуст барои пойдории давлати тоҷикон, ҳифзи истиқлол
ва барқарории сулҳу субот кору амалҳои беназирро анҷом доданд. Талошҳои
пайгирона, ранҷу заҳмати шабонарӯзӣ ва эътимод ба фардои дурахшон имкон дод, ки
тоҷикон таҳти роҳбарии Сарвари оқилу хирадманд ва миллатдӯсту ватанпарвар ба
орзуи деринаи худ расанд.
Барои хизматҳои шоён соли 2005 дар арафаи таҷлили Рӯзи
Ваҳдати миллӣ, Сарвари давлат бо ҷоизаи олӣ – Медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ
ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият сарфароз
гардиданд, ки дар байни сарварони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин
аст.
Воқеан, сулҳи тоҷикон сулҳи бесобиқа ва беназир аст. Ваъдаи Сарвари давлати
тоҷикон «Ман ба шумо сулҳ меоварам» дар ҳаёт амалӣ гардид ва ин фазилати
сулҳофарии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик кишвари ҷангзада ва дар вартаи
ҳалокат қарордоштаро умри дубора бахшид ва Тоҷикистон имрӯз дар радифи
кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор гирифта, бо ташаббусу иқдомҳои созандаву
бунёдкорона ба сӯи ояндаи дурахшон пеш меравад.
Сиёсати сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби
ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадорони маъруфи дунё баҳои баланд гирифтааст. Чунончи,
Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия ба шахсияти Сарвари маҳбуби
давлати мо чунин баҳо медиҳад: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони
кишварҳои муштаракулманофеъ яке аз ҷойҳои асосиро ишғол мекунад ва ин тасодуфӣ
нест. Тамоми талошҳои ӯ баёнгари он аст, ки Тоҷикистон раванди сулҳеро
мегузарад, ки амсоли он дар дигар кишварҳо вуҷуд надорад, дар кишварҳое, ки
гирифтори муборизаи шадиданд. Он чизе ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои тамоми
мардумону кишварҳо намунаи хубест». Ё худ Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли
Созмони Милали Муттаҳид чунин гуфта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои
дигар дар ҳалли ихтилофҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми
Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад. Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати
аз зӯроварӣ даст кашидан ва ҳалли зиддияти дохилии миллиро нишон дод».
Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастӣ,
неруи ақлонияшонро барои осоиши мардум, рушду тараққиёти мамлакат, ободии
Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рӯзгори пурсаодати сокинони диёри
азизамон сарф намуданд, ки имрӯз кулли сокинони Тоҷикистон аз ин абармарди
саҳнаи сиёсат, кафили сулҳу субот ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон сипосгузоранд.
Ализода Алишер Ҳикматулло,
муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон