Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ» АЗ ҲИСОБИ ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ МУАЙЯН ШУДАНД
single-product

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ» АЗ ҲИСОБИ ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ МУАЙЯН ШУДАНД

2024-11-21 10:27:33

Дирӯз дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия Раҳмон Дилшод Сафарбек, роҳбарияти раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар қишри ҷомеа ширкат намуданд.

Қайд гардид, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 21 октябри соли 2024, №705 озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Озмуни мазкур таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ, таъмини реҷаи қонуният, низом ва тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва бартарияти ҳуқуқ, рушду инкишофи давлати ҳуқуқбунёд, демократия ва ҷомеаи маданӣ, густариши тарбияи ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ ва камолоти фарҳанги ҳуқуқии мардуми шарифи Тоҷикистон, ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ташкил ва баргузор гардид.

Дар озмун аз муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе довталабон пешниҳод гардиданд ва дар умум 18 нафар ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Исроилова Муниса Саломиддиновна, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси таҳсилоти ибтидоии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1, Шарипова Бибимайсара, донишҷӯи курси 2-юми факултети кори тиббӣ-ташхисии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Гуреззода Меҳрнигор, донишҷӯйи курси 2-юми факултети забонҳои хориҷии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова барандаи мақоми 2, Зоирзода Умар, донишҷӯи курси 2-юми Коллеҷи куҳии ба номи С. Юсупова, Маҳмудова Мадина, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва менеҷменти Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ва Долаев Расул сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Ба ғолибони озмун диплому туҳфаҳои хотирмон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд. Пас аз супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун, бо иштироки ҳунармандони мумтози ҷумҳурӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

single
single