
СИЁСАТИ КАДРӢ: ТАЪИНОТ ВА ВАЗИФАҲОИ ОН
2025-01-25 07:53:08
Сиёсати кадрӣ муҳимтарин ва асоситарин самти фаъолияти давлат ба шумор
рафта, он дар роҳи татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин функсия ва
вазифаҳои давлат нақши калидиро мебозад. Сиёсати мазкур маҷмӯи чорабиниҳои
сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат буда, фалсафаи он аз идоракунии
илмию амалии захираҳои инсонӣ, зеҳнию ақлӣ ва меҳнатӣ иборат мебошад. Ин сиёсат
бояд аз мақомоти олии давлатӣ шурӯъ шуда, то ба зинаҳои поёнӣ рафта расад.
Консепсияи
сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №582 тасдиқ гардид, яке аз афзалиятҳои
сиёсати давлатии кадрҳо - ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, ташаккули
системаи муосири идоракунии ҳайати кормандон дар тамоми сатҳҳо ва таъмини сиёсати
ягонаи давлатии кадрҳоро муайян намуд.
Мувофиқи банди 4.17 Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати далатии кадрҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2017 ҷорӣ намудани низоми самараноки
ҷойивазкунии кадрҳо пешбинӣ карда шуда, дар чорчубаи он соли 2011 дар низоми
хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки иқтидори
касбии хизматчиёни давлатӣ ва пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсионӣ ва бархурди
манфиатҳо технологияи нави кадрӣ роҳандозӣ гардид.
Бо ин
мақсад бо Фармони ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2011, №1074
Қоидаҳои баргузории ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, дар асоси он ҷойивазкунии
кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ амалӣ гардид.
Бо
гузашти солҳо дар заминаи таҷрибаи татбиқ ва натиҷагирӣ аз амалияи ин
технологияи кадрӣ соли 2019 санади танзимкунандаи ротатсия дар таҳрири нав
қабул шуд. Ҳоло ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда мувофиқи муқаррароти
Қоидаҳои баргузории ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
22 июли соли 2019, №1328 тасдиқ карда шудааст, сурат мегирад.
Кадрҳои
роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хизматчиёни давлатии сиёсӣ,
хизматчиёни давлатии маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум буда,
роҳбарии умумӣ ё бевоситаи мақомоти давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онро анҷом
медиҳанд. Қоидаҳои мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ, хизматчиёни
давлатии маъмурии категорияҳои сеюм, чорум, кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти
худидоракунии шаҳрак ва деҳот, кадрҳои роҳбарикунандае, ки то синни ниҳоии дар
хизмати давлатӣ будани онҳо то ду сол мондааст, татбиқ намешавад.
Татбиқи
дурусти он ба давлат имконият медиҳад, ки дар давраи муайяни таърихӣ вазифаҳои
дар назди он гузошташударо бо сарбаландӣ ба нафъи давлату ҷомеа ҳаллу фасл
намояд. Хадамоти кадрӣ аз замони таъсисёбии дилхоҳ муассисаи давлатию хусусӣ
фаъолияти худро оғоз намуда, дар самти пешбурди сиёсати кадрии муассиса саҳм
мегузорад.
Бояд
гуфт, ки Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ғояҳо,
идеяҳо ва ақидаҳоеро дар бар мегирад, ки мақсаду вазифаҳо, самтҳои афзалиятнок,
принсипҳои танзими давлатии сиёсати кадрҳо ва роҳҳои бо кадрҳои баландихтисос
таъмин намудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад. Консепсия системаи
таъминоти кадрӣ, шартҳо ва роҳҳои татбиқи онро муайян намуда, дар раванди кор
бо кадрҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти худидоракунии
маҳаллӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ҳамчун роҳнамо хизмат менамояд.
Хулоса,
сиёсати давлатии кадрҳо ҷузъи таркибии сиёсати миллӣ буда, ҳамчун фишанги
пуриқтидори таъсиррасон ба ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат хизмат менамояд.
Дилшод ДАВЛАТШОҲЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи кадрҳо,
котибот ва корҳои махсуси
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон