
16 НОЯБР – САНАЕ, КИ ТАЪРИХСОЗ ШУД
2024-11-19 20:41:28
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти
давлатӣ, Тоҷикистон дучори вазъияти муракаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ
гардид. Дар он шабу рӯз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун
субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ ва тамомияти арзии он хатари аз байн рафтан
ва ба миллати тоҷик хатари парокандагӣ таҳдид мекард. Дар вазъияти ҳассос ва
хатарноки ба миён омада, зарурати ба майдон омадани шахсияте буд, ки ба
муттаҳид кардани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои эҷодӣ,
ақаллиятҳои миллӣ, созмонҳои динӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, боазму иродаи
қавӣ амал намояд.
Маҳз, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари
аввали ватани азизамон ба майдони сиёсат ворид гардаду миллатро аз парокандагӣ,
ватанро аз порча-порчашавӣ эмин нигаҳ дораду дар муддати кӯтоҳи таърихӣ онро ба
кишвари пешрафтаву ободу озод табдил диҳад.
Суханҳои аввалини Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар он лаҳзаҳо чунин буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард.
Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар
бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам
кард».
Новобаста аз ҳама гуна таҳдидҳо, санаи 6
ноябри соли 1994 интихоботи Президент дар ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки халқи
Тоҷикистон якдилона ба ҷонибдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз
доданд. Санаи 16 ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд
намуда, ба фаъолияти корӣ шуруъ намуданд ва то имрӯз ба савганди худ содиқ
буда, ба ватану миллат ҷонфидокорона хизмат намуда истодааст.
Аз он лаҳзаҳо то имрўз, санаи 16 ноябр,
ҳамчун санаи таърихӣ-сиёсӣ дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон дар фазои
идона ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз шукргузорӣ аз он кардан лозим аст, ки дар
ватани азизамон сулҳу суботи комил ҳукмфармо буда, Тоҷикистон аз ҳама лиҳоз
босуръат рушд карда истодааст.
Хотирнишон бояд кард, ки хизматҳои
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешво, илҳомбахши зафару комёбиҳо дар таърихи
навини халқи тоҷик, дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва бақои имрӯзу
ояндаи Тоҷикистон, дар эҳё намудани арзишҳои волои фарҳанги гузаштагонамон ва
барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати тоҷик, дар саҳифаҳои таърих бо
ҳарфҳои тиллоӣ сабт хоҳанд шуд.
Воқеан имрӯз миллати тоҷик зери сиёсати
хирадмандони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суи фардои нек
дилпуронаву устуворона қадам ниҳода истодааст. Бо такя ба ин, ифтихор аз он
менамоем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори
хирадманд дар ҳали проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ низ, нақши калидӣ дорад.
Меҳрулло НУРУЛЛОЗОДА,
сардори Коллеҷи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон (бо
қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб),
подполковники милитсия