
ПАРЧАМ - РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТ
2024-11-20 20:15:30
Парчами
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва соҳибистиқлоли миллӣ
заминаҳои таърихии шаклгирӣ ва қабулро бо дарназардошти сохти низоми идоракунии
давлат доро мебошад. Бо дарназардошти заминаҳои таърихии рушди давлатдорӣ ва
бунёди давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистони
соҳибистиқлол шаклгирии Парчами давлатӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад.
Парчами миллӣ
симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бошад, ки
ин парчам то абад пойдор бимонад.
Ифтихор аз парчам
аз миллати куҳанбунёд будани мо гувоҳӣ дода, ҳамчун рамзи истиқлолу озодии
миллати соҳибтамаддуну соҳибмаърифат аст. Пас, пос доштани Парчами давлатӣ ин
эҳёи хотираи таърихӣ ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллати тоҷик аст.
Омӯзиш ва шинохти Парчами миллӣ – ин василаи пайдо намудани андешаву ҳувият ва
устувории пояҳои давлати миллӣ аст.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи
истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он
ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш
ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду инкишофи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию
соҳибдавлатӣ раҳнамоӣ менамояд.
Парчами давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатӣ дар тамоми
чорабиниҳои расмӣ, мусобиқаҳо, маҷлисҳои тантанавӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи
давлатӣ ва байналмилалӣ, дар қароргоҳҳои ҳукуматӣ, мақомоти давлатӣ ва ғайра
гузошта мешаванд. Имрӯз тасвири Парчами давлатӣ дар пули миллӣ, коғазҳои
қиматнок, ифтихорномаю шаҳодатнома, гувоҳномаю шиносномаҳо, ордену медалҳо,
нишонҳои сарисинагӣ ва дигар ашёи арзишманд инъикос ёфтааст ва хурду бузурги
кишвар аз он ифтихор доранд.
Парчами давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари даврони соҳибистиқлолӣ, ҳувияти миллӣ,
арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таъриху тамаддуни ғановатманд ва пурифтихори
миллат маҳсуб гардида, заминаҳои ҳуқуқии худро дорад. Ин рамзи давлатдорӣ дар
сатҳи санадҳои қонунгузорӣ мустаҳкам карда шуда, гиромидошту ҳифзи он ва ҳамеша
парафшон нигоҳ доштани он вазифаи муҳими шаҳрвандии мо сокинони Тоҷикистони
соҳибистиқлол мебошад.
Парчам рамзи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ
буда, боиси ифтихор ва сарфарозии бузург аст, ки ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи
Парчами давлатӣ дар саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар
фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ ва Ваҳдати миллӣ бо
шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Маҳз дар фазои
сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ ва Ваҳдати миллӣ зери
парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари азизу маҳбуби мо Тоҷикистони
соҳибистиқлоли даҳҳо иншооти бузурги аср ва ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу
иҷтимоӣ ва маишӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо аз самараи заҳмату меҳнат ва
талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак
медиҳанд.
Бояд тазаккур
дод, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун
рамзи давлатдорӣ, ватандорӣ, доштани ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу
номуси ҳар як миллату давлат ба шумор рафта, барои нигоҳ доштан ва то ба имрӯз
ба мерос гузоштани ин рамзи давлатӣ садҳо фарзандони сарсупурдаи ватан ҷонисорӣ
намудаанд, ки ин ин рамз то ба имрӯз боқӣ монад ва барои насли минбаъда хизмат
намояд.
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар
қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони
соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон
гардидааст, ки ин аз соҳибихтиёриву соҳибистиқлолии кишвари азизи мо Тоҷикистон
дарак медиҳад.
Мо шаҳрвандон бо
рисолат ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ вазифадорем, ки Парчами миллии худро
ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва
арзиши баланди миллӣ ба ҷо орем.
Бобоҷон АБДУКАРИМЗОДА,
директори Литсейи касбии
алоқаи шаҳри Душанбе
