Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭҲЁГАРИ НБО «РОҒУН»
single-product

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭҲЁГАРИ НБО «РОҒУН»

2024-11-19 20:35:26

Ба бахти миллати тоҷик дар давраи басо хатарзои солҳои 90-уми асри ХХ ҷавонмарде адолатхоҳу раиятпарвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд. Пешвои миллати мо аз ҷумлаи дурахшонтарин чеҳраҳоеанд, ки Тоҷикистонро бо тамоми сармояҳои фарҳангӣ ва тавонмандиҳо дар бунёди давлати миллии демократӣ ба сӯи қуллаҳои мурод раҳнамоӣ сохтанд.

Яке аз ормонҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон бунёди иншооти аср – Неругоҳи барқию обии «Роғун» аст. Тавре ки Сарвари давлат борҳо таъкид доштаанд: «Бо бунёди «Роғун» - мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем».

Бояд гуфт, ки баъди қатъ гаштани ин сохтмон, солҳо пас бо ташаббусу ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёву эъмори иншооти солҳо хобидаву валангоргаштаи НБО «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд, ки ин рухдод дар лавҳи таърих бо хатти заррин ҳаккокӣ шудааст.

26-уми сентябри соли 2005 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузорони НБО «Роғун» бо нону намак пешвоз гирифтанд. Пас аз ифтитоҳи расмии корҳо, Сарвари давлат ба таъкид гуфтанд, ки рӯзи 26-уми сентябрро фаромӯш набояд кард, зеро он муборак асту барои тамоми мардуми кишвар фаромӯшнопазир хоҳад буд. Пас, аз гузаштаи дуру наздики сохтмон, рӯзҳои шодиву нишот ва даҳшату нокомиҳои бунёди неругоҳ гуфтанд.

Ҳамин тавр, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёди иншооти аср гомҳои нахустин гузошта шуд. Саннаи 27-уми августи соли 2007 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ба тасвиб расид. Зимни вохӯрӣ ва мулоқотҳо, Сарвари давлат ба бунёдгарони сохтмон ба таъкид гуфтанд, ки рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи кишварро бе сохтмони НБО «Роғун» тасаввур кардан имконнопазир аст.

Бо бунёди Неругоҳ 14 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол мегардад, ки ин дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат нақши бориз хоҳад гузошт. Дар натиҷа, Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои асосии тавлидгари барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи минтақа табдил меёбад.

Тавре ки дар расми ифтитоҳи оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» 16 ноябри соли 2018 Сарвари давлат дар суханронии худ зикр карданд: «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан дар солҳои камобиву хушксолӣ, нақши бузург хоҳад бозид».

Баъди ин, 9 сентябри соли 2019 Пешвои миллат агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварданд. Дар ин санна дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки НБО «Роғун», пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин НБО дар минтақа хоҳад буд.

“Воқеан, Неругоҳи барқи обии "Роғун" барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода мекунад. Бовар дорам, ки таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд”, – таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Солҳо гувоҳанд, ки сохтмончиёни иншоот, Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қодиранд нақшаи хешро амалӣ созанд. Воқеан, эъмори неругоҳи «Роғун» сарнавишти хешро ба дасти худ гирифтан аст. «Роғун» арсаи муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. «Роғун», на танҳо манбаи нуру зиё, балки омили асосии таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аст!

Раҳматулло КАРИМОВ,

сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар”