Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
single-product

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

2024-11-17 09:24:10

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бахшида ба ду санаи муҳими таърихӣ: Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳу илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-эҳёгари давлати навини тоҷикон” баргузор гардид.

Меҳмонон пеш аз оғози чорабинӣ аз намоиши дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён дидан намуда, ҳамзамон бо тамошои Осорхонаи муассиса аз таърихи зиёда аз 80 солаи он шинос шуданд. Сипас, дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳи идона оғоз гардид. Дар чорабинӣ Ҳамидиён Орзу – муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Сайвализода Салим Сайвалӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Бозорзода Сафаралӣ-Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон директори «Телевизиони Кӯлоб», Ҳайдарова Назира - раиси Шурои занон ва кор бо оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Саймуминзода Фирӯз Саймумин - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Абдуллоев Раҳим мудири бахши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро директори муассиса, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Одиназода Латофат Амиршо ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашнҳои дар боло зикргардида табрику муборакбод намуданд. Дар идомаи суханронии худ роҳбари муассиса қайд намуданд, ки дар воқеъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд. Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

Сипас, Бозорзода Сафаралӣ ба сухан баромада, аз таърихи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корнамоиҳои Пешвои миллат ёдоварӣ намуданд. Бозорзода Сафаралӣ иброз доштанд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

Дар идомаи чорабинӣ Ҳамидиён Орзу – муовини раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем.

Сайвализода Салим Сайвалӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар суханронии худ таъқид намуданд, ки ҳар яки моро лозим аст, ки пайравони асили Пешвои муаззами миллат бошем ва бо меҳнати ҳалоли худ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳмгузор гардем. Сайвализода Салим Сайвалӣ дар ҷамъбасти суханронии худ як қатор омӯзгорони фаъоли муассисаро бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ намуда, инчунин ба якчанд омӯзгорони ҷавони муассиса билети аъзогӣ ба ҲХДТ-ро тақдим намуданд.

Дар чорабинӣ инчунин якчанд донишҷӯёни муассиса, ки дар озмунҳои муассисавию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намудаанд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудани маъмурияти муассиса қадрдонӣ карда шуданд. Маъмурияти муассиса роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбарияти телевизиони Кӯлоб ва дигар меҳмононро барои ҳамкории пайвастаи судманд бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи омоданамудаи донишҷӯёни муассиса пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гашт.

 

single
single