
ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ БОХТАР МАРКАЗИ ШУҒЛИ ФОСИЛАВӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
2025-01-25 07:55:20
Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони
рушд - Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва дар назди Литсейи
касбии техникии шаҳри Бохтар ҷиҳати таъмини сокинони ин минтақаи бо шуғли
пурсаҳсул Маркази шуғли фосилавӣ ба истифода дода шуд.
Қабл аз оғози чорабинӣ дастоварҳои хонандагон ба намоиш гузошта шуд.
Дар
ифтитоҳи маркази мазкур Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини Раиси Кумита
оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ализода Алишер, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур
ван Дизен иштирок намуданд.
Чорабиниро академик Фарҳод Раҳимӣ, ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки иқдоми мазкур
дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми
навбатиашон дода буданд, ба нақша гирифта шуда буд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронии
худ иброз дошт, ки таъсиси Маркази шуғли фосилавӣ, ки самти фаъолияташ ба
таълими шуғли фосилавӣ равона шудааст, қадами муҳим барои Кумита ва дар маҷмуъ
барои ҷомеаи кишвари мо мебошад. Дар Маркази шуғли фосилавӣ синфхонаи махсус бо
30 компютер фаъолият намуда, хонандагон дар як рӯз дар 3 баст ба таҳсил фаро
гирифта мешаванд.
Маркази мазкур бо беҳтарсозии малакаи
касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот бунёд
гардида, дар он дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шуда, шароити
фароҳамгардида имкон медиҳад, ки шаҳрвандон дар ин ҷо ба омӯзиши касб фаро
гирифта шаванд.
Таъкид гардид, ки Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо
шарикони рушд иқдом гирифтааст, ки теъдоди чунин марказҳоро зиёд намояд, зеро
тавассути чунин марказҳо ҷавонону касбомӯзон имкон пайдо мекунанд ба бозори
байналмилалии меҳнат шомил шуда, аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода намоянд.
Маврид ба зикри хос аст, ки айни ҳол дар
шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Шуғнон, Панҷакент ва Бохтар, марказҳои кории фосилавӣ
фаъолият мекунанд. Дар ояндаи наздик чунин марказҳо дар дигар шаҳру навоҳии
мамлакат низ ифтитоҳ мегарданд.

