
ИЛМУ ДОНИШ - ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТ
2025-01-19 17:32:04
“Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин
намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси
ифтихор аст, ки мардуми сарбаланди кишвар ҳамасола бо як эҳтироми хоса ва умеди
нек барои ояндаи дурахшани ватани маҳбубамон Тоҷикистон бо як иттиҳоду сарҷамъӣ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мешунаванд, ки дар раванди баргузории он
намояндагони аҳли зиёи мамлакат фаъолона иштирок менамоянд.
Паёми
навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии
сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 28 декабри соли 2024 ба
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, навиди тозае аз муваффақияту
дастовардҳои Тоҷикистон дар панҷ соли охир маҳсуб меёбад.
Паёми
Президенти мамлакат санади расмиест, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти давлатро
тули як сол муҳокима намуда, стратегия ва ҳадафҳои рушди минбаъдаи онро муайян
менамояд ва барои ҳалли масъалаҳои мубрам тадбирҳои заруриро пешниҳод мекунад.
Роҳбари
давлат зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба тамоми самтҳои тақвиятдиҳанда ва
пешбарандаи давлат равшанӣ андохта, аз муваффақиятҳои ноилгардидаи тамоми қишри
ҷомеа дар соли ҷорӣ, ки барои рушди устувори давлат ва муаррифии он дар сатҳи
байналмилалӣ заминагузор мебошанд, боифтихори самимӣ суханронӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки масъалаи мактабу
маориф, нақши омӯзгор дар пойдории сулҳу суботи кишвар ва омода намудани
мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ҳамасола дар Паёми Пешвои
миллат мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани соҳаи
мазкур ва ҳамқадам будан бо ҷаҳони муосир ба масъулини соҳа вазифагузориҳо
карда мешавад.
Бояд
қайд намуд, ки асоси ташаккул ва рушду нумуи ҳар давлату миллатро соҳаи маориф
ташкил медиҳад, зеро рушди ҷомеа, амнияти давлат бевосита ба рушди маориф
вобастагӣ дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар илму маориф ва фарҳанг ба
як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил гардида, чун ҷавҳари миллӣ эътироф гаштааст. Дар
марҳалаи нави тараққиёти кишвар ба соҳаи маориф афзалияти аввалиндараҷа дода
мешавад, чунки ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ
нақши калидӣ дорад. Имкониятҳои хуби фароҳамгардида барои таҳсил аз самараи
заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нақшаҳои созандаю некбинонаи Пешвои миллат дар самти
пешрафти илму маориф муарриф дарак медиҳанд.
Маориф
дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб
меравад, зеро ки маҳз пешрафти илму маориф барои тарбияи насли наврас, ҷавонони
аз нигоҳи сиёсӣ зиракӣ ва мутахассисони ҷавобгӯи замони муосир мусоидат
менамояд. Пешрафти соҳаи мазкур имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон аз ҳар гуна
хатарҳои замони муосир эмин буда, тафаккуру онҳо рушд ёфта, аз шомилшавӣ ба ҳар
гуна гуруҳҳои ифротӣ ва даст задан ба амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш иброз доштанд, ки
“Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати
мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам
наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.”, Ин суханҳои
санҷидашудаи Пешвои миллат аз падару модарон, мураббиёни кӯдакистонҳо ва
омӯзгорон дар таълим ва тарбияи насли наврас масъулияти дучандро тақозо
менамояд, зеро кӯдаконе, ки аз мактаб дур монда дар муҳити носолим тарбият
меёбанд, ҳеҷ гоҳ шахсони руҳан ва ҷисман солим бавоя намерасанд. Дар оянда дар
ҷамъият ҳамчун шахсияти обруманд мақоми худро намеёбанд.
Амалӣ
намудани 8 барномаи давлатӣ ва 2 стратегияи дарозмуддат, ки имрӯз дар соҳаи
маорифи кишвар татбиқ шуда истодааст ва ба рушду инкишофи таълиму тарбия,
амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии
насли нав мусоидат менамояд, аз сад фисад баланд бардошта шудани музди маоши
кормандони соҳаи маориф давоми солҳои 2020 - 2024, сохта ба истифода додани
биноҳои нави таълимӣ, азнавсозии биноҳои қаблӣ ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти
миёнаи умумӣ, таҳсилоти томактабӣ ва таъмири синфхонаҳои иловагии муҷаҳҳаз бо
тамоми технологияҳои муосир бори дигар аз иқдоми саривақтӣ, самаранок ва
ташаббусҳои созандаи Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ҷиҳати дастгирии омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити хуб барои таълиму
тарбияи насли наврас дарак медиҳад.
Тайи
солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо талошу пайгирӣ ва ташаббусу ҳидоятҳои
раҳнамунсози Пешвои миллат маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат эълон
гардид. Ин иқдом имкон дод, ки дар ин самт дигаргуниҳои куллии бунёдӣ рӯйи кор
оянд ва садҳо иншооту муассисаҳо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Иштироки
бевоситаи Президенти кишвар дар раванди ифтитоҳи муассисаҳои тозабунёди кишвар,
ташкил ва баргузор намудани вохӯрии Роҳбари давлат бо аҳли маорифчиёни кишвар
аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба ин соҳаи муҳими ҳаётан муҳими ҷомеа дарак
медиҳад.
Дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат
қайд намуданд, ки “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави
таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии
касбӣ сохта ба истифода дода шуд”. Албатта, ибрози ин шумора танҳо ба гуфтан
осон аст, зеро бунёди ин иншоотҳо аз Ҳукумати мамлакат заҳматҳои басо мушкилро
талаб менамояд.
Дастури
Роҳбари давлат ба Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ оид ба дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои
маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи
кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш
аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намудан ғамхориҳои маорифпарваронаи
Пешвои миллат шабоҳат медиҳад
Дар
Паёми имсола (28.12.2024) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти
кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омӯзгор мактабу муассисаҳои олии
касбӣ, пайванди ногусастании илму дониш ва дар истеҳсолот амалӣ гаштани он
таваҷҷуҳ намуда, қайд кардаанд, ки “Дар зинаи таҳсилоти олӣ, масъалаҳои сатҳу
сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз
ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими
заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону
донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз
доранд”. Дар ин росто, мо омӯзгорони зинаи таҳсилоти миёнаи касбиро мебояд бо
истифодаи технологияҳои муосир таълимгирандагонро бо усулҳои муосир ба таълим
фаро гирифта. Барои идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти олӣ заминаи мусоид
гузорем.
Таҳаввулоту
дигаргуниҳои замони муосир омӯзгоронро водор менамояд, ки дар тарғиби моҳияти
озодӣ, истиқлолият ва ҳифзи музаффариятҳои он, ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ,
аз ҷумла, забон, таъриху фарҳанг, расму оин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита
дар ниҳоди хонандагону донишҷӯён таҳким бахшидан ҳисси миллӣ, ифтихори
ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳмгузор бошанд. Аз ин
хотир, дар асоси таҷрибаи таърихиву фарҳанги миллӣ тарбия намудани насли наврас
ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби ба талаботи бозори меҳнат
рақобатпазир яке аз вазифаҳои муҳими омӯзгорон ба ҳисоб меравад.
Аз ин
рӯ, зарур аст, ки ҳамаи кормандони соҳаи маорифи кишвар ба касбу кор ва
фаъолияти худ содиқ бошанд, бо истифода аз шароити фароҳамбуда миллат танҳо бо
мақсади таълим ва тарбияи насли наврас камари ҳиммат банданд ва дар рушди
инкишофи давлат, донишманд гардидани аҳолии кишвар, муаррифӣ намудани ҷумҳурӣ
аз ҷониби олимону муҳаққиқон ва ихтироъкорон дар сати ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.
Насли ҷавонро зарур аст, ки ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ,
технология ва инноватсия таваҷҷуҳ намуда, сазовори боварию эътимоди Пешвои
муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарданд.
Тавре ки Пешвои миллат иброз доштанд:
“То вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат
дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои
сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои
аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа
медиҳам”. Дар ин асно мо омӯзгорон ва аҳли илму маорифро зарур аст, сазовори
боварӣ ва дастгириҳои Роҳбари давлат гардида, бо умедвориҳо аз татбиқи нуқтаҳои
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва соҳибватаниву
соҳибдавлатӣ шукрона намоем.
Бо
дарназардошти вазъияти ноором дар ҷаҳон зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри
ҳифзи марзу бум ва муқаддасоти миллату ватани маҳбубамон кӯшиш ба харҷ диҳем.
Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, дар ин самт амалҳои созандаи хешро
устувор намоем.
Иҷрои
дастуру ҳидоятҳои судманди Паёми Пешвои миллат мо аҳли маорифро муваззаф
менамояд, ки фаъолияти мунтазами хешро баҳри таҳкими истиқлолияти давлати
муқаддасамон Тоҷикистони азиз қавитар намуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва
вазифаҳои дар ҷараёни Паёми Сарвари давлат баёнгардида, хусусан беҳдошти сифати
таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир,
сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, омӯзиши фанҳои забони рӯсиву англисӣ ҳамчун
забони муоширати байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон,
пешгирии ҷавонон аз роҳҳои шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, даст назадан ба
амалҳои характери ҷиноӣ ва коррупсионидошта саъю талош намуда, баҳри
гиромидошти арзишҳои миллӣ нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии худро равона намоем ва бо
ин васила дар пойдории истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми босазои
хешро гузорем.
Наҷибулло РАБИЗОДА,
директори Коллеҷи муҳандисию
омӯзгории шаҳри Душанбе,
номзади илмҳои техникӣ