
Вохӯрии муовини якуми Раиси ҲХДТ бо ҳайати расмии Ҳизби Коммунистии Чин
2024-12-20 18:14:24
Дар доираи сафари кории ҳайати расмии
Ҳизби Коммунистии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини мудири шуъбаи
байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Чен Чжоу, мулоқот бо
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо доир
гардид.
Зимни мулоқот, ҳайат ҳизбиёнро бо
баргузории Анҷумани навбатӣ ва интихоби Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон табрик намуда, бо боварӣ иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Раиси ҳизб,
фаъолияти он дар самти муносибатҳои хориҷӣ ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас ноил
мегардад.
Дар идома иброз гардид, ки натиҷаи
ҳамкориҳои тарафҳо боварии моро ба ояндаи дурахшон боз ҳам устувортар
мегардонад ва ин раванди муносибатҳои байни давлатҳо дар тамоми ҷабҳа вусъати
бемислу монандро ба миён хоҳанд овард. Дар ҷаҳони имрӯза нақши ҳизбҳои сиёсӣ
дар рушди муносибатҳо ҳамеша калидӣ буда, метавонад натиҷаҳои самарабахш ба бор
оварад. Мантиқист, ки имрӯз онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ дар фазои
ҳамдигарфаҳмии комил ва эҳтирому эътимод бомуваффақият инкишоф меёбанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дастовардҳои назарраси
ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки ин
муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Хитой ба манфиатҳои дарозмуддати ду кишвар ва
ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва дипломатӣ мусоидат
хоҳад кард.

