Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ИФОДАКУНАНДАИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ
single-product

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ИФОДАКУНАНДАИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

2024-11-21 10:29:11

Нақш ва мавқеи ҳизб дар системаи сиёсӣ дар бештари мавридҳо ба воситаи вазифаҳои он муайян карда мешавад. Иҷроиши вазифаҳо самти фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро инъикос менамоянд.

Ҳизбҳои сиёсӣ ифодакунандаи манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва синфҳо мебошанд. Ҳизби сиёсӣ дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат ҳамчун миёнарав шинохта шуда, талабот ва манфиатҳои муҳимми иҷтимоиро ба таври расмӣ муаррифӣ менамояд ва онҳоро вориди баҳсҳои сиёсӣ месозад. Ҳамчунин, ҳамгироӣ ва сафарбарнамоии аъзоёни гурӯҳ, ташаккул додани онҳо ва дар атрофи мақсадҳои ягона муттаҳид намудани онҳо яке аз вазифаҳои муҳимми ҳизби сиёсӣ ба шумор мераванд. Тағйиротҳои иҷтимоии сохтори ҷомеа тӯли солҳои охир таркиби иҷтимоии ҳизбҳои сиёсиро ноустувор ва номушаххас гардонида, ҳувияти ҳизбии интихобкунандагонро заиф гардонидааст.

Муайян намудани самти фаъолияти сиёсии ҳизб, коркарди барномаи ҳизб, ташаккули стратегия ва тактикаи вазифаҳои идеологии ҳизби сиёсиро ташкил медиҳанд. Одатан, ҳизбҳои сиёсӣ дорои барномаҳои сиёсии дарозмуддате мебошанд, ки онҳо ба меъёрҳои муайяни ҳизбӣ асос меёбанд. Идеология бошад асоси назариявии фаъолияти ҳизбро ташкил медиҳад.

Пас аз пошхӯрии ИҶШС дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Тоҷикистон Истиқлоли давлатиро ба даст оварда, ба эъмори сохторҳои нави ҳокимият пардохт. Дар Тоҷикистон ҷомеаи бисёрҳизбӣ ба вуқуъ пайваст. Вале, бисёре аз созмонҳо ва иттиҳодияҳои ба вуҷудомада, характери маҳалгароӣ ва мазҳабӣ доштанд ва маҳз ҳамин боиси оѓоз гардидани рақобатҳои сиёсӣ ва маҳалгароӣ шуд, ки оқибат зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор нафар қурбони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 гардиданд. Ҳамин тариқ, дар аввали солҳои 90-уми қарни ХХ дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ пайдо шуда, ба фаъолият пардохтанд.

Дар ташаккули низоми бисёрҳизбӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки моҳи декабри соли 1990 ба тасвиб расида буданд, мусоидат намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шуруъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устуворию пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар ба шумор мерафт. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ѓояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд.

Самти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз муттаҳид намудани неруи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ буда, ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутараққиро таъмин намудан иборат буд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ширкаткунандаи фаъоли равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир мебошад. Бинобар ин, истифодаи тамоми василаҳо дар ин самт метавонад ба раванди татбиқи сиёсати хориҷии давлат мусоидат намояд.

Маҳз бо дарназардошти ҳамин омил вакилон-аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иштироки ҳадафмандона дошта, дар кори ассамблеяҳои байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Авруосиё, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Осиё ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ иштироки фаъолона дорад.

Густариши робитаҳои байнипарламентӣ дар масъалаи омӯзиши қонунгузории ин давлатҳо ва истифодаи таҷрибаи онҳо дар фаъолияти қонунгузории вакилон ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар аҳаммияти хоса доранд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тақвияти муносибатҳо дар байни кишварҳои гуногуни олам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкориҳои муфид бо ҳамаи аҳзобе, ки барномаҳояшон бо Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон наздиканд, барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳояш талош меварзад.

Фаъолияти мақоми олии қонунгузор, бешубҳа, дар бобати беҳтар шудани некӯаҳволии мардум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолату ҳимояи онҳо нақши бисёр арзишманд дорад. Аз ин лиҳоз, ба мақоми қонунгузор бояд шахсони соҳибмаърифату баландихтисос, забондону сухандон ва обрӯманду соҳиби хислатҳои баланди инсонӣ пешбарӣ карда шаванд, то ки дар раванди қонунэҷодкунӣ, яъне таҳияву қабули санадҳои барои пешрафти ҷомеаи демократиамон зарурӣ фаъолона иштирок намоянд ва дар байни мардум намунаи ибрат бошанд.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам дорад ва мо бояд ин дастовардро ҳифз намуда, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем. Зеро ҳар ҳизбе, ки дар ҷомеа нуфуз дорад, имконияти бештари иштирок дар такмили фазои қонунгузории кишварро пайдо намуда, ба ин восита ба равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Дар робита ба ин, бояд ҳар як ташкилоти ҳизбӣ ва аъзои он бо эҳсоси масъулияти баланд дар раванди демократикунонии ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва рушду тараққиёти кишвар саҳми арзанда гузорад.

Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муттаҳидию ба ҳам овардани миллат ва халқи Тоҷикистон хидмати таърихӣ намуда, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дода, тоҷиконро ба сулҳи комил ҳидоят намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди комили иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз он ҷумла соҳаи энергетика, коммуникатсия, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбанд, ноил гардид.

Абдулқосим РАҲИМОВ,

саромӯзгори кафедраи забон ва дабиёти тоҷики

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои филологӣ