Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > АҲАМИЯТИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2025 ҲАМЧУН «СОЛИ ТАЪМИНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ»
single-product

АҲАМИЯТИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2025 ҲАМЧУН «СОЛИ ТАЪМИНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ»

2025-01-22 19:37:35

 «Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат ин пеш аз ҳама эътибор надодан ба сифати таълиму тарбия ва фароҳам наовардани шароити мусоид ба пешрафти соҳа мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳама давру замон ҳамчун масоили мубрам маҳсуб меёфт ва имрӯз низ ба яке аз масъалаҳои асосии соҳаи маорифу таҳсилоти касбии кишвари азизамон- Тоҷикистон табдил ёфтааст. Зеро ҳастии ҳар як миллат ва давлат пеш аз ҳама ба инкишофи баланди маърифати ақлонӣ ( зеҳнӣ) вобаста аст, ки он ба таҳсилот робитаи ногусастанӣ дорад.

28-уми декабри соли 2024 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуда буданд, ки баланд бардоштани сифати таълим яке аз ҳадафҳои афзалиятноки соҳаи маорифи кишвар маҳсуб меёбад. Инчунин, Сарвари давлат таъкид карданд, ки тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи худро ба масоили баланд бардоштани сифати таълиму тарбия равона намуда, дар ин раванд бо мақсади соҳибкасб гардонидани аҳолии кишвар, рақобатнок гардонидани қувваи корӣ ва пеш аз ҳама бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ , ки яке аз ҳадафҳои стратегии онҳо мебошад, чора андешӣ намоянд.

Аз ҳамин ҷост, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, шароити мусоид фароҳам овардан баҳри омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ ва пеш аз ҳама касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ соли 2025-ро барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ « Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо гарчанде ки масоили баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то андозае ҳалли худро ёфта бошанд ҳам , вале бархе аз костагиҳое низ ба назар мерасанд, ки метавонанд, дар оянда баҳри омода намудани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва ташаккул додани зеҳни сунъӣ монеа эҷод кунанд, ки чанде аз онҳо камбудиҳои зеринанд:

1) Норасоии кадрҳои соҳибтахассус ( хусусуан дар риштаи илмҳои техникӣ) ;

2) Нарасидани китобҳои соҳавӣ ( махсусан дар илмҳои техникӣ );

3) Мавҷуд набудани шароити мусоид баҳри мувофиқа кунонидани машғулиятҳои назариявӣ (лексионӣ) бо машғулиятҳои амалӣ ( масалан мавҷуд набудан ё дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани устохонаҳо, лобараторияҳо ва ғайра) .

Камбудиҳои зерини ҷойдошта метавонанд дар оянда ба мушкилоти бузург табдил ёбанд. Зеро норасоии кадрҳои соҳибтахассус, нарасидани китобҳои соҳавӣ, ки имрӯзҳо хусусан дар илмҳои техникӣ ҷой доранд, метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои омода намудани ҳамаҷонибаи донишандӯзон таъсири манфӣ расонанд.

Боиси зикр аст, ки ҳоло дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 200 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд ва ҳар яке аз ин муассисаҳоро мебояд, ки баҳри бартараф кардани тамоми монеаҳои мавҷуда, ки ба коста гардидани сатҳу сифати таҳсилот таъсири манфӣ мерасонанд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯзҳо зери дастуру супоришҳои раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар баробари эълон гардидани соли 2025 ҳамчун « Соли таъмини сифати таҳсилот» дар Коллеҷи Политехникии ноҳияи Зафаробод баҳри боз ҳам ташаккул додани ҷаҳонбинии техникии донишҷӯёну омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тарбия намудани шахсияти созандаи асри XXI чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Чунончи аз 2-юми январи соли 2025 оғоз карда ҳамарӯза дар байни омӯзгорон баҳри мустаҳкам намудани донишу малакаи соҳавӣ ва баланд бардоштани сатҳи забондонии онҳо дарсҳои машваратию методӣ ба роҳ монда шудааст, устодони собиқадор нозукиҳои фаъолияти педагогиро ба омӯзгорони ҷавон мунтазам омӯзонида истодаанд.

Инчунин, баҳри дар амалия татбиқ намудани дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар Паёми хеш қайд намуданд, барои боз ҳам дар сатҳи олӣ омода намудани мутахассисон, ҷалби шаҳрвандони бекор ва бетахассус ба муассиса бо якчанд корхонаву муассисаҳо шартномаи дуҷониба баста шуда, дар онҳо корҳои таблиғотиву ташфиқотӣ гузаронида шуд.

Хулоса, ҳар яки моро мебояд, ки дар «Соли таъмини сифати таҳсилот» баҳри бартараф кардани камбудиҳои дар соҳа ҷой дошта камари ҳиммат баста, мутахассисони сатҳи олӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯро тарбия намоем ва бо ин роҳ дар рушду шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Зулфонзода Н.Ҷ , омӯзгори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод