Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МАҲФИЛИ ОМӮЗИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ БА НОМИ А. ҚАҲҲОРОВИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
single-product

МАҲФИЛИ ОМӮЗИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ БА НОМИ А. ҚАҲҲОРОВИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

2024-12-24 15:30:48

Дирӯз дар маҳфили навбатӣ аз рӯи ду асари Сарвари давлат “Чеҳраҳои мондагор” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Маҳфилро директори муассиса Ирматова Замира ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба тамаддун ва таърихи ориёӣ, Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам”, “Имоми Аъзам рӯзгор, осор ва афкор”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ, “Бист қадами созанда”, “Забони миллат - ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои истиқлол” таъсири хуб дорад.

“Пешвои миллат ояндаи миллатро маҳз дар таълиму тарбияи баланди ҷавонон мебинанд. Омӯзиши таърихи ниёгонро аз рукнҳои муҳими расидан ба ин матлаб ҳисобида, таъкид сохтаанд, ки: “Як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуқтасанҷ дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушояд”, - таъкид кард сарвари муассиса.

Қайд гардид, ки Пешвои миллат бо китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба рисолати таърихии мардуми тоҷик бори аввал дар илми таърихнигорӣ баҳои сазовор дода, ҳамзамон аз арзишҳои ахлоқии таърихӣ ёд мекунад, ки барои насли имрӯз дарку маърифати он ҳатмист.

Дар идомаи маҳфил аз ҷониби омӯзгорони муассиса гуфта шуд, ки китоби дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” низ дорои арзиши баланди илмиву таърихӣ ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Китоби мазкур ифодагари таърихи пурғановати тоҷик мебошад. Муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаву далери миллати хеш тадқиқоти ҷолиб бурда, дар ниҳоди хонанда, хосса ҷавонони Ватан, эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад.

Дар охири маҳфил таъкид шуд, ки омӯзиши асарҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми кишвар, бахусус наврасону ҷавонон мояи ифтихор, намунаи ибрат, дарси худшиносиву меҳанпарастӣ аст.