Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-12-10 17:42:50

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ҲИЗБИ БАРОРАНДАИ НИЁЗҲОИ МАРДУМ

Инак, 30 сол аст, ки дар муҳити сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзи ҳастӣ дорад ва ин ҳизб, ки маҳсули тафаккури созанда, хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дар рушди давлату давлатдорӣ, сулҳу суботи пойдори ҷомеа, инкишофи босуръат ва устувори иқтисодӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, ки маҳаки фаъолияти ин ҳизб аст, нақши созандаи худро мегузорад.

Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, ки яке аз принсипҳои меҳварии бунёди чунин ҷомеа гуногунандешии сиёсӣ аст. Дар асоси талаботи ҷомеаи демократӣ ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ одамони ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо дар чаҳорчўбаи қонунгузории кишвар ҳуқуқ доранд ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд.

Дар ин матлаб аввал мепардозем ба таърихи таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ, баъдан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақши он дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҷаҳони муосир.

Маълум аст, ки пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ таърихи дуру дарозе надошта, нахустин ҳизбҳои сиёсӣ дар охири асри 18 ва ибтидои асри 19 таъсис ёфтаанд, ки намунаи аввалини онҳо Ҳизби Тори (консерваторҳо) ва Виги (либералҳо) дар охири асри 18 дар Британияи Кабир буд. Пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама, бо ташаккули мақомоти намояндагӣ ва муттаҳидшавии қувваҳои муайяни сиёсӣ барои амалӣ намудани мақсадҳо ва нақшаҳои ягона буд. Дар кишварҳои гуногун ҳизбҳои сиёсӣ вобаста ба вазъияти мушаххаси сиёсию иҷтимоӣ таъсис ёфта, аз нигоҳи идеологӣ ва методологӣ равишҳои гуногунро пеша менамуданд.

Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ якчанд давраро дарбар мегиранд: аввалан, асосҳои идеологӣ ва барномаи ҳизб шакл мегирад; дуюм, ҳамфикрон аз ҷомеа ба ҳам оварда мешаванд; сеюм, барои фаъолияти расмӣ ҳизб аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба қайд гирифта мешавад; чорум, ҳизбро мардум эътироф менамоянд ва дар охир ҳизб дар ҳаёти сиёсии кишвар иштирок менамояд.

Тавре ки таҳлили маводи аз сомонаҳои интернетӣ ва дигар сарчашмаҳо дастрасшуда нишон медиҳанд, айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 165 ҳизби таъсиргузор дар сиёсати кишварҳои олам арзи вуҷуд доранд, ки таърихи зиёда аз дусадсола доранд ва дар ин радиф, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ таърихи 30-сола дорад, аз ҷиҳати теъдоди аъзо ва фарогирии қишрҳои ҷомеа дар ҷойи 50-ум қарор дорад, ки ин худ дастоварди назаррасест.

Идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳанўз дар ибтидои соли 1993 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд. Вобаста ба ин, 12-уми июни соли 1993 Кумитаи тадорукоти ҳизб таъсис дода шуд. Кумитаи тадорукот ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дунёро омўхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби нав бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад.

Пешвои миллат пайваста таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма гирад ва он бояд, пеш аз ҳама, ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда созад. Дар чунин шароит Роҳбари давлат шахсан дар ҷараёни таъсиси ҳизб, ки он вақт қарор дошт, ҳар як санади ташкили ҳизбро бевосита мутолиа ва таҳрир карда, барои такмили он дастуру супоришҳо медоданд.

Ҳадафи Пешвои миллат аз он иборат буд, ки ҳизби нав ҷавобгуйи манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа бошад ва дар Оиннома ва Барномаи ҳизби нав меъёрҳои демократӣ ҳамчун асос қабул карда шаванд. 10-уми декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Тоҷикистон қарор қабул карда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ намуд. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми декабри соли 1994, №199 Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба қайд гирифт.

Анҷумани 2-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон санаи 30-юми марти соли 1996 доир гардид ва дар Анҷумани 3-юми он, ки 25-уми июни соли 1997 доир гардид, ибораи “демократия” ба номи ҳизб ворид карда шуд ва аз ҳамон давра Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном бурда мешавад ва Анҷумани 4-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 18-уми апрели соли 1998 баргузор гардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман раиси он интихоб намуд.

Анҷумани 5-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 23-юми сентябри соли 1999 доир гардид, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Баъд аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кишвари мо 6 маротиба интихоботи парлумонӣ (солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020) ва 4 маротиба интихоботи Президентӣ (солҳои 1999, 2006, 2013, 2020) баргузор гардидааст. Дар ҳамаи ин маъракаҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бартарияти бештарро соҳиб гардида, номзадҳои аз ҳизб пешбаришуда раъйи бештари мардумро ба даст овардаанд. Ин дастовардҳои бузургтарини ҳизб дар замони фаъолияташ аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохтори комил ва шеваи фаъолияти ба худ хосро доро буда, барнома ва стратегияи давлат меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.

Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби масъулияти таърихидошта ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва асолати миллӣ, таъмини ризоияти ҷомеа тавассути ҷалби шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои пешқадами афкори ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва муносибаташ бо дин дастгирӣ менамояд ва беҳтарин анъанаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро эҳё ва ҳифз месозад. Ҳизб ҳама гуна таассуби динӣ, экстремизми сиёсӣ, терроризм ва ифротгароии сиёсиро маҳкум намуда, ба муқобили ин зуҳуроти манфӣ мубориза мебарад. Он бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи ҳама гуна шакли моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва муттаҳидии тамоми қувваҳои солими ҷомеа кўшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бонуфузтарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ аст ва аз рўйи эътибору иқтидор (маъмурӣ, идеологӣ, аъзо ва таркиби иҷтимоии аъзоёнаш) бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст. Ҳизб ҳам иқтидори зиёди маъмурӣ дорад ва ҳам эътибораш миёни омма бузург аст. Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки равандҳои сиёсати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳанд, ки барои таъмини рушди устувор ва таҳкими суботи сиёсии давлат боло бурдани фарҳанги сиёсии ҷомеа ва бо ин роҳ бештар намудани самаранокии низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои муҳимми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, ба ин масъала диққати махсус дода мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Тавре ки дар боло зикр карда будем, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳсули тафаккури созанда, хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, тайи ин муддат зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.

Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонистанд, ки дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳимро бозанд. Дар ин роҳ саҳми Раиси ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд махсус зикр кард.

Хидматҳои беназири Пешвои миллат ҳамчун Раиси ҳизб дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину ойин сутуданист.

Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини Истиқлоли давлатӣ, ба даст овардани сулҳу суботи сартосарию Ваҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар бараъло зоҳир мегардад ва дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

Пешвои миллат аз рўзҳои нахустини ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданашон барои ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ ва хомўш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот камари ҳиммат бастанд ва ба он ноил гардиданд.

Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи мактабу маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш бо мақсади боло бурдани сатҳи маърифат ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, наслу миллати солим хеле ҳам назаррас аст. Таваҷҷуҳи доимӣ ба забони ноби модарӣ, адабиёту фарҳанг ва гиромидошти бузургони гузаштаи мо аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи фарҳангии Пешвои муаззами миллат ҳамчун Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ибтикори Пешвои миллат ба рушду тавсеаи забони тоҷикӣ ба сифати нахустунсури ҳастии миллат ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шуд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат зина ба зина ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700-солагии шаҳри Кўлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015) ва соли 2020 ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразми бостонӣ гузаштаи моро ба имрўзи мо пайванд медиҳад.

Бо ибтикори Пешвои миллат Тоҷикистон ба давлати ягонаи дорои роҳҳои рафтуомади доимӣ мубаддал гардид ва то ин замон зиёда аз 31 километр нақб, 2000 километр роҳҳои мошингард ва 200 пул сохта ба истифода дода шуд. Бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Хатлон” рафтуомади мардумро ба марказ ва ҷануби Тоҷикистон дар чор фасли сол таъмин намуд.

Ҳамчунин, дар ин муддат 270 неругоҳҳои барқии обии хурду миёна ба истеҳсоли неруи барқ шуруъ намуданд ва тавассути кашидани хатти интиқоли барқи баландшиддат шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд.

Зикр намудани заҳматҳои Пешвои миллат ҳамчун Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар роҳи боло бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ зарур ва саривақтист. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки мустақими он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва ғайра саҳми назаррас доранд.

Бояд гуфт, ки ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат фаромиллӣ буда, ба беҳбуди зиндагию рўзгори на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд.

Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи фарогире ворид гашт, ки он рушду нумуи тамоми самтҳо ва бахшҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро дарбар мегирад. Ҳадафу мақсадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма мегирад ва он, пеш аз ҳама, ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда месозад.

Фарҳод РАҲИМӢ,

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академик, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

 

2024-12-07 08:37:37

ҲХДТ – ҲИЗБИ МАРДУМИЮ САОДАТБАХШ

10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби масъулияти таърихидошта ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорию худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар кишвар саҳми бузургу мондагор гузоштааст.

Таърих бо ҳарфҳои тиллоӣ дарҷ карда, ки дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан ҳар як санади ташкилии ҳизбро бевосита мутолиа ва таҳрир карда, барои такмили он ба масъулин дастуру супоришҳо медоданд. Оре, мавриди зикру ифтихор аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро маҳз дар ибтидои соли 1993 Роҳбари давлат пешниҳод намуда буданд.

Бояд қайд кард, ки даҳсолаи охири асри XX барои миллати тоҷик марҳилаи ҳассоси таърихӣ буд, зеро дар ин давра дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуда, давлати мо дар рӯ ба рӯ бо имтиҳони вазнини сарнавишт қарор дошт. Дар он солҳои вазнин садҳо нафар ҷони хешро аз даст дода, ҳазорҳо ҳамватани мо тарки диёру азизонашон карданд. Хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳар замон таҳдид мекарду миллат дар чор сӯйи олам саргардону парешон гашта буд. Ин ҳолати вазнин вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор кард, ки ҳарчи зудтар чорае андешида, гирди мизи музокирот ҷамъ оянд. Ниҳоят Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид.

Ин Иҷлосия барои он таърихиву сарнавиштсоз аст, ки фарзанди далеру қаҳрамон ва худшиносу меҳанпарасти тоҷик - Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард. Ин абармарди майдони сиёсат чун қаҳрамони миллат бо ҷасурию иродаи қавӣ мардуми овораи тоҷикро дар тамоми гӯшаҳои дунё ҷамъ карда, давлатро аз нестшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшида, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуданд. Оре, дар он солҳои вазнин ва ҷангу нооромӣ фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон пешвою ҳидоятгари миллат гардиданд.

Дар чунин марҳилаи вазнин бунёди ҳизби сиёсӣ тақозои замон буд. Агар аз ин нуқтаи назар мо ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нигоҳ намоем, воқеан он дар даврае амалӣ шуд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи душвортарини таърихи худ қарор дошт. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки давраи асосии ташаккули ҲХДТ аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон маншаъ мегирад.

Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Анҷумани ҳизб чунин таъкид намуда буданд: «Ҳадафи ягонаи мо аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани неруҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд».

Таърих баёнгарӣ он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши арзишманду мондагор гузошта, ҳидоятгари мардум ба сӯйи ояндаи дурахшон аст.

Имсол аз таъсиси ин ҳизби воқеан ҳам мардумӣ 30 – сол сипарӣ мешавад. 30 – соли созандагию бунёдкорӣ ва 30 – соли музаффарияту комёбиҳои ҲХДТ дар таърихи миллати тамаддунофари тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ба таври хулоса метавон гуфт, ки ҲХДТ дар тули 30 – соли фаъолияти худ ормонҳои ҳазорсолаи миллатро дар амал татбиқ карда, ҷомеаро ба сӯйи худшиносию ватандӯстӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва дӯст доштани халқу диёри соҳибистиқлоли худ ҳидоят намудааст.

Зоир ҒАФУРӢ,

директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова,

номзади илмҳои филология, дотсент

2024-12-07 08:36:33

МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ "ЗИНДАГӢ БИДУНИ ХУШУНАТ ВА ЗӮРОВАРӢ ЗЕБОСТ" ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ БА НОМИ А. ҚАҲҲОРОВ

Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбат ба занон» сурат мегирад, ки он дар иртибот ба «Конвенсия оиди бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқи занон» қабул гардидааст.

Дар доираи маъракаи иттилоотии мазкур санаи 5 декабри соли равон дар Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом ба номи А. Қаҳҳоров мизи мудаввар таҳти унвони "Зиндагӣ бидуни хушунат ва зӯроварӣ зебост" баргузор гардид, ки дар он Раиси ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ва сархатиби масҷиди ҷомеаи марказии шаҳр Аббосхон Аброров иштирок намуданд.

Дар оғоз зикр гардид, ки чорабинии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи оила, баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устувории нақши оила, бунёди оилаи солим, парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди ҷавонон, тараннуми арзишҳои олии оила, тарбияи ҷавонон ба ватандӯстию меҳанпарастӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва хушунати оилавӣ равона карда шудааст. Дар вохӯрӣ меҳмонони баромад карданд.

Таъкид шуд, ки мақсади гузаронидани чунин чорабиниҳо ҷалби диққати ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбати занон, мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии занон ва коҳиш додани хушунати хонаводагӣ мебошад.

Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронии иштирокчиён анҷом ёфт.

2024-12-07 08:33:36

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ КӮҲИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВА

Санаи 5 декабри соли 2024 дар Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова бо мақсади иҷрои талаботи барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 28.11.2024, таҳти №149 ҷиҳати таҷлили сазовори 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ҳамоиши сиёсию маърифатӣ, таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - маснади бахту саодат ва иршодбахши истиқлолу озодии миллат” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Ширинбекзода Садриддин Авазбек - сардори шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Фазилатпочои Маҳмадюсуф - мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Душанбе, Абдураҳим Шоҳиён - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог” иштирок доштанд.

Ҳамоишро раиси Ташкилоти ибтидоии “Геолог” Суфиев А. Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ самимона табрику шодбош гуфтанд.

Мавсуф ҳамзамон зикр намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30-сол муқаддам, 10.12.1994 баъд аз ба низомдарории сохти Конститутсионии кишвар мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, ки ҳуқуқу вазифа ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро танзим мекунад, бо дарназардошти иродаи сиёсии шаҳрвандон, таъсис дода шуда, давоми 30-соли фаъолияти пурсамар бо сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияту якпорчагии Тоҷикистони азиз нақши бориз гузоштааст.

Дар идома аз ҷониби меҳмонон доир ба мавзуҳои «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - маҳсули хиради волои Пешвои миллат», «ҲХДТ-ҳизби ормонҳои миллӣ», «ҲХДТ-ҳизби созанда ва пешбарандаи ҷомеа» ва дигар самтҳои фаъолияти ҳизб ба ҳозирин маъруза пешниҳод намуданд.

Зимни фарҷоми ҳамоиш як қатор аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ бо ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, дар доираи иқдомоти наҷиби ҳизбӣ вобаста ба дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа хонандагону донишҷӯёни коллеҷ бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

2024-12-07 08:30:01

"ЗИНДАГИРО БИДУНИ ХУШУНАТ ЗЕБО МЕСОЗЕМ"

Ҳамасола тамоми ҷаҳон аз санаи 25-ноябр то 10-декабр Маъракаи иттилоотии «16-рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон»-ро қайд мекунад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон қабул карда шудааст.

Санаи 5-уми декабр дар доираи маъракаи иттилоотӣ дар маҷлисгоҳи хурди муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом" семинари омӯзишӣ таҳти унвони "Зиндагиро бидуни хушунат зебо месозем" доир гардид. Дар семинар намояндагони бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр, равоншиноси гимназияи №1-и шаҳри Конибодом, рӯзноманигори радиои маҳаллӣ Боҳир Баҳодурзода ва устодону донишҷӯёни коллеҷ ширкат намуданд.

Дар идомаи семинар намояндаи МИҲД омӯзгори калони кафедраи забонҳо, педагогика ва психология М. Баҳромова баромад намуда, дар мавриди сабабу омилҳои ба хушунат гирифтор шудани занону бонувон ва роҳҳои пешгирии он ибрози андеша кард. Зикр намуд, ки оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Қабл аз ҳама, ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза бурд.

Дар баромади худ омӯзгори калони кафедраи забонҳо, педагогика ва психология, равоншинос М. Миршоева илова намуданд, ки зӯроварӣ яке аз омилҳои вайронкунии ҳуқуқҳои инсон ба ҳисоб меравад ва мутаассифона мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин амали нангин дар хонаводаҳо бештар истифода бурда мешавад. Аксаран занон гирифтори хушунат мегарданд.

Мақсади гузаронидани маъракаи иттилоотӣ ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти зӯроварӣ нисбати занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатхои иқтисодию иҷтимоӣ, сабаб ва зоҳир гардидани онҳо мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати хуқуқии занон мебошад. Тамошои филми кӯтоҳ ва муҳокимаи он барои иштирокдорон басо ҷолиб буд.

 

2024-12-07 08:28:03

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР КОЛЛЕҶИ МИЛИТСИЯ

Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) таҳти роҳбарии бевоситаи сардори Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Нуруллозода Меҳрулло, мизи мудаввар дар мавзӯи “Таърих ва тарақиёти илмҳои компютерӣ” баргузор гардид.

Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш мунтазам аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ таъкид менамоянд. Маҳз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

Дар асоси гуфтаҳои боло аз ҷониби кафедраи фанҳои дақиқ ва техникӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Таърих ва тарақиёти илмҳои компютерӣ” доир карда шуд.

Дар мизи мудаввар иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи таълим ва илм, капитани милитсия, Меҳрубони Ҷамъа, сардори кафедраи фанҳои умумитахассуси, майори милитсия Ибодуллозода Идрис, афсарону устодон ва курсантон иштирок намуданд.

Сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва техникӣ подполковники милитсия Ҳакимзода Эраҷ, дотсенти ҳамин кафедра лейтенанти калони милитсия Ибрагимов Бахтиёр ва курсанти курси 3-юм Бобоев Акбара бо маъруза баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни илмҳои компютериро шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби масъулин миёни ҳозирин викторина ташкил карда шуд, ки дар ҷараёни он иштирокчиёни фаъол ба саволҳои додашуда ҷавобҳои дақиқ дода бо тӯҳфаҳо қадрдони гардиданд.

2024-12-05 06:48:12

МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ РАИСИ КУМИТА БО ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ БОХТАР

Дар доираи баргузории ҷаласаи сайёри Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар толори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав мулоқоти Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо омӯзгорону кормандони коллеҷи мазкур баргузор гардид.

Дар мулоқот Раиси кумитаи мазкур Фарҳод Раҳимӣ, муовинони Раис, раиси шӯрои деректорони коллеҷҳо директори коллеҷи омӯзгорӣ Шаъмигул Шарифзода ва омӯзгорону кормандон ширкат доштанд.

Раиси Кумита дар раванди мулоқот вобаста ба вазъи таълиму тарбия, сифати таҳсилот, фаъолияти омӯзгорон ва тахассуснокии онҳо, давомоти донишҷӯён дар дарсҳо, иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҷалби онҳо ба мутолиаи китоб, баргузории маҳфилҳои фаннӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, дур нигоҳ доштани ҷавонон аз амалҳои номатлуб, терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои ҷорӣ сӯҳбат намуданд.

Таъкид гардид, ки донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусравро зарур аст, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намоянд, зеро Коллеҷи мазкур яке аз боргоҳҳои пешсафи омодакунандаи кадрҳои омӯзгорӣ дар минтақа ва вилоят мебошад.

 

2024-12-04 18:50:04

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” ҷаласаи сайёри Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии академик Фарҳод Раҳимӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар он муовинони раис, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандону омӯзгорон ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо, таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки дар доираи «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бояд теъдоди мутахассисони соҳибкасб аз ҳисоби ҷавонони қаламрави вилоят афзоиш дода шуда, ҷиҳати мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат дар ин давра муҳасилини муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар корхонаҳои ватанӣ таҷриба андӯзанд.

“Тавре ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар назди Ҳукумати кишвар вазифа гузоштанд, то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад. Бояд гуфт, ки бо мақсади ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ҳунар надоранд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №703 «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид, ки тибқи он дар панҷ соли оянда ба касбомӯзӣ ҷалб намудани 1 миллион нафар пешбинӣ шудааст”, - гуфт Раиси Кумита.

Дар идомаи ҷаласа роҷеъ ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Кумита иброз намуд, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеӣ иҷрои ин қарор дар муассисаҳои соҳа мавриди омӯзиш қарор дода шуда, нақшаи чорабиниҳои ҳар як муассиса бобати боз ҳам беҳтар омода намудани шароити корӣ ва таҳсил барои хонандагону донишҷӯён тасдиқ гардида, дар асоси он ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ ва дигар навъи маҳсулоти сӯхт захира карда шаванд.

Дар идомаи ҷаласаи сайёр сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ Файзиддин Қурбонзода ва сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ Бобоҷон Маҳмадализода аз фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилояти Хатлон, ки чанде пеш бо фармоиши Раиси Кумита гуруҳи корӣ мавриди санҷиш қарор дода буданд, гузориш доданд.

Ҳамин тавр, дар рафти ҷаласа дигар масъалаҳои ҷории соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин ҷиҳати иҷро ва ҳалли саривақтии онҳо уҳдадор шуданд. Дар ҷаласа, ки бо муҳокимаи фаъол идома ёфт, роҳбарони муассисаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро оид ба такмили низоми таълим ва беҳтар кардани шароити корӣ баён намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрик намуда, ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян ва таҷлили ин саннаи фархунда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

2024-12-04 18:47:33

ШИНОСОИИ РАИСИ КУМИТА БО ЛОИҲАИ АНГОРАВИИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР ВА ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТЕСТӢ

Имрӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бинои нави маркази тестии муассиса ифтитоҳ гардид.

Дар расми ифтитоҳ зикр гардид, ин марказ, ки бо таҷҳизоти пешрафтаи технологӣ муҷаҳҳаз гардидааст, имконият медиҳад, ки дар як вақт то 70 донишҷӯ дар шароити комилан шаффоф имтиҳон супоранд. Ифтитоҳи марказ қадами бузурги навбатӣ ҷиҳати беҳтар кардани сифати таҳсилоти касбӣ ва шаффофияти имтиҳонсупорӣ мебошад. Он бо системаҳои пешрафтаи назоратӣ таъмин гардидааст.

Баъди ифтитоҳ Раиси Кумита бо лоиҳаи ангоравии бинои таълимӣ, таҷрибавӣ ва табобатии муассиса, ки сохтмонаш дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад, шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нав аз 5 ошёна иборат буда, ҳамчун бинои омӯзишӣ-табобатӣ ва амалӣ хизмат намуда, яке аз лоиҳаҳои муҳим барои рушди ояндаи коллеҷ маҳсуб меёбад. Бино дорои синфхонаҳои таълимӣ, озмоишӣ ва утоқҳои табобатӣ аст.

Баъди анҷоми сохтмони бинои нав омӯзгорон дар баробари таълим додани донишҷӯён ба табобати беморон низ машғул мешаванд, ки ин имкон медиҳад, то донишҷӯён дар давраи таҳсил аз ташхису табобати беморон ба пуррагӣ огоҳ шаванд.

Сипас, Раиси Кумита ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо дастовардҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар шинос шуда, ба Маркази тибби мардумӣ ташриф оварданд.

Маркази мазкур бо кӯмаки Кумита таъсис ёфта, барои ҳифз ва эҳёи усулҳои анъанавии табобат дар шароити муосир фаъолият намуда, ба омӯзиши донишҷӯён дар самти тибби мардумӣ мусоидат мекунад. Раиси Кумита зимни шиносоӣ бо фаъолияти марказ онро як намунаи арзишманд дар пешбурди анъанаҳои миллӣ дар ҳамбастагӣ бо илми муосир арзёбӣ намуд.

Илова бар ин, ҳайати меҳмонон аз Маркази ғизодиҳӣ дидан карданд, ки бо мақсади беҳтар кардани шароити ғизодиҳии модарон ва кӯдакон фаъолият дорад. Дар ин марказ, на танҳо дастгирии ғизоӣ, балки омӯзиш ва тренингҳои амалӣ оид ба ғизодиҳии солим низ ба роҳ монда шудааст. Чунин марказҳо ба таври назаррас сатҳи маълумотнокии ҷомеаро дар бораи ғизо ва саломатӣ баланд мебардоранд.

 

2024-12-04 18:43:38

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ КУМИТА ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 4-уми декабри соли 2024, дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” барои сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ баргузор гардид.

Дар он муовинони раис, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Муроҷиаткунандагон аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун доир ба озод кардан аз маблағи шартномаи таҳсил, ба таври ройгон дохил шудан ба зинаҳои аспирантура ва унвонҷуйӣ, интиқол аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигар, таъмин бо хобгоҳ, нашри китобҳои дарсии омӯзгорон, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ ва дигар масъалаҳо дархост ва таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати рафъи мушкилоти худ ва пешбурди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар манзур намуданд.

Дар рафти баррасии муроҷиатҳо Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

2024-12-02 09:14:07

БАР ЗИДДИ СПИД ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

Таҳти ин унвон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода бахшида Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО/ БПНИ (ВИЧ/ СПИД) ва нақша чорабиниҳои муассиса инчунин иҷрои барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва иҷрои барномаи миллӣ оид ба пешгирии бемории сил санаи 29 ноябр аз ҷониби кафедраи "Фанҳои тиббӣ-клиникӣ" муассиса дар якҷоягӣ бо донишҷӯён конференсияи илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд.

Дар чорабини меҳмонон аз Беморхонаи Марказии Шаҳри Турсунзода , Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Турсунзода ва Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри Турсунзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Мавзуна Иброҳимова чорабиниро ҳусни оғоз бахшида меҳмонро ба муассиса хайрамақдам намуданд.

Оиди гигиена шахсӣ ва роҳҳои пешгирии бемориҳо ва солимии аҳли ҷомеа Директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Турсунзода Худойқулова Дилафрӯз инчунин мутахассиси марказ Мирзоев Насим суханрони намуда бо донишҷӯён дар бораи гигиена шахсӣ саволу ҷавоб намуданд. Дар чорабинии мазкур директори Маркази пешгирии внмо дар шаҳри Турсунзода ва мудири кафедраи Фанҳои тиббӣ-клиникӣ муассиса баромад намуда аз муаррифии мавзӯъ таърихи пайдоиши беморӣ, ошкор намудани ВНМО, роҳҳои гузариш ва пешгирии беморӣ, усулҳои ташхиси беморӣ, омори мубталоёни ВНМО дар ҷаҳон ва дар муқоиса бо бемориҳои дигар инъикос гардид. Инчунин оиди вазъи мубталоёни беморӣ дар Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии паҳншавии ВНМО дар байни аҳолӣ ва расонидани кӯмаҳои тиббӣ, аз ҷумла дастрасии беморон ба табобати ройгони зиддиреторовирусӣ (АРВ) ва дигар намуди кӯмакҳои моддӣ маълумот дода шуд.

Дар идомаи кори конференсия донишҷӯён бо шеъру тарона дар васфи тиб сароиданд, ки писанди ҳозирин гардид. Инчунин донишҷӯён аз таърихи ташаккул ва роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин бемориро ба тариқи саҳначаи ҳаҷвӣ ба ҳозирин пешкаш намуданд.

Дар анҷом байни донишҷӯён таббодули афкор сурат гирифт, ки ғолибон ва фаъолон бо сипоснома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

 

2024-12-02 09:11:16

НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Таҳти ин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе» дар асоси нақшаи чорабиниҳои муассисавӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конференсия муовини якуми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конференсияро Сафарзода Ҳамза ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки дар даврони 33 соли соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф корҳои зиёде ба монанди бунёди маорифи миллӣ, ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ, мактабсозӣ, таъсиси муассисаҳои таълимӣ, таҳия ва тасдиқи барномаҳои давлатӣ, фароҳам овардани беҳтарин имкониятҳо барои донишомӯзии хонандагону донишҷӯён ва шароити мусоиди корӣ барои омӯзгорон ба анҷом расонида шудааст, ки ин ҳама дастовардҳо бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ дорад.

Давлатзода Баҳрулло, ҳозиринро ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳният гуфта, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як нерӯи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тӯли 30 соли фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррасеро анҷом дода, маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.

Инчунин, Одилзода Дилбар зимни баромади худ иброз доштанд, ки мо таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро низ ба сифати дастоварди бузурги сиёсии даврони соҳибистиқлолии мамлакат метавон арзёбӣ намуд, зеро ин Ҳизб бо мақсади таҳкими давлатдории навин ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқи ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кушишу ѓайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намоем.

Ҳамзамон, Мирзозода Иброҳим, дар баромади худ қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки имсол мо бо як саммимият ва шукӯҳу шаҳомат 30 – юмин солгарди таъсисёбии онро дар фазои сулҳу суббот, ваҳдати комил ҷашн мегирем, воқеъан 30 - соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таърихи муосири кишвар ҳамчун давраи пурмаҳсул ва сарнавиштсоз сабт шудааст. Ин ҳизби бунёдкору созанда, ки соли 1994 бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт, ҳадафи асосии худро дар таҳкими сулҳу суббот, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебинад.

Неъматзода Маликшо, иштирокунандагони конференсияи сатҳи баландро ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба Нақши Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди давлатдории навини тоҷикон, рилосати амалисозии ормонҳои миллӣ ва хизматҳои шоёни Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон, Гавҳар Шарофзода вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешбурди фаъолияти сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии кишвар ибрози андеша намуда, мавсуф қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии кишвар нақши калиди дошта, дар ташаккули эъмори давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи он хизматҳои шомилу шоистаеро ба сомон расондааст.

Абдураҳим Шоҳиён, зимни суханронии худ аз хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тарақиёти Тоҷикистон ёдовари намуда, иброз дошт, ки маҳз бо талошу ҷонбозиҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомуш гардида, кишварро аз парокандашавӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот доданд.

Дар фарҷоми конференсияи имрӯза як қатор донишҷӯёни камбизоат, маъюбон ва ятимони кул туҳфаҳо, инчунин ба кормандону омӯзгорони муассиса Сипосномаву Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

 

 

2024-12-02 09:07:05

ИФТИТОҲИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» маросими расмии ифтитоҳи таҳсилоти фарогир бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики, Бобоҷон Маҳмадализода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид.

Зимни чорабинии мазкур Сафарзода Хуршед Ҳайдар, директори муассисаи таълимӣ, номзади илмҳои филологӣ, иброз дошт, ки татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд” дар асоси розигии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин замина, миёни муассисаи таълимӣ ва ташкилоти мазкур Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, ҷиҳати пешбурди низоми таҳсилоти фарогир як қатор шароитҳо, аз ҷумла бунёди бинои ёрирасон ва муҳити бемонеа фароҳам оварда шуд.

“Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода бо курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шуда, ҳамчун мутахассисон ва мураббиёни соҳаи таҳсилоти фарогир аз нозукиҳои кор бо шахсони дорои маъюбият огоҳӣ пайдо намуданд. Дар баробари ифтитоҳи низоми таълими инклюзивӣ ашхоси дорои маъюбият метавонанд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда дар муассисаи таълимӣ бемамониат бо таҳсил фаро гирифта шаванд”, - гуфт директори муассиса.

Таъкид шуд, ки сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ашхоси дорои маъюбият дар асоси принсипҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манъ будани табъиз нисбат ба онҳо, таъмини дастрасии шахсони дорои маюбият ба таҳсил, тавонбахшӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ мегардад.

Дар рафти чорабинӣ зикр шуд, ки раванди солимгардонии маъюбон ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманд таҳти таваҷҷӯҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати дастрасии қишри осебпазири ҷомеа ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Ба роҳ мондани раванди низоми таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат буда, ба таъмини баробарҳуқуқии шахсони дорои маъюбият ва соҳибмаърифат гардидани онҳо мусоидат менамояд.

Дар идома меҳмонон бо шароити китобхона, иншооти маишӣ ва дигар маҷмӯаҳои ёрирасони муассиса шинос шуданд.

 

2024-12-02 09:02:32

ҲХДТ - ҲИЗБИ САОДАТПАРВАР

Баъд аз имзои муҳимтарин санади сарнавиштсози миллӣ - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо вуҷуди душвориҳои бузург ва монеаҳои роҳи сулҳу оштӣ, давлати мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист фазои орому осударо дар кишвар таъмин намояд. Ин фазо барои фаъолияти сиёсӣ низ шароити муҳим ба вуҷуд овард.

Дар кишвар дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуданд, раванди фаъолияти бисёрҳизбӣ ба чаҳорчӯби қонун мувофиқ гардида, қадамҳои муҳим ба сӯи ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ гузошта шуд.

Яке аз ин ҳизбҳое, ки дар пешрафт ва тараққиёти Тоҷикистони азиз нақши бузург ва созгор дорад, ин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Дар воқеъ, ин ҳизб, ҳизби адолатпарвар, саодатпарвар ҳизбест, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор, барномаи худро дар асоси манфиатҳои халқ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ амалӣ намуда, дар ҷомеа маҳбубият ва мақоми хоса пайдо намуд.

Донистани сабабҳо ва таърихи ташаккули ҳизби созандаву хайрхоҳи демократии Тоҷикистон барои ҳар як аъзои он аз манфиат холӣ нест. Ишораи аз ҳама рӯшани сабаби ташаккули ҲХДТ суханони сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар аввалҳои фаъолияти ҲХДТ чунин гуфта буданд: «Таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслақони худро ёбанд».

Аз оғози фаъолияти худ ҲХДТ манфиатҳои халқро дар маркази диққати худ қарор дода, барои ҳаллу фасли мушкилоти онҳо талош варзид. Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии мардум аз ҷумлаи вазифаҳои асосии худ мешуморад.

Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зарурати ташкили ҳизбро ба таври мушаххас чунин таъкид намуданд: «Тавре дар хотир доред, ҳанӯз дар давраи бисёр мураккабу сарнавиштсоз - замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад. Дар ин замина, тарҳи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро, ки баъдтар вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа онро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номидем, омода сохтем ва фикр мекунам, ки иштибоҳ накардем…».

Сарвари муаззами ҳизб тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ тараққиёти ҳама гуна шохаҳои ҳокимиятро ба маҷрои муайян дароварда, сатҳи некӯаҳволии мардумро боло бардоранд. Бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор ва муттаҳидкунандаи ҷомеа табдил ёфта, шумораи аъзоёни он аз ҳисоби донишмандону меҳансолорон ва бомасъулият зиёд гардида истодааст.

Дар воқеъ, таҷрибаи 30-солаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он ҳизби мардумӣ буда, ҳамеша дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти назаррас дорад. Ин фаъолияти назарраси ҳизб пеш аз ҳама аз иродаи Роҳбари муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Шиори барномаи ҳизбро «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ташкил медиҳад, ки барҳақ амалан тасдиқи худро ёфта истодааст.

Имрӯз аъзо будан ба ҲХДТ ва фаъолияти назаррас нишон додан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи барномавии он шарафи бузургест. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар қадамҳои устувор гузошта, дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад.

Имрӯз фаъолияти назарраси ҲХДТ-ро мо пеш аз ҳама дар баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ мушоҳида карда метавонем. Дар сохтори бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ имрӯз ҳамон ҳизби сиёсие пирӯз гардида соҳиби мақому мартабаи хосса мешавад, ки барномаи он фарогир аз манфиатҳои тамоми ҷомеа бошад.

Мазмуну муҳтавои барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фарогир аз манфиатҳои мардумӣ буда, муҳтавои асосиашро дар умум амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлату миллат ташкил медиҳад. Нақши ҲХДТ дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсату илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ ва ғайра хеле калон мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти бузурги сиёсӣ мактаби омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда буда, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ фаъолияти густурда доранд.

Ҳар як аъзои ҳизбро зарур аст, ки кору фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ба роҳ монда, нерӯи худро барои ояндаи дурахшони кишвари маҳбуб равона намоянд ва содиқонаву софдилона меҳнати пурсамару созанда дошта бошанд.

Дар тӯли 30 соли таърихи пурпечутоби хеш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбари сиёсии мамлакат нақши муҳим ва бениҳоят арзанда дар рушди гуногунҷабҳаи Тоҷикистон иҷро намудааст. Ин ҳизби инсонпарвар ва ободгар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ваҳдати миллиро муҳофизат ва сулҳу суботро таъмин намуд, пас аз он бошад, дар роҳи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ талошҳои шоёнро ба харҷ дод.

Дастовардҳои назарраси ҲХДТ дар тӯли ин солҳо ҳамчун офтоби равшан пеши назари ҳама қарор доранд. Ин ҳизб тавонист дар тӯли се даҳсола, мафкураи инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва дилсӯзиро ҳамчун арзишҳои асосии фаъолияти хеш пайгирӣ ва татбиқ намояд. Дар ин раванд, ҲХДТ дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ нақши марказӣ дорад.

Новобаста аз мушкилиҳо ва имтиҳонҳои гуногун, ҲХДТ дар тӯли ин солҳо тавонист мавқеи устувори худро дар байни ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон нигоҳ дошта, дастовардҳои назарраси худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба даст оварад. Аз ин рӯ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби инсонпарвар ва ободгари мамлакат дар оянда низ мавриди эҳтиром ва ҳимояти мардум қарор хоҳад гирифт.

Зарифбой ҲУСЕЙНОВ,

муовини директор оид ба таълими

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

 

2024-11-28 21:24:58

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-СИЁСӢ ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРӢ

Имрӯз дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо иштироки Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳим Шоҳиён, раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Наҷибулло Рабизода, директори Коллеҷ, ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди сармояи инсонӣ ва маърифати ҳуқуқии сиёсии ҷомеа” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намуд, дар роҳи расидани мардум ба субботи комил ва ваҳдату ягонагӣ хизматҳои арзанда намуд. Ин ҳизби созанда бо ташвиқи нақшаву мақсадҳои хеш дар самти таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва баҳри ба корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намудани аҳолии мамлакат саҳми муносиб мегузорад.

“Фаъолияти 30-солаи ҳизб нишон дод, ки Раиси муаззами он дар атрофи худ қувваҳои солими ҷомеаро ҷамъ ва муттаҳид карда, тавонистанд ба қалби мардум роҳ ёбанд ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба оинаи миллат табдил диҳанд. 30 сол дар назди таърих фурсати хеле кутоҳ аст, вале корҳои басомонрасонидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад барои садсолаҳои дигар ба мардум намуна бошад”, - таъкид шуд дар ҳамоиш.

Зикр шуд, ки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст. Ҳизби мазкур бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Дар анҷоми ҳамоиш ба як қатор фаъолони муассиса ва ғолибони озмуну олимпиадаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ Сипоснома ва туҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.

 

2024-11-28 21:21:40

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЛАКАИ КАСБӢ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Имрӯз дар толори Кохи Суруш маросими ҷамъбасти даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” ва қадрдонии ғолибони он баргузор гардид.

Дар маросими тантанавии супоридани туҳфаҳо ба ғолибон Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, Ҷамшед Ҷӯразода, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси Кумита, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иштирокдорони озмун иштирок намуданд.

Қабл аз маросими ҷоизасупорӣ намоиши дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд. Дар Намоишгоҳ хонандагону донишҷӯён маҳсули дасти худро дар бахши ҳунарҳои мардумӣ ва ихтироъкорӣ ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ нахуст Масрур Абдуллозода, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, суханронӣ намуда, таъкид кард, ки дар шароити имрӯз вобаста ба пешравиҳои илмӣ-техникӣ аз худ намудани касбу ҳунарҳои миллию муосир шарти муҳиму зарурӣ буда, барои дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир шудани мутахассисон ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат менамояд. Дар ин замина, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар пайи татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбарои аз худ кардани махсусияти истифодаи техникаву технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароит муҳайё гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар идомаи чорабинӣ академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ карда, зикр намуд, ки бо мақсади назорат намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар назди Кумитаи мазкур имрӯз 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 5 филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисонро омода менамоянд.

Сипас, Раймундас Кароблис, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад карда, зикр дошт, ки ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ин созмон ба шумор рафта, қолабҳои гуногуни ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисерҷониба муносиботи ҷонибҳоро пеш мебаранд, аз ҷумла дар соҳаи маориф.

Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки дар замони муосир новобаста аз шакл ва намуди идоракунии давлат, маҳз омӯхтани донишҳои замонавӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, рӯй овардан ба илм ва тарбияи кадрҳо метавонад ба рушди соҳаҳои мухталиф замина гузошта, ба болоравии иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки аз ҳама имконият истифода карда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят намуда, зиндагии босаодати сокинонро бояд таъмин кард.

Дар маросими тантанавӣ ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз рӯи 10 номинатсия медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбие, ки дар баргузории озмун саҳми назаррас доштанд, “Сипоснома”-и кумита тақдим карда шуд.

Қобили қайд аст, ки дар ҷомеаи муосир бо шуғли муносиб фарогирии аҳолӣ, хусусан ҷавонон яке аз воситаҳои асосии бадастоварии баробарии иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва фарогирии ҳарчӣ бештари онҳо ба шуғли пурмаҳсул ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Дар ин замина, бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо мақсади инкишофи шавқу завқи хонандагон, дар амалия истифода намудани донишҳои назариявӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ»-ро аз рӯи номинатсияҳои «Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин», «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин», «Кафшергари барқию газӣ», «Ҳисобдор бо донистани компютер», «Системаи компютерӣ ва интернет-технология», «Дуредгар», «Дӯзанда», «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ» ва «Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ» дар соли 2024 баргузор шуд.

Дар чорабинӣ, ҳамзамон, барномаи ҷолиби фарҳангии иборат аз рақсу таронаҳои миллию ватандӯстӣ манзури бинандагон гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки даври якуми озмун аз 10 то 25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон баргузор шуд. Дар он аз рӯи 10 ихтисос 1000 нафар иштирок намуда, 150 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта буданд. Даври ниҳоии озмун рӯзҳои 26-27 ноябри соли равон дар литсейҳои касбии техникии дӯзандагӣ, сохтмонӣ ва политехникии шаҳри Душанбе миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор шуд.

2024-11-28 21:19:34

ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА 2 ОЗМОИШГОҲ ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Маркази омӯзиши асарҳои Пешвои миллат ва 2 озмоишгоҳи наву замонавӣ аз фанҳои тахассусии биология ва технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ таъсис дода шуд.

Дар рафти ифтитоҳ қайд гардид, ки аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ соли таҳсили 2024-2025 “Соли хониши асарҳои Пешвои миллат” эълон карда шуд ва ин марказ дар доираи ташаббуси мазкур ташкил гардида, ҳадафи он дар замири донишҷӯёни муассиса бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат ва эҳтиром ба Ватан тавассути мутолиа ва омӯзиши асарҳои Сарвари давлат мебошад.

Озмоишгоҳҳои фаннии тахассусӣ дар доираи амалишавии “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудани солҳои 2020-2040 ташкил карда шуда, бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, имкониятҳои гузаронидани корҳои озмоишӣ ва назоратиро дар раванди дарсҳои амалӣ боз ҳам беҳтар менамояд.

Таъкид гардид, ки озмоишгоҳҳои нави ҳамқадами замон низоми таълим ва раванди дарсгузариро дар муассиса ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида, омили рушди бонизоми муассиса ва боло рафтани мавқеи он мебошад.

2024-11-28 21:16:55

ТАҚДИМИ ЛИБОСҲОИ ЗИМИСТОНА БА 10 НАФАР ЯТИМОНУ КАМБИЗОТОН

Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ва директори Коллеҷ Рабизода Наҷибулло ба ятимону камбизоатоне, ки дар Коллеҷи мазкур таҳсил менамоянд либоси зимистона тақдим карда шуд.

Зимни тақдими либосҳо ба ятимон Давлатзода Баҳрулло, иброз дошт, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимони кулл, нимятимону камбизоатон мавқеи меҳварӣ дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ятим аз лутфу меҳрубонии падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бенасиб намонда, онҳо ҳамеша таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумат қарор доранд.

Таъкид шуд, ки ин иқдом тибқи дастури роҳбарияти Кумита амалӣ гардида, давоми мантиқии сиёсати ғамхорона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мебошад.

Дар охир қайд гардид, ки ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд дар партави сиёсати ятимпарвари Пешвои муаззами миллат бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳоро мебояд, дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти фаррохи илмомӯзӣ таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат намоянд.